Шарҳи матбуоти Тоҷикистон – 05 июли соли 2018

Рузномаҳои ҷумҳурияви ин ҳафта аксаран маводҳои иктисодиву иҷтимоии вобаста ба бардошти сабади истеъмоливу сифати маводи истеъмолии мардумро сармакола намудаанд.  Хафтаномаи «Азия плюс» Карори Хукумати Тоҷикистонро дар мавриди зери назорат гирифтани 16 номгуи маҳсулоти аввалияи истеъмолиро ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллифи макола Пайрав Чоршанбиев дар матлаби худ зери унвони «Не с того конца начали» муътакид аст, ки ҳукуматдорони кишвар мебоист ҷои назорат ва мукаррар намудани нархномаи ягона ба маводи гизоии аввалия сарогоз нархи маводи сухт – бензин ва соляркаро ба танзим медароварданд, зеро низоми нархҳо дар Точикистон маҳз ба ҳамин гиреҳ печидааст. У бо такя ба нуктаи назари коршиносони соҳа ин тасмимро «бозгашт ба низоми овони Шурави» ҳадс задааст.

Дар маводи дигари ҳамин муаллиф дар ҳамин шумораи ҳафтаномаи мазкур, ки мантикан идомаи мавзуи аввалист, изҳори таассуф карда мешавад, ки «Чаро тули 27 соли соҳибистиклоли мо натавонистем ҳатто «розетка» истехсол намоем?»

Нашрияи расмии Чумхурии Точикистон – «рузномаи Чумхурият» низ дар матлабе зарурати коркарди меваю сабзавот дар чумхуриро масъалагузори намуда, арз медорад, ки харчанд корхонахои саноати хуроквори соле ба хисоби миёна то 25-30 миллион куттии шарти консерваи меваву сабзавотро истехсол намоянд хам, вале бо вучуди будани имконоти васеъ дар ин самт, хануз саноатчиёни кишвар наметавонанд фоидаи бештареро ба даст оранд. Рохи халли ин масъала, ба андешаи муаллифи «Чумхурият», ба таври васеъ ба рох мондани фуруши махсулот бо усули маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохили ва таъмини сифати баланди махсулоти ватанист, ки масъулияти ичрояш ба души масъулини вазорати кишоварзи, саноат ва технологияхои нави чумхури мебошад.

Хафтаномаи «Точикистон бошад, савол гузоштааст: «Чаро истеъмолкунанда аз хукукхояш дифоъ намекунад?» Муаллифи макола Далер Мерганов менигорад: «Мо – точикон ба маънои томаш одамони хубем. Борхо шохиди он будам, ки шахрвандон химояи хукукхои истеъмолии хешро танхо ба хотири он ки назари шахрвандон нисбат ба онхо хамчун «даъвогар», «чанчоли», «аризабоз», «ноодам» ва гайра тагйир наёбад, сарфи назар кардаанд.» Ва ин нигаронии худро ба он асоснок менамояд, ки «Кисмати зиёди мурочиатхо (ба «Точикстандарт») оид ба накзи хукукхои истеъмоли аз намояндагони миллатхои дигари маскуни кишвар ворид мешаванд».

Хамин хафтанома дар маколаи дигаре зери унвони «Нарххои серуя» беназорати, дар варакахои огохинома ва расидхои таваккалии нарххои аз пеши худ гузоштаи нозирони маркази гармидихиро, ки имзою мухр надоранд, ба боди интикод кашидааст. «Дар огохиномаи аввал пули пули истифодаи оби гарми хонаи мо 162 сомони будааст. Аммо огохиномаи навбатиеро, ки ба дасти манд од, дар он 145 сомони нишон дода шудааст. Табъам хеле болида шуд. Ба у гуфтам, ки охири мох маошамро мегирам ва хамин 145 сомониро ба бонк бурда месупорам. Вале хануз охири мох нашуда, огохиномаи сеюм кадами «муборак» – ашро ба дари хонаи мо арзони дошт. Нарх ин дафъа хеле баландтар шуда буд. Акнун бояд 180 сомони месупоридам. Дар курси нишастаму ба андеша рафтам…  »

«Озодагон» номаи академики мархум Рахим Масовро дастрас ва ба нашр расондааст, ки ба кавли нашрия, гуё унвонии президенти Точикистон нигошта шудаву ба нишонии мухотабаш нарасидааст. Дар нома аслан ду масъала матрах шудааст:

