
Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилалии Ҳамраъйии журналистон, ки ҳамасола 8 сентябр дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад, имкони ташхиси тиббии ройгон барои рӯзноманигоронро фароҳам мекунад.
Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии кишвар сурат гирифта, рӯзноманигороне, ки алоқаманданд метавонанд рӯзи панҷшанбе, 12 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд , шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар шаҳри Душанбе дилу узвҳои дарунии худро ба таври ройгон ташхис кунанд.
Аз ҳамаи рӯзноманигороне, ки алоқаманданд аз чунин ташхис гузаранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ному насаб ва расонаеро, ки дар он кор мекунанд, ба ин суроға фиристанд: http://mediacouncil.tj/tamos-bo-mo/
Дар мавриди вақт ва макони баргузории ташхиси ройгон барои рӯзноманигорон дар рӯзҳои наздик дар сафҳаи интернетии Шӯро http://mediacouncil.tj/ ва сафҳаи facebook-и Шӯро бо номи “Шӯрои ВАОи Тоҷикистон / Совет по СМИ Таджикистана” https://www.facebook.com/mediacouncil.tj/ маълумот дода хоҳад шуд.