Шарҳи матбуоти Тоҷикистон. 16.08. 2018.

Ҳафтаномаи «Азия плюс» ҳодисаи фоҷеабори суқути вертолети сайёҳони кӯҳнавардро дар Тоҷикистон, ки санаи 12 август рух дода буд, дар сархати матолиби инҳафтаинаи худ қарор додааст.

Тибқи хабари шоми якшанбеи рух додани фоҷиа Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ пахш намуд, ки ҳодиса ҳангоми интиқоли ҳадди ақал 13 нафар кӯхнаварде, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ карда буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр ҳангоми ба замин нишастан рух додааст. Вале «Азия плюс» дар пасманзари ин хабари расмиву хушк  фоҷиаи бузургеро мебинад. Ба таҳлили нашрия, ҳодиса тақрибан чунин буда: Кӯҳнавардон ба ин сафар на як моҳу ду моҳ омодагӣ гирифтаву маблаѓ гирд оварда буданд, зеро ин саёҳат барояшон кайфияти арзон ба бор надошт. Ҳамчунин, онҳо худро ҷисман низ омода сохта буданд, чунки фатҳи қуллаи Сомонӣ ин заҳмати дандоншиканро тақозо мекунад. Албатта, онҳо медонистанд, ки аз куҳҳо абадан барнагарданд ва ба ин омода низ буданд… Бинобар ин, вақте онҳо тавонистанд қулларо фатҳ намуда, ба аэродром баргарданд, чӣ худашон ва чӣ пайвандонашон нафаси озод кашиданд, вале…

Дар ин мақолаи таҳлилӣ нуқтаи назари коршиносони «АП» бар ин хулоса гиреҳ мехӯрад, ки фоҷиаи алоқаманд ба сайёҳони хориҷӣ ва марги кӯҳнавардони русу сарнишинони тоҷик на ҳодисаи тасодуфӣ, балки «нуқсони сохторӣ» аст.

Зимнан, дар матлаби дигаре монанд ба реплика сардабири ҳафтанома Умед Бобохонов дар соли сайёҳӣ паиҳам рух додани ду ҳодисаи фоҷеабор дар давоми 15 рӯз бо сайёҳонро бо нигаронӣ кабул намуда, нигоштааст, ки «гумон мекунам, ин ҳама рухдодҳо омили хубе хоҳанд буд, то дар бораи таъсирбахшии талошҳоямон дар мавриди расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаамон биандешем. Аввалан, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон дар соли рушди сайёҳӣ набояд ба маъракаи навбатӣ табдил ёбад, ки ба истилоҳ, «ради галочка» гузаронда мешаванд ва аллакай дар моҳи январи соли 2019 аз ёдҳо фаромӯш мешаванд.   Агар мо сайёҳиро ба саноати воқеӣ табдил додан хоҳем, онро яке аз маҳакҳои асосии даромад барои кишварамон шуморем, пас, талоши ҳамарӯзаи самтдодашуда ба натиҷаҳои воқеӣ заруранд…»

Бар хилофи ин, ҳафтаномаи «Самак» аз кори хайри анҷомдодаи як сокини пойтахт ба сайёҳи амрикоӣ мегӯяд. Ба навиштаи ҳафтанома, таксисти 23 – солаи тоҷик Муҳаммад Иззатуллоев аз дохили мошинаш ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ин сайёҳро пайдо кардаву ба ӯ баргардонидааст. Ба қавли ин ҷавонмард, ӯ, ки пас аз ҳодисаи ҳамла ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар Данѓара нороҳату хиҷолатзада буд, хост бо ин кори хайраш нишон диҳад, ки тоҷикон новобаста ба ин меҳмоннавоз боқӣ мондаанд. Ба гуфти Муҳаммад, танҳо пас аз анҷом додани ин амал ӯ эҳсоси роҳат кардаву сайёҳи амрикоӣ бошад, аз шодӣ гиристааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» низ зери репортаже аз минтақаҳои сайёҳии водии Зарафшон бо шиоргунае даъват намудааст: «Биҳишт мехоҳӣ? Ба Тоҷикистон биё!»

