Аз Тоҷикистон дар даври ниҳоии озмуни II -юми минтақавии MediaCAMP Award 12 нафар рӯзноманигору блогнавис ширкат мекунанд. Ин 12 нафар аз миёни 43 довталаби Тоҷикистон дар даври аввал баргузида шудаанд. Акнун 12 рӯзноманигори Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард. Ғолибон дар ҷараёни MediaCAMP Fest рӯзи 19-уми сентябр эълон карда мешаванд.
Озмуни минтақавии озмуни минтақавии MediaCAMP Award соли дувум аст, ки баргузор мешавад ва дар он довталабон дар 5 бахш: “Ҳокимият ва ҷомеа”, “Вақти ёрӣ расонидан”, “Қаҳрамонони ҳамҷавор”, “Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо” ва “Объектив” (маводҳои тасвирӣ) сабқат мекунанд.
Дар бахши “Ҳокимият ва ҷомеа” Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири “Вечёрка” бо филми мустанад дар бораи собиқ занони маҳбус, Ёдгор Исломбеков, муаллифи ютубшабакаи Iron King бо мусоҳиба бо Каромат Шарипов ва Абдулло Ғурбатӣ, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс бо матлаби набудани муҳити дастрас барои маъюбон вориди сабқат шудаанд.
Анна Мифтахова бо матлаб дар бораи ҳайвоноти хонагӣ ва Алия Ҳамидуллинабо матлабе дар бораи кӯдакони дорои синдроми Дауна аз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс ва Анушервон Шоймардонов аз «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бо матлаб дар бораи аксияи «Барои кӯмак кардан, ба мо кӯмак кунед” дар бахши «Вақти ёрӣ расонидан» рақобат мекунанд.
Номзадҳои бахши «Қаҳрамонони ҳамҷавор» дар даври ниҳоии озмун аз Тоҷикистон Уктам Ризоев бо лоиҳа дар мавриди духтари дорои маъюбият, Нумон Умаров аз ТВ5 Конибодом бо сужаи дар бораи одамони дорои маъюбият ва Меҳрангез Турсунзода аз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс бо мавод дар бораи табибоне, ки бар зидди COVID-19 мубориза бурданд хоҳанд буд.
Дар бахши «Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо»: Манзума Назарбекова, аз гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс бо мавод дар бораи духтароне, ки дар аробаҳои маъюбӣ мерақсанд, Таҳмина Саидова, блогнавис бо силсилаи мақолаҳо дар бораи баробарӣ ва Мадина Саидошоева, рӯзноманигори мустақил бо ҳикоя дар бораи духтари дорои маъюбият номзад шудаанд.
Матолиби бахши панҷуми махсуси озмун – “Объектив” (маводҳои тасвирӣ) дар сомонаи MediaCAMP Fest нашр карда мешаванд ва тамошобинон тавассути овоздиҳии онлайн ғолибонро интихоб мекунанд.
Матолиби чаҳор бахши дигарро доварони минтақавӣ баррасӣ мекунанд. Онҳо беҳтарин кори рӯзноманигорон ва блогнависони минтақаро муайян мекунанд. Натиҷаҳои озмун дар ҷашнвораи II -юми минтақавии MediaCAMP Fest, 19-уми сентябри соли 2020 эълон карда мешаванд, ки ин дафъа ба таври онлайн баргузор мегардад. Маросими тантанавӣ дар шакли телемост доир хоҳад шуд.
Озмуни II -юми минтақавии MediaCAMP Award соли дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта он дар Душанбе баргузор шуда буд.