Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” аз ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки санаи 24 август дар Маркази ҳамоишҳои “Аваза” дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, гузориш додааст. Дар гузориш бо истинод ба суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки “таъсиси байналмилалии наҷоти Арал, ки имсол аз қабули он бисту панҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишаврҳои Осиёи Марказӣ мебошад”.

Бо назардошти рушди босуръати сатҳи талабот ба об дар минтақа, Президенти Тоҷикистон бори дигар ташаббуси Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби нўшокии кўли баландкўҳи Сарез барои беҳтар намудани таъминоти оби нўшокӣ дар кишварҳои минтақа барои солҳои дароз хотиррасон кардааст. Ҳамзамон дар ин ҷаласа таклиф ба миён омада, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти он ки саломатии аҳолии минтақа аз сифати оби нўшокӣ вобаста аст, ба инобат гирифта шавад.

Дар шумораи дигари “Ҷумҳурият” бошад, мехонем: “Хиёнати наҳзат ошкор шуд”. Мақола ба Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода – ходими дин тааллуқ дошта, сухан дар бораи фошкориҳои ахири яке аз муассисони ҲНИ Айёмиддин Сатторов меравад, ки тавассути шабакаҳои ТВ давлатии Тоҷикистон пахш гардида буд, меравад ва нуктаи муҳимаш ҳамин дар ҳамин сатрҳо ҷамъбаст аст: “Баъд аз тамошои ин филм ва афсўсу надоматҳои Айёмиддин Сатторов тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, ходимони дини масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд аз нақшаҳои Кабирӣ ва созмондеҳони ҳизбаш огоҳтар шуданд. Бори дигар маълум шуд, ки ҳадафи онҳо ба дини ислом хидмат кардан не, балки аз номи дин сўиистифода карда, маблаѓ ба даст овардан… буд”.

Дар саҳифаи аввали ҳамин шумора мақолаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ таҳти унвони “Шинос шавед: Ин ҷо Тоҷикистон” хонданист. Бо вуҷуди он ки мақола ба озмуни рўзнома вобаста ба соли рушди сайёҳӣ бахшида шудааст, вале бо фарогирии глобалии мавзуъ ва пешниҳодоти умда аз замони бостон то ба имрўз ҷолибият дорад.

Нашрияи Маҷлиси Олии ҶТ – “Садои мардум” аз фаъолияти Хомиддин Шарифов ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ мавод ба нашр расондааст. Ба итминони муаллифони мақола “Ў замоне вазир шуд, ки ҷинояткорӣ дар авҷ буд… Ҳомиддин Шарифов бо истифода аз таҷрибаи бузург дар кўтоҳтарин муддат вазъиятро омўхт ва ба иҷрои он вазифаҳое, ки Сарвари давлат наздаш гузошта буданд, муваффақ гардид… Муборизаи оштинопазир нисбат ба ашхоси ҷинояткор ва махсусан ҷинояткорони ашаддӣ вусъати тоза гирифт. Милитсия қурбонии зиёд дод, аммо миллат пирўз омад.”

Ҳафтаномаи “Азия плюс” навбатпоиҳои чандинсоата, бесарусомониҳо ва саргардониҳои шабонарўзии мардум вобаста ба қарори ахири Хадамоти алоқа вобаста ба 250 сомонӣ муқаррар намудани қимати симкортҳои телефонҳои мобилиро ба риштаи таҳлил ва баррасӣ кашидааст. Ба гузориши ҳафтанома, ин иқдом то ҳанўз саволҳои посухталаби зиёдеро барҷой гузоштааст. Аз ҷумла, онҳое, ки ба номашон симкортҳои корпоративӣ сабт шудааст (то 50 адад симкорт), аз 4 то 8 симкорт ба номи аҳли оилаи ноболиѓашон ва барои модем доранд, бақайдгирии фосилавӣ барои онҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд,… чӣ хоҳад шуд?

Ҳамчунин дар ин шумораи “АП” хонанда метавонад мусоҳибаи хабарнигори нашрия Аваз Юлдошевро бо ҳамоҳангсозт миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия генерал-майор Фарҳодбек Шодмонзодаро перомуни ислоҳоти соҳаи мазкур, ки дар назар аст дар соли 2020 амалӣ шавад, мутолиа намояд. Дар мусоҳиба ҷанбаъҳои муҳим ва асосии ин ислоҳот тавзеҳ дода шудаанд.

“Ҳадафи асосии ислоҳот – таъмини амнияти шаҳрывандон, коҳиш додани сафи ҷабрдидагон, паст намудани тарс, беҳтарсозии андешаи шаҳрвандон дар бораи фаъолияти милитсия ва баргардонидани ҳисси боварӣ ва эҳтиром ба онҳо” – посух додааст генерал ба саволи хабарнигор.

