Шарҳи матбуоти Тоҷикистон – 6 июни соли 2018
“Ҷумҳурият”, ки пайваста матолиби илмии доктори илмҳои сиёсӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти давлатии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро нашр мекунад, ин дафъа матлаби ӯро таҳти унвони “Иммануил Кант ва ташаккули шахсият” ба чоп расондааст. Муаллиф дар ибтидои он қайд мекунад, ки “мавзӯи баҳси мақола таҳлил ва баррасии баъзе аз ақидаҳои файласуфи маъруфи немис Иммануил Кант (1724-1804) оид ба ташаккули тарбия ва ба камол расонидани шахсро дар бар мегирад. Моҳияти масъала, аз тарбия намудан ва ба воя расонидани субъекти воқеии сиёсӣ, ки тавони таъмини манфиатҳои миллиро “дар ин дунёи оҳандил” (таъбири Ҳофиз) дошта бошад, иборат аст”.
Дар ҷои дигар Ятимов таъкид мекунад:
“Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ наметавон масъалаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия – пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад.
Он мушкилотро ҳам эътироф бояд кард, ки аз гузоштани мақсад (муайянкунии идея) то расидан ба воқеияти баробар ба натиҷаи дилхоҳ, фосила тулонӣ ва ниҳоят мушкил аст. Сабаб он аст, ки муҳити атроф, аз ҷумла алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, воқеияти ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, саҳнаи ҳаёт, қонуният ва равандҳои хоси худро дорост. Ҳадаф гоҳо номуайян, ғайрихоҳиш метавонад зери суол монад”.
“Народная газета” – нашрияи русзабони Ҳукумати Тоҷикистон дар шумораи ахири худ мусоҳиба бо доктори илмҳои фалсафӣ, мудири шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаровро вобаста ба авзои Афғонистони ҳамсоя ва таъсири он ба кишварҳои минтақа, хоса Тоҷикистон ба нашр расонидааст. Мусоҳиб аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки кишти маводи мухаддир дар он кишвар имсол ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст ва як қисмати бузурги маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада барои дастгирии неруҳои террористиву экстремистӣ равона хоҳад шуд. Ба назари ӯ асли муборизаҳодар ин кишвар геополитикиву геостратегӣ ва геоиқтисодӣ буда, ҳадаф аз худ кардани захираҳои табиии Афғонистон аз ҷониби абарқудратҳост. Доктор Ҳайдаров тахмин мезанад, ки имсол дар ин кишвар баргузории интихоботи парлумонӣ дар назар аст ва аз ин маърака суистифода намудани неруҳои манфиатдор эҳтимол дорад. Ба назари ӯ, дар сурати раҳ ёфтани ҳамаи неруҳои таъсиргузори Афғонистон ба шохаи қонунгузор имкони ташаннуҷи авзоъ маҳдуд хоҳад гашт.
Нашрияи парлумонии мамлакат “Садои мардум” дар пешорӯи хатм шудани дарс дар мактабҳои миёна ва оғоз ёфтани имтиҳонот ба макотиби олӣ, мавзӯи сарфи назар шудани иншо ҳангоми қабули довталабон ба донишгоҳҳоро ба баррасӣ гирифтааст. Гуфта мешавад ба ҷои иншо имсол навиштани эссеро дохил кардаанд, аммо аксари мусоҳибони “Садои мардум” аз бартариятҳои иншо назар ба эссе изҳори назар намудаанд. Аз ҷумла, Мироншои Фаридун – омӯзгори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки “эссе кори хаттиест байни нақли хаттӣ ва иншо. Он бештар дар макотиби таҳсилоти умумии кишварҳои Ғарб роиҷ аст. Фарқи эссе аз иншо дар он аст, ки муъҷаз ва таъсирнок навишта шуда, ҳаҷми он набояд аз ду варақи чопӣ зиёд бошад”.
