Нашрияи расмии Чумхурии Точикистон – «Чумхурият» зери унвони «Тири хокхурда» аз хиёнаткори ва миллатро тахкир намудани раиси фаъолияташ дар кишвар мамнуи ХНИТ менависад. Ба бовари муаллифи макола Вориси Саидзод, «Дар холе ки мардуми шарифи Точикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои ахамияти байналмилали обруи кишварамонро дар арсаи чахони беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурухи террористони нахзати бо рохбарии Кабири ин миллатро «тарсу» муаррифи мекунанд, ки аз руи инсоф нест. Ба андешаи ин чониб, чунин хамокат як навъ касосгирии Кабири аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доирахои ахоли фирефтаи афсонапардозиву дуруггуии онхо шаванду ба ин васила нахзатихо боз «обро лой карда мохи доранд»».
Рузномаи парлумонии «Садои мардум» бошад, аз чараёни сафари Президенти кишвар Эмомали Рахмон ба Казокистон ва мулокоти у бо хамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев гузоришхо тахия намудааст. Дар шархи ин мулокот рузнома нигоштааст, ки «Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон аз ин имкони дидор изхори хушнуди карда, натичахои сафари давлатии Шавкат Мирзиёевро ба Точикистон, ким охи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатхои гуногунчанбаи хамкори, дуст ива хусни хамчавори мухиму арзишманд арзёби намуданд. Чонибхо чихати тавсеаи робитахои судовари ду кишвар дар сохахои гуногун ва ба нафъи мардум бахрабардори кардан аз имкониятхои истифоданашуда омодаги изхор доштанд.»
Хафтаномаи «Точикистон» дар шархи казияи судии журналисти точик ва рохбари тими хозирчавобони Точикистон Хайрулло Мирсаидов навиштааст, ки «Мирсаидов як руз кабл дар сухани охиринаш дар додгох гуфт, «ман бо дастаи КВН обруи Точикистонро боло бурдам ва ба чои мукофот маро зиндон карданд.»» Ба нигоштаи муаллифи макола Фарзона Муроди, пайвандони Хайрулло Мирсаидов аз замони боздошташ, санаи 5 декабри соли 2017 то кунун уро надидаанд ва аз наздик тамос хам нагирифтаанд.
«Имруз нюс» низ ба 12 соли аз озоди махкум шудани журналисти точик Хайрулло Мирсаидовро сармаколаи нашри рузи 12 июли худ карор додааст. Рузнома ин хукмро сангин хонда, онро подоши танкиди озоди журналист номидааст. Дар зимн изхороти муштараки 5 сафоратхонаи гарбии мустакар дар Точикистон – Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти муттахидаи Амрико ва намояндагии Иттиходи Аврупо дар Душанберо овардааст. Дар изхорот гуфта мешавад, ки хукми Мирсаидов «хеле сангин» буда, «ба чинояте, ки у айбдор шудааст, мувофикат намекунад». Дар матн ахз чумла, омадааст: «Ин хукм ба озодии сухан ва баён дар Точикистон таъсири манфи мерасонад вам о даъват менамоем, ки макомотхои дахлдори Точикистон ин хукмро аз нав дида бароянд…» Дар идома мехонем, ки «хукми додгох имконияти хамкориро бо Точикистон дар амри бехбуди идораи давлати, хамчун шарики рушд, заиф хохад кард.»
Ёдовар мешавем, ки рузи 11 июл суди шахри Хучанд Хайрулло Мирсаидовро дар накзи се моддаи Кодекси чиноии Точикистон айбдор дониста, уро ба мухлати 12 соли зиндони низомаш сахт хукм кард. Дар карори суд омада, ки гунохи Мирсаидов аз руи иттихоми «азонихудкуни ва исрофкории маблагхои давлати», «сохтакории хуччатхо», «пахш кардани маълумоти бардуруг» дар бораи собик раиси бахши чавонони хукумати в. Сугд исбот шудааст.
«Азия плюс» хам дар мавриди парвандаи Мирсаидов, гуфтааст, «Ин як навъ сигналест, ки дахони журналистон баста шавад.»
Дар маводи дигари «Имруз нюс» зери унвони «Рахш такси» лукмаи тайёр мечуяд?» муаллиф Довуд Исмати аз хизматрасонии хатулкоронаву бемасъулиятонаи ин ширкат шадидан интикод карда, дар охир ба хонандагонаш тавсия додааст, ки аз истифодаи таксихои «Рахш такси» худдори намоянд.
Дар хамин хол, «Озодагон» казияи худсарихои писари вазири собики энергетика Гул Шерали – Диловарро, ки дигарбора дар сархати ахбори расонахо карор гирифтааст, ба бахс кашидааст. Хафтанома дар як макола тахти унвони «Писари Гул Шерали ин бор бинии афсари пулисро шикаст», дар пайи шархи хабар менависад: «Диловар Гулов ин бор барои латукуби як афсари пулис дар сархати хабархо карор гирифт. Ин ходиса рузи 8 июл дар яке аз хиёбонхои марказии Душанбе рух додааст ва писари вазири собик бо афсари пулис Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди мунокишаи лафзи шуда ва баъдан уро латукуб кардааст.» Ба маълумоти пешниходнамудаи «Озодагон» ташхиси тибби муайян карда, ки бинии афсар шикаставу сараш осеби чидди дидааст. «Аммо Гул Шерали, вазири собики саноат вам энергетика ба «Озоди» гуфта, ин хабархое, ки дар атрофи номи ман мечарханд, асос надоранд», – менависад хафтанома.
Ходисаи латукуби афсари милиса бори аввал нест, ки номи Диловар Гуловро вирди забонхо мегардонад. Охири соли гузашта вам охи марти имсол низ Диловари 22 –сола бо авбошиву бесарихои худ сахифахои расонахоро оро додаву дар харду маврид хам бо 5 хазор сомони чаримаву 5 рузи хабс аз об «хушк» беру номада буд. Ин навбат низ тибки хабархои охирин ба шарти аз шахри Душанбе хорич нашудан дар озоди карор дорад. Дар ду мавриди аввали низ падараш иттихомоти макомотро бепоя хонда буд. Худи Диловар низ ба расонахо гуфтааст, макомот аз у касд меситонанд ва хамеша дар пайи «шикор» -и у хастанд.
«Фараж» шикояти як сокини шахри Панчакентро дар мавриди аз аскари нашъаманд шуда баргаштани писараш ва дар баробари ин, бо «облава» ба аскари фиристодани писари дигараш, ки бемор асту духтурон варо корношоям мукаррар кардаанд, навиштааст.
Хафтаномаи «Точикистон» дар як маколаи дигар зери унвони «Чаррохи бар ивази 2000 доллар» ба таваччухи вазири тандурусти ва хифзи ичтимоии Точикистон Насим Олимзода расондааст, ки дар беморхонаи Карияи болои ш. Душанбе духтурон аз кабл бо марг анчом ёфтани амалиёти чаррохии гузарондаашонро медонистанд, вале ба хотири фоида дидаву дониста ба он даст заданд. Макола аз номи модари нафакахур Мастура аз нохияи Хисор чоп шудааст.
Хафтаномаи «Азия плюс» аз болоравии хангуфти кимати оби нушоки гуфтааст. Ба маълумоти пешниходкардаи нашрия «Точикистон ягона кишварест, ки дар он барои оби нушоки аксиз меситонанд ва онро бон архи се маротиба зиёд мефурушанд».