Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба таъини ҷазои сангин, ба 12 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов изҳор медорад.

Шӯрои ВАО бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд қобили ҷазо бошад, вале бояд мурофиаҳои судӣ бар пояи арзишҳои инсонӣ, умумибашарӣ ва риояи қонун баргузор гардида, қарорҳои одилона содир намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мурофиавии ҷумҳурии демократихоҳи мо низ ин амрро ба хотири арҷгузорӣ ба арзиши олӣ – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, зарурӣ ҳисобидааст. Аммо қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки дар асл ба баҳсҳои молӣ ва дар пайи он ба кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти болоӣ ба зуҳуроти тамаъҷӯёнаи коррупсионӣ дар мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ дахл дошт, тасаввуре ба бор меоварад, ки дар ҷараёни тафтишот ва минбаъд мурофиаи судӣ, тобиши як навъ ниқоргирӣ ва муҷозот барои ифодаи ақидаи шахсиро пайдо карда бошад.

Мо қарори судро ба баррасӣ кашиданӣ нестем, вале ҳамзамон меъёри ҷиноятии интихоб намудаи мақоми судӣ дар нисбати кирдори бармало хусусияти иқтисодӣ доштаи Хайрулло Мирсаидовро наметавонем ҷавобгӯ ба риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва муқаррароти одилонаи қонунҳои кишвар ҳисобем. Зеро ба назари мо, барои аъмоли ѓайриқонунии асли иқтисодӣ дошта содир намудани чунин ҷазои сангин, ки ба кирдорҳои ҷиноӣ хос аст, дар ҷомеаи мардумсолорӣ бешак, адолати судиро зери суол мебарад. Дар ҷараёни таҳқиқ ва мурофиаи судӣ нодида гирифта шудани ҷиҳати дигари қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки аз кӯшиши пешгирии амалҳои хислати корупсионидошта маншаъ гирифта, амали ифодагари мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ бояд пиндошта мешуд, боварию эътимоди рӯзноманигорон ва аҳли ҷомеаро ба волоияти озодии баён ва ҳаққи танқиди зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар давлати демократияхоҳамон низ мекоҳонад.

Аз ин ҷо, мо бо изтиробу нигаронии зиёд таъкид намуданӣ ҳастем, ки ҳукми сангини судӣ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов дар баробари халали ҷиддӣ ворид намудан ба раванди  рушди озодии баён, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодина шудани арзишҳои мардумсолорӣ дар кишварамон, ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, ба обрӯву нуфузи давлат ва ҳукумати кишварамон латма ворид месозад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон умедворӣ дорад, ки зинаҳои болойии судӣ дар бозбинии ин ҳукм мӯшикофона амал карда, бо назардошти хидматҳои ҷамъиятии Хайрулло Мирсаидов, дар нисбати ӯ қарори адолатнок қабул менамоянд.

Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.    13 июли с.2018.

Previous articleНомаи Масов, «хати гунг» ва ҷасорати Раҳмонов
Next articleКаъбаи маъни, табаддулоти «Масех» ва номгузории Булбулхола
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here