Нашрияҳои Тоҷикистон ин ҳафта кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуданд?

“Шаҳри бехатар” ба буҷа 104 миллион сомонӣ ворид намуд!

Бобоҷон Муродов, муовини сардори Маркази идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» – и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни як суҳбат бо хабарнигори нашрияи расмии мамлакат  – “Ҷумҳурият”  маълумот додааст, ки танҳо дар се моҳи аввали соли равон, дар пойтахти мамлакат тавассути камераҳои назоратӣ 32 ҷиноят ошкор гардида, 65 341 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ дар самти танзими воситаҳои нақлиёт сабт шудааст.

Гуфта мешавад, ки камераҳои баландсифати мушоҳидавии марказ, ки «Политсияи электронӣ» ном доранд, дар масофаи то 200 метр ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниро ба навор мегиранд. Ба иттилои Муродов, вазифаи асосии онҳо танҳо аз назорати воситаҳои нақлиёт иборат набуда, ҳолатҳои  авбошӣ, мастӣ, дуздӣ, рабудани воситаҳои нақлиёт, бадахлоқӣ, кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бархӯрду низои нафарони алоҳидаро низ ошкор месозанд.

Тибқи маълумоти нашршуда аз ҳуқуқвайронкунандагон зиёда аз 104 миллион сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷети давлат ворид гардидааст. Ба гуфтаи Бобоҷон Муродов, қарор аст, барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, боз дар 7 чорроҳа ва 80 нуқтаи осебпазир камераҳои назоратӣ насб шавад. Бар илова, мувофиқи нақша дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар чунин камераҳо ба зудӣ насб хоҳанд шуд, ки барои ин корҳои муҳандисию лоиҳакашӣ идома доранд.

“Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки ислоҳоти гуногунро талаб мекунад”

Ҷурахон Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дар матлабе таҳти унвони “Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ислоҳоти нави ҳуқуқэҷодкуниро тақозо менамояд” дар нашрияи “Садои мардум” «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» -ро баррасӣ намудааст.

Тавре муаллиф зикр менамояд: “Тоҷикистон бо ­мақсади гузаро­ни­дани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, қабули стратегияҳои нав, банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо ва монанд ба ин эҳтиёҷ дорад”.

Ҳамчунин ба гуфтаи раиси кумитаи Палатаи поёни парлумони мамлакат дар ин бахш чанд масъалае вуҷуд доранд, ки ислоҳот мехоҳанд. Аз ҷумла:

  • Дар шароити кунунии ҳуқуқэҷодкунӣ, умуман, соҳаҳои асосии ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, бо ҳуҷҷатҳои зарурии кодификатсияшуда таъминанд ва инкишофи муосири қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро (аз ҷумла, системаи ҳуқуқии дар солҳои истиқлолият пайдошударо) пурра баанҷомрасида шуморидан мумкин аст. Минбаъд дар назди субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вазифаи зарурати тезонидани эҷоди қонунҳо гузошта намешавад, гарчанде мушкилоти мавҷудаи қонунгузорӣ хеле муҳим буда, қонунгузории амалкунанда аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва мундариҷа якхела нест. То имрӯз техникаи қонунгузорӣ ба таври кофӣ ба система дароварда нашудааст ва аз рӯйи таҳияи техникию ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва таъминотӣ онҳо дар зинаҳои гуногун қарор доранд. Номукаммалӣ ва зиддияти қонунгузории амалкунанда сабабҳои объективӣ, ба мисли набудани истилоҳоти ягонаи ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ, қабул намудани санадҳои нави қонунгузорӣ бе мувофиқат бо қонунгузориҳои амалкунандаи шӯравӣ, набудани экспертизаи ҳатмии илмию ҳуқуқии қонунҳои барои ҷамъият ҳаётан муҳим, махсусан, дар соҳаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, андозситонӣ, буҷет ва фаъолияти бонкӣ доранд, ки сабаби камбудӣ, ихтилоф ва баҳсҳо дар истифодаи қонунгузории амалкунанда мегарданд.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилае қарор дорад, ки гузаронидани ислоҳоти гуногунро талаб мекунад. Аз ин сабаб, эҳтимоли дар қонунгузории амалкунанда тағйироту иловаҳои мувофиқ дохил кардан, ки ворид намудани механизмҳои нави татбиқи онҳоро талаб мекунанд, вуҷуд дорад. Дар ин гуна шароит стратегияи муосири рушди эҷоди қонунҳо ва татбиқи он бо дар назар доштани ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мудофиа, технологӣ ва дигар соҳаҳои инкишофи қонунгузорӣ зарур аст.

