Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Қироншоҳ Шарифзода, узви раёсат, Суҳроб Пӯлодов мушовири ҳуқуқии Шӯро зимни як сафар ба вилояти Суғд, бо динишҷӯёри риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров мулоқот намуданд.

Дар дидор бо донишҷӯён зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар замони зиёд шудани ахбори ҷалъӣ (фейкӣ), шадид шудани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин аз журналистикаи босифат майл пайдо кардани рӯзноманигорӣ ба матолиби сатҳиву осон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухан рафт. Дар баробари ин дар мавриди тарбияи дурусти кадрҳои журналистӣ, боло бурдани сифати таҳсилоти рӯзноманигорӣ, масъулиятпазир будани рӯзноманигор дар замони муосир ва дигар мушкилоту мавафаққияти рӯзноманигорӣ суҳбат шуд.

Бахтиёр Ҳамдамов гуфт, ки ҳадафи онҳо аз сафар ба вилояти Суғд бо ҷомеаи рӯзноманигории вилояти “баҳсу баррасӣ кардани санади “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст, ки соли 2009 аз сӯйи ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон пазируфта шудааст ва зарурат ба тағйиру бознигарии он пайдо шудааст. Онҳо фикри тамоми ҷомеаи рӯзноманигории кишварро гирдоварӣ карда, комиссияи босалоҳияте, ки дар Шӯро аз ҳисоби мутахассисони варзида ташкил шудааст ин фикру назар ва таҷрибаи кишварҳои дигарро ба гирифта, дар заминаи он таҷрибае, ки дар 9 сол ба даст омадааст санади нави хутанзимкунии фаъолияти рӯзноманигориро омода мекунанд”.

Дилбар Самадова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи Хуҷанд  дар суханронии худ аҳамияти ин гуна мулоқотро барои донишҷӯён бисёр муассир хонд ва гуфт, ки “баргузории мулоқоти масъулини чунин ташкилотҳо бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзноманигорӣ аҳамияти муассир дошта, ҷиҳати таҳкими саводи донишҷӯён, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ихтисосии онҳо нақши созанда дорад”.

Ҳамчунин донишҷӯён масоили гуногуни рӯзноманигорӣ: журналистикаи касбӣ ва муносибати солими рӯзноманигорон бо сарчашмаҳои иттилоот,  ҷанбаҳои ҳуқуқии масоили ахлоқӣ, нақзи меъёрҳо ва ғайраро бо меҳмонон баҳс карданд.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here