Шермад Тоҳиров – устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бошад гуфтааст:
-
«Ятим» мондани иншо иштибоҳи бесобиқа буд. Натиҷаи ин корро ҳар рӯз мебинем. Якумр иншо тафтиш кардему диктант. Хонанда масъулият ҳис мекард. Ҳусни хат дошту саводи ҷавобгӯйи талабот. Мо ҳаққи маънавии як истилоҳи маъмулро тобиши дигари маъноӣ додан надорем. Эссе мафҳуми дигар буда, бештар ҳамчун жанри адабӣ маъмул аст. Иншо рӯи саҳифа овардани мазмуну муҳтавои дар асари бадеӣ инъикосёфта асту ҷанбаи эҷодӣ дорад. Муаллиф то ҷое тавон дорад, мазмуну мундариҷаи асари бадеиро бозгӯйӣ кунад, на ин ки фикрашро дар бораи асар баён намояд. Ин кори муҳаққиқу мунаққид аст. Ин талабот дар эссе вуҷуд надорад. Довталаб он қадар қудрате надорад, ки мазмуни як асари бадеӣ ва хулосаашро дар бораи асар дар ду варақ баён кунад. Мутаассифона, аксар корҳои муҳимро саҳл мепиндорему бидуни таҳлил «кашфиёт»-и ашхоси аз ихтисос дурро роҳандозӣ мекунем. Онҳо барои ҳамқадами замон шудан «ғамхорию дилсӯзӣ»-и хешро ончунон зоҳир мекунанд, ки аксар маврид бар зарари кор аст. Иншо қобилияти баёни хаттии фикрро қавӣ мегардонад, тавассути иншонависӣ имло ва аломатҳои китобатӣ дар зеҳни хонанда нақш мебандад.
Нашрияи “Фараж” ҳам ба мавзӯи хатм ёфтани дарсҳо дар мактабҳои миёна ва маъракаи имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳҳо ду матлаб – “Имтиҳон наздик шуд. “Таға” ёфтӣ?” ва “Диплом барои ҷевон” нашр намуда, масъалаву мушкилоти дар ин замина вуҷуддоштаро баррасӣ намудааст.
“Минбари халқ” – нашрияи ҲХДТ аз афзоиши нархи обрасонии кишоварзӣ дар Тоҷикистон хабар дода, менависад аз соли 2011 арзиши 1 мукаабметри он 1, 5 дирам буд, акнун якбора се баробар афзоиш ёфта, ба 4 дирам боло бурда шуд. Шафоат Назифов, сардори Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори нашрия Неъматулло Худойбахшов гуфтааст, ки бо ин болоравии нарх онҳо мехоҳанд мушкилоти зиёди ниҳоди худ, аз ҷумла пардохти қарзҳои худ ва афзоиши моҳонаи кормандонашонро таъмин намоянд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки имсол аз ҳисоби буҷет бо мулоҳизаи он ки худмаблағгузор мешаванд, 50 фисади маблағҳои Агентиро кам кардаанд. Назифов дар бораи пешниҳодоти идораи худ ба Ҳукумати Тоҷикистон, ки боис ба ҳалли мушкилот мегардад, изҳори назар намудааст.
Дар ҳамин ҳол, “МХ” ваъда додааст, ки дар шумораи оянда назари кишоварзон ва мутахассисони дигари ин бахшро вобаста ба боло бурдани арзиши оби кишоварзӣ ва таъсираш ба онҳоро нашр хоҳад кард.
“Ҷавонони Тоҷикистон” менависад, ҳарчанд вараҷа дар Тоҷикистон коҳиш меёбад, аммо 75 фисади аҳолӣ зери хатари сироятёбии он қарор доранд. Хабарнигор таъкид намудааст, ки ин беморӣ солҳои 60-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бемории оммавӣ ҳисоб мешуд ва он ҳам дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон. Баъдан солҳои навади асри 20 боз ҳам дар паи муҳоҷирати иҷбории мардум ба ҳамсоякишвар вараҷа дар Тоҷикистон дубора пайдо шуд ва авҷ гирифт. Мудири шуъбаи эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ботурхон Тағайкулов гуфтааст, ки “айни замон 75 аҳолии Тоҷикистон зери хатари сироятии бемории вараҷа қарор доранд. Мутаассифона, як давраи муайян аз сабаби тағйир ёфтан вазъи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ҳолати эпидемикии бемории вараҷа номусоид гардид”.
Гуфта мешавад барҳамдиҳии ин беморӣ ба Тоҷикистон имиҷи нав дода, барои ҷалби сайёҳон мусоидат намояд.
“Фараж” зери унвони “Парлумон! Аввал ғами мизоҷони бонкро хӯр!” номаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраевро ба нашр расонида, менависад, ки “ҷанги қонун” байни ин адвокат ва “Тоҷпромбонк” бо ғалабаи мизоҷон итмом ёфт”.
