3 май,  рӯзи озодии баён дар меҳмонхонаи “Ҳаят”-и  шаҳри Душанбе беш аз 10 хабарнигори расонаҳои мухталифи кишвар ҷоизаҳои таъиннамудаи Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва созмонҳои дигари рӯзноманигориро дарёфт намуданд.

Ҷоизаи аслии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон «Эътимод» имсол ба Манижа Қурбонова, хабарнигори варзидаи ҳафтаномаи “Азия Плюс” дода шуд.

Манижа Қурбонова бо дарёфти раъйи аксари узви куммисиюни махсуси Ҷоизаи “Эътимод” ба унвони барандаи Ҷоизаи “Эътимод” шинохта шуд.

Дар поёни Конфронси байналмилаии “Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия”дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндаҳои Ҳукумати ва Парлумони Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ, намояндаҳои корпусҳои дипломотӣ ва хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон  лавҳи ёдгорӣ ва ҷоизаи молиро Шаҳло Акобирова раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Манижа Қурбонова, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс” тақдим намуд.

Ҳамчунин имсол ҷоизаи ифтихории Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Назарӣ Парёнӣ, мудири масъули рӯзномаи “Мондагор” (Афғонистон), Мирасрор Аҳроров, хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” (Узбакистон) ва Отақул Файзиев, хабарнигори нашрияи “Овози тоҷик” (Қазоқистон) барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии шоиста аз фарҳангу забон ва тамаддуни тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон дода шуд.

Ин ҷоиза ҳамасола аз сӯйи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  ба хотири қадрдонии  рӯзноманигорони ҳирфаие, ки  барои риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ  дар кишвар саҳмгузор ҳастанд, дода мешавад.

Ба тафовут аз солҳои қаблӣ имсол пешниҳод номзадҳои мавриди назар ҳам аз  тариқи ВАО ва ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Шӯро низ баррасӣ гардид. Алоқамандон имкон доштанд аз миёни нӯҳ нафар довталаби пешбарӣ ва номнавис шуда барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” ба ҷонибдории номзади  мавриди алоқаи худ дар сомонаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон раъй бидиҳанд.

Аммо ба  далели риъоят нашудани беъзе талаботи Низомномаи Ҷоизаи “Эътимод”,  ки мебоист ҳар номзад чанд намунае аз матолиби чопӣ, электронӣ ва ё савтӣ ва тасвирии худро ба Комиссиюни ҷоиза пешниҳод кунад, орои чанде аз номзадҳо, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гирдовари шуданд,  бе эътибор дониста шуд.

Дар солҳои пешин рӯзноманигорони варзидаи Тоҷикистон, Субҳон Ҷалилов, Ҳуриниссо Ализода ва Нуралӣ Давлат ин ҷоизаи муътабари риштаи ҷомеаи рӯзноманигории кишварро соҳиб шудаанд.

Previous articleКАРИМ АМИНӢ
Next articleАхбори мавриди ниёзи худро аз куҷо мегиред?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here