Ҳафтаномаи “СССР” ба хонандагонаш дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон аз таърихчаи як сӯиқасд ба ҷони Президент дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон қисса кардааст. Муаллифи матлаб генерал-лейтенант Саиданвар Камолов дар ёддоштҳояш аз ҷумла, менависад: “… Вақте аз бинои ҳукумат дур рафта, ба беморхонаи маркази ноҳия наздик шуданд, аз паси дарахтони сафедор 4-5 нафар мардони мусаллаҳи ҷомадор сари роҳ баромаданд. Чун онҳо марзбонони Холбашро диданд, зуд ақиб гашта, ба қафои мошинҳо гузаштанд. Ҳамин асно як нафар милитсионер ба Холбаш хабар расонд, ки силоҳбадастон сари роҳ камин гирифтаанд. Садои тирандозии бетартибона ба ҳаво шунида шуд. Мурод Саидов бо тани худ Президентро панаҳ намуд. Афсарону прапорҳикҳои зертобеи Холбаш расида омаданд. Мардуми маҳаллӣ, ки бештарашон занону мӯйсафедон буданд, як навъ гузаргоҳи зиндаеро ба вуҷуд оварда, барои ҳифзи ҷони Сарвари давлат сипар шуданд. Мошини Президент ҷониби фурудгоҳ рафт.”

Матлаби дигари “СССР” бо қалами сардабири ҳафтанома Сайёфи Мизроб иншо шуда, ки низ ба 66 –умин зодрӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар он муаллиф сабаби иншои мақолаашро ба шарафи зодрӯзи Президент, ки аз он замон ду сол гузаштааст, чунин шарҳ медиҳад: “Фарзанди хурдиам Муборизи 9 – сола субҳи солеҳи 4.10.2016 аз ман суол кард, ки “Пагоҳ Президентамон зодрӯз дорад, ба ӯ чӣ туҳфа медиҳед? Гуфтам, намедонам, ки гуфт: 1 мақола дар борааш навис… Бо дархости тифлам ин матлабро менависам. Мо метавонем.”.

Мақолаи корманди “СССР” Шаҳрзоди Амин “Дӯсти тоҷикон” дар посух ба мақолаи ҳафтаи гузашта чопкардаи рӯзнома нигошта шуда, ба қавли муаллифаш тафсири аксҳои он мавод дар бораи Оқохони 4 ва “лидер”ҳои бадахшонист: “Вақте матлаби “Нигоҳе ба “лидер” –ҳои Хоруғ” дар газетаи мардумии “СССР”(№39)” чоп шуд, бархе муғризин овардани акси Оқохони 4 –ро дар ин матлаб ба маънии нодуруст фаҳмида, сару садо бароварданд, ки чаро акси зебои Оқохон – пешвои исмоилиҳои ҷаҳон, дар паҳлӯи ҷинояткору силаҳшӯрон омадааст? Ин дар ҳолест, ки газетаи “СССР” сурати Оқохони 4 –ро ба ин ҳадаф дар матлаб гузошт, ки мавсуф аз қабл дӯсти тоҷикону тоҷикистониён буду ҳаст ва ҳаргиз миёни миллати мо, ки бадахшиҳои баландгуҳар низ узви билоивази онанд, тафриқа нагузоштааст. Ин ҳолост, ки чанд сакалтуи ҳардамхаёл ба хотири манофеи худ Бадахшонро ба шӯр меоранд.”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зимни нашри як нома унвонии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки чӣ гуна Ҳоҷӣ Ҳалим ва хешонаш тоҷири туркро ғорат карданд. Ба навиштаи муаллифи матлаб А. Аҳмадзода, “ин марди туркро ба идораи ҳафтанома зани тоҷикаш овард. Марди хеле хароб ва як чашмаш нобино. Вақте ки арзи ӯро гӯш кардам, ҳеч гумон надоштам, ки зиндагӣ инсонро аз баландиҳои худ мисли аспи ҷавмаст метавонистааст то ба ин дараҷа ба замини сахт бардошта занад.” Дар идомаи моҷаро ҳафтанома менигорад, ки  ин марди турк ба тиҷорати қолин машғул будаву бо тақозои кор бо Қурбоналӣ Мирзоев ном хеши Ҳоҷӣ Ҳалим шинос мешавад ва Қурбоналӣ бо воситаи ба бовараш даромадан садҳо ҳазор доллари ӯро азхуд намуда, аз баргардоданаш саркашӣ менамояд ва ба таҳдиди несткунӣ мегузарад. Қазовати ин қиссаи пурмоҷароро идораи ҳафтанома ба Прокуратураи генералӣ супоридааст.