Дар номаи адвокат зикр шудааст, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон ба порлумон дастур додааст, то мухолифати шарҳи қонунҳоро бар нафъи амонатгузорони бонкҳо бартараф кунад. Гуфта мешавад, тақдири амонатдорони “Тоҷпромбонк” беш аз 1 сол боз ба хотири ихтилофи ду қонун гиреҳ хӯрдааст. Дар як тарафи тарозу банди 1-и моддаи 65-уми Кодекси гражданӣ ва дар паллаи дигар банди 1-и моддаи 35-уми қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” меистод. Қонуни аввал нахуст ба пардохти пули амонатдорон ва қонуни дувум нахуст ба пардохти пули идораи давлатӣ тарҷеҳ медод. Бо истифода аз қонуни дувум, Вазорати молия ҳамаи амволи “Тоҷпромбонк”-ро ҳабс кард, чун 110 миллион доллари ин вазорат ҳам дар он банд мондааст. Аз ин рӯ, мудирони муваққат наметавонанд амволи бонки касодшударо фурӯхта, пули амонатдоронро баргардонанд.
“Ман мусалмонзодаи тоҷикам” таҳти ин унвон “Азия плюс” ба баҳсҳои пайдошуда дар Ӯзбекистон оид ба ҳазф намудани бахши “миллат” аз шиноснома дахл намуда, то куҷо имконпазирии ин иқдом дар Тоҷикистонро дар муҳокимаи коршиносу таҳлилгарон мегузорад. Гуфта мешавад, дар сурати 10 000 ҷонибдор пайдо намудани ин иқдом дар Ӯзбекистон парлумони он мамлакат онро ба баррасӣ хоҳад гузошт.
Аммо аксари мусоҳибони “АП” ба қонунӣ гардидани ин амр дар Тоҷикистону Ӯзбекистон шубҳа намудаанд. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ аз ҷумла аз таҷрибаи Фаронса мисол овардааст, ки пеш аз “фаронсавӣ” намудани ҳамаи халқу миллатҳои ин кишвар солҳои тӯлонӣ консепсияи сиёсати миллиро роҳандозӣ намуда, ваҳдати комилро таъмин намуд. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов низ гуфтааст, ки мухолифи ин гуна тасмим аст, чун амалишавии он ба ақаллиятҳои миллӣ душворӣ пеш меорад. Ӯ аз таҷрибаи ҳазф намудани маҳалли зодгоҳи шаҳрвандон дар шиносномаҳояшон мисол оварда, мегӯяд, ки ин иқдом ҳам ба хотири барҳам задани маҳалчигӣ арзёбӣ мешуд, “аммо ҳоло маҳалчигӣ дар шакли боз ҳам дағалтар амал мекунад”.
Мушовири собиқи давлатии Президенти Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов аз таҷрибаи ИМА мисол оварда гуфтааст, ки аз шиноснома гирифтани бахши “миллат” дар ин кишвар маънои халқи ягона гаштани мардуми ин сарзаминро надорад. “То ҳоло дар суҳбатҳои байниҳамӣ таъкид мегардад, ки фалон шаҳрванд амрикоии зодаи Африқо, ё Хитой аст”. Ба гуфтаи Усмонов дар СССР ҳам ин гуна талошҳо буданд, то бахши “миллат” –ро аз шиноснома бадар намоянд, аммо муваффақ нагаштанд. …Дар замони пеш аз Инқилоби Октябр, ки аксари мардуми Осиёи Миёна тақрибан ягон ҳуҷҷат надоштанд, худро чун “мусулмони тоҷикзода, ё қазоқ ё туркман” мегуфтанд.
Аз ҷониби дигар, профессор ба ин назар аст, ки агар ҳоло дар Тоҷикистону Ӯзбекистон банди “миллат” –ро аз шиноснома берун кунанд, дар даҳсолаҳои наздик тоҷикони Ӯзбекистон ва ӯзбекони Тоҷикистон ба чӣ ҳолат гирифтор мешаванд. “Мутмаинам, онҳо забон, расму оин, фарҳанг ва менталитети худро аз даст хоҳанд дод” гуфтааст Иброҳим Усмонов.
Нашрияи “Тоҷикистон” матлаберо дар бораи бонуи сиёсатмадор ва таъсиргузор дар солҳои 60 -80 –и асри 20 Гулҷаҳон Бобосодиқова ба нашр расонида, фаъолиятҳои ӯро дар замони раҳбарии Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов аз забони худаш ба риштаи таҳлил кашидааст. Бону Бобосодиқова зикр намудааст, ки пайдоиши авҷи бедории миллиро танҳо ба охири солҳои 80 нисбат медиҳанд, ки саҳеҳ нест. Аз ҷумла мисол меорад:
-
Охири солҳои 70-ум масъалаи таҳияи як барномаи давлатикунонии забони тоҷикӣ баромад. Соли 1981 бо дархости Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ дар ин бора як мактуб тайёр намуданд. Дар заминаи он қарори Бюрои Комитети Марказӣ ива Шӯрои Вазирон баромад….Дар Маскав ҳам маслиҳатро бо котиби КМ КПСС Михаил Зимянин пазонидем. Ӯ розигиашро барои қабули қарор дод. Ин охири соли 1981 ва аввали соли 1982 буд. Аммо аввали соли 1982 Расулов аз олам гузаштанду Набиев Котиби якум таъин шуда, ба ин масъала дигар таваҷҷуҳ нашуд.