  1. Мушкилоти сиёси миёни Точикистону Узбекистон ва навиштахои Масов: «Чаноби Президент, дар матбуоти мо, мутаассифона, дар солхои охир баъзе маколахо чоп шуданд, ки гуё дар бавучудоии мушкилоти сиёси байни Точикистон ва Узбекистон навиштахои ман сабаб шуда бошанд. Ман бо тамоми масъулият мегуям, ки то замони каламрави забони точики, чугрофиёи таърихии он, масъалаи Самарканду Бухоро, ва дигар шахрхои точикнишин мавчуд аст, ин мушкилот боки хохад монд ва он ба навиштахо ва ё шахсияти хеч кас вобастаги надорад. Ман танхо харфи таърихро навиштам ва рисолати ман хамчун таърихнигор низ дар ин хулоса мешавад».
  2. Тагйироти кадри дар дар рохбарияти институт: «Бидуни шакк солхои тулонии рохбари дар Институти таърих маро низ хаста карда буд ва омода будам бо фурсати муносиб ин масъаларо дар пеши Шумо гузорам, то рохбари чавон ва шинохташудаи илми таърихро ба вазифаи рохбари Институти таърих таъйин кунед. Аммо мутаассифона, ин фурсат бароям мухайё нагардид. Холок асе ба рохбарии Институт таъйин шудааст, ки на танхо донишманди шинохташудаи илми таърих нест, балки лаёкати рохбари низ надорад. Ман дар ин масъала онхоеро сабаб медонам, ки ин шахсро барои таъйин кардан ба вазифаи рохбарии ин ститут ба Шумо муаррифи кардаанд. Мутаассифона кори институт аз мачрои асосияш, ки омузиши таърихи халки точи каст, берун рафта, фазои носолими кори чойи тахкикотхои илмиро гирифтааст. Агар кор хамин минвол идома ёбад, Институти таърих рисолати асосияшро аз даст медихад…»

«Точикистон» низ ба бахси дахсолахо сари бозгашт ба алифбои араби ё ниёгон баргашта, аз забони муаллифи макола Чамолиддин Саидзода

Ин амр ё тасмимро нозарур ва хатто алифбои тосирилликии моро «хати гунг» унвон карда гуфтааст: «Алифбои араби, ки милати мо-точикону форсхо онро баробари дини ислом, тавассути шамшер кабул кардаанд, хеч гох алифбои ниёгони мо набуд». Хамин гуна матлабе бо номи «Ба алифбои араби гузарем, ё не?» аз хамин муаллиф ва такрибан ба мазмуни боло дар шумораи инхафтаинаи хафтаномаи СССР низ дар шакли буридаву кутохшуда ба табъ расидааст, ки андаке нохушоянд аст ва ба назарам аз беэхтиромиву беназокатии муаллиф нисбати шахсияти худ дарак медихад.

Хафтаномахои «Самак» ва «Фараж» – ду нашрияи Маркази тадкикоти журналисти дар нашри инхафтаинаи худба назарам маводи чолибе барои мутолиа надоштанд. Вале «СССР» дар матлабе зери унвони «Часоратро дар Армия аз Эмомали Рахмон меомухтем» котибулхуруфи матлаб Киёмуддин Абдуллоев дар мавриди вокеоти пуртахлукаи солхои навадуми асри пор, ки гуруххои ихтиёриён дар шахри Вахдати кунуни пеши рохи таркондани пулхо аз чониби нерухои мухолифинро гирифта будаанд, аз номи нафаре, ки худро нафакахур Аскарали муаррифи намудааст, менигорад: «Маро соли 1971 ба сафи Куввахои мусаллахи СССР даъват намуданд. Бо амри такдир ба Кушунхои флоти харбии бахри шомил шуда, машкхои таълимии шашмохаро дар шахри Хабаровск якчо бо Пешвои миллат, Президенти ЧТ, мухтарам Эмомали Рахмон гузаштем. Рости, ана хамин часорату матонатро мани сагираи камтачрибаи кухистони хамон солхо аз аз Эмомали Рахмонови часуру гаюр омухтам. Оре, мо бо сарвари давлатамон хамхизмат будем. У хамеша аз мо пуштибони мекарду пеши рохи нохалафу нобакор, зурозмохоеро, ки моро тахкиру сархам ва ба худ мутеъ кардан мехостанд, мегирифт. Муттакои точикон дар Армия буд. Мо – точикбачахо дар атрофи у муттахид шуда, хар як сухани уро бечунучаро ичро намуда, дар муддати кутох пештозу пештоки хизмати харби шудем. Ба шарофати часорати Эмомали Рахмонов камчини аспдавони дар Армияи Совети дар дасти мо – точикон буд…»

«Народная газета» – нашрияи русизабони Хукумати Точикистон ва «Минбари халк» – хафтаномаи хизбии ХХДТ ба фарк аз дигар рузномахои хукумативу парлумони бо таъхири беш аз якхафтаина хамакнун аз сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Сугд тантанахои идона ба ифтихори Рузи Вахдати милли гузоришхои мукаммал чоп кардаанд.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here