Устоди гиромӣ!

Тавре устоди дигари мо Иброҳим Усмонов дар як матлаби ба Шумо бахшидааш зикр мекунад, “Мансур Султонов на фақат чун журналисти телевизион ва радио, балки ҳамчун як роҳбари тавоно, чун як шахсияти сиёсӣ, ки тамоми умрашро фидои хизмати идеологӣ кардааст, дар муҳити эҷодии Тоҷикистон шуҳрат дорад. Вай тамоми умр дар як ҷо – дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон меҳнат кардааст. Аммо дар дафтарчаи меҳнатиаш як қайд нест, балки қайдҳои зиёдеанд, ки онҳо камолоти меҳнатии ин марди шарифро бозгӯ мекунанд. Аз журналисти оддӣ то ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио. Чунин аст саҳми вай дар журналистикаи тоҷик”.

Воқеан ҳам хидматҳои Шумо дар журналистикаи тоҷик, хоса бахши телевизион ва радиои он бисёр муҳим аст. То ҳанӯз Шуморо ба сифати як журналисти нозукбину муъҷазбаён, махсусан дар жанрҳои хабарӣ, ба хотир меоранд ва сабақҳои Шумо ёрдамчии беминнати даҳҳо шогирдонатон аст.

Дар замони масъулиятатон ба сифати директори телевизион намоишҳои ҷаззобе дар силсилаи «Сапеда», «Дугонаҳо», «Як рӯзи шумо», «Беғараз панд», «Чойхонаи дилкушо», «Муҳаббат ва оила», «Панде» ба миён омаданд.

Ба ҳайси муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони мушкил фаъолияти муҳим намуданатон дар сафҳаҳои таърих дарҷ хоҳад гашт.
Замони директори Радиои Тоҷикистон буданатон тасмимҳои шумо воқеан таъсиргузор будаанд:
бахши сиёсии радиои Тоҷикистон хеле пурқувват шуд, гуфторҳое, ки сарредаксияи тайёр мекард, ба воқеаҳои дохилию хориҷии Тоҷикистон баҳои объективӣ медоданд”. Аз ин ҷост, ки мегӯянд, “дар солҳои муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар радио будани Мансур Султонов мавқеи идеологии радиои моро мустаҳкам мекард”.

Шарҳҳои сиёсии Шумо аз авзои минтақа ба нашр мерасиданду хонандаи хоси худро доранд.
Мо бовар дорем, ки таҳлили илмии фаъолияти Шумо дар ин бахшҳо ҳатман мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз номи ҳамкасбон ва шогирдонатон Шуморо ба 70 –солагии мавлудатон табрик намуда, бароятон умри бобаракат, комёбиҳои нави эҷодӣ ва дар ҳаёти ояндаатон хушбахтиву хурсандиҳо таманно доранд.

Бо ихлосу эҳтиром,
Раёсати Шӯрои ВАО

Previous article15 соли фазои “Ватан”
Next articleМаҳалгароиро ба воситаи хешутаборчигӣ барҳам додан мумкин нест!
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here