Нашрияҳои Тоҷикистон аксаран матолибашонро ба воқеаи фараҳбахш – ба истифода додани аввалин агрегати НБО “Роғун” ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил карда мешавад, бахшидаанд. Ба ин муносибат рӯзномаи “Садои мардум” дар 8 саҳифа силсиламақолаҳоро пешкаши хонандагон намудааст, ки манзумаҳои “”Шоҳномаи Роғун” –и Мирзо Рустамзода ва “Нури Роғун нури ҳаққу сояаш” –и Рашиди Қодириён аз зумраи онҳост.

Дар баробари ин, саҳифаи аввали ин нашрияро шеъри “Нуру зиёи миллат” –и муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ ва дубайтиҳои профессор Аламхон Кӯчаров зеб додаанд.

Рӯзномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷавонони Тоҷикистон” низ дар ҳаҷми 16 саҳифаи як шумораи хеш НБО “Роғун” –ро васф намудааст. “Бунёдгари иншооти аср”, “”Роғун” – иншооти камназир дар таърихи башар”, ““Роғун” – мактаби бузурги гидроэнергетикҳои ҷавон”, “Бақои миллатро таъмин кард”, “Ғамхор ва пуштибони ятимон”, “…Вахш дар фармони Роғун мешавад”, “Ҷавонон дар шинохти пешвои миллат”, “”Роғун” – сафҳаи заррин дар таърихи энергетикии кишвар” қисме аз маводҳои ҷашнии ин нашрияанд.

Ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “СССР” бошад, ба муносибати ин воқеаи таърихӣ хроникаи НБО “Роғун” –ро манзури хонандагони хеш намудаанд.

Ҳамчунин, дар “Фараж” гузориши мукаммале аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак дар таҳияи Салимахон Ваҳобзода, инчунин, маводҳои ҷолиби “Гиребонгирӣ дар фестивали “Оши палав””, “Кӯлоб: Кӣ бояд лифтҳоро тармим кунад?”, “Фитна дар маҳбас”, “Одами хоси Ҳукумат, ё қиссаи шикасти ӯ, ки президент хабар надорад”, “Восеъ: Синфхонаҳои резинӣ”, “Истироҳати маҷбурӣ дар Гулобод”, “Қонунро дар система бояд дид” ва ғайраро метавон мутолиа намуд.

“СССР” бошад, дар қатори хроникаи Роӯун инчунин, матолиби “Паҳлавонҳои сари деги ош”, “Бги Дега!!!”, “Дарро задам, девор кафид”, “Шишаҳои сиёҳ ва афзоиши нақлиёт”, “Юсуфи гумгашта пайдо шуд”, “Ҳотами Тойе аз Рашт”, “Облаваи мӯйсафеди 62 сола”, “Доғи босмачӣ абадист”… –ро ба табъ расонидааст.

Ҳафтаномаи “Азия плюс” дар мақолае таҳти унвони “Три, два, один… Пуск!” таърихи пешниҳод шудани лоиҳаи Роғунро то корҳои бунёдии басомонрасида нашр кардааст. “НБО “РОғун” баъди ба истифода дода шудани ҳамаи 6 агрегаташ метавонад солона 13,4 млрд. киловатт-cоат нерӯи барқ диҳад, ки ин ба эҳтиёҷоти яксолаи иқтидори энергетикии Тоҷикистон баробар аст.” Матолиби дигари “Азия плюс”: “Чаро барои Тоҷикистон Роғун зарур аст”, “Прокуратураи генералӣ бо маоши 67 доллар ба кор даъват мекунад”, “Эмомалӣ Раҳмон: Дар сафҳои милитсия набояд одамони тасодуфӣ бошанд”, “Дар Тоҷикистон бо фоҳишагарӣ мубориза мебаранд, вале аз ин шаҳрвандони оддӣ зарар мебинанд”…

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаи директори генералии ҶСК НБО Роғун Хайрулло Сафарзода “Роғун корзори нангу номус” –ро дар сархатти матолиби хеш қарор додааст. Дар мақола сухан аслан сари нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти аср меравад.

Ҳамчунин, матолиби “Палави фестивалӣ: чашм гуфт: омад, даҳон гуфт: даромад, шикам гуфт: вай чӣ буд, ки наомад?”, “Президенти арзандаи мо”, “Хушқадам Хусравов сеюмин ҷаҳонпаҳлавон шуд”, “Суҳбати Сталин бо Ғафуров”, “Роғун чароғон шуд”, “Фалаки Роғун”, “Санади тақдирсози миллат”–ро дар “Тоҷикистон” мехонем.

 

 

Previous articleҲасиб аз мушхонаҳо
Next articleЗурович: Озодии сухан гуфта, журналист набояд ба шахсияти касе расад
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here