КАРИМ АМИНӢ

Хабарнигори аршади шабакаи телевизионии “Тулуънюс”. Фориғуттаҳсили риштаи ҳуқуқ ва улуми сиёси Донишгоҳи Кобул. Бахши расонаҳо ва хабарнигориро ба гунаи кӯтоҳмуддт ва миёнамуддт фаро гирифтааст. 10 сол собиқаи рӯзноманигорӣ  дорад. Дар радио ва телевизионҳои гуногун ба ҳайс гузоришгар, виройишгар, масъули бахши хабар ва муҷрии хабару барномаҳои сиёсӣ кор кардааст.

 7 сол мешавад, ки бо Тулуънеюс” кор мекунад. Тақрибан 80 дар сади майдонҳои ҷанги Афғонистонро пӯшиш додааст. Бештар вақти кории худро берун аз Кобул дар вилоятҳо ва рустоҳои Афғонистон сипарӣ мекунад. Дар бисёре аз мавзӯъоти доғи Афғонистон, ҳатто дар дӯрдсттарин нукот яке аз аввалин хабарнигоронест, ки худро мерасонад.

“Тулуънеюс” ба унвони пойгоҳи хабар Афғонистон эътироф шуда, аз маъруфтарин шабакаҳои телевизионии натанҳо Афғонистон, балки минтақа аст. Ин шабака яке аз самбулҳои озодии баён ва расонаҳо дар Афғонистон аст ва ба шеваҳои рӯз матолибро нашр мекунад.

“Тулуънеюс” барои гузоришҳои Карим Аминӣ аз Кундуз ва Ҳилманд ва қурбониёне, ки шабакаҳои “Тулуънеюс” ва “Тулуъ” дар ин роҳ додаанд соли 2017 Ҷоизаи  муътабари Кейт Веб-и Фаронсаро ба даст овардааст, ки барои гузоришҳо аз манотиқи ҷангӣ ва буҳронзада эҳдо мешавад. Карим Аминӣ аз касонест, ки зери ҳокимияти “Толибон” рафта гузориш таҳия кардааст.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here