Шарҳи матбуоти Тоҷикистон – 29 июни соли 2018
Рӯзномаҳои ҳукуматии Тоҷикистон шумораҳои инҳафтаинаи худро пурра бо гузоришҳо аз сафари кории президенти мамлакат ба вилояти Суғд ва баргузории тантанаҳои идона ба муносибати 21 –- умин солгарди Ваҳдати миллӣ омода намудаанд.
Дар ин зимн муаллифи ҳафтаномаи «Фараж» Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо нигаронӣ аз истифодаи хонандагони мактабу донишҷӯён ба истиқболи Сардори давлат, эроди чанд сол пеш гирифтаи худи Президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун нақли қавл овардааст: «Чаро шумо гапро намефаҳмед? Ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода набаред. Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзида истодааст. Инсоф доред?»
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар идомаи мавзӯъ мегӯяд: «Оё Трамп ё Путинро дидаед, ки боре дар кишварҳои худашон чунин пурҳамҳама истиқбол бигиранд? Президент хизматгори халқаш асту дар кишвараш меҳмон нест, назди ҳамватанонаш, ба хонаи худаш меравад».
Муаллиф иброз дошта, ки шеъру таронахонӣ, суолдиҳиҳои сохтаву аз ҷониби роҳбарон омодашуда, намоишгоҳҳои дастаҷамъонаву буридани лентаҳои корхонаҳои нотамому чандрӯза низ зарурат надоранд ва миёни мардум боиси гапу калочаҳои зиёд шудаанд. Дар охир ӯ аз Дастгоҳи иҷроияи Президент хоҳиш кардааст, сари ин масъалаҳо ҷиддӣ биандешад, зеро «эътибори лидери миллӣ эътибори миллат аст», – мутмаин аст муаллиф.
Нашрияи ҲХДТ «Минбари халк» Ваҳдати миллиро бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба таъриф дода, онро заминагузори бунёдкорӣ ва созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт шуморидааст.
Дар ин иртибот, ҳафтаномаи “СССР” дар шарҳи рамзи сулҳи тоҷикон, ки ду дасти ба ҳам фишурда мебошад, нигоштааст, «мантиқан иддаои ҷониби ҲНИТ дуруст аст, ки дар сулҳи тоҷикон дасти дуюм дасти онҳост. Вале воқеан чӣ? Воқеияташ ин аст, ки аз он ду даст яке ҷониби Сулҳ аст ва дигаре ҷониби Ҷанг! Дасти сулҳ дасти ҷангро мефишорад ва ба Ваҳдат даъват мекунад…»
Ба иддаои муаллифи матлаб Сайёфи Мизроб, маҳз ҲНИТ ва муттафиқинаш, – шоиру нависандаву академикҳо кишварро ба ҷанг кашида буданд, ки имрӯз боз худи онҳо дар курсиҳои баланду бароҳат то ба раёсати ИНТ такя зада, аз сулҳ мегӯянд.
Муаллиф дар идома менависад: «Даъвои ҲНИТ ва оппозитсияи собиқ мантиқан хатост. Зеро, агар ҲНИТ воқеан ҷонибдори сулҳ ва ваҳдат мебуд, бар ивази оромии кишвар 30 фоизи мансабу вазифа талаб намекард…. Дасти ҷанг Ватан, Миллат, Давлат, Тоҷикистонро нарх гузошт: 30% курсӣ…»
Ба бовари муаллифи СССР, даъвии Созмони милали муттаҳид ҳам дар даст доштан дар сулҳи тоҷикон дурӯғ аст. «Чунки, – мутмаин аст у, – ин созмон бо тамоми иззаташ дар ягон гӯшаи дигари дунё ваҳдат наовардааст, ки ба Тоҷикистон оварда бошад. Сулҳи мо сирф ваҳдати миллати тоҷик аст ва он муаллиф дорад: – Эмомалӣ Раҳмон!!!»
Рӯзномаи ҳукуматии «Народная газета» мусоҳибаи сардабири нашрия Маҳбуба Камолова бо котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимовро, ки ҷиҳати ширкат дар конфаронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об дар Душанбе қарор дошт, ба нашр расондааст. Рашид Олимов итминон дода, ки СҲШ хамчун иттиҳоди таъсиргузор дар ҳалли мушкилоти оби минтақа ҳалкунанда хохад буд. Ба маълумоти ироакардаи мусоҳиби «Народная газета» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ тақрибан шаш миллион рӯду кӯлҳо бо ҳаҷми ғунҷоиши умумии даҳ миллион километри мураббаъ мавҷуданд, ки барои рушд кофиянд. Танҳо дар ин миён тақсимоти одилонаи оби минтақа ба ташаббускории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вобаста аст, ки то чи андоза мунсифонаву одилона сурат хоҳад гирифт.
Одили Нозир дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз суҳбати нотамомаш бо олими тоҷик Раҳим Масов, ки ҳафтаи гузашта дар синни 79 аз олам даргузашт, гуфтааст.
