Шарҳи матбуоти Тоҷикистон 14 июни соли 2018

Аксари рӯзномаҳои давлатии кишвар шумораҳои инҳафтаинаи худро ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва суханронии Президенти Тоҷикистон бахшидаанд, ки рӯзҳои 9-10 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. Аз ҷумла, нашрияи “Ҷумҳурият” аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин Шӯро таъмини амнияти минтақаро ба вазъи Афғонистон сахт марбут донистааст, нақли қавл оварда, нигоштааст: “Амали фаъолтари механизми гуруҳи тамоси “СҲШАфғонистон” метавонад ба муттаҳидии талошҳои кишварҳоямон мусоидат намояд. Ин гуфтаҳо аз ҷумла ба масъалаҳои мусоидат ба Афғонистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии он низ дахл доранд. Дар баробари ин, мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистонро , пеш аз ҳама бояд худи мардуми он ҳал намояд. Дар ин замина мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро барои роҳандозии раванди гуфтушунидҳои осоишта дастгирӣ мекунем”. Президенти Тоҷикистон зимнан дар ин суханронии хеш ба масоили ҳамгироии мақомоти марбутаи минтақа дар раванди мубориза бо терроризму экстремизм тамаркуз намуда, изҳор доштааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои мудофиавии кишварҳои минтақа набояд чунин андеша дошта бошанд, ки “ба терроризм танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан имкон дорад. Дар ин росто дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаъҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад. ”

Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” дар як матлаби устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Н. Авазматов вазъ ва паёмадҳои иҷтимоигароии сиёсии насли наврасро ба риштаи таҳлил кашида, нигоштааст, ки дар раванди ташаккули зеҳнияти атфол бояд мисли ИМА, тарбия нисбат ба таълим болотар қарор гирад. Ба қавли муаллифи “Иҷтимоигароии сиёсии насли наврас” маҳз “набудани арзишҳои умумимиллӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри пор ба ноустувории вазъи сиёсии ҷомеа ва фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ боис гардид. Баъзе падару модарон ва фарзандони ноогоҳ ва фирефташуда дар зери таъсири хурофоти мазҳабӣ ва ташвиқу тарғиби зиддикоммунистӣ монда, қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти соҳибватанӣ ва соҳибмиллатиро фаромӯш карданд…”

Дар ин моваро муаллифи матлаб идеологияи коммунистиро қувваи бузурги муттаҳидкунанда, сафарбаркунанда ва ҳифзкунандаи низоми сиёсӣ, сипари боэътимод зидди маҳалгароиву миллатчигӣ, порахӯриву хешутаборчигӣ ва ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуб мешуморад ва пешниҳод низ менамояд, ки бояд “устодони фанҳои гуманитарӣ дар раванди таълими муосир аз вожаҳои моҳияти иҷтимоию сиёсӣ ва ҳуқуқидошта. Чун қишр, табақа, синф, миллат, давлат, марзу бум, худшиносӣ ва ғ истифода бурда, мавқеи сиёсӣ ва шаҳрвандии хонандагонро ташаккул диҳанд”.

Ҳафтаномаи “Минбари халқ” аз мушкилоти бамаротиб боло рафтани қимати об барои хоҷагиҳои деҳқониву аҳолии деҳот гуфтааст, ки бегумон як омили асосии афзоиши нархи зироат, мева ва сабзиҷот дар кишвар гардидаву минбаъд низ хоҳад гашт. Муаллифи ин силсиламатлаби таҳлилӣ Неъматуллоҳи Худойбахш мегӯяд, ки ҳарчанд масъулини Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ болобарии қимати обрасониро зарурати иҷборие медонанд, ки дар пайи пайваста афзоиш ёфтани нархи нерӯи барқ ва таҷдиди кори соҳа амалӣ гардидааст, вале сарфи назар аз ин, бисёр вазорату идораҳо ва кулли роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рӯзи аввали пешниҳоди болоравии нархи об ин иқдоми Агентиро напазируфта буданд. Вале Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо пофишорӣ пешниҳоди худро гузаронд, ки боиси хараҷу мараҷи зиёд ва гаронии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳури шуд.

Ҳафтаномаи “Азия плюс” дар як суҳбати муфассал бо раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода паҳлуҳои гуногуни ба буҳрон печидани ин бонкро ба баррасиву муҳокима кашидааст. Дар ин мусоҳиба Пирзода дар баробари он ки ба айбдории худ ҳамчун роҳбар дар раванди ба буҳрон печидани бонки мазкур иқрор мешавад, ҳамчунин, ҳангомапароканиҳо дар атрофи муфлисшавии бонкҳоро сабаби ба буҳрони амиқтар ғӯтидани бонкҳои Тоҷикистон медонад, ки мардум ба ваҳм гирифтор шуда то тавонистанд пасандозҳояшонро аз бонкҳо бозпас гирифтанд. Ба қавли мусоҳиби “АП” танҳо дар давоми моҳи августи соли 2015 то аввали соли 2016 беш маблағгузорон аз “Тоҷиксодиротбонк” наздики 40 млн доллар ва аз кортҳо 100 млн. Сомонии худро бозпас гирифтанд, ки чунин вазъ фаъолияти бонкҳоро дар ҳоли ногувор қарор дод.

