Комиссияи вижаи Шӯрои ВАО ба кор оғоз кард

0
1245

Комиссияи вижаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ки барои барои тағйиру иловаҳо ва ба талаботи рӯзноманигории рӯз мутобиқ кардани “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” созмон дода шудааст, ба кори худ оғоз кард.

Ин гуруҳи корӣ то охири моҳи октябр, ҳар ҳафта ду бор (сешанбе ва ҷумъа) аз соати 11 то 12 корҳои анҷомдодаашонро дар муҳкоимаи онлайнӣ баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин дидор ва муҳокимаи онлайнӣ  ҳамеша коршиносони ботаҷриба аз кишварҳои гуногун даъват мешаванд ва онҳо таҷрибаи доштаашонро бо гуруҳи корӣ дар миён мегузоранд.

Ин гуруҳи корӣ дар се самти масоили ахлоқи касбӣ:  рӯзноманигорон ва матолиби нашркардаашон (ҳамкорӣ бо мухотабон, сарчашмаи иттилоъ ва идораи расона); асардуздӣ, ҳифзи ҳаёти шахсӣ ва сарчашмаи иттилоъ ва масъалаҳои расмиёти баррасии шикоятҳо ва натиҷаи онҳо кор мекунанд.

Ҳамчунин таҷрибаи чунин ниҳодҳои мушобеҳ дар дигар кишварҳо ва охирин мушкилу чолишҳое, ки рӯзноманигорон ба он рӯ ба рӯ мешаванд аз сӯйи мушовири байналмилалии ин гуруҳи корӣ Дайнюс Радзявичус, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Литвия барои комиссия омода ва пешниҳод мешавад.

Дар баробари ин назарпурсии мавзуъӣ дар мавриди “Рӯзноманигорон ва шабакаҳои иҷтимоӣ”, инчунин назарпурсӣ миёни аъзои Шӯрои ВАО доир ба масоили ташкилӣ ва пойдории сохторӣ гузаронида мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин комиссия дар ҳайати Шаҳло Акобирова мудири ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва раиси пешини Шӯро (раиси комиссия), Қироншоҳ Шарифзода устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раиси пешини Шӯро, Ранжет Ятимов ҳуқуқшиноси расонаӣ, Илҳом Ҷамолиён узви Раёсати Шӯрои ВАО ва Дайнюс Радзявичюс раиси Иттифоқи журналистони Литвия ба сифати мушовири байналмилалӣ созмон дода шудааст.

Моҳи сентябр комиссия дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо рӯзноманигорон ва идораи расонаҳо масъалаи чигунаии тағйиру илова ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро баррасӣ мекунанд ва то Конфронси ҳисоботӣ-ҷамъбастии Шӯро дар поёни соли 2020 лоиҳаи тағйиру иловаҳоро омода мекунад, ки қарор аст дар ин Конфронс аз сӯйи вакилон  баррасӣ ва пазируфта шаванд.

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз сӯйи ҷомеаи журналистии кишвар дар соли 2009 пазируфта шудааст, ки имрӯз бо рушди расонаҳо, ба вуҷуд омадани расонаҳои иҷтимоӣ ва равандҳои нав дар рӯзноманигорӣ зарурати шадид ба такмилу бозбинии онҳо пайдо шудааст.

Акс: rushnoi.org
Previous articleМушкили иҷозаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа
Next articleТоҷикистонро дар даври ниҳоии озмуни MediaCAMP Award 12 рӯзноманигор намояндагӣ мекунад

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here