Дар саҳифаи дигари ин шумора инчунин мусоҳибаи Меҳрангез Турсунзода бо иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт: “Мо дар рўбарўи таҳдидҳои умумии терроризм истодаем” чоп гардидааст. Дар суҳбат оид ба он ки ИМА дар таҳқиқи теракти чанде қабл дар ноҳияи Данѓара бо сайёҳони хориҷӣ рухдода  дар кадом шакл ширкат меварзад, байни экстремизм ва ҳуқуқҳои инсон кадом алоқамандие мавҷуд аст, чаро додани виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври маҳдуд сурат мегирад ва масоили дигари рўзмарра маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Ҳафтаномаи “Озодагон” низ ташвиш ва мушкилоти ба сари мардум пешовардаи Хадамоти алоқа бо симкортҳои 250 сомонияшро дар як гузориши аксӣ ба баён доштааст. таҳлил кашидааст.

Вобаста ба ин мавзўи доѓ ҳафтаномаи “Самак” низ зимни овардани назари вакили парлумон Олим Бобоев аз номи ў зикр намудааст: “Болоравии нархи симкортҳо ба зиёни мардум аст.”

Дар баробари ин, дар ҳамин шумораи ҳафтаномаи мазкур мо номаи Зафар ном нафареро, ки насабу шахсияташ мушаххас нест, ба адвокати ба тозагӣ аз зиндон раҳошуда Шуҳрат Қудратов мехонем. Дар ахир худи муаллиф сабаби навиштани номаашро чунин шарҳ медиҳад:Бародари озодаи ман! Манзур аз навиштани ин нома ибрози узрхоҳӣ буд. Тамоми ин муддате, ки Шумо дар зиндон будед, ман худро шарманда эҳсос мекардам, нороҳат будам, ки натавонистам барои раҳоиятон коре анҷом диҳам. Умедворам, ману моро бибахшед. Ҳамзамон, орзуи онро дорам, ки рўзе бирасад аз истротежии бастан ва шикастан даст бармедоранд ва барои ин ҳама азияти равонӣ аз Шумо ва хонаводаатон узр мепурсанд. Ба умеди ҳамбастагии миллат ва талош барои раҳоии ҳамаи зиндониёни бегуноҳ! Дар паноҳи Ҳақ бошед!

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зимни як суҳбати ошкоро бо режисери берун аз Ватан Барзу Абдураззоқов дар шарҳи рафтани ў менависад: “Вақте Барзу рафт… ман шоҳиди хурсандии ҳунармандон будам, чанд директор зиёфат ҳам доданд, вазири фарҳанг бепарво гуфт: -“рафтани ў чизеро таѓйир намедиҳад. Аз як гулистон як гулро баранд, назокати боѓ намекоҳад…”” Вале худи Барзу дар ин мусоҳиба мегўяд: “Имрўз дар Тоҷикистон театр вуҷуд надорад, ин галочка аст, театри берўҳ ва нолозим. Инро ҳама ҳам дар дохили театр ва ҳам дар беруни театр медонанд.”

Дар маводи дигари ҳафтанома назари сафири Афѓонистон дар Маскав Абдулқаюми Кўчӣ, ки қаблан низ дар моҷароҳои минтақавӣ бо изҳороти тезу тундаш мақомоти Тоҷикистонро ба мафиозиву коррупсионерӣ ва дигар қонуншиканиҳои сатҳи байналмилалӣ муттаҳам карда буд, ин навбат низ вобаста ба  моҷароҳои сарҳадӣ Тоҷикистонро айбдор намуд. Ў дар як нишасти матбуотӣ дар маркази матбуотии “Россия сегодня” иқрор шудааст, ки Душанбеву Кобул дар соҳаи низомӣ ҳамкории хуб доранд ва дар ҳамдастӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи гурўҳҳои террористӣ мубориза мебаранд. Вале дар идома Кучӣ аз изҳороти қаблияш даст накашида, такроран иброз доштааст, ки “Мафияи Тоҷикистон аз нашъаи Афѓонистон манфиат мегирад”. Ба қавли ў, маводи мухаддир аз Афѓонистон тариқи Тоҷикистон ба Осиёи Марказиву Русия ва аз онҷо ба Аврупо интиқол меёбад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки идеологҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро мебояд ба Кўчӣ посухи дандоншикан бидиҳанд.

Previous articleХайрулло Мирсаидов: Аз аввал бовар доштам, ки ҳақ ҳастам
Next articleТавбаи насӯҳи Мулло Абдураҳим
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here