70 баҳори Иброҳим Усмонов

0
1950

Ном ва ҷойгоҳи Иброҳим Кенҷаевич дар журналистикаи тоҷик ва берун аз он, маориф, фарҳанг, ҳуқуқ ва сиёсати кишвар ба худ хос аст. Воқеан ҳам, профессор Усмонов шахсиятест, ки ба номи он кас бисёр падидаҳо иртибот мегиранд: нахустин олимеанд, ки дар Тоҷикистон доир ба журналистика рисолаи илмӣ навиштаанд; дар Афғонистони ҷангзада ба донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ на танҳо дарс доданд, балки китобҳои дарсӣ таҳия намуданд; устод ва декани собиқадори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буданд, ки барои факулта шудани шӯъбаи журналистика талоши зиёд намуда, ахиран муваффақ шуданд; яке аз ташаббускорони таҳияи қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” ба ҳисоб мераванд; Раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки барои эҳёи эътимод ба журналистикаи тоҷик талош намуданд; раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва маданияти Маҷлиси Олӣ буданд, ки қонунгузории соҳаро танзим намуданд; мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буданд, ки барои робитаи журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо мақомоти ҳукумат дар замони душвор муваффақ шуданд; узви ҳайати ҳукуматӣ ва роҳбари гуруҳҳои корӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон буданд, ки барои шаклгирии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоият дар ҷомеа саҳми муносиб гузоштаву ин ҳама рухдодҳои таърихиро дар китобҳои алоҳида нашр кардаанд, аввалин раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма будан, ки барои ҷойгоҳ пайдо намудани ин созмони навкор талош кард ва дар баробари ин устоди чандин насли журналистони тоҷиканд, ки бисёриҳо бо эҳтиром Устодашон ном мебаранд… Мегӯянд, ки нерӯи инсонӣ муҳимтарин омили пирӯзӣ ва муваффақият дар ҳар давру замон буда ва ҳаст. Ҳар фарде барои анҷоми фаъолият ба ду бол – дониш ва ангеза ниёз дорад, ки хушбахтона, ҳардуро Иброҳим Кенҷаевич соҳиб ҳастанду дар тӯли умри босамари худ нақши боризе аз худ дар дунёи илму адабиёт ва ҷомеаву сиёсат барҷой гузоштаанд. Таваллуди Шумо бешак баҳонаест барои изҳори ташаккур аз заҳамоти фаровони Шумо. Устоди азиз, бароятон умре бо саодату хушбахтӣ ва саломат будан дар канори пайвандон, дӯстон ва шогирдонатонро орзу мекунем. 70 – солагӣ муборак!

Previous article“СССР” 10 – сола шуд!
Next articleЗанталоқи Кабирӣ ва матбуоти Тоҷикистон
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here