Имрӯз дар кишвари мо, шояд камтар касе дар кӯчаву хиёбонҳо аз будани чунин рӯз огаҳӣ дошата бошад.  Ин дар ҳолест, ки рӯзи мо аз хондани рӯзнома ва ё шунидани ахбори радио ва дидани барномаҳои телевизионӣ ва интернетӣ   оғоз мешавад, ки ҳамагӣ ба кори рӯзноманигорӣ бастагӣ доранд.

Рӯзи ҳамраъии рӯзноманигорон соли 1958 дар конгресси чоруми Созмони байналмилалии журналистон дар Бухарест таъсис дода шуд.  Ин созмон аз зумраи қадимтарин ва бузургтарин иттиҳодияҳои байналмилалии мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ мебошад.

Ҳудуди 60 сол шуда, ки дар саросари олам 8 сентябр ба унвони  “Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъии рӯзноманигорон” ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муҳим марбут ба тамоми кормандони ВАО аст, зеро то чӣ андоза иттилооти воқеӣ гирифтани мардум аз касбияти онҳо вобаста аст.

Ин рӯз заҳамати касонест, ки бо масъулият ва озодӣ ва таҳаммули сахтиҳои фаровон ба нигоштани ҳақиқат мепардозанд. Рушд ва тавсеъаи ҷомеаро самар мебахшанд, рӯзноманигорон дар арсаҳои мухталиф парчами озодӣ, огоҳӣ ва умедро дар ҷомеа барафроштаанд. Хабарнигорон виҷдони бедори ҷаҳону тасвиргари замони хеш ҳастанд, зеро ҳамвора дар умқи ҷомеа зиндагӣ мекунанду солимии  фикрии ҳар ҷомеае  аз талошҳои шабонарӯзии онҳост.

8-уми сентябр рӯзи адои эҳтиром ва арҷгузорӣ ба кору мақоми тамоми хабарнигорон аст. Фурсати арзишмандест барои пос доштани тамоми инсонҳои фарҳехта, ки дар роҳи равшангарӣ ва огоҳӣ баъзан  ҷон худро аз даст медиҳанд.

Рӯзи бошукӯҳи ҳамдиливу ҳамзабонии тамоми рӯзноманигорон, талошгарони арсаи андеша ва қалам ва  ҳамаи хабарнигорони азиз дар саросари кишвар самимона табрик намуда, бар ин боварем, ки дар ин рӯзҳои мураккаб, неру ва дониши худро ба ҳимояи манфиатхҳои милли ва давлатӣ равона хоҳанд кард.

Шӯрои ВАО-и  Тоҷикистон,  8 сентябри 2020.

Previous articleТоҷикистонро дар даври ниҳоии озмуни MediaCAMP Award 12 рӯзноманигор намояндагӣ мекунад
Next articleДидори Раёсати Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни риштаи журналистикаи Донишгоҳи Хуҷанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here