Наврӯзи фархундапайро, ки ҷашни аҷдодии мо, рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату накукорист ва бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад ба љомеаи журналистии кишвар самимона табрик мегўем. Ин љашни бузурги миллї,  њамасола дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони азиз, ки Ватани Наврӯз аст бо истиқболи густурда ва шукӯҳи тоза таҷлил мегардад.

Моҳи майи соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ, ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил кард ва соли 2010 бо Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он далолат менамояд

Фалсафаи Наврўз талќин менамояд, ки Соли Нави миллиро бо ниятҳои неку созанда, мағфирату бахшиш пешвоз гирем, замири худ, манзилу маъвои худро аз кудурату олоиш пок созем. Барои рушду шукуфоии Ватани азиз љањд намоем.

          Бо ниятҳои нек ва сидқу арҷгузорӣ Шуморо бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуда, бароятон рӯзгори осуда, файзу баракат, саодату сарбаландӣ таманно дорем.

Нафаси тоза ва ҷонбахши Наврӯз ба Шумо муборак бод!

Раёсати Шўрои Воситаҳои  ахбори оммаи Тоҷикистон

Previous articleБахтиёр Ҳамдамов: Фаъолияти Шӯрои ВАО барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ муҳим аст
Next articleЭълон барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” соли 2020
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here