Шарҳи матбуоти чопи Душанбе – 8 майи соли 2018

  • “Терминали Душанбе акнун ҳатто ҷои нигаҳдории ҳайвонот низ дорад!”
  • “СССР не, Амрико дар ҶБВ ғолиб омад?”
  • “Антиплагиати Тоҷикистон аз соли 2015 фаъол будааст”
  • “Мо равшанфикрони калавандаи зиёде дорем”
  • “Дар Сурия як зани калонсол 200 доллар ва ҷавон бошад $3000 фурӯхта мешудааст”
  • Фошгӯиҳои сафири Арабистон дар Тоҷикистон нисбати мавқеъгириҳояшон бо Эрон
  • “Made in Tajikistan: Тоҷикистон чӣ истеҳсол мекунад?”
  • “Паси бизнеси калян ва шоколаднитсаҳо дар Душанбе афроди дастдароз нишастаанд”

Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва наҳваи қадрдонии қаҳрамонҳои он яке аз мавзӯъҳои муҳими нашрияҳои мамлакат ба ҳисоб меравад.

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Тоҷикистон табрикоти Президент Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Ғалабаро ба нашр расонидааст, ки дар он аз ҷумла мехонем: “Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд”.

Дар ҳамин шумораи худ, нашрия хабар медиҳад, ки солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазор дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтанд.   Гуфта мешавад, айни ҳол, дар кишвар аз 208 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар таъмини Ғалаба саҳми намоён доштанд, танҳо 345 нафар дар қайди ҳаётанд. “Корнамоиҳои бемисли шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бо ордену медалҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд” аз қавли Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад Мунаввари Сафар.

Ёддошти хотироти қаҳрамониҳои иштирокдорони ҶБВ Насрулло Ниёзов, Муҳиддин Зоиров, Муқим Набиев, Чӯлибой Комилов дар “Ҷумҳурият”, Саидаҳмад Каримов, Қодир Ашӯров, Элбой Шукуров, Маърифхон Бойматов, Муҳаммадниёз Мухторов, Мирзоюсуфу Мирзоҷалил Ҳамдамовҳо, Эргашалӣ Қобилов, Ганҷал Азимов дар “Садои мардум”, Ҳаким Қурбонов, Сангалӣ Нуралиев, Раҳмат Қаландаров дар “Минбари халқ”, Латифхон Муродов дар “Фараж” ба таври густурда инъикос ёфтаанд.

“Минбари халқ” дар ин бора менависад, ки ҲХДТ дар арафаи Иди Ғалаба ба хонаи чанд иштирокчии ҶБВ рафта, онҳоро аёдат намудаву туҳфаҳо супурдааст.

Аммо мавзӯи ҶБВ ва Рӯзи Ғалаба дар матбуоти тоҷик танҳо аз васфи қаҳрамониҳо иборат нест. Хуршед Атовулло дар сармақолааш дар “Фараж” мавзӯъро аз паҳлӯи дигар бозтоб додааст: “Ба наздикӣ дар Интернет маводе хондам, ки гӯё Шӯравӣ не, балки Амрико (!) дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ ғалаба карда будааст. Амрикое, ки танҳо соли 1943 ба ин набард ҳамроҳ шуду каме бештар аз 400 000 ҳазор қурбонӣ додааст. Дар ҳоле Шӯравӣ беш аз 28 миллион қурбонӣ дода буд. Мебинам, баъзе аз раҳбарони раддаи авали Амрико бо далели он ки «маблағи зиёде барои фирӯзӣ ба Шӯравӣ додаанд», ба ин гуна «таърихсозӣ» зид нестанд. Коми «таърихсозон»-ро ширинтар мекунанд. Вале барои як давлати абарқудрат ботил ҳисобидани ҳақиқат, моли хеш эълон кардани фирӯзии дигарон намезебад!…
Баъзе ВАО-и Русия ҳам дар «таърихсозӣ» ҳунарманд шудаанд ва сурх нашуда, сафедро сиёҳ мегӯянд. Масалан, оҷонсии давлатии «РИА- новости». Ин оҷонсӣ ба муносибати 73-солагии ғалаба лентаеро бо ранги орден ва медали фирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ба маърази тамошо гузоштааст ва номи онро «лентаи георгиевӣ» номидаанд.
Таърихшиносон некӯ медонанд, ки орден ва медали ғалаба бар Олмони фашистиро коммунистон таъсис додаанд ва онҳо худро бехудо («атеист») медонистанд. Пас, чӣ гуна Георгии муқаддас метавонад ба ин лента алоқамандӣ дошта бошад? Магар ба он оҳанги динӣ додану мардуми мусулмонро аз ин ғалаба маҳрум кардан нишони аблаҳию ҳамоқат нест? Магар ин ба шаъни давлати сермиллате чун Русия, ки миллионҳо нафар мусулмононаш дар ғалаба саҳм доштанд, мезебад?
Ҳамон тавре ки худи русҳо мегӯянд, «ҳақиқатро ҳарчанд чапу рост тоб диҳед, он намешиканад». Ҳақиқат ин аст, ки 9-уми май ҷашни Ғалаба бар фашизм, ғалабаи сулҳ аз болои ҷанг, ғалабаи некӣ бар бадӣ аст ва онро набояд касе, ҷомеае, давлате танҳо моли худаш муаррифӣ кунад.”

Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия плюс” бошад, дар матлаби “Чаро ман 9 май шарм мекунам?” аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки нафақапӯлии ин қаҳрамонҳо феълан хеле кам буда, танҳо як рӯз аз онҳо қадрдонӣ сурат мегирад.

“Садои мардум” гузорише аз иҷлосияи Маҷлиси намояндагон чоп кардааст, ки дар он дар қатори масоили дигар,  масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» баррасӣ шудааст. Муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов дар назди вакилон суханронӣ намуда, қайд мекунад: “Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млрд. 914 млн. йени японӣ (тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА) грант ҷудо намуд”.

Ин лоиҳа мавриди баррасии вакилон сурат мегирад. Вакил Абдуҳалим ҒАФФОРОВ мепурсад:

Баъди ба анҷом расидани татбиқи лоиҳа вазъи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то чӣ андоза беҳтар мешавад?

Аслиддин МЕЛИКОВ: – Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми чорабинии маҷмӯӣ барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад. Баъди ба охир расидани татбиқи лоиҳаи зикршуда вазъ дар ҳама самти хизматрасонии мусофирон боз ҳам беҳтар мегардад.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода суоли дигар мегузорад:

 –  Барои он ки терминал самаранок истифода гардад, мо бояд донем, ки чӣ қадар молу маҳсулот ба он ворид ва хориҷ мешавад. Ҳоло асосан ба он ҷо бағоҷи мусофирон ворид мешаваду ба онҳо баргардонда мешавад.

Минбаъд зарфиятҳои нав чӣ гуна ва ба кадом мақсад истифода мешаванд?

Аслиддин МЕЛИКОВ: – То ба кор даромадани терминал анбори нигоҳдории молҳои тезвайроншаванда надоштем. Ҳоло дар терминали нав тамоми шароит муҳайёст. Ҳатто ҷойи нигоҳдории ҳайвонот низ мавҷуд мебошад. Тамоми иқтидори мавҷудаи терминали нав пурсамар истифода хоҳанд шуд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷаббор Ахмедов низ андешаҳои ҷолиб баён медорад:

 Ҳадафи асосии созишнома на фақат мус­таҳкам кардани заминаи моддию техникии фурудгоҳ, балки баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон низ мебошад. Мо соли гузашта ҳангоми баррасии масъалаи вазъи хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ як қатор пешниҳод дар робита ба беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳ ҳангоми амалӣ кардани ҳама гуна расмиёт иброз дошта будем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло бояд кори зиёд анҷом дод ва таваҷҷуҳи роҳбарияти онро мо ба ин масъалаҳо ҷалб менамоем. Хусусан, сифати хизматрасонӣ ба мизоҷонро бояд баланд бардошт.

“Азия плюс” мавзӯи аз муомилот гум ё камчин шудани доллари амрикоиро баррасӣ намудаву аз он изҳори ташвиш менамояд, ки ҳарчанд дарёфти доллар дар бонкҳо мушкил дорад, аммо “бозори сиёҳ” авҷ мегирад.

Дар як матлаби дигари ин нашрия, Валентина Қосимбекова мавзӯи заминларзаҳои паёпаи рухдода дар мамлакатро пайгирӣ намудаву то куҷо омода будани биноҳои баландошёнаи пойтахти кишварро ба баҳс мекашад.

“Антиплагиат” ба мо чӣ лозим?” ном матлаби Ҳайдар Шодиев аз он мегӯяд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон новобаста аз бархӯрди  “Диссернет” корҳои ба асардуздӣ айбдоршударо бознигарӣ карданӣ нест. Аммо назорат аз болои комиссияҳои аттестатсиониро ҷиддитар мекунад.

Яке аз масъулини АИ ба хабарнигор иттилоъ медиҳад, ки шабакаи электронии “Антиплагиат” дар Тоҷикистон мафҳуми нав набуда, ҳанӯз аз соли 2015 фаъол аст. Вале ӯ иқрор мешавад, ки дар роҳандозии “Антиплагиат” бо забони тоҷикӣ мушкил доранд.

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар матлаби “MADE IN TAJIKISTAN” корхонаҳои истеҳсолии мамлакатро баррасӣ намудаву менависад, ки дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд ва суръати афзоиши онро масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 113,1% арзёбӣ кардаанд.