“Аз 75 000 га заминҳои президентӣ 9000 га бозпас гирифта шуданд”

“Минбари халқ” нашрияи ҲХДТ майдони кишти зироатҳои ғизоӣ ва маҳсули онҳоро ба муҳокима гирифтааст. Неъматулло Худойбахш дар матлаби худ аз қавли маълумоти оморӣ менависад, ки дар Тоҷикистон ҳамасола гӯё миллион ва ҳазорҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мегардад. Бо вуҷуди ин, дар охири зимистон ва авоили баҳор норасоии маҳсулоти ватании кишоварзӣ ҳамаҷониба эҳсос шуда, арзиши он бамаротиб боло меравад. Гуфта мешавад маъракаи “изофанависӣ” дар Тоҷикистон ҳамоно побарҷост ва воқеиятҳоро рӯпӯш менамояд. Ҳол он ки ба навиштаи Худойбахшов аз қавли коршиносон барои таъмини амнияти ғизоӣ ҳар мамлакатро зарур аст, ки 70-75 фоизи маҳсулоти ғизоиро худ истеҳсол намояд ва имкон дорад танҳо 20 -25% аз хориҷа ворид гардад.

Аммо дар Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон бо сабаби истифодаи нодурусту бесамари замин ҳосилнокӣ ҳамасола коҳиш меёбад. Дар натиҷа, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар соли гузашта бо сабаби бад будани ҳолати мелиоративӣ даҳҳо ҳазор гектар, аз ҷумла заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун шудаанд. Як қисмати дигари заминҳои обӣ бо сабаби корношоямии шабакаҳои обрасонӣ ба заминҳои лалмӣ ва бо сабаби норасоии об ба намуди заминҳои партов табдил ёфтаанд.

Сабабҳои дигари камҳосилии заминҳо ба қавли таҳлилгарони дар матлаб изҳори назар намуда ин дониши сусти кишоварзии мардум, киштгардон накардан, кӯчиши мардуми деҳот ба шаҳр, маоши ками деҳқон ба ҳисоб мераванд.

Гуфта мешавад  Тоҷикистон 705 000 га замини кишт дорад, ки 490 000 га аз он обёришаванда аст, ки ин барои таъмини мардум кифоят мекунад. Аммо бо сабабҳои зикршуда мушкилот побарҷо мондаву дар ин замина мақомот маҷбур шудаанд аз 75 000 га заминҳои ба истиллоҳ президентии қаблан додаашон 9 000 гектари онро бозпас бигиранд.

“”Тиҷорати илм” хиёнат аст!”

Абдулҳаким Розиқзода- раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар матлабе, ки дар “Народная газета” чоп кардааст, ба таърихи пайдоиши ин муассиса мурур менамояд. Муаллиф қайд менамояд, ки “дар замони шӯравӣ чунин муассисае вуҷуд дошт, аммо он аз Маскав идора мешуд. Танҳо аз соли 2014 Тоҷикистон тасмимҳое дар бораи ташкил намудани КОА гирифта бошад ҳам, ҳамоно 22 шӯрои диссертатсионӣ дар назди КОА -и Вазорат и маориф ва илми Русия амал мекунад”. Гуфта мешавад аз 67 шӯрои диссертатсионӣ, ки барои 190 ихтисос амал мекунанд,  42 –тоаш дар назди КОА-и Тоҷикистон, 22 тоаш дар назди КОА –и Русия ва 3 тоаш дар назди КОА-и Қирғизистон фаъоланд.

Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи мушкилот дар ин бахш навишта, аз ҷумла аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз се шабакаи низоми комиссияҳои аттестатсионӣ амал мекунад, яъне КОА –и Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ва ин барои танзими бахш мушкилот пеш меорад.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Розиқзода “танҳо КОА –и Тоҷикистон метавонад манфиатҳои миллии кишварро ҳимоят намояд, бояд он бо фановариҳои навтарин муҷаҳҳаз гардад ва танҳо барои ҳимояи корҳои илмие дар ҳамсоякишварҳои наздик иҷозат диҳад, ки мо мутахассис надошта бошем”.  Ӯ ҳамчунин менависад, ки як қатор шӯроҳои илмиро саросема ва то охир наомӯхта ташкил кардаанд. Аз ин ҷост, ки дар бархе аз ин гуна шӯроҳо ҳарчанд солу моҳҳо аз ташкилёбиашон гузаштааст, ягон рисолаи илмӣ ҳимоя нашудаанд. Дар баъзеи дигар бошанд, муҳити носолими корӣ ба миён омадааст.  Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ишора намудааст, ки ин гуна шӯроҳоро ҳамаҷониба омӯхта, муҳокима хоҳанд кард.

Дар охири матлаб, Розиқзода ба сарусадои пайдошуда аз фошкориҳои Диссернет дахл намуда, менависад онҳо аз асардуздӣ ҷонибдорӣ намекунанд, чун ин қонуншиканӣ ҳам буда, муҷозот низ дорад. “Аммо дар навбати худ мо аз мавқеи онҳое ҳимоя намекунем, ки бо ин фошкориҳои “Диссернет” Ҳукумати Тоҷикистонро сиёҳ карданӣ мешаванд”   .

Ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе олимон дар ҳақиқат ба “тиҷорати илмӣ” машғуланд, ки ин хиёнат ба илм маънидод мешавад ва аз он бояд ҷилавгирӣ намуд. “Дур нест, он рӯз, ки ин одамон фош шуда, шарманда хоҳанд гашт” хулоса мекунад раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулҳаким Розиқзода.

“Паи пои сарояндаҳои сурудҳои бесифат бояд комилан рӯфта шавад!”

“Ҷавонони Тоҷикистон” аз як иқдоми вазорати фарҳанги кишвар дар бораи номнавис кардани ҳунармандоне, ки ҳаққи иштирок дар маъракаҳои ҳукуматӣ ва дигар маросимро доранд, истиқбол намуда, аз матни сурудҳои Бобораҷаб, Қадами Қурбон, Зайнаб, Ҷамилаи Икром намуна меорад, ки на ба мантиқ мувофиқанд, на ба вазну радиф.

Масъулини вазорати фарҳанг гуфтаанд, ки пас аз тартиб додани ин рӯйхат ҳунармандони ба истиллоҳ кӯчагӣ на танҳо дар маъракаҳои ҳукуматӣ, ҳатто тӯйю маросими мардум ҳаққи иштирокро аз даст хоҳанд дод. Дар ҳамин ҳол, муаллифи матлаб Хуршед Ховарӣ тақозо менамояд, ки ин гуна сарояндаҳо на танҳо аз ин маъракаҳо, балки аз интернет ҳам бояд поккорӣ шаванд. Вале ин бо кадом василаи ҳуқуқӣ ва техникӣ имконпазир аст, муаллиф зикр наменамояд.