Муаллифи дигари ҳафтанома Далер Мерганов аст, ки менигорад: “Қонун дар рӯи коғаз, ё чаро масъулин моҳияти ГМО –ро саҳл мепиндоранд?” Ба бовари муаллиф, “Аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии биологӣ” беш аз 10 сол гузаштааст, вале аксар муқаррароти он рӯйи коғаз мондаанд, ҳол он ки аз лиҳози моҳият ин қонун вежагиҳо дошта, муносибат ба иҷрои он набояд дуюмдараҷа бошад.”

Дар як номаи додхоҳӣ маъюби гурӯҳи дуюм, нафақахӯри ВКД ҶТ Фахриддин Худойбердиев тавассути “Тоҷикистон” аз он шикоят намудааст, ки бо вуҷуди собиқаи зиёди фаъолият дар ВКД доштанаш то ҳол сарпаноҳ надорад ва бо аҳли оилааш иҷоранишин мебошад. Ва ҳатто вақтҳои охир бо оилааш дар кӯчаҳо саргардон асту писари 8 солааш ба ин далел аз мактаб мондааст.

Ҳамчунин, мусоҳибаи Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бо муаллимаи ДМТ Моҳира Мирзоева “Илоҳо, муаллима шавед!”, Пурсишномаи “Муаллимро чӣ гуна дидан мехоҳед?”, “Як нақши ҷовидон”, “Ҷаласаи ИДМ: чаро президенти Туркманистон наомад?” –ро маҳз аз “Тоҷикистон” мутолиа карда метавонед.

Ҳафтаномаи “Озодагон” ба ин суол посух ҷустааст, ки “Оё раиси нави ВМКБ Ёдгор Файзов муваффақ мешавад?” Муаллифи матлаб Иршод Сулаймонӣ, инро аз ду омили калидӣ вобаста медонад: 1. Ҳукумати марказӣ аз Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКӢ баъди буҳрони мудирият дар ин вилоят чӣ таваққуоте дорад ва 2. Мардуми Бадахшон, хусусан, гурӯҳҳои мутанаффизи иҷтимоӣ ва мазҳабии ин вилоят бо эшон мисли пешин (дар мансаби раиси Хазинаи Оқохон) ҳамкорӣ хоҳанд кард ё не?

Мақолаҳои “Инҳисори “Ӯзбектелеком” –ро барҳам заданд, “Тоҷиктелеком” –ро кай?”, “Танҳо сохтмонҳои муҳташам моро ба тараққӣ намерасонанд”, “Туркманистон мошинҳои ҳомили борҳои “ТалКо” –ро низ иҷозаи убур надодааст”, “ГКЧП ва даступохӯрии раҳбарони ленинчиёни тоҷик”, “Давлат Худоназаров: Худро на дар шиноснома, балки дар қалбу ҷонам тоҷик медонам”, “Судҳо чиро ба эътибор бигиранд: Санадҳои воқеӣ ё шубҳанокро?”, “Одина Ҳошиму Зафар Нозим Қурбон Зардаковро гирёнданд”, “Девони Шамс: Оташе дар бешаи андешаҳо”… муҳтавои шумораи инҳафтаинаи “Озодагон” –ро ташкил додаанд.

Фараж” мақолаи Додоҷон Атовулло “Каванда ё ангораи як мусаввара”-ро дар сархати маводҳои шумораи навбатии хеш гузошта, нигоштааст: “Аз корхонаи истеҳсоли коғази ташноб то бозори сердаромадтарини шаҳри Турсунзода, ки ба номи завҷааш номнавис гашта буд, фирмаҳои сохтмон то пули бедардимиёни кишварҳо ва шахсони алоҳида ҷавони музофотиро бе бода маст карда буданд.” Яқинан аз мазмунаш пайдост, ки ин эпилог дар бораи Кабирист. Зеро дар идома мехонем: “Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям, зеро саргузашташ сар надорад. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадорро шикаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт, ҳатман истеъфо медод. На он истеъфоҳои пуркарашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкзании тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва муътодист.”

Дар ҳамин мавзӯъ дар “Фараж” маводи дигареро низ ба қалами Сафарҷони Ғаюр мехонем, ки чунин унвон дорад: ”Зиндагии хар дар Макка: “Занталоқи Кабирӣ ва босмачигарии ӯ”.

Ҳамчунин, ду номаи доди  шаҳрвандонро таҳти унвонҳои “Кӣ мӯйро аз хамир ҷудо мекунад?” (Аскаралӣ Бойбобоев) ва “Писарам маро бехона карданист” (муаллиф М. Муҳаммадиев), ки ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда шудаанд, “Фараж” ба дасти чоп додааст.

