Муҳтавои нашрияҳои чопи Душанбе, 30 майи соли 2018

Деҳқони тоҷик тавсияи Президент Раҳмонро “нодида гирифт”

“Азия плюс” тавсияи Президент Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаро мавзӯи марказии худ қарор додааст. Тибқи он пешниҳод мегардид, то деҳқонони тоҷик аз гирифтани рӯза худдорӣ намоянд. Президент он замон, ба навиштаи нашрия, гуфта буд, ки “Агар ҳоло, ки мавсими киштукор давом дорад, деҳқон ба саҳро набарояд, ҳосил ҳам ба вуҷуд намеояд… Агар деҳқон ба киштукор машғул нашавад, кӯдаконаш зимистон гӯшна хоҳанд монд”.

Дар ҳамин ҳол, аксарияти деҳқонҳо зимни суҳбат бо хабарнигори “АП” гуфтаанд, ки “рӯза ин имтиҳони бузург аст ва ба истиснои нафарони бемор, занони ҳомила дигар ҳама рӯза мегиранд”.

Бархе аз деҳқонҳо гуфтаанд, ки аз рӯза низ худдорӣ карда наметавонанду аз кор ҳам. Барои ҳамин кӯшиш мекунанд, кори худро аз соати 5 –и субҳ оғоз намуда, то нисфирӯз давом диҳанд, ки гармои сахт пеш меояд ва нерӯяшон ҳам коҳиш меёбад. Онҳо изҳор намудаанд, ки ин таҷрибаро солҳои қаблӣ ҳам доштанд, чун тобистони гарм аслан то нисфирӯз кор мекарданд. “Хушбахтона имсол ҳаво низ салқин асту ба кор ва рӯзадориамон мушкили зиёд пеш намеорад” – хулоса кардаанд деҳқонон.

Аммо болоравии нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон ин ҳафта низ дар маркази таваҷҷуҳи матбуоти тоҷик будааст.

“СССР” аз бозори машҳури “Ҳоҷӣ Шариф”-и вилояти Хатлон гузориш намудаву нишон додааст, ки арзиши ҳама намуди маҳсулот майлони болоравӣ дорад. Сабабҳои ин равандро масъулини бозор ба чанд омил, аз ҷумла афзудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва вобаста ба ин қиммат намудани нарх аз ҷониби деҳқонҳо, гарон шудани сӯзишвории дизелӣ ё солярка арзёбӣ кардаанд. Гуфта мешавад нарх дар бозорҳои дигар аз ин то 10% ва бештар гаронтаранд.

Аммо раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода Ҳотам Амиров ба хабарнигори “Садои мардум” – нашрияи парлумонии мамлакат иттилоъ додааст, ки онҳо бозорҳои шаҳрашонро зери назорат гирифта, дар натиҷа нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаву пиёзро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта арзонтар кардаанд.  Ҳатто нархи гӯштро, ки то чанд рӯз пеш 40 сомонӣ будааст, ба 38 сомонӣ фаровардаанд ва савдогарон муваззафанд, ки маҳсулотро танҳо аз рӯи нархнома ба фурӯш гузоранд.

Сайидо Назаров бошад дар “Народная газета” – нашрияи русзабони Ҳукумати Тоҷикистон менависад, ки ба нархномаи дар бозорҳо ва пеши савдогарон овезон ба ҳеч ваҷҳ набояд бовар кард. “Савдогарон дар нархнома рақамеро навишта, аммо маҳсулоташонро бо арзиши дигар савдо мекунанд. Усули дигар ҳам доранд. Нархро метавонанд чун пешина боқӣ монанд, аммо вазн ва сифатро тағйир диҳанд. Барои нишон додани нархи пешниҳодии гӯшт дар пештоқ гӯшти бесифатро мегузоранд, аммо вақте гӯшти босифат мепурсед, аз поён бо нархи гаронтар пешниҳод хоҳанд кард”.

