Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд нашр кардааст. Дар изҳорот, аз ҷумла, ба сатҳи наву баланд баровардани густариши ҳамкориҳо дар самти равобити фарҳангиву башарӣ, дар арсаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, тиб ва сайёҳӣ таъкид мегарданд.

Дар “Сухани рӯз” – и ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гош гуфтааст: “Ҳиндустон ва Тоҷикистонро азқаъри асрҳо муносибатҳои неки таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин робитаҳо дар шароити кунунӣ, хусусан, дар зарфи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз пеш густариш ёфтаанд.”

Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” дар баробари дигар гузоришҳо аз ҷараёни сафари президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон ҳамчунин, мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро бо Рам Натҳ Ковинд дар саҳифаи аввали худ ҷой додааст.

Инчунин, зери рубрикаи “Зикри хайр” дар ҳамин саҳифаи “Садои мардум” доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Тоҷиддин Пирзода хотироташро дар бораи Нуриддин Раҳмонов – бародари Президенти Тоҷикистон ба қалам додааст: “Ман ӯро ҳамеша “ака” мегуфтам. Дар урф ва фарҳанги муошират ба ҳар шахси бузургсол ба нишони эҳтиром ва қаробат “ака” мегӯянд. Аммо ҳар дафъае, ки ман ӯро “ака” хитоб мекардам, ҳамеша ин ҳис дар вуҷудам аз худ дарак медод, ки ӯ воқеан бародари бузурги ман аст…”

Ҳафтаномаи “Азия плюс”  мақолаи “Чӣ гуна аз ВИЧ террор фирор бояд намуд?” –ро дар сархатти маводҳои инҳафтаинаи хеш қарор додааст. Муаллифи мақола Олег Булычев дар суҳбат бо муовини директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо СПИД” Дилшод Сайбурҳонов ду ҳолати тайи ҳафтаи охир тавассути алоқаи ҷинсӣ ба ин бемории сироятии маргзо печидани сокинонро маҳак қарор дода, дар иртиботи он омилҳои гирифторӣ, назорат ва роҳҳои пешгириву коҳиши осебпазирии ин гуна муътодонро ба баҳс кашидааст. Тибқи иттилои ҳафтанома, аввалин гирифторони ВИЧ дар Тоҷикистон дар соли 1991 ошкор гардида, то имрӯз 7951 нафар мубталоён дар кишвар зери назорат қарор доранд.

Ҳамзамон, хабарҳои “Ӯзбекистон минаҳояшро аз сарҳад бармечинад”, “Сокинони Хоруғ силоҳҳояшонро месупоранд ва ба раиси нави ВМКБ бовар доранд”, “Вазорати дифоъ: Усули “облава” ба охир расид, ихтиёриён басандаанд”, “Wi-Fi бепул дар макотиби олӣ – тақозои замон”, “Раиси Душанбе барои ҳавасмандии хонандагон ва омӯзгорони онҳо 177 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд”… –ро метавонед дар “Азия плюс” мутолиа намоед.

Бизнес и политика” – рӯзномаи мустақили ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мусоҳибаи вазири корҳои хориҷии Полшаро зери сарлавҳаи “Русиягиҳо аз мо миннатпазириро интизоранд, барои он ки моро озод намуданд” чоп кардааст. Дар ин мусоҳиба, дипломати поляк дар мавриди омилҳои асосии ба таносуби муносибот байни Маскаву Варшава халалрасонанда аз дидгоҳи хеш посух додааст.

Дар мақолаи дигар – “Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба сари ҳар нафар 320 долларро ташкил медиҳад”, хабаргузории “Авесто” менависад: “Тибқи иттилои Вазорати молия, қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи июли соли 2018 2 млрд. 893,3 млн. долларро ташкил дод. Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҷамъбасти семоҳаи дуввуми имсол 38,9% -ро ташкил намудааст. Барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ дар ин марҳила 90,6 млн. доллар масраф гардидааст.”

Ҳамчунин, мониторинги “ Беморхонаи бемориҳои руҳӣ дар Восеъ: 16 сомонӣ дар як рӯз барои ғизо, мебели куҳна ва камбуди кондитсионер” –ро дар “Бизнес и политика” мехонем.

Рӯзномаи “Тоҷикистон” зери унвони “Бадахшон: Аз қонуншиканиҳо то иштибоҳҳои раис” бо генерали амният Давлат Мамадризобеков мусоҳибаи доманадоре оростааст. Генерал мегӯяд, ки: “Дар Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад. Нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд, бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд.” Ҳамчунин, ба қавли Мамадризобеков: “Президент дуруст карданд, ки дар Бадахшон тағйиротҳои куллии кадрӣ ба роҳ монданд. Зеро онҳо кори таъсирбахше намекарданд. Акнун онҳо бояд кор кунанд. Мардуми Бадахшон гуноҳе надорад, дар шароити дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд. Мардуми одиро аз ҳама гуна гурӯҳҳои ҷинояткор, манфиатдор, тоҷирони наркотик бояд ҳимоя намоянд. Инҷо бояд нақши сохторҳои марказӣ зиёдтар бошад, ин вазифаи асосии онҳо аст.”

Мақолаи ҷолиби дигар дар “Тоҷикистон” “Раддия ба ҷойи суд. Кодекси иттилоот ба мо чӣ медиҳад?” мебошад.

Ба иттилои пешкашкардаи муаллифи матлаб Одили Нозир: “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи “Кодекси иттилоот” оғоз кард, ки дар баробари қонунҳои ҷории доир ба матбуот ва ВАО фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар кишвар танзим мекунад.”

