Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Тибқи хабари рӯзнома, дар ин маҷлис, ки бо иштироки раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудаас, аъзои ҳукумат лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии ҶТ” –ро дар гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунидаанд. Ҳамчунин, ба қавли манбаъ, дар ҷаласа, лоиҳаҳои Конун дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ғайра муҳокима гардида, сипас, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.

Дар ҳамин шумораи худ “Ҷумҳурият” ҳамчунин, муроҷиати донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро таҳти унвони “Сияҳкорон ба мақсадҳояшон намерасанд” чоп намудааст, ки дар он аз ҷумла, омадааст: “Мо донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханҳои бемантиқу бепояи намояндагони неруҳои ҷиноятпеша, бахусус, ҲНИ – ро, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ мутолиа намуда, байни худ мавриди муҳокима қарор додем…”

Дар шумораи дигари “Ҷумҳурият” пора аз мулоқоти прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Саид бин Абдулло ал Муъҷабро, ки дар доираи Ҷаласаи 16 –уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ ба сифати нозир дар Душанбе қарор дошт, ба чоп додааст. Ба назари Саид бин Абдулло ал Муъҷаб “Тоҷикистон яке аз кишварҳои орому осоишта ва ободу хуррам дар ҷахон аст”.

Дар мақолаи дигари “Ҷумҳурият” саволгузорӣ шудааст: “Чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?”

Ҳамзамон, мақолаҳои “Ҳифзи ҳуқуқи башар танҳо шиорест барои террористони наҳзатӣ”, “Нишастанду гуфтанду хӯрданду рафтанд (Андешаҳо дар ҳошияи конфаронси Варшава)”, “Дар ӯст, ҳар он чӣ дар ӯст” (Андешаҳо оид ба асри Мавлоно “Фиҳи мо фиҳи”) ва гайра моли “Ҷумҳурият” ҳастанд.

Садои мардум”  – нашрияи парлумонӣ суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” сармақолаи шумораи инҳафтаинаи хеш қарор дода, аз қавли Президент овардааст: “Наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш бошанд”.

Дар матлаби дигар “Садои мардум” мақолаи номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Муҳаммадиевро зери сарлавҳаи “Рӯдакӣ рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати тоҷикон” бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ чоп кардааст.

Ҳамчунин, ин иттилоъҳои ҷолибро аз “Садои мардум” мехонем: “Ванҷ. Кӯчаи “8 март ба номи рӯзноманигор Хушбахти Ҳайдаршо” гузошта шуд”, “Гадобеки Маҳмуд: Китобдориро ба замона мувофиқ бояд кард”, “Шаршараҳои экзотикӣ: Сохтани онҳо саҳлу сода аст?”…

Нашрияи ҲХДТ – “Минбари халқ” аз маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ, мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲШ, ифтитоҳи Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ, оғози бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамоиши вазирони адлияи ИДМ гузоришҳо нашр намудааст.

Нашрияи русии “Азия плюс” бори аввал бо усули видеоӣ ва сифати баланди ранга чоп шудааст. Ба гуфти масъулини ин нашрия, чунин сифати чоп дар Тоҷикистон аввалин будааст.

Азия плюс” “Рекламадиҳандагони тоҷик пулашонро ба куҷо сарф мекунанд” – ро сармақола қарор додааст. Муаллифи матлаб Пайрав Чоршанбиев менависад: “Мо дар ҳама ҷо бо рекламаҳое рӯбарӯ мешавем, ки онҳо ҳатто моро ба риққат меоранд. Вале мо ҳаргунае, ки бо он муносибат намоем, реклама ҳамчун “муҳаррики пешрафт” боқӣ мемонад, ба рақобат кумак мерасонад ва бешубҳа, усули аз ҳама таъсирбахш барои харидорон боқӣ мемонад…

Ҳамчунин, “Азия плюс” аз ба истеҳсоли яхдон шурӯъ намудани ширкати “Артел” – Ӯзбекистон дар Душанбе мужда медиҳад. Ин нашрия ҳамзамон аз овозхони ормонӣ Наргис Бандишоева, ки 27 сол қабл ба таври фоҷиавӣ ин дунёро тарк намуда буд, ёд оварда менависад, ки волидайн баъди марги ӯ ҳуҷраашро ба осорхона табдил додаанд. “Дар он дипломҳои ӯ, фортепиано, мукофотҳо, саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар борааш нигоштаанд, ҳифз карда мешаванд.”

Ҳафтаномаи “Фараж” “Алифбои зиндагии генерал Азимов” – ро рақгардон намудааст. Ин нашрия дар матлабе дигар аз мушкилоти мавҷуд набудани МРТ дар яке аз ноҳияҳои бузурги шимоли кишвар Панҷакент масъалагузорӣ кардааст.