Хабарнигори “СССР” ахиран бо роҳбари ширкати “Алибобо ва 40 роҳзан” Умар Алиматов вохӯрда, мусоҳибаи сарироҳӣ низ анҷом додааст. Ёдовар мешавем, ки дар шумораи гузаштаи нашрия хабар дода мешуд, ки ин тоҷир таъмини гӯшти арзону сифатноки пойтахтро ба уҳдаи худ гирифтааст.  Дар ин суҳбат бо хабарнигор, ки субҳи барвақт дар бозори “Саховат” сурат гирифтааст, ҷаноби Алиматов изҳор намудааст, ки соли сеюм боз ин кори савобро анҷом медиҳад. Аз ҷумла соли гузашта 300 сар чорвои калони шохдорро аз минтақаҳо харидорӣ намуда, забҳ карда, барои сокинони пойтахт гӯшти арзон пешниҳод мекардааст. Ин тоҷир иқрор гардида, ки нарх ва сифати гӯшти пешниҳодиашро шахсан зери назорат мегирад.

Ба хабарнигори “СССР” таҳлилгарон гуфтаанд, ки агар ба ҳамин василаҳо пеши роҳи болоравии нархи гӯшт гирифта намешуд, эҳтимол дошт як кило гӯшт то 50 сомонӣ боло равад, чун зимистону аввали баҳор камбориш омаду сабзаву алаф – хӯроки чорво нарӯид.

“Дар Ғарб оилаҳо аз ҳам мепошанд. Дар мо худкушӣ мекунанд?”

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии мамлакат зимни як суҳбат бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода афзоиши талоқро баррасӣ намудааст. Гуфта мешавад дар соли гузашта аз 78 ҳазору 757 ҷуфт оила барпо карда,  10 ҳазору 100 ҷуфташон аз ҳам пош хӯрд ва ин тамоюл дар соли равон афзудан дорад.

Идигул Қосимзода гуфтааст, ки барои бартараф намудани ин раванд, онҳо бо занону духтарони навхона суҳбату мулоқотҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки шахсони барӯманди диёр ва оилаҳои намунавӣ анҷом медиҳанд. Сабабҳои аслии ин ҳолатро раиси кумита дар “паст будани маърифати шаҳрвандӣ ва ҳуқуқӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, зӯроварии хонаводагӣ, дахолати шахси сеюм ба оила” маънидод карда, гуфтааст, ки “омилҳои вайроншавии оилаҳо бо ангезаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ низ зиёданд ва ҳар яки онҳо пайваста таҳлилу тадқиқи худро тақозо доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир тавсеа ёфтани хушунат ва нобоварӣ нисбат ба якдигар ба ангезаи асосии пош хӯрдани оилаҳо табдил ёфтааст”.

Хуршед Ховарӣ дар “Ҷавонони Тоҷикистон” мавзӯи афзоиш ёфтани худкушиҳо дар Тоҷикистонро ба муҳокима гирифтааст. Тибқи маълумоти расмӣ солона беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд.  Коршиносон гуфтаанд, ки “зиёд гаштани хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад”.  Бархе аз таҳлилгарон ҳамчунин гуфтаанд, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва ҳазм нашудани он аз ҷониби бонувони маҳаллӣ ба ин раванд суръат мебахшад.

Хабарнигор  менависад, ки дар ҳолати моҷароҳои хонаводагӣ масалан дар кишварҳои ғарбӣ оилаҳо аз ҳам ҷудо шаванд, аммо дар шароити кишварҳои шарқӣ бонувон худкуширо роҳи ҳалли масъала меҳисобанд.

“Истеҳсоли машрубот давлатӣ гардад!”

Фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, генерал – полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Народная газета” вазъи умумии сарҳадоти Тоҷикистонро шарҳ додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд пас аз тақрибан 20 сол марз бо Ӯзбекистон боз гардид, аммо ягон мушкили хос дар муносибатҳо  пеш наомадааст. “Масоили пешомада вобаста ба навбатҳои тӯлонӣ дар пунктҳои назоратӣ дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо кормандони масъули ду ҷониб ҳал мегарданд” гуфтааст ӯ.

