Шумо ба ҳайси журналист ва мураббии журналистони ҷавон сазовори эътибори кулл ва эҳтироми умум гардидаед. Чун яке аз сарварони созмонҳои журналистӣ журналистикаи мустақилро ба сатҳи баланди касбӣ бардоштед ва имрӯз низ пайи ин ҳадафи нек талош меварзед.
Ба ҳайси журналисти бедор муҳимтарин муаммоҳои ҷомеа, умдатарин бахши инкишофи маънавиятро солҳои тӯлонӣ дар матбуот инъикос намудед.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо пайваста аз озодии инсон, волоияти маънавиёт, бедории ѓурури миллӣ, покизагии имону виҷдон мегӯеду ин принсипи хоси худро пос медоред…
Раёсати Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо самимияти афзун ва садоқати бепоён Шуморо бо ҷашни фархундаи зодрӯзатон муборакбод намуда, барои шумо пешрафт, муваффақият, оромиши зеҳнӣ, шодӣ ва дастёбӣ ба ончи, ки мехоҳедро оризу мекунад.
Лаҳзаҳои хуш ва саодат дар баҳори нав насиби шумо бодо.
Раёсати Шӯрои ВАО ҶТ