Раёсати Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонӣ аз рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар бахшҳои мухталиф, бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод” 2019 -ро эълон менамояд.
Барои интихоби номзади мавриди назаратон ин хатти обиро нохун бизанед

Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО ё идораи расонае, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд. Дар Низомномаи Ҷоиза зикр шудааст, ки “Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд”.
Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Қарор дар бораи барандаи ҷоизаро Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад.
Ҷоизаи Шӯрои ВАО Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола дар барномаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии озодии баён – 3 май ба рӯзноманигорон тақдим мешавад.
Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мукофоти молӣ низ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯро муайян мекунад. Барандаи Ҷоиза ҳамчунин соҳиби дипломи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегардад..

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here