Ағлаби нашрияҳои давлатии чопи Душанбе матолиби шумораҳои инҳафтаинаи хешро ба ҷашни 27 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшидаанд. “Минбари халқ” – нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мақолаи журналист Ҷумъахони Сайдалӣ “Паёмовари нишот” – ро сармақолаи шуморааш қарор додааст. Мақола аз ҳамин руҷуъ оғоз меёбад: “Хуршед ба якборагӣ ғуруб кард, маҳ рухи хеш дигар нанамуд, ситорагон дидаҳо барбастанд, чодари сиёҳи ғам гунбади нилуфариро пӯшонид. Ғурури шерону палангон дар куномҳо шикаста шуд, уқобу шоҳин аз парвоз бозмонданд, ҳазордастон ҷилои Ватан кард… Шуълаи умед дар дилҳо хира мешуд,… Домани пардаи сиёҳи ғам дар дилҳо фарох мешуд…”Ва ба ҳамин минвол, бо ҳамин руҷуъ поён меёбад: “… Вале бар рағми ҳамаи ин ҷое рӯшание фурӯзон мегардид. Он рӯшанӣ аз худафрӯзе бармеомад… Он худафрӯз дар замини поки Яздонӣ худро бештар меафрӯхт, бештар месӯхт, то ҳадди ақалл роҳеро, ки ба мақсуд мерасонад, рӯшан намояд… Оқибат ба ҳам зад… Он худафрӯз паёми нишот оварда буд.”

Нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Народная газета” низ дар мусоҳибаи сармуҳаррири рӯзнома Маҳбуба Камолова бо муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавриди омилҳои ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳдидкунанда аз номи мусоҳиб меорад: “- Ҷаҳонишавӣ беш аз пеш барои тамаддун таҳдид ва монеа пеш меорад. Дар ин миён Тоҷикистон низ аз хатари мазкур дар канор намемонад. Имрӯз ба мо лозим меояд, дар бораи хатарҳои ба якпорчагии давлат таҳдидкунанда, ки ҷаҳон моро рӯёрӯи он қарор додааст, амиқ биандешем. Аввалтар аз онҳо барои имрӯз хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аллакай ба марзҳои мо аз ҷониби давлати ҳамсояи Афғонистон наздик омада истодааст…”

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” хотироти сафари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзодро ба ноҳияи куҳистони Мастчоҳ таҳти унвони “Гарди домани мард” ба дасти чоп супоридааст, ки ба 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф ин ҳама ободиву пешрафт, роҳкушоиҳову таъмини аҳолии минтақа бо барқро “расидан ба сояи шукуҳи давлатдории навин ва ба пойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ” арзёбӣ намуда, дар хотима ҳамчун ҳусни мақтаи нигоштааш меорад: “… Ҳангоми бозгашт дар тани баландтарин қуллаи куҳистон, ки дарёи Зарафшон домани онро шуста мерафт, чунин суханҳоро хонда, болида гардидам…:”Салом, эй беҳтарин инсони дунё.” Оре, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар ҳастанд”.

Саҳифаҳои “Садои мардум” (6 сентябр) ва “Ҷумҳурият” (7 сенябр) -ро гузоришҳои мукаммал аз ифтитоҳи аввалин эстакада дар Душанбе, кушодашавии Боғи Дӯстии халқҳо бо иштироки Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии халқии Хитой Сюй Тсилян ва сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон рангин кардаанд.

Дар як маводи дигар хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Сайфиддин Аминиён аз садо додани байтҳои подарҳавои сарояндагони ба истилоҳ, “кӯчабоғӣ” дар дохили хатсайрҳо тариқи радиоприёмникҳо бонги изтироб задааст. Ба нақли муаллиф, имрӯзҳо беибо дар дохили маршруткаҳо ронандагон шунидани мисраъҳои бемантиқу гӯшхароши сарояндагони ҷавонро, аз қабили “Гузаштам айлави об, Дидум духтари ноёб (?), Гуфтам: “Айкуҷо мешай?”, Бо ханда гуфт: “Ай Кулоб” ” маҷбуран ба сари мусофирон бор мекунанд, ки хеле дардовар аст. Аминиён пешниҳод дорад, ки “Ба хотири такрор нашудани фачсароиҳо масъулони шабакаҳои телевизиониро зарур аст, ки минбаъд ҳангоми пешниҳоди суруд дар баробари номи  сароянда аз ашъори кӣ будани матни он ва муаллифи оҳанг низ нависанд. Ин талаботро дар студияҳои сабти овоз низ ҷорӣ бояд кард.”