“Дӯконҳои бозори “Меҳргон”-ро шахсӣ кардаанд”

“Фараж” мавзӯи боло рафтани арзиши маҳсулот дар арафаи моҳи шарифи Рамазонро бештар инъикос менамояд. Хуршед Атовулло дар сармақолаи худ менависад: “Моҳе дар мекӯбад, ки ба зоҳир ҳама худро тақводору мусалмони ҳақиқӣ мегиранд. …Яке аз рӯи эътиқод рӯза мегирад, дигаре барои саломатӣ, саввумӣ барои худнамоӣ, чаҳорумӣ аз шарм”…

Дар идомаи матлаб муаллиф аз мушкилоти пешомада дар ин моҳ, махсусан болоравии арзиши маҳсулот мегӯяд ва ба ин назар аст, ки танҳо рақобат метавонад ин ҳолатро дигаргун созад ва савдогаронро аз беинсофӣ, мардумозориву ҳаққимардумхӯрӣ боздорад.

Дар матлаби “Ҳаннотӣ” –и Убайдулло Раҳимов, ки дар ҳамин нашрия ба чоп расидааст, ин мавзӯъ идома ёфта, аз ҷумла аз вазъи бозори “Меҳргон”, ки 4 сол пеш бо маблағи калони шаҳрдорӣ бунёд шуд, нақл менамояд. Ӯ ҳамчунин аз ҳамон тоҷироне мисол меорад, ки дар ҳудуди ин бозор фаъолияти ба гуфтаи муаллиф “ҳаннотӣ” доранд. Муаллиф рақобатро василаи ягонаи коҳиш додани нархҳо арзёбӣ карда, аз кушодашавии сарҳад бо Ӯзбекистон ва ба ин восита поин рафтани хеле нархи маҳсулот мисолҳо меорад. Гуфта мешавад ин иқдом “хашми” тоҷирони маҳаллиро овард ва танҳо бо дахолати ниҳодҳои қудратӣ ҳалли худро пайдо намуд.

Дар охири матлаб муаллиф аз шароитҳои рақобатпазир дар “Меҳргон” нақл карда, аз қавли яке аз ҳамсуҳбатҳояш менависад, ки аксарияти дӯконҳо кайҳо шахсӣ шудаанд ва ин ба қимматшавии маҳсулот мусоидат намудааст.

“Мо муллои миллатчиву коммунисти миллатгаро надорем!”

“Маҳалгароӣ!!!” таҳти чунин унвон Сайёфи Мизроб дар сармақолаи худ дар нашрияи “СССР” ба проблемаи мубрам – маҳалгароӣ дахл намуда, мегӯяд ҳамаи тоҷикон маҳалчианд, аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо. Роҳи ягонаи ҳалли ин масъала аз назари Сайёфи Мизроб пайдо шудани миллатчиҳоанд. “Фаромӯш накунед, ки миллатҳоро фашистонаш, миллатпарастонаш, миллатгароёнаш зиндаву ҷовид мекунанд” менависад ӯ.

  • Мо ягона миллате ҳастем, ки Исломи нобро ба авҷи шӯҳрат бардоштаву аз он бар нафъи миллат истифода набурдем. Мо ягона миллате ҳастем, ки аз 70 соли шӯравӣ бар нафъи миллат корбаст накардем. Баракс ҳам Ислому ҳам Шӯравиро бар зидди миллати хеш истифода кардем: То имрӯз Исломи Тоҷикӣ машинаи зиреҳпӯшест зидди миллати Тоҷик ва маҳз тоҷикон 70% сарзамини Тоҷиконро ба ҳамсояҳо дар даврони советӣ ҳадя кардаанд. Зеро мо муллои миллатчиву коммунисти миллатгаро надоштем! Ҳамакнун бояд аз даврони Истиқлолият истифода бурду ходимони давлативу ҳизбиву сиёсии миллатгаро оварид. Дер нашудааст. Фикр кунед…

Сайёфи Мизроб менависад, ки аз сиёсати миллатгароӣ набояд тарсид, чун таҷрубаи санҷидашуда аст. Ӯ аз Фаронса, Испания, Италия, Юнон, Германия мисолҳо меорад, ки ин сиёсатро истифода менамоянд.

