Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои тағйиру иловаҳо ва ба талаботи рӯзноманигории рӯз мутобиқ кардани “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” комиссияи вижаро аз ҳисоби коршиносони варзидаи соҳа ташкил дод.

Ин комиссия то Конфронси ҳисоботӣ-ҷамъбастии Шӯро дар поёни соли 2020 тағйиру иловаҳоро омода мекунад, ки қарор аст дар ин Конфронс баъди муҳокимаву баррасӣ аз сӯйи вакилон пазируфта шаванд.

Ин комиссия дар ҳайати Шаҳло Акобирова мудири ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва раиси пешини Шӯро (раиси комиссия), Қироншоҳ Шарифзода устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раиси пешини Шӯро, Ранжет Ятимов ҳуқуқшиноси расонаӣ, Илҳом Ҷамолиён узви Раёсати Шӯрои ВАО ва Дайнюс Радзявичюс раиси Иттифоқи журналистони Литвия ба сифати мушовири байналмилалӣ созмон дода шудааст.

Моҳи сентябр комиссия дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо рӯзноманигорон ва идораи расонаҳо масъалаи чигунаии тағйиру илова ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро баррасӣ мекунанд.

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз сӯйи ҷомеаи журналистии кишвар дар соли 2009 пазируфта шудааст, ки имрӯз бо рушди расонаҳо, ба вуҷуд омадани расонаҳои иҷтимоӣ ва равандҳои нав дар рӯзноманигорӣ зарурати шадид ба такмилу бозбинии онҳо пайдо шудааст.

Зимнан Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз ҳамаи рӯзноманигорон, идораи расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дархост мекунад, ки агар дар маврид бозбинӣ ва тағйиру иловаҳо ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ” дар Тоҷикистон пешниҳоде дошта бошанд, метавонанд ба унвонии Шӯро бифиристанд.

Ин комиссия кори худро бо пуштибони созмони Интернеюс дар доираи лоиҳаи “Рушди додани меъёрҳои ахлоқӣ ва усулҳо дар расонаҳои Тоҷикистон: боло бурдани мақоми рӯзноманигор ва эътимоди ҷомеа ба расонаҳо” пеш мебарад.

Previous articleФурсати шуғлӣ барои рӯзноманигорон
Next articleИнтенеюс барои муҳаррирон давраи омӯзишӣ баргузор мекунад

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here