Ҳафтаномаи мустақили “Азия плюс” ин ҳафта ҳолати таваллуди кӯдакони маъюб (“Чӣ мешавад, агар зан хоҳар аст”) – ро пайгирӣ кардааст. Ба ҳисоби баровардаи коршиносони ҳафтанома бо истинод ба мутахассисони генетик, 60 дар сади кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон ҳосили никоҳҳои хешутаборӣ будааст. “Азия плюс” аз қавли Президент овардааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 1300 – 1400 ба қайд гирифта мешаванд, ки аз ин миён 55-60 фоизашон дар натиҷаи бастани ақди никоҳ бо хешовандони наздик ба дунё омадаанд. Ҳафтанома аз қавли сардори Раёсати ташкили хадамоти тиббӣ ба модару кӯдак ва банақшагирии оила Шералӣ Раҳматуллоев овардааст, ки танҳо бо манъ намудани никоҳи хешутаборӣ мушкил ҳал намешавад. “Таҷриба нишон дод, ки танҳо бо роҳи манъ намудан решакан кардани никоҳҳои хешутаборӣ муясар намегардад, – мутмаин аст Раҳматуллоев. – Мушкилотро дар якҷоягӣ бояд ҳал намуд. Ҳар ҷуфт қабл аз бастани ақди никоҳ, ҳар хонандаи синфи болоӣ ба таври ҳатмӣ бояд аз мактаби оилаи ҷавон гузарад ва онҷо ба онҳо бояд ҳамаи эҳтимолиятҳои никоҳҳои хешутаборӣ  фаҳмонда шавад. Мардум бояд донанд, ки бо даст кашидан аз никоҳи хешутаборӣ онҳо натанҳо генофонди худро мустаҳкам месозанд, балки ҳамзамон доираи хешу ақрабои худро, ки Ҳазрати Муҳаммад (с.с.) низ талқин менамуданд, васеъ менамоянд.”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ дар мавзӯи иҷтимоӣ масъалаи ҷаҳиши бамаротиби нархи билетҳои ҳавопаймоии ширкатҳои ватаниро ба самти Русия ба баррасї кашидааст. Муаллифи матлаб Усмон Раҳимзодаро нархҳои тиллоии ин билетҳо, ки аз Душанбе ба Маскав то 5000 сомонӣ “хез кардаанд”, ба ташвиш овардааст. “Дар ҳоле ки қимати онҳо аз Самарқанд ба ҳамин самт ҳамагӣ муодили 1700 сомонӣ ҳастанд”,  – бо тааҷҷуб изҳори нигаронӣ мекунад муаллиф.

Дар матлаби дигари ҳамин ҳафтанома шоир, нависанда ва пажуҳишгари эронии муқими Душанбе Муҳаммадризо Тоҷдинӣ таҳти унвони “Мэри Душанбе – Шери Душанбе” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро тавсиф кардааст.

Қобили тазаккур аст, ки чунин гуна матлабро таҳти сарлавҳаи “Меҳрномаи Тоҷикистон” бо имзои муаллифи мазкур дар ҳаҷми ду саҳифа ҳафтаномаи “Самак” низ пешкаши хонандагонаш намудааст, ки ба тавсифи шахсияти Президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва инчунин, табиати кишвари мову мардумаш бахшида шудааст.

Матлаби дигари “Тоҷикистон” ба Раҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим тааллуқ дорад. Муҳтавои ниҳоияш ҳамин аст, ки генерал аз корҳои қаблии худ изҳори пушаймонӣ намудаву ваъда додааст, ки “ба халқам хизмат мекунам.”

Хамчунин, аз ҳафтаномаи мазкур метавон мақолаҳои фарҳангиву маърифатиеро дар шакли мусоҳиба бо шахсиятҳои шинохтаву матраҳе чун Латофат Кенҷаева, Шаҳло Акобирова ва шоираву муҳаққиқи самарқандӣ Дилшодаи Фарҳодзод мутолиа намуд.

“Озодагон” баҳси нави Тоҷикистону САҲА –ро дар сархатти хабарҳои худ қарор додааст. Ба нигоштаи ҳафтанома, дар нишасте, ки қарор аст, рӯзҳои 9-11 сентябри соли ҷорӣ дар Варшава баргузор шавад, намояндагони 57 давлати дунё ширкат меварзанд. Вале мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки то ба ҳол барои иштирок дар ҷаласаи имсолаи арзёбиҳои ҳуқуқи башар дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо даъватнома нагирифтаанд ва ба эҳтимоли зиёд ба онҷо нахоҳанд рафт.

Баҳси Душанбе бо САҲА соли дуюм аст, ки дар ҳамин арафа доғ мешавад. Чӣ мақомот ва чӣ коршиносон ин бархӯрдро ба роҳ ёфтани мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ба толорҳои баргузории ҷаласаи солонаи САҲА рабт медиҳанд.