Маводҳои “Кӯшониён: Сарзамине, ки ёд аз ниёгон меорад”, “Шодихони Ҷамшед барканор шуд, Ёдгор Файзов – раиси Бадахшон”, “Вазири адлия: Феълан барои авф тарҳе вуҷуд надорад” ва пора аз асари адиби мисрӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел Наҷиб Маҳфуз “Биҳишти кӯдакона” –ро дар тарҷумаи адиби тоҷик Салими Аюбзод муҳтавои инҳафтаинаи “Самак” –ро ташкил медиҳанд.

Бизнес и политика” мусоҳибаи РИА “Новости” –ро бо Рашид Олимов – котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай чоп кардааст. Рашид Олимов дар мавриди хавфи ба минтақаи Осиёи Миёна кӯчидани гуруххои тундрави минтақа мегӯяд: “Террористон бояд фаҳманд, ки дар мамлакатҳои ҳудуди СҲШ барои онҳо паноҳгоҳе мавҷуд нест.”

Дар матлаби дигар “Бизнес и политика” аз қимати бамаротиб болоии нерӯи барқ дар кишвар нигаронӣ намуда, дар баробари ин, онро бо давлатҳои дигари ҳамсоя муқоиса намудааст. Ба таҳлили ҳафтанома, “мутобиқи Қарори Ҳукумат аз 25 сентябр корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, ба ғайр аз “ТалКо” аз 1 ноябри имсол барои ҳар киловатт нерӯи барқ бояд 47,13 дирам пардохт намоянд”, ки ин хеле дандоншикан аст. Ҳол он ки, ба навиштаи “Бизнес и политика” “ин тариф барои “ТалКо” мутаносибан дар давраи тобистон 7,20 дирам ва дар марҳилаи зимистон 11,80, дирам муқаррар шудааст.”

Ҳафтаномаи “Азия плюс” дар матлабе зери унвони “Оё Бонки исломӣ бовари мардумро баргардонида метавонад?” мушкилоти бонкҳои Тоҷикистонро ба таҳлил кашида, ба хонандагонаш иттилоъ медиҳад, ки “Аввалин бонке, ки комилан дар асоси принсипҳои шариати ислом фаъолият менамояд, имкон дорад, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ намояд. Фазои ҳуқуқӣ аллакай омода аст, ташкилоти қарзӣ, ки мехоҳад ба Бонки исломӣ  шароит муҳайё созад, мавҷуд аст. Мушкил танҳо дар ин аст – ба бовари мардум сазовор шудан”.

Репликаи журналист Аваз Юлдошев дар “Азия плюс” бо номи “Маданияти душанбегиҳо куҷо шуд?” бо назокат ва ишораҳои хеле нозуконааш нишонрас аст. Муаллиф чанд мушоҳидаи худро аз хона то ҷои кор аз зиндагии рӯзмарраву маъмулии сокинони пойтахт ҳадафмандона ба қалам додааст: “Пешакӣ бароятон мегӯям, ӣовар дорам, ки дар ҷаҳон шаҳре ба мисли Душанбе вуҷуд надорад, ки дар давоми чанд даҳсола қисми зиёди сокинони бумии худро аз даст дода бошад. Муҳоҷират аз Душанбе ба хориҷи кишвар то ҳадде авҷ гирифт, ки шаҳри қариб батамом аз ҳисоби аҳолии аз музофотҳо омада пур шуд. Ин ҳама боке надорад, вале онҳо саркашона намехоҳанд қоидаҳои зиндагии шаҳриёнаро қабул кунанд. Ғайр аз ин, он сокинони бумии шаҳр, ки ҳанӯз дар Душанбе боқӣ мондаанд, низ пайрави одамони аз музофот омада гашттанд ва мисли онҳо қоидаҳои зиндагии шаҳриёнаро вайрон мекунанд ва ё ҳеч набошад, хомӯширо авло медонанд…”

Матолиби ҷолиби “Дар сохторҳои давлатӣ кор кардан хоҳӣ, декларатсия дар бораи даромадатро омода соз”, “Чаро фермерҳои Тоҷикистон мехоҳанд саноатчӣ бошанд?”, “Бадахшониён дар бораи раиси нави ВМКБ: Боварӣ ҳаст, вале натиҷа мебояд”, “Шабчароғӣ: Хатои моро такрор накунед!”, “Қимати нерӯи барқ ва гармӣ 15 фоиз боло меравад”, “Бонки Осиёии рушд барои соҳаи беҳдошт ва обтаъминкунии Душанбе 42 млн. доллар ҷудо мекунад” саҳифаҳои “Азия плюс” – ро ранг додаанд.

Шарҳи матбуоти Тоҷикистон, 5 октябри соли 2018

Previous articleФалсафаи мурғ ва ҳиҷобҳои парчамӣ
Next articleКодекси иттилоот ба мо чӣ медиҳад?
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here