Дар идома Т. Пирзода муштариёни бонкашро итминон мебахшад, ки бо омадани ширкати сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ва соҳиби 51 фоизи саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” гардидани он, инчунин, ба фурӯш гузоштани амволи бонк имкон фароҳам меорад, то он аз буҳрон наҷот ёбад ва низ қарзи аҳолӣ пардохта шавад.

Имрӯз нюс” низ дар яке аз шумораҳои инҳафтаинаи худ ба қазияи бонкҳои мушкилдор дахолат намуда, аз қавли ҳамсуҳбати худ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нигоштааст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи таҳқиқоти вазъи “Агроинвестбонк” раиси ин муассиса Муродалӣ Алимардонро барои “суҳбат” даъват кардааст. Ҷузъиёти ин “суҳбат”, ки нимаҳои моҳи май сурат гирифтааст, то ҳол ошкор нест, вале баромади раиси ҲДТ ва узви парлумон Сайҷаъфар Исмонов дар ҷаласаи рӯзи 13 июн дар назди вакилон номи Алимардонро дубора расонаӣ кард. Тавре “Имрӯз нюс” дарҷ мекунад, Исмонов дар ҷаласаи парлумон аз бархӯрди таҳқиромезу ғайриодилонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар “Агроинвестбонк” бо эҳсосот сухан ронда, иброз дошта, ки дар ин муассиса “як овчарка намерасад ва як либоси немисии СС”. Дар идома Исмонов бо ёдоварӣ аз шахсияти Алимардонов ва нақзи адолати иҷтимоӣ афзудааст, ки “Вақте як лейтенант ё капитан, ки намедонам дар коррупсия ё УБОП кор мекунад, муносибату гапзанияшро бо Алимардонро мебинӣ, таҳқир аст. Фарёд карда Алимардонро ба як мошин бурдан… магар хизмати кам кардааст?”

Воқеан, ҳафтаномаи “Озодагон” дар як сурат-гузориш аз шароити бади хизматрасонӣ ва ба дунболи ин, навбатпойии чандинрӯзаи мардум дар Хатлон барои гирифтани маблағҳои дар арафаи иди Рамазон аз азизонашон ирсолшуда изҳори нигаронӣ намудааст. Ба қавли гузоришгар, муштариёни саргардон рӯзҳо дар навбат меистанд, вале аз бонкҳо маблағ гирифта наметавонанду ноумед ба хонаҳояшон мераванд.

Нашрияи “Фараж” пешниҳоди ду вазорат – вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавриди ташхиси ҳатмии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳангоми вуруд ба хоки кишварро ба хотири пешгирӣ аз мубталоӣ ба бемориҳои гузаранда маҳкум намуда, онро як “доми тазвир” ё василаи аз муҳоҷирон маблағситонии ин вазоратҳо арзёбӣ намудааст.

Ҳафтаномаи “Самак” бошад, дар як матлаби таҳлилӣ зери унвони “Чаро лашкари муҳоҷирони тоҷик дунёгир намешавад?” паҳлуҳои мусбату манфии раванди мазкурро дар шароити ҷаҳонишавии муосир ба муҳокима кашида, пешниҳод менамояд, ки дар баробари ба инобат гирифтани ҷанбаъҳои манфиатноки масъала ҳамзамон онҳоеро, ки роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, бояд аз лиҳози забонӣ ва ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни кишвари мавриди муҳоҷират омода намуд. Ҳамчунин, шуури ғулом буданро бояст аз майнаи онҳо дур кард, то ноноварони хона номоварони ин миллат ҳам бошанд

Журналисти тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар як матлаби худ дар ҳафтаномаи СССР аз Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон таклиф кардааст, ки журналисти рус Максим Шевченкоро қадрдонӣ намоянд. Ба иддаои мавсуф, Шевченко ҳамчун дӯсти тоҷикон маротибаи чандум аст, ки аз обрӯ ва эътибори миллати тоҷик ҳам тариқи шабакаҳои радио- ТВ ва низ дар ҳамоишҳои гуногун дифоъ менамояд. Аз ҷумла ӯ ба гунаи мисол аз Шевченко нақли қавл меорад, ки гӯё ба наздикӣ дар як ҷамъомади вобаста ба мавзӯи миллатгароӣ гуфтааст: “Чаро гумон мекунед, ки тоҷикон мардуми нимваҳшиву (полуварвар) бефарҳанганд?… Замоне ки дар ҳудудҳои шоҳигарии Маскав тамаддун набуду онҷо санҷобҳо ҳукмронӣ мекарданд, Тоҷикон соҳибдавлату соҳибфарҳанг буданд… ”

Сайёфи Мизроб зимни нашри сафардидаҳояш аз Амрико урёнпӯшии зани амрикоиро бо сатри занони тоҷик қиёс намуда, нигоштааст, ки сатри бонувони амрикоӣ ин қонунҳои Амрикост. Ва дар идомаи мушоҳидаву бардоштҳояш муаллиф кулли дастовардҳои амрикоиҳоро “бо шумули сатри қонуни зан аз озодии Васоити ахбори омма, чизе, ки мо аз он чун дев аз Қуръон ҳарос дорем…” медонад.

Previous articleМо бояд ҳатман осорхонаи зиндаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таъсис бидиҳем!
Next articleМардум бояд донанд, чи муҳите дошта бошанд
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here