Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон шикояти шаҳрванд Абдулло Ғурбатӣ марбут ба мувофиқати сарлавҳагузорӣ дар бархе аз матолиби Оҷонсии иттилоотии Русия “Sputnik” – “Sputnik Тоҷикистон”-ро бо “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” баррасӣ кард.

Шаҳрванд Абдулло Ғурбатӣ дар шикояташ аз Шӯрои ВАО хоста буд, ки мувофиқати сарлавҳагузорӣ дар матлабҳои “Дуздии бештар аз 6 ҳазор сомонӣ ошкор шуд: боздошти писараки 15-сола дар Кӯлоб”(https://sputnik-tj.com/…/Duzdii-beshtar-az-6-azor-somon-osh…), аз 10:19 05.12.2018; “ВУД: сокини шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Рӯдакӣ сехи макаронбарориро ғорат кард” (https://sputnik-tj.com/…/VUD-sokini-shari-Klob-dar-noiyai-R…), аз 10:44 21.11.2018; “Ҷавони 23-сола аз шаҳри Кӯлоб дар Душанбе фоҳишахона ташкил кард”, аз 11:30 17.01.2019, ( https://sputnik-tj.com/…/avoni-23-sola-az-shari-Klob-dar-Du…), “Боздошти ду зани кӯлобӣ ба иттиҳоми дуздӣ дар Тоҷикистон” (https://sputnik-tj.com/…/Bozdoshti-du-zani-klob-ba-ittiomi-…), аз 11:12 07.01.2019 ва дар сарлавҳо таъкид рӯйи минтақаи хос аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқии касбӣ арзёбӣ карда шавад, ки ба назари ин шаҳрванд чунин тарзи сарлавҳагузорӣ омили доман задани маҳалгароӣ ва табақабандӣ дар ҷомеа мешавад. Ғурбатӣ ҳамчунин гуфта карда, ки рӯзноманигорони оҷонсӣ дар инъикоси ҳаводис марбут ба ҷиноят ба маҳал ишора мекунанд.  

Раёсати Шӯро ин шикоятро баррасӣ карда, чунин тасмимгирӣ кард:

a)  дар маҷмуъ сарлавҳа ва аксҳои матолиб дар бахши “Хабарҳо” ба маънои матн мувофиқат мекунанд. Дар матолиб ҳатто истинод ба хадамоти матбуоти ВКД ҶТ ҳамчун манбаи иттилоъ вуҷуд дорад;

 б) дар номи матолиб, дақиқан ба мансубияти иштирокчиёни ҳодиса (гумонбар, боздоштшуда) ба минтақаи хос (маҳал) ишора шудааст;

в) дар сарлавҳаҳои матолиб таъкид рӯйи минтақа карда мешавад, ки гӯё ҳуқуқвайронукнундагон ва ҷинояткорони эҳтимолӣ мансуби онҷоянд. Чунин таъкид рӯйи  минтақа дар ҷомеаи мо бисёр ба дард пазируфта мешавад. Табиист, ки чунин номгузорӣ василаи ҷалби мухотабон ва дастёбӣ ба маҳбубият аст, вале ин таҷриба хоси “матбуоти зард” мебошад.   

Бо таваҷҷуҳ ба назокатҳои миллии тоҷикон, вижагиҳои минтақаҳо, хусусиятҳои муносибатҳои мурракаби аҳолии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар онҳо маҳалгароӣ як падидаи вайронгар дониста мешавад, чунин меҳисобем, ки  пешниҳоди матолиб аз ҳаводиси ҷиноӣ бо ишора ба ин ё он минтақа метавонад сабабгори барҳам задани ягонагии мардуми кишвар, барангехтани кинаву адоват нисбат ба якдигар, расидан ба иззати нафс ва муттаҳам донистан мешавад. Дар сарлавҳагузориҳои боло ҳарчанд мавқеъи рӯзноманигор (ОИ “Sputnik Тоҷикистон”) бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дигар ҳуқуқҳои қонунӣ дар баробари ҳодиса ва далели мушаххас зикр шудааст, вале дар онҳо журналист ба иштибоҳ роҳ дода, муқаррароти қонунгузорӣ ва садаҳои ҳуқуқии ҶТ, “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” нақз карда шудааст.

Аз ҷумла муқаррароти Констиитутсияи ҶТ – таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати … нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст (моддаи 30), қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”  –  интишори … ахборе, ки барои … барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, … даъват мекунад, … манъ аст (моддаи 6), Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон – ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. … Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд (банди 5), Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд… (банди 10) поймол шудаанд.

Ба таваҷҷуҳ ба ин, Шӯрои ВАО ба рӯзноманигорони ОИ “Sputnik Тоҷикистон” ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар матолиб, сарлавҳаҳо ва аксу видеоҳое, ки перомуни ҳаводиси ҷиноӣ нашр мекунанд ба мансубияти маҳаллӣ ва минтақавии омилони ҳаводис ишора накунанд ва бараъкс барои сиҳат шудани таркибҳои иҷтимоии мо (маҳалгароӣ), ягонагии мардум ва рушди кишвар мусоидат намоянд.

 Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон,

Шаҳри Душанбе, 5.07.2019

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here