Дар матлаби дигар «Фараж» номаи рӯзноманигор ва публитсист Саломиддин Мирзораҳматовро ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ чоп кардааст. Нома бо лаҳни тунд ва орӣ аз ҳама гуна меъёрҳо ва одоби муошират чоп гардида, бо чунин ҷумлаҳо оѓоз меёбанд: «Панҷ моҳ пеш табибони тоҷик муайён карданд, ки Ҳамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай ҳар коре ки тавонистанд, анҷом доданд. Дар марҳалаи аввал маризии саратон табобат дорад. Чаро ту панҷ моҳ пеш барои набераат бонги изтироб набардоштӣ? Чаро ту маҳз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шудӣ, набераат ба ёдат омад? Магар ин, ончуноне ҳамкосаҳоят мегӯянд, баҳонае барои «пиар» (таблиѓ) набуд? Муҳиддин! Бе шаф-шаф аз шафтолуи гап сар мекунем. Ҳамзаро Яздони пок шифои комил ва оҷил диҳаду умраш дарозу босаодат бошад. Ҳоло мехоҳам бо чанд суоле ба ту муроҷиат бинамоям.» Ва дар идома бо ҳамин шева саволҳо дода мешаванд ва дар охир зери аломати P.S. менигорад: «Медонам, ки ту пӯстѓафсӣ, мисли фил ё каркадан. Тавони ба суолҳо ҷавоб гуфтан ҳам надорӣ. Боз медонам, ки шайкаи ту ба таҳқир ва тавҳин мепардозад. Барои ҳамин, пешопеш тамоми дашному ҳақораташонро ба унвони худат ва худашон мефиристам. Ҳарчӣ гӯед, ман ҳам ҳамту!!!»

Дар шумораи 16-уми августии худ «Имрӯз нюс» Фармони Президенти ҶТ дар бораи зиёд шудани ҳаҷми маошу нафақаро тавзеҳ додааст. Ҳарчанд дар ин шарҳи расмӣ назари коршиносон бо назардошт ва муқоисаи он бо нархи пешакӣ ба боло ҷастаи маҳсулоту қурби асъори хориҷӣ баён нашудааст, вале ба ҳар ҳол шпаргалкаи хубест барои худи ҳамон кормандони буҷавӣ ва нафақахӯрон ҳангоми ҳисобу китоб бо муҳосибонашон ҳангоми гирифтани маош.

«Озодагон» бошад, мақолаи Абдуллоҳ Ѓурбатӣ – муҳассили мактаби журналистии «Хома» -ро дар мавриди чигунагии аҳволи «бозори мардикорзанон» -и Бохтар дар сархати матолибаш ҷой додааст. Агар аз як сӯ нигаронии муаллифи матлаб аз худи истифодаи истилоҳи мардикорзан аст, аз сӯи дигар, ҳоли зору вазъи хароби рӯзгори зани тоҷик, ҳамчунин, беқадриву бесоҳибии ӯву бемасъулиятиву бепарвоии масъулин риққтбортар аз ин ҳама аст. «Аламовар аст, вақте миллати ман бо исми мардикор ёд мешавад. Аламовартар ин аст, ки онҳо мардикориро тақдиру қисмат ва барои худ як навъ меъёр медонанд… Шоядам барои мардон ин дар ҳақиқат тақдиру қисмат ва ҳам «меъёр» бошад, аммо «занони мардикор» зинаи охирини нузули миллат аст ва аз ин поинтар танҳо гадоист.»

Дар матлаби дигари ҳамин нашрия журналист Аҳлиддин Салимов бо нигаронӣ аз қазияи ахиран ба сари рӯзноманигорон Хайрулло Мирсаидов ва  Геннадий Ратушенко (собиқ суратгири Президенти Тоҷикистон) фурӯрехта, ки якеро ба 12 соли паси панҷара ҳукм бароварду дуюмӣ бо поймол гардидани ҳуқуқҳои муаллифиаш аз тарафи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сарсонӣ мекашад, ҳамчунин баъзе ҳолатҳои дигари бо журналистон пешомадаро ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллиф омилҳои ба ҷазо кашидани рӯзноманигоронро аз зовияи худ ба таҳлил кашида, билохира ба хулоса меояд: «Журналист бояд бо арқом «мусаллаҳ» бошад, на бо андешапардозиҳои беасос!»

Ба бовари Сайёфи Мизроб – сардабири «СССР», беномусие, ки дар Душанбе ҳаст,  на дар Кӯлоб, на дар Вахш, на дар Помир, на дар Рашт, на дар Суѓд нест!. Ин андешаро мавсуф дар як матлаби худ таҳти унвони «Номус, мошин ваз ан» иброз доштааст. Сӯҳбат сари мардони беномусест, ки дар шоҳроҳҳои пойтахт ба масале, духтаронро гаранг мекунанд, аз роҳ заданӣ мешаванд. Ба итминони Сайёф, «бояд ин неоронандагони магасандеша фош, сабт, наворбардорӣ шудаву аз тариқи ТВ ба намоиш гузошта шаванд. Бигзор, зану фарзанд, модару хоҳари ин бешарафон бо чашми сар бубинанд, ки ҷигаргӯшаашон ба чкор банд аст. Муҷозоти сахти пулию молӣ бастан даркор ин сакалтуҳоро. Дар ин сурат шояд пеши роҳи ин бешарафӣ гирифта шавад…»

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here