Санаи 3 майи соли 2021 дар рафти баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ҳамчунин ҳайати ҳакамон ғолиби озмуни Шӯрои Воситахои ахбори оммаи Точикистон – “Эътимод”-ро эълом доштанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастии ҳайати доварон журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо сазовори ҷоизаи “Эътимод” дар соли 2020 дониста шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки ҷоизаи “Эътимод” соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба як нафари сазовор такдим мегардад.
Дар баробари ин, озмунҳои дигари таъсисдодаи созмонҳои журналистӣ ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба ҷоизаи ба номи Иқбол Тешаев мушарраф гардид, ки ба хотири абадияти ному пайкори журналисти шуҷоъу муваффақи тоҷик Иқбол Тешаев аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъсис ёфта, бори аввал тақдим мегардад.
Ҳамчунин, журналистони соҳибном Ёқуб Ҳалимов ва Мазҳаби Ҷумъа соҳиби ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ”- и Медиа алянси Тоҷикистон гардиданд.
Ҷоизаи “Ҷасорат” бошад, ба Абдулло Ғурбатӣ ва ҷоизаи “Рисолати касбӣ ”-ро бошад, Медиа алянси Тоҷикистон ба Далер Мерганов ва Ҷамшеди Маъруф сазовор донист.