Ӯ ҳамчунин аз он мисол меорад, ки пас аз хатми ДМТ ва муаллим таъин шуданаш дар ин донишгоҳ ноиби ректор Соҳиб Табаров аз ӯ тақозо менамуд, ки дарсҳои математикаро бо забони тоҷикӣ баргузор намояд. “Ман як китоби душвори “Алгебра”-ро варақ ба варақ тарҷума карда, дарс медодам” ба хотир меорад Бобосодиқова.
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, ки дар сафари ИМА қарор дорад, дар шаҳри Фултон аз осорхонаи Уинстон Черчилл – сарвазири Англия боздид намудааст. Гуфта мешавад ин осорхона барои он дар ин шаҳри амрикоӣ қомат афрӯхтааст, ки се рӯз пеш аз қатъи ҷанг сарвазири Англия дар ин ҷо сухани таърихӣ карда буд. Ба тасвири журналисти тоҷик, вақте ба ин осорхона ворид мегардӣ, саҳнаи зиндаи рӯзҳои ҶБВ пешорӯ мешаванд: аз як сӯ суханронии Гитлер, аз ҷониби дигар Черчилл ва Сталлин…
Зимнан, Сайёфи Мизроб пешниҳод намудааст, ки “мо бояд ҳатман 1 осорхонаи зиндаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таъсис бидиҳем. …Имрӯз, ки наворҳо ҳастанд, мо бояд ҳамон майдонҳоро зинда бикунем, ки чӣ гуна экстремизми исломӣ ба ин кишвар роҳ ёфт, сари мардумро гарм кард ва мардум ба майдонҳо кашида шуд”.
Баъдан ӯ ба тавсифи Эмомалӣ Раҳмон пардохта, зикр менамояд, ки “Асосгузори Сулҳу Ваҳдати мо на танҳо Тоҷикистонро, ки қораи Осиёро раҳо бахшид” ва аз ин хотир пешниҳод менамояд, ки чунин осорхона на як, балки 3 –то – Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) ташкил шавад: “Чунки қадамҳои нахустинро дар сиёсати бузург Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри куҳанбунёди Кӯлоб гузошта буд ва ҷангро аввалан дар Қурғонтеппа хатм бахшид ва баъдан ба Душанбе омад ва баъдаҳу Сулҳи комилро тавассути гуфтушунидҳо, хираду андеша ва тафаккури ба худи Ӯ хос поин бахшид”.
“Озодагон” дар гузориши мусаввари худ “Дастурхони рамазонӣ дар кишварҳои дунё” нишон додааст, ки баргузории ифторҳои ҷамъӣ барои хешовандон ва ё ҳамсояҳо аз суннатҳои хоси ин моҳи муборак дар Тоҷикистон ба шумор меравад, вале ин танҳо Тоҷикистон нест, ки ба шарафи Рамазон дастархондории вижа мекунад. Намунаҳои тасвири дастархондории кишварҳои Банглодеш, Ҳинд, Индонезия ва Тоҷикистон як сафҳаи нашрияро пур кардааст.
Дар як матлаби дигари ин нашрия хабар дода мешавад, ки ахиран 8 –уми июн додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба баррасии парвандаи хабарнигор ва роҳбари КВН –и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов оғоз менамояд. Ёдовар мешавем, ки ин хабарнигор 6 моҳ боз бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар боздоштгоҳ қарор дорад.
“Фараж” дар матлабе аз судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Аҳмад Бобозода хабар медиҳад, ки Фирӯз Набиев ва Зафар Хоҷаев, ки журналистони Радиои “Озодӣ”-ро барои навор гирифтани телефонбозор таъқиб намуда, суханҳои қабеҳ гуфта буданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аввалӣ 500 ва дуввумӣ 400 сомонӣ ҷармабандӣ шудаанд. Хотиррасон мешавем, ки ин ҳодиса 25 феврали соли равон иттифоқ афтода буд.