Ин аст, ки хабаргузории расмии Тоҷикистон – АМИТ “Ховар” имсол низ чун соли гузашта бо нашри матлабе САҲА –ро “шаҳри бедарвоза” номида, ҳушдор ҳам додааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мухолифини тоҷик ба нишасти САҲА дар Варшава фаъолияти созмон дар кишвар қатъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл Тоҷикистон дар пайи ба нишасти САҲА роҳ ёфтани мухолифони тоҷик ва бо намояндагони  ҳукумат вориди баҳс шудани эшон ранҷид. Ба ҳушдорҳои Тоҷикистон нигоҳ накарда, соли гузашта низ мухолифони Ҳукумати кишвар дар ҷаласаи САҲА ширкат варзиданд ва ба дунболи он Тоҷикистон панҷ дафтари саҳроии ин созмон дар минтақаҳо баста ва фаъолияташ то мақоми “дафтари барномавӣ” маҳдуд шуд.

Ҳоло, ки ин баҳс дубора рӯ мезанад, коршиносонро ҳамин нукта нигарон сохта, ки он бо чӣ анҷом меёбад.

Дар хабари дигари “Озодагон” Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба воситаи паёме даъват ба амал овардааст, ки бояд Тоҷикистон дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ” –ро пеша кунад. Гутерриш изҳори омодагӣ намудааст, ки дар ин замина ба Тоҷикистон кумак кунад.

Дар матлабе дигар “Озодагон” талош намудааст, муаммои бо қарори Ҳукумат то 1 январи соли 2019 мавқуф гузошта шудани фурӯши симкортҳои 250 – сомониро мӯшикофӣ намояд. Ва дар зерсарлавҳаи мақолаи “Масъалаи амниятӣ ё иқтисодӣ” низ савол пеш гузоштааст: “Чаро Эмомалӣ Раҳмон нагузошт симкортро 250 сомонӣ кунанд”, вале дар дохили мавод ҳеч посухе ба ин пурсиш нест.

Ҳафтаномаи “Самак” низ ба қазияи аз ҷониби Президент муваққатан қатъ шудани фурӯши симкортҳои 250 – сомонӣ дахл кардааст. Вале чун ҳарду маводро мехонӣ, маълум мегардад, ки манбаъи “Озодагон” –у “Самак” якест: Радиои “Озодӣ”. Танҳо фарқ инҷост, ки яке на манбаъ ва на муаллифро зикр накардааст, дигаре бо овардани номи муаллифон иктифо намудааст.

Дар як матлаби дигари “Самак” маводи таҳлиливу давомдори Муҳаммадакром Андешамандро перомуни талошҳои таърихии тоҷикони Афғонистон ва чолишҳои иқтидори сиёсии онон аз замони пеш аз ислом то имрӯз метавон мутолиа намуд.

Ҳафтаномаи “Фараж” бошад, аз бедодгариҳо ва ғасби ҳазорҳо гектар замину иншоот аз ҷониби директори МБТИ (Корхонаи воҳиди фаръии амволи ғайри манқули) –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимбек Юлдошзода (“Бойбача” аз Ғафуров) ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Прокурори генералӣ, Агентии зидди коррупсия ва Ҳукумати в. Суғд шикоят кардааст.

Дар матлаби дигари худ “Фараж” муроҷиатномаи модари узви ҲНИТ Гулчеҳра Шодмоноваро ба дасти чоп додааст. Ин модар хостааст, ки “ Ҳафтаномаи “Фараж” муроҷиатномаашро бо хоҳиши шахсии худаш дар саҳифаи худ чоп намуда, ба ташкилоти байналмилалии САҲА расонад.”” Дар мусоҳибае, ки дар канори муроҷиатнома оварда шудааст, модари Абдусамадов аз ҷумла, шояд аз рӯи эҳсосот, ё шояд аз сари қаҳру ғазаб бошад, ки мегӯяд: “Агар бо Кабирӣ вохӯрам, гулӯи ӯро бо дандонҳоям меканам!… Ман наметарсам…”

Ҳамчунин, мусоҳибаи доманадор ва пурмуҳтавои Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бо устоди воқеии як зумра журналистони касбиву амалии тоҷик Иброҳим Усмонов ба муносибати 70 – баҳори умрашон дар “Фараж” ба нашр расидааст. Бо истифода аз фурсат устодро бо санаи мубораки камолоти умрашон муборакбод намуда, барояшон баракати рӯзгору сафои хонадон ва кайфияти бештари эҷодиро таманно менамоем. Инҷо дар баробари иқрор ба зикри марҳала ба марҳала, аз зинае то зинаи дигар дар ҳунари жанри мусоҳиба сабзидани журналисти ҷавон Ҳафизулло Тоҳирӣ низ мехоҳам чун муште аз хирвор чанд сатр аз андешаҳои пурбори устод Усмоновро аз ҳамин суҳбат пешкаши хонанда намоям:

* Ман нисбат ба он ки кӯдакиямро фикр кунам, авлотар медонам, ки дар фикри умри боқимонда бошам.