Дар ин суҳбату вохӯриҳои кӯтоҳу пареш журналист шахсияти Раҳим Масовро то ҷое ҳамчун олими ҳакгӯву якрӯ, «абаролими табарсухан», пухтагӯй,… ба қалам дода, навиштааст, ки «ӯ ҳеч гоҳ манфиати ягон нафар ё гуруҳеро бо ҳақиқати илмӣ иваз накард… Ӯ ҷасуртарин олими тоҷик дар даврони нав буд, ки ба маҷрои об бел намезад…» Одили Нозир бо ёдоварӣ аз суҳбати охирин ва нотамомаш бо Раҳим Масов, ки «осори беморӣ дар вуҷудашон аён буд», менависад: «- Ҳоло саломатиям хуб нест, баъдан биё. Дигар ман кор надорам, ҳарчи хоҳанд, кардан гиранд (Манзур таҷлили чандин ҳазорсолагии ин ё он навоҳӣ). Майдон васеъ шуд…»
Ҳафтаномаи «Озодагон» дар матлабе суол мегузорад, ки чаро васияти Раҳим Масовро, ки дар мусоҳибае ду сол кабл бо Далери Имомалӣ хоста буд, то ӯро дар пеши хонааш гӯронанд, иҷро накарданд?
Ҳамин ҳафтанома дар ҳамин шумораи худ дар ду саҳифа номаи саркушодаи муаррихи тоҷик Луқмон Бойматовро ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба чоп расондааст. Дар номаи мазкур сухан аз таҳрифи таърих меравад, ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя гуруҳе аз Темури «хунхор» иҷборан «падарбузурги миллати ӯзбек» сохтаниянд. Муаррих бо нигаронӣ аз ин чеҳрасозӣ менигорад: «Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Ӯзбекистон! Абраҳам Линколн мегӯяд: «Андаке аз мардумро метавон барои ҳамеша фиреб дод. Ҳамаи мардумро низ метавон барои муддати андаке фиреб дод. Аммо наметавон ҳамаи мардумро барои ҳамеша фиреб дод.» … Чӣ гуна мешавад, миллате, ки андешаҳои волои инсондӯстии мутафаккирони ақвоми туркзабонро, ки дар раъсаш хирадпешае чун Алишер Навоӣ қарор дорад, арҷгузорӣ мекунад, вале ҳамвора аз ғояти ғурур ҳозир аст, фарди инсонкушеро, ки мисли Темур бошад, «Падарбузурги миллат» мехонад! Оё вуҷуди ин таззод ва тарзи тафаккури миллӣ нишонаи камоли хирадмандии ӯзбекон аст? »
Ҳафтаномаи «Самак» охирин мусоҳибаи Аҳмад Зоҳирро баъд аз 39 соли реҳлаташ дар пешгуфтор ва баргардонии Холиқи Сангин чоп кардааст. Ин мусоҳиба соли 1977 дар маҷаллаи вақти «Жеандун» нашр гардида, ба иддаои таҳиягари он ба хатти кириллӣ он бори аввал дар матбуоти тоҷик ба табъ мерасад.
Дар ин суҳбат ҷое ин хунёгари нотакрор мегӯяд: «Мусибат барои ман ҳамин аст, ки вақте инсон бо ду чеҳра зиндагӣ мекунад: Яке барои худ, дигаре барои мардум…»
«Азия плюс» дар матлабе зери увони «Тоҷикистон –– Ӯзбекистон: рақобати солим муҳайё намегардад?», ба рақобатнопазир будани баъзе маҳсулоти ватанӣ бо молҳои ҳамсони ӯзбекӣ ишора намуда, менависад, ки «маҳз барои ҳамин ҳукуматдорон ба таври ғайрирасмӣ воридоти маҳсулоти кишвари ҳамсояро манъ намудаанд».
Дар ҳамин шумораи худ «Азия плюс» муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илм чоп кардааст. Дар ин муроҷиатнома аз қарори вазорати мазкур ҷиҳати аз сафар ба хориҷа манъ намудани донишҷӯён изҳори ташвиш шудааст. Муроҷиаткунандагон аз Прокуратураи генералии ҶТ дархост намудаанд, ки ҳарчи зудтар ин қарори Вазорати маориф ва илмро, ки санаи 28 феврали соли 2018 ба тасвиб расидаву “Тартиби сафари кормандони соҳаи маориф ва илм, омӯзгорон ва кормандони ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хидматӣ ва ё барои таҳсил ба хориҷа” ном дорад, бекор кунанд, зеро он поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон аст.
Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ баъди муроҷиати як гуруҳ модарон ба Вазорати маориф ва илм ҷиҳати баргардонидани таътили тирамоҳиву зимистона ба толибилмон, ки аз соли таҳсили 2010 – 2011 бекор гардида буд, ин ниҳод тасмим гирифт, то қарори қаблияшро бекор ва таътили тирамоҳиву зимистонаро ба хонандагони мактабҳо баргардонад.