“Мутаассуф, дар мо гореидеологҳо фикр доранд, ки маҳалгароиро метавон бо непотизм барҳам рехт. 100% андешаи хому ғалат аст. Хешутаборчизм бунёди маҳалгароист! Маҳалгароиро танҳо бо минифашизми миллӣ, миллатгароии кабир ва миллатдӯстдории беҳудуд метавон маҳв сохт” хулоса мекунад муаллиф.

“Тафаккури тоҷикистонӣ чӣ гуна бошад?”

Профессор Иброҳим Усмонов дар як матлаби нашркардааш дар “Озодагон” мавзӯи мавзӯи “тафаккури тоҷикистонӣ” –ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ менависад:

“Дар ин миллат албатта халқи пешбаранда халқи тоҷик аст. Чунки давлат бо номи ин халқ сохта шудааст, вале дар ин росто ҳар халқи дигаре, ки дар Тоҷикистон ҳасту зиндагӣ мекунад (масалан рус, қирғиз, қабилаҳои туркзабон…) вақте берун аз кишвар мераванд, худро тоҷикистонӣ муаррифӣ мекунанд…. Фарз намудем намояндаи яке аз қавмҳои ғайритоҷик ба сари қудрат ояд (Конститутсияи мо ба ин рухсат медиҳад) вай манфиати Тоҷикистонро ҳимоя менамояд….Пас миллат будан онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри  ҳамзабон не, ҳамтақдир ва ҳамзамини худ ҳастӣ…”

Профессор ба ин назар аст, ки “Тоҷикистонӣ будану аз Тоҷикистон ифтихор кардан мутлақо маънои худро аз  халқу давлати дигар боло гузаштанро надорад. Агар ин гуна эҳсос ба вуҷуд омад, ин миллатчигӣ ба ҳисоб меравад”.

“Таҷрибаи директории совхоз ба Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои давлатӣ то куҷо кӯмак намуд?”

Шарифи Ҳамдампур дар гузоришаш дар нашрияи “Тоҷикистон” аз як сафараш ба Белорус ва ширкаташ дар нишасти матбуотии Лукашенко нақл намудааст. Ӯ менависад, ки пешопеши сафар ба Минск  аз яке аз мақомдорон пурсидааст: Агар бо президенти Белорус рӯ ба рӯ мешуд, аз ӯ чӣ мепурсид?

Мақомдор посух додааст, ки Лукашенко ҳам мисли Президенти Тоҷикистон аз мақоми директории совхоз ба раҳбарии як кишвар расидааст. Пас аз ӯ пурсида шавад, ки ин таҷриба дар корҳои давлатӣ то куҷо коромад гардид?

Ҳамдампур дар нишасти президенти Белорус ширкат намудаву ин пурсишро пешниҳод кардааст. Савол ба Лукашенко писанд омадаву посух додааст:

  • Ман бо роҳхати комсомол ба хоҷагии қишлоқ омадам. Он вақтҳо ҳамин тавр буд. Роҳбар муҳим нест, ки аз паси дастгоҳ ё пушти испор сабзида расида бошад, муҳим он аст, ки зинаҳоро тай намояд ва руҳан ҳамаи инро дар худ ғунҷонда тавонад. Ман бисёр мехостам муҳаббати мардумро сазовор бошам. Чуноне дӯсти ман Эмомалӣ Раҳмон сазовор гаштааст. Албатта таҷрибаи андӯхтаам ба ман имконият медиҳад, ки мустақилона қарор қабул кунам, ба маслиҳати коршиносону мутахассисон камтар муҳтоҷ бошам….

Дар идомаи нишасти матбуотиаш Лукашенко ҳамчунин ба саволҳо дар бораи тақдири президенти собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки дар Белорус панаҳ бурдааст, оид ба муносибаташ бо кишварҳои ғарбӣ, вобаста ба бурду бохташ аз узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ, тақлид накарданҳояш ба Путин ва ҳамчунин ояндаи фарзандонаш посух додааст.

Previous articleМансур Султонов 70 сола шуданд
Next articleВақте ҷомеаи шахсиятсоз ба ҷомеаи шахспараст табдил мешавад
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here