Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар нашри рӯзи 31 октябри соли 2018 Иттилоияеро аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 30 октябр таҳти раёсати Президенти кишвар баргузор гардидааст,пахш намудааст. Аз хабар бармеояд, ки дар ҷаласа натиҷаҳои нуҳмоҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳлил ва баррасӣ гардидааст.
Инчунин, “Ҷумҳурият” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни “Беҳтарин шеъри бачагона” ғро эълон намудааст.
Дар ҳамин шумора ҳамзамон “Ҷумҳурият аз идома ёфтани сохтмони эстакадаи дуюм дар Душанбе” мужда додааст.
Рӯзномаи “Садои мардум” бошад, аз таҳкимёбии равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Русия мегӯяд. Ҳамчунин, ба иттилои “Садои мардум”, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия ва Зубайдзода Зубайдулло Наҷот сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайту САлтанати Уммон таъйин гардидаанд.
Ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ” ин ҳафта низ матолибу гузоришҳояшро ба ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд бахшидааст. Ҳамчунин, проблемаи бамиёнгузоштаи журналисти собиқадор Неъматуллои Худойбахш дар мақолаи “Деҳқон деҳқонӣ кунад ё ҳисоботсупорӣ?”, ки “Минбари халқ” ба табъ расондааст, ҷолибу хонданист.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба мавзӯи хеле доманадори ғизоӣ – таркиби ҳасибҳое, ки мардум истеъмол менамоянд, даст задааст. Хабарнигори ҳафтанома Бахтовар Сафаров дар мақолаи “Ҳасиб аз мушхона” савол ба миён гузоштааст, ки “Ҳасибҳои “Ҷонона”, “Докторская”, “Салямӣ”, “Рамазон”,”Ширӣ” ва “Мурғӣ” –ро хурем ё нахурем?”. Дар ин мавод мехонем: “Ин манзара бароям даҳшатовар буд, – мегӯяд як нафар аз иштирокдорони рейд. Мушҳо гӯӣ, ки мусобиқаи дав доштанд. Пасу пеш метохтанд, парвое аз будани одамон надоштанд. Чашмам афтод, ки як муш ба дохили гӯшти ҳасиб афтод. Дигар аз ӯ ному нишоне намонд, ба ҳасиб табдил ёфта буд. Дилам беҳузур шуд. Ахлоти мушҳо аз бисёрии онҳо якҷо ҷамъ шуда буданд. Онҳо ҳам бо гӯшти ҳасиб дармеомехтанд. Дар як лаҳза ин манзара ва манзараи ба корхонаҳо, мағозаҳо ва салонҳои сартарошӣ, бо чашми тамаъ назар кардану пеши роҳи тиҷорати мардумро гирифтани кормандони “Санэпидемстансия”пеши назарам омад. Онҳо куҷо менигаранд?”…
Матолиби дигари “Тоҷикистон”: “Ҳақиқати талх: Кӣ обрӯи Боми ҷаҳонро паст задан мехоҳад?”, “5000 ҳазор ҷарима бо усули “говсуд” дар Суғд”, “Таҳрифи таърих ва сабақи Бобоҷон Ғафуров”, “Марги Рӯдакии сонӣ. Ӯ якумр дар орзуи нақши Хайём буд”, “Ронанда гунаҳгор, пиёдагард мусичаи беайб. Чаро?”…
Рӯзномаи русии “Азия плюс” бошад, мушкилоти будубоши маҳбусон дар ягона зиндони занона дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак воқеъ гаштааст, дар сархатти матолиби инҳафтаинаи худ қарор додааст. Мақола “Инҷо мудҳиштарин мавзеъ дар рӯи замин аст” ном дошта, ба қалами Лилия Гайсина тааллуқ дороад. Муаллиф менависад: “Дар сехҳои қаннодӣ ва дӯзандагӣ маҳбусони барои қаллобӣ маҳкумшуда кор мекунанд, мудири толори ороиши зебоӣ зани барои одамфурӯшӣ маҳкумшуда мебошад, ва ҳамаи занони маҳкумшудаи ягона зиндони занона дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак воқеъ гардидааст, мекӯшанд, ки бо кор банд бошанд, – ин ҳам ба худи онҳо ва ҳам ба маъмурияти зиндон осон аст. Вале мутаассифона, кор на ба ҳама кифоят мекунад, аз ин рӯ, расидан ба рӯзҳои озодиро маҳкумшудагони муассисаи ислоҳотии ЯС 3/8 ГУИУН ВА” хеле ба оҳистагӣ паси сар менамоянд.”
Ҳафтаномаи “Озодагон” мақолаи “Хиёнат дар сояи Ҳукумат” –ро дар сархатти матолиби инщафтаинаи хеш ҷой додааст. “Ошиқ аз ишқ хаста намешавад, дилмонда намешавад, ба маъшуқи худ зарар намерасонад ва… албатта, агар ин ишқ воқеӣ бошад ва сохта набошаду манфиате дар миён набошад. Ҳадиси “ҳуббулватан” –ро бисёр шунидаем. Аммо боварам намешавад, ки баъзан ин “ҳадис” –ро шунидан намехоҳам. Баски ҳар кас зери ин шиор бар хилофи ин калом рафтор мекунад. Аз он ҷо, ки сиёсат ҳамаи зиндагии моро фаро гирифта, “ҳуббулватан” ҳам сиёсӣ шудааст. Ва аз “ишқи сиёсӣ” чӣ интизоре меравад?! Ҷуз ин ки ҳар касе лофи бештаре зад, ба ӯ бештар бояд шакк кард!” – менависад муаллифи матлаб Ҳаким Шакурӣ.
Маводҳои дигари “Озодагон”: “Осебшиносии фасод, ё худ чаро муқовимат бо коррупсия комёб намешавад?”,”Бонки ҷаҳонӣ: 2 млн. Дар Тоҷикистон ҳанӯз фақиранд”, “”Облава” духтаронро ҳам пайгир аст?”, “Занони Дарвозу Хоруғ: Мо хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ надорем”, “Фароғат Азизӣ ҳадди худро мешиносад?”…