Ҳамчунин, дар “Фараж” маводҳои зайлро мехонем: “Мактаби кӯҳна дар Хатлон”, “Ҷаноби вазир, марҳамат ба суд!”, “Парвиз Шаҳчароғӣ: Назди онҳо ҳиҷоб ба унвони парчам аст!” ва ғайра.

Ҳафтаномаи “Озодагон” мақолаи “Ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон серфарзандтарин бонуи аввали ИДМ” – ро сармақолаи инҳафтаинаи хеш қарор додааст.

Ин нашрия дар матлаби дигар мушкилоти роҳи оҳани минтақаро ба баррасӣ кашида, суол мегузорад: “Тоҷикистон аз сохтани роҳи оҳан бо Туркманистону Афғонистон даст мекашад?” ва ба ин пурсиш тафсилот ҳам медиҳад: “Содиқ Имомӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфт, ки бо нашрияи “Коммерсант” дар бораи мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон суҳбат накардааст. Сафир ба “Озодӣ” аз шаҳри Тошканд гуфтааст, ки ба хабарнигорон танҳо дар бораи рушди тиҷорат байни Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбат карда буд.”

Матолиби дигари ҷолибе, ки дар “Озодагон” метавон мутолиа намуд: “Муҷассамаи бесоҳиби “Модар” дар Кӯлоб”, “Тромп боз мехоҳад бо роҳбари Эрон дидор кунад”, “Инҳисори “Узбектелеком” ро барҳам заданд, “Тоҷиктелеком” ро кай?”, “Нақши КГБ дар ГКЧП ва ҳайронии Тоҷикистон”…

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ моҷарои Кабирӣ ва сардии муносибот бо Эронро ба баррасӣ кашидааст. Дар маводи мазкур таҳти унвони “Ало Теҳрон, тифли деринтизор маълул баромад!”, ки ба қалами Додоҷони Атовулло тааллуқ дорад, мутолиа мекунем: “Фалсафаи Кабирӣ фалсафаи мурғ аст. Ончуноне мурғ мехоҳад дар шоҳаншоҳии ӯ танҳо мӯру малах ва кирму шуллок бошаду бас. Ӯ ҳамеша ба ҳамаи ононе, ки аз вай болотаранд ва ба мардум маҳбубтаранд, бо чашми кина ва рашк менигарад.”

Маводҳои дигари саҳифаҳои “Тоҷикистон”: “Оби ошомиданӣ аз 58 дирам то 8 сомонию 40 дирам мерасад”, “Барқи тоҷик: Лимит нест, профилактика ҳаст”, “Фарҳод Раҳимӣ: аз забон то кашфи кайҳон”, “Ғелидани нафақа: ҳисобу китоби нофаҳмо дар шарҳи боз ҳам нофаҳмотар”, “Террор дар Эрон: Кӣ ба парад ҳамла кард? Арабистон, ИМА ё…”, “Дарси “пустой” дар мактабҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” ва ғайра.

Рӯзномаи “Бизнес и политика” таҳти унвони “Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон: Худӣ ва бегонаҳо” дар бораи ҳодисаи фоҷиабори моҳи июл дар ноҳияи Данғара бо сайёҳони хориҷӣ ба вуқуъпайваста баҳс ороста, аз ҷумла нигоштааст: “Моҳи июли соли 2018 дар Тоҷикистон ҳодисаи фоҷиаборе рух дод, ки таваҷҷуҳи ВАО ҷаҳонро ба худ кашид. Гуруҳи ҷонибдорони ДИИШ ин ҳодисаи террористиро нисбати сайёҳони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, содир намуд. Теракти ваҳшатбор риштаи умри ду шаҳрванди Амрико, ду шаҳрванди Швейтсария ва як шаҳрванди Нидерландро барканд. Ҳамчунин, боз се нафари дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Террористон бар замми наворбардории ваҳшиёнаи худ нисбати кирдори ғайриинсонӣ инчунин бо чеҳраи кушода муроҷиати видеоии худро дар шабакаҳои интернетӣ гузоштанд, ки дар назди баҳри Норак зери сояи парчами ДИИШ нишастаанд.”

Маводҳои дигари “Бизнес и политика”: “Болтон таҳдид намуд, ки Эронро ба “дӯзах” табдил медиҳад ва ваъда намуд, ки аз Иттиҳоди Аврупо барои гузар карданаш аз санксия ниқор мегирад”, “Чаласаи САҲа ва ашки тимсоҳҳои ТЭТ ҲНИ”, “Sinohidro роҳи Душанбе – Бохтарро дар се сол месозад”…

Шарҳи матбуот, 27 сентябри соли 2018

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here