Сару садое, ки гӯё сарҳадбонони тоҷик дар танҳоӣ ба ҳифзи марз омода нестанд, низ аз назари фармондеҳ дур намемонад: “Новобаста аз мушкилоти мавҷуда сарҳадбонони мо сад дар сад аз уҳдаи вазифаҳои худ мебароянд…Марзбонҳои тоҷик бисёр сахт кор мекунанд. Ҳеч гуна коҳишёбии меъёр, усул ва шеваҳои фаъолият, ки то ин замон буданд, ё ҳастанд, ҳис намегардад”.

Бовуҷуд, генерал Раҳмоналӣ аз аз авзои номаълуми Афғонистон ва таъсири он ба марзи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад: “”Толибон дар 5 соли ахир фаъолмандии худро аз ҷануби Афғонистон ба шарқи мамлакат бештар кардаанд, ки қаблан манотиқи амн ба ҳисоб мерафтанд. Аммо ҳолатҳои вобаста ба фаъолияти террористӣ сабт нагардидаанд, ҳарчанд кӯшишҳои интиқол додани адабиёти мазҳабии экстремистӣ ҷо доштанд, ки дар  натиҷа дар нуқтаҳои марзбонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуд”.

Сироҷиддин Вализода, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабарнигори “Минбари халқ” Неъматулло Худойбахш вазъи бозори маҳсулотро ба таҳлил мекашад. Гуфта мешавад дар паи нигаронии Президент Раҳмон вобаста ба воридшавии маҳсулоти бесифат ба бозорҳои кишвар тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Рейдҳои баргузорнамуда дар сардхона ва анборҳо бархе масъалаҳоро ошкор намуда бошанд, ҳам ба зудӣ ислоҳ гардидаанд.

Ҳамчунин роҳбарияти ин ниҳод ҷомеаи шаҳрвандиро барои мубориза бо маҳсулоти пастсифати роҳёфта дар бозор ҷалб намуда, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва Вайбер мардум ҳамкории фаъол нишон додаанд, ки дар натиҷа миқдори зиёди маҳсулоти пастсифату зараровар аз муомилот гирифта шудаву нобуд гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, 3000 сокинони ВМКБ дар як номаи чопкардаашон дар нашрияи “Тоҷикистон” аз воридшавии машруботи бесифат ба ин вилоят, ки боиси касалмандии одамон гаштааст, изҳори нигаронӣ намудаанд. Онҳо мегӯянд қаблан ҳам бо чунин мактуб муроҷиат карда буданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ҷонибдорӣ ва вазъият то ҷое беҳбуд ёфт. Аммо баъдан овоза кардаанд, ки манъи машруботи спирӣ дар кишвари демократӣ ғайриқонунист. “Ҳол он ки сухан на дар бораи манъи фурӯш, балки манъи фурӯши машруботи спиртии пастсифат меравад”. Дар мактуб мехонем, ки ҳоло дар Хоруғ 15 нуқтаи расмии фурӯши чунин машрубот вуҷуд дорад, аммо онҳо ба фурӯши машруботи ба саломатии инсон хатарнок машғуланд.

Зимнан, сокинони Бадахшон талаб доранд, ки ин нуқтаҳо бо ҳамдастии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Онҳо таъкид менамоянд, ки ин тиҷоратро мафия соҳибӣ дораду танҳо зӯри мақомот ба эшон намерасад. Дар охири нома сокинони Хоруғ талаб кардаанд, ки истеҳсоли машруботи спиртӣ пурра монополияи давлат эълон шавад.

“Сензураи матбуот ба манфиати Тоҷикистон аст?”

Атохон Ғаниев дар “Озодагон” фаъол набудани вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳангоми баррасӣ ва назорати буҷаи давлатӣ ба риштаи таҳлил кашидааст. Гуфта мешавад, тибқи Дастури палатаи поёнии парлумон ин салоҳият бештар  ба Кумита оид ба иқтисод ва молия вогузор шудааст. Аммо мурури хабарнигор ба сомонаи МН ба ғайр аз чанд хабари кутоҳи умумӣ матлаби бештаре пайдо накардааст. Ҳол он ки кумитаи ҳамтои онҳо дар Қирғизистон сари чанд вақт ҳисоботи пурра ва муфассал дар ин бора нашр менамояд.