Аммо Тоҷикистон чӣ истеҳсол мекунад?

– Дар семоҳаи якуми соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридотӣ ба монанди риштаи пахтагин, гипсокартон, ранг, равғани чорво, картошкаи бирён, гаҷ, ширеши сохтмонӣ, коғази ташноб, сӯзишвории дизелӣ, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқи бачагона, мебел, молҳои чармии хромӣ, қубурҳои металӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошӣ, семент, хишт, ангишт, пойафзол, трансформатор, маҳсулоти дӯзандагӣ, маҳсулоти кабелӣ, нӯшокиҳои беспиртӣ, обҳои маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, биринҷ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти макаронӣ, равғани растанӣ, консерваҳо, меваи хушк, либоси мактабӣ, тахтасангҳои мармарӣ, коркарди пӯст, маҳсулоти кашбофӣ, газворҳои пахтагин, молҳои чарми хромӣ ва маҳсулотҳои дигар барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба таври назаррас истеҳсол шудааст. Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд гашта, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, – омадааст дар ҳисоботи семоҳаи ин вазорат.

Хабар дода мешавад, ки дар ин муддат дар коргоҳҳои истеҳсолии саноати сабук ҳудуди 500 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудаву дар ин муддат 5 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли маҳсулоти зерин, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, либос барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин ва мебел дар корхонаҳои соҳа ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тоҷири ҷавон Аъзам Аҳруллоев дар суҳбат ба хабарнигор мегӯяд: “Мо ҳарчанд маҳсулоти хуб истеҳсол мекунем ва аллакай ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодаем, аммо то ҳол барои пурра таъмин кардани бозорҳо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ басанда нестанд ва мо қудрати пурра таъмин кардани бозорҳоро бо маҳсулоти ватанӣ надорем. Ба ин паҳлуи масъала низ бояд диққат дода шавад. Барои таваҷҷуҳи аҳолиро ҳарчӣ бештар ҷалб кардан истеҳсоли молу маҳсулоти дохилиро мебояд рӯз то рӯз равнақ диҳем”.

Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири нашрияи “Озодагон” дар матлабе, ки “Бозор Сорбир ҳукуматро дар худ гунҷонид” унвон шудааст, мавқеву ҷойгоҳи шоири шинохта Бозор Собирро, ки 1 –уми май дар Амрико даргузашт, ба баҳс мегирад. Ба қавли ӯ, “агар аз лағзишҳои идеулужик ва ақидатиаш бигзарем Бозор Собир яке аз самбулҳои мубориза ва озодихоҳии тоҷикон чӣ дар даврони Шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол буд. .. Ҳамеша дар фаъолиятҳо ва эҷодиёташ пардадариҳои сиёсӣ карда ва дар сиёсату адабиёт аз мавқеи мардум сухан гуфтааст. Мешавад гуфт, ки яке аз виҷдонҳои бедори миллат буд. Касе буд, ки дар замони ҷаррор будани ҳукумати моноидеулужики куммунистӣ дар баробари дигар ҳамзамононаш (устод Қаноату Лоиқу Гулрухсор ва насли инҳо) ба шеъри беруҳу ситойишии шӯравӣ мазомини миллӣ ва ормонҳои худшиносӣ ворид кард ва амалан ба танвири афкори даврони рукуд пардохт…. Дар соли 2013 чун шоирро ҳукумат пас овард, аксар мегуфтанд, ки ҳукумат Бозорро дар худ мегунҷонад. Вале мо ҳамвора дидем, ки бо вуҷуди ситойишҳо аз ҳукумат Бозор Собир гоҳу ногаҳ аз муҳити офаридшуда эътироз мекард ва ин буд, ки натавонист барои ҳамеша ин ҷо бимонд ва дигарбора ба Амрико рафт. Бозоро Собир бо шахсият, дидгоҳҳо ва лағзишҳояш натавонист дар ҳукумат бигунҷад ва ҳукуматро дар худ гунҷонид… Ҳарчанд худи Бозор Собир ба баҳси дину дунё ва ислому мусалмонӣ дар асри ҳозир чандон маданӣ бархӯрд намекард, хусусан ҳассосиятҳои мавзуъро дар чавкоти суннат ва ҷомеаи мо ба эътибор намегирифт, вале бино ба ҷавонмардии ростине, ки дар замираш буд ошкоро суҳбат мекард. Зеро мо равшанфикрони клавандаи зиёде дорем, ки ба таъбири Хайём “на кофари мутлақанду на мусулмони тамом”, ки аз вуҷуди инчуниниҳо на фойидае барои дунёсту на хайре барои қиёмат. Фурсатталабҳойеанд, ки бо мусойид шудани вазъ ба ақидаи ҳоким мегараванд”…

