Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” (аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31) – ро тасмими ноҳисобшуда ва номувофиқ ба вазъи иқтисодии кишвар ва шаҳрвандон медонад. Аз сӯйи дигар, боло бурдани арзиши Интернет дар шароити ногувори иқтисодӣ, дастрасии шаҳрвандонро ба иттилоот маҳдуд мекунад ва ба ин васила вазъи бе ин ҳам ногувори озодии баёнро дар Тоҷикистон ногувортар менамояд.

Инчунин ин тасмим хилофи масъулиятҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулиятҳое мебошад, ки кишвари мо дар доираи узвияти Созмони ҷаҳонии Тиҷорат пазируфтааст. Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз самтҳои афзалиятнок барои самаранокии фаъолияти ҳукумат ин татбиқи ҳарчи зудтари ҳукумати электронӣ ва дар рушди иқтисодиёт бошад бахши иктисодиёти рақамӣ аст, ки ин тасмим расидан ба ин гуна ҳадафҳои стратегии миллиро душвор мегардонад.

Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва қонунгузорӣ ҷумҳурии демократӣ аст ва дар ҷомеаи демократӣ Интернет яке аз василаҳои зудамали на танҳо дарёфт ва табодули иттилооти озод мебошад, балки он ба як самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба хотири беҳдошти зиндагии азрзандаи мардум низ табдил ёфта истодааст. Бинобар ин, бар асари боло бурдани арзиши Интернет дастрасии мардум ба он ва ҳамин гуна ба ахбору иттилои муҳими ҷаҳонӣ маҳдуд мешавад, ки ин хилофи меъёрҳои демократӣ ва пазируфташудаи ҷаҳонӣ мебошад.

Шӯрои ВАО ҳамчунин нигаронии худро аз додани афзалият ба яке аз ширкатҳои ҳозир дар бозор, изҳор медорад ва ин корро хилофи мантиқи фаъолияти худи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва талаботи қонунҳои Ҷумуҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи монополияҳои табиӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон”, “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” медонад.

Ҳамчунин Шӯрои ВАО аз сол то сол паст шудани сифати хидматрасониҳои соҳаи алоқа, аз ҷумла сифату суръати Интернет ва дар ин замина гарон шудани арзиши гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хидматрасониҳои интернетӣ нигарон аст ва инро пайомади мудирияти нодурусти соҳа медонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд сол пеш Тоҷикистон пешгоми таҳаввулот дар бозори алоқаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳато кишварҳои пасошӯравӣ буд.

Шӯрои ВАО чунин меҳисобад, ки дар шароити ногувори иқтисодӣ ва вазъи ноҷӯри иҷтимоии шаҳрвандон, бидуни асос ва мантиқ боло бурдани арзиши Интернет ва хидматрасониҳо дигар пайомадҳои нохуби иқтисодиву иҷтимоӣ бар ҷой мегузорад. Дар ҳоле, ки дар тамоми дунё, аз ҷумла ҳамсояҳои давру бари мо, тамоюли рӯ ба пойин рафтани арзиши Интернет мушоҳида мешавад, ин тасмим боиси норозигиҳо ва адами эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумат мегардад. Бинобар ин, Шӯрои ВАО аз мақомоти зидахли давлатӣ бекор кардани Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ”-ро дархост намуда, умедвор аст, ки минбаъд арзиши Интернет дар кишвар арзон мешавад ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва дигар хизматрасониҳои фанновариҳои ҷадид роҳаттар мегардад.

Шаҳри Душанбе, 19 марти с.2019.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here