Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон вобаста ба лату кӯб шудани рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз қазияи мавриди лату кӯб қарор гирифтани хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки боиси дар ҷомеа паҳн шудани тахмину гумонҳо ва осеби ҷисмонӣ гирифтани рӯзноманигор шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Шӯро аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати дар чорчӯбаҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунсифона баррасӣ намудани ин қазия, муқаррар намудани сабаб ва заминаҳои ин амали ғайриқонунӣ ва дарёфту ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодиса дар доираи салоҳияти худ иқдом кунад.

Итминон дорем, ки омилони ин ҳодиса дар наздиктарин фурсат ошкор мешаванд ва қазия халли худро хоҳад ёфт.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here