*Ман ҳеч гоҳ ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам, ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст…

*Вақте роҳи интихобкардаи мухолифин ба роҳи интихобкардаи мо мувофиқат намекунад, бояд кӯшиш кард, ки аз ду роҳ як роҳ сохт.

*Ман тӯли фаъолияти омӯзгориям бо донишҷӯе, ки монади худам бошад, вонахӯрдаам.

*Ҳозир мавзӯи сиёсии журналистикаи мо тағйир хӯрдааст. Дар мо бештар журналистикаи маърифатӣ эҳтиром пайдо кардааст.

*Дар шакли умум журналистикаи мо ба манфиати миллату давлат хизмат карда истодааст, аммо он ки бигӯям, фалонӣ набошад, журналистика мемирад ва ё фалонист, ки журналистика зинда аст, хатост.

*Журналистика ин мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ аст. Мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ хеле кам ҳамраъй дорад.

*Вақте ки дурӯғ мегӯеду дурӯғ менависед. Дурӯғ хиёнат ҳам ба қалам аст ва ҳам ба касби худ.

*Тарбия кардани журналист вазифаи факултету бахшҳои рӯзноманигорӣ аст. Агар муҳаррирон аз таъриф худашонро овезанд ҳам, бояд фаҳманд, ки онҳо журналист тайёр карда наметавонанд. Онҳо барои худ корманд тайёр карда метавонанд.

*Муҳаррир як одами худхоҳ аст. Ба он маънӣ, ки аз журналист он чизеро талаб мекунад, ки барои ӯ ва газетаи ӯ лозим ва маъқул бошад.

*Агар Шумо дар дил гапи ростро шунидан хоҳед, журналист мешавед.

*Қариб ҳеч кас журналистро чашми дидан надорад. Журналист дар чашми аксарият иғвогар ва дурӯғгӯ менамояд. Ин хеле бад аст. Ин

ъриф ва ҳақиқат нест…

*Татавсиф аз надонистан, аз камсаводӣ пайдо мешавад. Бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои беобрӯ шудани журналистикаи советӣ таърифҳои беасос ва дурӯғи журналистон буд.

* Дар журналистика набояд ҳикмати паноҳбударо кофт, зеро мо сухани имрӯзро мегӯем ва фардо гапи фардоро гӯем.

Ҳамзамон, дар ҳамин ҳафта, ки сипарӣ мегардад, ҳафтаномаи “СССР” аз ҷашни 10 – солагии таъсисёбияш ба хонанда мужда расонд. Дар пешгуфтори матлаби ҷашнии сардабири “СССР” Сайёфи Мизроб “2 млн. Нафасу 60 миллион сатр…” мехонем: “Медонам, нағз медонам, ки дигар редаксияе дар рӯи олам нест, ки пеши хонандаи худ ҳисобот диҳад. Аммо мо медиҳем.” Ва ҳисобот медиҳад: аз алорағми душману дӯстони нохунакдор сутун бар боми миллат қомат рост карданҳо, то баршумории дар ин 10 сол бо 521 шумора ҳамнафаси хонанда будани нашрияаш, аз ифтихору номуси тоҷикият доштан, то минбар додан ба ҳар хонандаву қаламбадаст намудани эшон, аз ёдоварии журналистони фавтидаи ҳамқадами “СССР“, то 10 дастоварди газета…

Ва ин ҳама, бешакк гувоҳ аз қадру манзалат, ҷойгоҳи сазовори “СССР” дар ҷомеаи журналистӣ, ва аз ҳама муҳимаш, нуфузу эътибори сазовор пайдо кардани ин нашрияи мардумӣ миёни хонандагонаш мебошад, ки ҳалолашон бод!

Мо низ аҳли қалами ҳафтаномаи мардумии “СССР” –ро бо 10 соли маъруфият пайдо карданашон дар бозори матбуоти тоҷик шодбош мегӯем ва хостори онем, ки ин ҷойгоҳ ҳаргиз барояшон холӣ мабод! 10 соли майдондорӣ муборак, “СССР” –чиён ва дӯстдорони “СССР”!

Previous articleЧаро идеологҳои Тоҷикистон ба Кўчӣ посухи дандоншикан намедиҳанд?
Next article“СССР” 10 – сола шуд!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here