Тавре Олимҷон Салимзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон, ки таҳияи Кодекси иттилоотро кумитаи тобеи ӯ ба дӯш дорад, гуфтааст, “барои таҳияи кодекси нав “қонунҳои вобаста ба воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва санадҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.”” Тавре Олимҷон Салимзода ба хабарнигор гуфтааст, “дар таҳияи кодекс фикру мулоҳизаи журналистон ва намояндагони ВАО – ро ба эътибор мегиранд.”

Маводҳои дигари “Тоҷикистон”: “Маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ, хароҷоти якмоҳа 1000 сомонӣ. Ба куҷо равонем?”, “Бозори Панҷшанбе. 4 агрономи оянда дар равғани доғ сӯхтанд”, “Бехобони Душанбе, ё як шаб бо кӯчарӯбон”…

Ҳафтаномаи “Самак” мақолаи Тоҳири Сафарро таҳти унвони “Озмоишгоҳҳои зинда” –и ҳероин дар Тоҷикистон” чоп намудааст. Дар сархатти аввали мавод мехонем: “Мафияи маводи мухаддир онҳоро дар байни қишрҳои камбизоати Тоҷикистон ҷустуҷӯ карда меёбанд ва ба тадриҷ аз онҳо “зомбӣ” ва ё ӯулом месозанд. Ин афрод озмоишгоҳи зинда ба ҳисоб мераванд, ки таъми ҳероин, афюн ва ё дигар анвои маводи мухаддирро мечашанд ва ба соҳибони бор мегӯянд, ки барои фурӯш хуб аст ё не.”

Ҳамчунин, “Самак” матолиби зерро низ пешкаши хонандагонаш кардааст: “Аҳмади Дониш ва мусиқии тоҷик”, “Тоҷикони Афғонистон ва чолиши иқтидори сиёсӣ”, “Баракат ва дунё”, “Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд: Гар намедонӣ, бидон!”…

Фараж” – рӯзномаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳарби пурсарусадои Ҳабиб Нурмуҳаммадови доғистонӣ бо Конор Макгрегори ирландиро ба риштаи баррасӣ кашидааст. Ба қавли муаллифи матлаб Хуршеди Атовулло: “Чанд ҳафтаи охир шояд дар Тоҷикистони кӯчаки мо ҳам нафари огоҳе аз шабакаҳои иҷтимоӣ набошад, ки аз “набарди аср” миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадови доғистонӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ нагуфта бошад. Ин ҳама таваҷҷуҳ барои чист? Як занозании бидуни қоидаро ба хотири пул ҷомаи динӣ пӯшонидан ба манфиати кист? Кисаи кӣ баъди ин муҳориба хароб шуду кӣ аз ин моҷаро фоида дид?”

Муаллиф бо овардани андешаҳои фейсбукиён ба натиҷаи дигаре мерасад: “Мавқеъгирии ҷавонони тоҷик дар ин занозанӣ махсусан дар Русия ба баъзе аз суолҳои дигар посух мегӯяд. Ҷавонони мо дар муҳоҷират бештар зери таъсири мардуми мусалмони қафқозӣ ҳастанд. Ба масҷиде, ки чечен ё доғистонӣ сохтааст, мераванд ва панду насиҳати эшонро гӯш мекунанд, ба муттаҳидии онҳо ҳасад мебаранд, мусиқии онҳоро гӯш мекунанду зери навои он мерақсанд, бо роҳнамоии эшон ба “ҳимояи ислом” дар ин ё он гӯшаи дунё мераванд, хостаҳои эшонро ба сари оилаашон таҳмил мекунанд. Агар не, дар ин шабу рӯз Муин Ғафурови тоҷик чемпиони ҷаҳон дар самбои муҳорибавӣ шуд, аммо кам касе дар ин маврид гуфт, дастаи футболбозони тоҷики то 16 сола ба финали Чемпионати Осиё бори нахуст роҳ ёфт, вале чашми фанатикҳои Ҳабиб гӯиё ин ҳамаро надид…”

Маводи дигари “Фараж”: “Бохтар: Партовгоҳи бесоҳиб”, “Хатлон: Эҳтиёт, мактабҳои садамавӣ”, “Тибби хусусӣ: Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад!”, “Панҷакент: Чӣ тавр 11 гектар замин гум шуд?”, “Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо..”, “Душанбе: Роҳи зеризаминӣ бояд сохт”, “Кашфиёти Наҳзат: “Бочка-зиндон””, “Эътиқод зиёд, дониши динӣ паст”…

Ҳафтаномаи “СССР” низ муҳорибаи Ҳабибу Конорро “ҷанги аср” унвон кардаву бо дар сархатти мақолаҳояш ҷой додани он навиштааст: “Ҳабиби мусалмон Конори тарсоро шикаст дод!!!”

Ҳамчунин, “Ҷабри устодро ба мактаб баргардонем?”, “Маршировка равем ё пахтачинӣ”, “Террори Данғара аз хурофотпарастист!”, “Ман чӣ хел маҳалгаро шудам?!” ва ғайра муҳтавои инҳафтаинаи ҳафтаномаи “СССР” – ро ташкил медиҳанд.

Матолиби ҷолиби таваҷҷуҳи ҳафтаномаи “Озодагон”: “Дар Хоруғ мардум 100 силоҳи дигар супурдаанд”, “Достони талхи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел 2018” (дар бораи Нодия Мурод), “Тоҷикистон дувумин кумакгирандаи бузурги маркази Малик Салмони Саудист”, “Раиси қабристони Хованскоеро барои қатли 3 муҳоҷири тоҷик 13 сол зиндон мекунанд”, “ГКЧП сари ҳизби коммунисти Тоҷикистонро низ хӯрд”.

Previous articleБарқу гармӣ боло мераванд, одам беқадр мешавад
Next articleФахриддин Собиров, сардори Дафтари матбуоти гумрук даргузашт
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here