Ба таваҷҷуҳи довталабони ҷоизаи “Эътимод” Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамаи довталабони ҷоизаи ҳарсолаи Шӯро – “Эътимод” мерасонад, ки ба далели ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва манъ шудани баргузории ҳамоишҳову нишастҳои ҷашнӣ, имсол дар Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод ин ҷоиза тақдим нагардид. Раёсати Шӯрои ВАО Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҷоизаро 8-уми сентябр, дар Рӯзи ҷаҳонии ҳамрайъии рӯзноманигорӣ ба довталаби шоиставу арзанда тақдим намояд. Аз ин рӯ, пазируфтани аснод ва матолиби номздаҳои довталаб то 15-уми августи соли 2020 давом мекунад. Аз ҳамаи довталабон ва онҳое, ки хостори ширкат дар ин сабқат ҳастанд, дархост мешавад, ки дар замони таъйиншуда матолиби худро ба суроғаи Шӯрои ВАО Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъди Шерозӣ 16, қабати аввал. Тел: 2385407; wordpress@mediacouncil.tj ё mzevarshah@gmail.com

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here