Шарҳи матбуоти Тоҷикистон, 18 октябри соли 2018

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 октябрии худ мақолаи

Муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидислом Абдуҷабборзодаро таҳти унвони “Пешво ба мо шараф бахшиду ифтихор” нашр кардааст. “Эмомалӣ Раҳмон  – Пешвои миллат, Пешво ва раҳнамое, ки миллат назирашро намедонад. Оре, ӯ сарварест, ки оташи фурӯзони ҷангро хомӯш кард. Сарварест, ки чандин ҳазор гурезаро ба Ватан баргардонд. Миллату давлати дар вартаи нестӣ афтодаро наҷот дод. Кишвари харобро обод намуд. Мамлакат туфайли сарварияш рӯ ба тараққӣ ниҳод. Маориф, илм, фарҳанг, тиб ва ҳамаи соҳаҳо рушди тоза пайдо карданд.” – чанд ҷумла иқтибос аз мақолаи мазкур дар “Ҷумҳурият” оварда шуд.

Ҳамчунин, рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар арафаи таҷлили Иди Меҳргон дар “Сухани рӯз” аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳабати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодиву нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”

Рӯзномаи русии “Народная газета” – нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи нави хеш ба хабарҳои “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар форуми байналмилалии соҳибкорӣ иштирок намуд”, “Дар Душанбе сохтмони бинои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид”, “Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Шӯрои давлатии Ҷумҳурии халйии Чин Ли Кецян”, “Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид” авлавият додааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Додоҷони Атовулло “Шабаҳ болои Бадахшон пар мезанад, аммо чаро ӯро касе намебинад” –ро дар сархатти мақолаҳои инҳафтаинаи худ қарор додааст. Муаллиф дар 12 нукта андешаҳояшро гирд овардааст. Аз ҷумла, дар зерсарлавҳаи сеюм, ки “Ултиматум” ном дорад, мехонем: “Ҳанӯз то омадарни Президент ба Помир шунида будам, ки Ҳукумат дар он вилоят дар дасти қумондонҳо, “наркобаронҳо”, “авторитетҳо”, “оппозитсия”, “ҷинояткорон” (ҳар кас аз рӯи муҳаббат ё нафраташ номгузорӣ мекард) буд. Касе пишаки онҳоро на танҳо пишт намегуфт, балки навозиш мекард ва ва колбасаю панир армуғон меовард. Давлат ба онҳо мансаб медод, аз бонкҳо қарз медод, ки чун ришва пазируфта мешуд. Онҳо ба милиса ва ГАИ итоат намекарданд, бо яроқ мегаштанд. Ҳатто овоза буд ё не, яке аз онҳо – Толиб Айёмбеков гӯё раиси собиқи вилоятро муштборон кардааст. Ончуноне Ҳабиб Макгрегорро.”

Инчунин, идомаи мақолаи Суғдмеҳр “Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо” ва маводҳои прблемавии “Партовгоҳи Кӯлоб коркард мешавад”, “Киштии шикаста зиёӣ ва оппозитсияи тоҷикро куҷо мебарад?”, “Ифротгароӣ аз таассуб аст”, “Мансаб ва шахсият”, “Ба мо барқ диҳед!”… –ро аз ҳафтаномаи “Фараж” метавон мутолиа намуд.

Мавзӯи асосии шумораи нави ҳафтаномаи “СССР” низ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бахшида шудааст. Муаллифи матлаб Давлатмамад Назархудоев, ки худро коршиноси масоили иҷтимоӣ медонад, зери унвони “70 миллион сомониро аз Бадахшон кӣ дуздид?” дар ин маводи худ масъалагузорӣ кардааст: “Онҳое, ки даъвои муҳаббати Помир доранд, чаро пули қарзашонро ба буҷаи Бадахшон барнамегардонанд.” Чуноне аз мутолиаи мақола бармеояд, инҷо гап дар сари қарзҳои ҳангуфте меравад, ки сокинони минтақа бо истифода аз нуфузи хеш аз бонкҳо гирифтаву барнагардондаанд. Минҷумла, дар бораи қарзҳои гирифтаи роҳбари Дастгоҳи раиси ВМКБ Диловар Хосабеков, писарони Толиб Айёмбеков – Маҳмадалӣ ва Ғуломалӣ Абдураҳмоновҳо, додар ва хоҳари ӯ – Рашид ва Адолат Айёмбековҳо, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ишкошим Ҷ. Ошурбеков ва ғайраҳо.