Дар матлаб зикр мешавад, ки тибқи лоиҳаи созмонҳои байналмилалӣ Котиботи назди Кумитаи МН оида ба иқтисод ва молия таъсис ёфт, ки ҳадаф хароҷоти самараноки  маблағҳои буҷа, шаффофият  ва ҳисоботдиҳии вобаста ба он аст. Дар ин замина муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва вохӯрӣ бо интихобкунандагон бояд сурат гиранд, ки мегиранд. Аммо хабарнигор менависад, ки салоҳиятҳои парлумон бо ин анҷом намеёбад. Зеро яке аз вазифаҳои муҳими шохаи қонунгузор ин назорати иҷрои Буҷаи давлатист.  Ӯ ҳамчунин аз таҷрибаи дигар кишварҳо мисол оварда, дар охир пешниҳод менамояд, ки мебояд Пойгоҳи хароҷоти буҷа таъсис ёбад, то ба ин васила ҳам назорати хароҷот осон шавад, ҳам шаффофият таъмин гардад.

Ҷойгоҳи депутатҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасии журналист Нурулло Ҳасанов низ қарор гирифтааст. Ӯ дар як матлабаш дар нашрияи “СССР” менависад, ки “ман ёд надорам, ки раиси ягон шаҳри ИМА, Олмон, Франсия 10-12 сол дар курсие шинаду яке вакили парламент ва аз он ҷо хез зада, вазир таъин гардад. Ин таҷриба танҳо дар Тоҷикистон аст!”.

Ӯ аз фаъолияти чандин мансабдорони собиқ, ки баъдан вакили парлумон шудаанд, мисолҳо меорад. “Яъне сиёсати кадрии мо ба ҷараёни зиндагӣ, пешрафт, талабот, имиҷи байналмилалӣ созгор нест. Солҳо боз Бег Сабур Хадамоти алоқаи ҷумҳуриро сарварӣ мекунад. Кораш фақат тиҷорат, боғсозӣ, боғи фарҳанг вайронкунӣ, меҳмонхонаҳои 9-12 ошёнасозӣ асту фаъолияти касбиаш хандахариши сомонаю матбуоти дохилию хориҷист, лек миҷааш хам намехӯрад. Хуб мебуд кадрҳо 5-6 сол пас иваз мешуданд”.

Дар матлаби дигари ҳамин муаллиф, ки дар нашрияи “Тоҷикистон” чоп шудааст, ӯ дар мавзӯи футбол ва мавқеи он дар Тоҷикистон андешаҳояшро навиштааст. Нурулло Ҳасанов аз кишварҳои аврупоиву африқоӣ мисол меорад, ки дар ҳар лигаашон 6-7 дастаи пурзӯру тавоно доранд. “Дар мо бошад, ягон даста каме мавқею шуҳрат, ҷуръату ҷасорат пайдо кард, аз паи шикастани он мешаванд. Дидед, ки “Равшан”-у “Парвоз”, “Истаравшан”-у “Ҳосилот”-ро чӣ кор карданд? Охир ба як “Истиқлол” баҳор намешавад –ку.  Ба мисли дигар сохторҳои давлатию қудратӣ футболро низ ришваборон кардаанд”.

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар матлаби худ “Таърихи куҳан дорему давлати ҷавон” вокуниш ва матолиби бархе муаллифон дар шабакаҳои иҷтимоиву интернетиро муҳокима намудааст.  Муаллиф менависад, ки сатҳи ошкорбаёниву демократияи Тоҷикистонро бо Русия низ, ки дар интернет таъриф кардаанд, муқоиса намудан имкон надорад, чун Русия 1156 сол боз арзи ҳастӣ дораду мо нав 26 сол. “Барои расидан ба истиқлолияти куҳан давлату Ҳукумати ҷумҳуриро мебояд роҳҳои пурэътимодро истифода барад ва ин чун дар амал аст, мухолифон ба дод омадаанд. Таҳти сензур қарор доштани матбуоти даврӣ низ дар ин давра ба манфиати кор аст…”.

Previous articleВақте ҷомеаи шахсиятсоз ба ҷомеаи шахспараст табдил мешавад
Next articleМо бояд ҳатман осорхонаи зиндаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таъсис бидиҳем!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here