Мақолаҳои дигаре, ки муҳтавои инҳафтаинаи “СССР” –ро ташкил медиҳанд: “Зодрӯзи Шабнам дар ятимхонаи шаҳр”, “Диссонанс”, “Маймуния” (мақолаи журналисти тоҷик Абдуқодири Абдуқаххор дар мавриди ба ҷараёну ҳизб ва фирқаҳо ҷудо кардану шикастани дини мубини  Ислом), “Ҳоҷатхона проблема шуд”, “Кашолкорӣ бисёр аст. Чаро?”…

Ҳафтаномаи “Озодагон” бошад, дар масъалаи Бадахшон менависад: “Тафоқ ҳосил шуд: Дар Хоруғ амалиёти низомӣ намешавад!” Ҳамчунин, ин маводҳои хонданиро маҳз аз “Озодагон” метавон мутолиа кард: “Озодмарде амҷад аз диёри Рӯдакӣ”, (мақолаи олими тоҷик Сафар Абдулло ба муносибати шастсолагии адиб ва пажуҳишгар Қодири Рустам), “Интиқоди шадиди Президент аз низоми бонкдорӣ”, “”Барқи тоҷик” эътироф кард, ки чаро нархро боло бурд”, “Кангурт ё Темурмалик” (маводи пешниҳодӣ дар бораи ба Кангурт тадил додани ноҳияи Темурмалик, бо қалами Зариф Ғулом), “Ду бозёфти асрорангези Карон”, “Абармарде, ки бояд ҳафтодсола мешуд (Ба ёди олими тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек)”, “Вақте моликияти “ҳизби мардумӣ” миллӣ мешуд”, “Чаро бояд дар суд фиреб нахурем”…

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи русии “Бизнес ва политика” аз қавли раиси нави ВМКБ овардааст: “Барои ҷори намудани тартиботи пурра дар вилоят вақт лозим аст.” Ба шаҳодати рӯзнома, ин суханонро Ёдгор Файзов дар ҷаласаи Штаби байниидоравӣ оид ба таъмини қонуният ва тартибот дар ҳудуди Бадахшон, ки рӯзи 15 октябр бо иштироки раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор гардида буд, иброз доштааст. Ҳамчунин, “Бизнес ва политика” дар идомаи гузоришаш аз ҷараёни ҷаласаи мазкур менависад: “Саймумин Ятимов таассуф ва изҳори нигаронӣ аз он намуд, ки баъзе роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ нисбат ба намояндагони ҳокимияти қонунӣ дар маҳалҳо нуфузу таъсири бештаре доранд.”

Дар идома, ба гузориши рӯзнома, прокурори генералӣ сокинони ВМКБ –ро ба риояи қонун даъват намуда, гуфтааст, “то ҳол дар дасти аҳолӣ силоҳ боқӣ мондааст, ки бояд то охирин адад мусодира карда шавад.” Ҳамчунин, ба таъкиди Юсуф Раҳмон, “агар қарздорони бонкҳо дар фурсатҳои наздик қарзҳояшонро барнагардонанд, он гаҳ нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз карда хоҳад шуд.”

Инчунин, “Бизнес ва политика” мақолаи сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюкро ба муносибати иди давлатии Рӯзи муҳофизати Украинаро чоп намудааст. Ба даъвои сафир, “Дар Донбасс ҳазорҳо нафар низомиёни россиягӣ меҷанганд”.

Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотии “Самак” – нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон низ дар шастумин зодрӯзи адиби номвари тоҷик Қодири Рустам маводеро бо қалами Салими Аюбзод   таҳти унвони “Нахи ҷон аз Рӯдакӣ, Айнӣ ва Ғафуров” ба нашри расондааст: “Зодрӯзҳое ҳастанд, ки моро ба фикри шукргузорӣ мекашонанд. Чун аз онҳо мешунавем, ба худ мегӯем: Худоё, шукри он рӯзу он соату он солат, ки чунин касеро ба мо армуғон оварда. Яке аз онҳо, шояд яке аз муҳимтарини онҳо барои ман, 13 уктобр аст, рӯзе, ки инсони нек, нависанда ва донишманди фарҳехтаи тоҷик Абдуқодири Рустам ба дунё омадааст. Сипос мар ин рӯзро! Сано бод он модару падарро! Аҳсант онҳоеро, ки дар парвариданаш саҳм гирифтаанд! Сано бар равони Одамушшуаро, ки чунин бузургворро тарбият ва ҳимоят кардаасту мекунад! Сано худи ӯро, ки ҳаст ва маҳз чунин аст, на ҳеҷ гунаи дигар!”, – навиштааст муаллиф дар пешгуфтори мақолаи хеш.

Матолиби дигари “Самак”: “Сухангӯи Хадамоти гумрук аз фишори баланд ҷон дод?”, “Чин бинои нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо 1,5 млрд. юан месозад”, “Чаро Русия наметавонад посухи амали Исроилро диҳад?”, “Тоҷикистон бе гандуми Қазоқистон монда метавонад”, “Нуробод – хуррамзамини нури хуршед”.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба масъалаи доғи рӯз ва хеле нигаронкунанда – бесарусомонӣ дар фурудгоҳи Душанбе таваҷҷуҳ кардааст. Дар мақолае, ки бо номи “Мазҳака дар фурудгоҳ ва 30 соати интизории анҷоми он” саҳифаи аввали ҳафтаномаро пӯшиш додааст, муаллиф Шарифи Ҳамдампур аз ҷумла менависад: “Навиштан беҳтар ё муҳри хомӯшӣ ба лаб бастан? Баъд аз як шаби бедорхобӣ дар фурудгоҳи “Домодедово” ва як рӯзи интизорӣ дар шаҳри Маскав ба хулоса омадам, ки муҳри хомӯширо шиканам.” Ва дар идома сабабҳои таъхири ҳавопаймои хатти “Маскав – Душанбе” – ро тариқи ширкати ватании “Тоҷик Эйр” батафсил рӯи коғаз оварда, дар охир таъкид менамояд: “Даме ки ҳафтанома омодаи чоп буд, ба мо хабар расид, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” дастур дода шудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкати “Тоҷик эйр” ба Ҳукумат пешниҳоду тавсияҳо таҳия гардад. Эҳтимол, ширкати “Тоҷик эйр” хусусӣ гардонида шавад.”

Мақолаҳои дигари “Тоҷикистон”: “”Азиан экспресс” ҳамааш фиреби назар буд”, “Хоруғ: хиёбони марказӣ макони носфурӯшон”, “Зикри шароб дар сарчашмаҳои адабӣ ва динӣ”, “Туркманистон ва Тоҷикистон: яхҳо об шуданд?”, “Нигаронии вакил Олимҷон Бобоев аз гаронии андоз, “”Сходка” –и вор в законе”, “Чатри СҲШ Тоҷикистонро эмин медорад?”, “Шоҳгул Ризоӣ – сафири нави Афғонистон “туҳфа” –и Ашраф Ғанӣ ба ҳазораҳост ё ба Тоҷикистон?”, “Дасти дуо ба вусъати як дашт (Нигоҳе ба ашъори шоираи тоҷик Ноҳиди Фозил, муаллиф шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло)”.

 

Previous articleФахриддин Собиров, сардори Дафтари матбуоти гумрук даргузашт
Next articleЧаро бояд симкорт 250 сомонӣ бошад?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here