Дар як мусоҳибаи худ бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Иршод Сулаймонӣ мавзӯи то куҷо имконпазир будани манофеи муштараки кишварҳои минтақа ва Ховари Миёнаро баҳс кардааст. Вале сафири Саудӣ қотеона дар робита бо муносибаташон бо Эрон мегӯяд: “Наздикии ин ду давлат ғайримантиқист, зеро Арабистони Саудӣ, ки ҳамеша алайҳи терроризм мубориза мебарад ва Эрон бузургтарин сарпарасти терроризм мебошад. Аз нигоҳи мантиқӣ ин имконнопазир аст”. Ва далел меорад: Эрон бар асоси ду қойида дар корҳои дохилии кишварҳо дахолат мекунад. Нахуст ин ки ба умури дохилии кишварҳои дигар мустақиман дахолат мекунад. Коре, ки Арабистони Саудӣ ва ҳар кишвари дигаре, ки қавонини байналмилалиро эҳтиром мегузорад, намекунад. Нуқтаи дувум ин аст, ки Эрон бо сароҳат эълон мекунад, ки ҳадафаш содир кардани инқилоб ба кишварҳои дигар аст”.

“Агар ин ҳарф дуруст аст, оё дахолатеро, ки Саудӣ дар Яман мекунад, мешавад инро дар чавкоти қавонини байналмилалӣ таъриф кард?” мепурсад хабарнигор.

Посухи сафир:

– Дахолати Саудӣ дар Яман бар асоси қавонини байналмилалӣ сурат гирифт ва мегирад. Ин бар асоси дархости ҳукумати конститутсионии Яман буд. Зеро як гуруҳи саркаше, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд талош намуданд, ки қудратро ба дасти худ бигиранд ва ҳукумати расмии Яман аз Саудӣ дархост намуд, ки онро ёрӣ бирасонад. Дар Яман танҳо Саудӣ нест, он ҷо як эътилофи кишварҳо ҳузур дорад. Аммо гуруҳеро, ки дар Яман Эрон пуштибонӣ мекунад садҳо мушакро ба ҷониби Арабистони Саудӣ партоб кардаанд. Гузашта аз ин шуморе аз мушакҳоро ба тарафи Маккаи Мукаррама  низ партоб карданд. Ин кор бо дастгирии кӣ сурат гирифт, албатта бо дастгирии бузургтарин кишвари пуштибони терроризм.

Иршод Сулаймонӣ савол мегузорад:

“Аммо ҷаноби Сафир, Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки онҳо ҳам ин гуна иттиҳомотро ба Эрон мезананд ва бо барномаи ҳастайии ҷанҷолбарангезаш тавонист бо ин кишварҳо ба тавофуқ бирасад ва пружаи Барҷомро ба имзо бирасонад. Зоҳиран Эрон тавонист қудратҳои ҷаҳониро итминон бидиҳад, ки кишвари хеле хатарзо  ва ваҳмангезе барои минтақа нест. Аммо бар асоси мушоҳидаҳо  пас аз ин ки ин тавофуқи Эрон ҳосил шуд мавҷи мухолифатҳои Саудӣ шиддат гирифт. Оё инро мепазиред?”

Посухи сафир:

-Ин ки Эрон бо кишварҳои муайяне ҳамкорӣ мекунад маънои онро надорад, ки аз терроризм пуштибонӣ намекунад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ягона кишваре нест, ки иддао кунад, ки Эрон пуштибони терруризм аст. Тамоми дунё инро мебинад ва ин дар ҳолест, ки раҳбарони Эрон ба умури дигар кишварҳо дахолат мекунанд.

Дар охири мусоҳиба сафир аз ҳамкориҳои Саудӣ бо Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, мегӯяд, ки “Дар фурсатҳои наздик  ду лоиҳаи бузурги Саудӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Яке ба малағи 7 милюн дуллор ва дигаре ба маблағи як милюн дуллор, ки мо умедворем дар расми шуруъи ин лоиҳаҳо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд”.

Нашрияи “Тоҷикистон” суҳбатеро бо Далер Ҷӯраев, ки чанде пеш аз Сурияву Ироқ баргашт ва мавриди афви мақомоти тоҷик қарор гирифт, анҷом додааст. Дар ин мусоҳиба Далер шеваи аз ин кишварҳои ҷангзада баргаштани худро шарҳ дода, ҳамчунин хабар медиҳад, ки ӯ духтури собиқ полковники ВКД Гулмурод Ҳалимов дар ин кишварҳо будаву ӯ ҳоло ҳам дар ДИИШ аз шахсиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бо ин вуҷуд, дар суҳбат бо Далер Гулмурод Ҳалимов пушаймонии худро аз пайвастанаш ба ДИИШ изҳор намуда, тавсия додааст, ки ба Ватан баргардад.

Сайёфи Мизроб дар сармақолааш “Вақте модари тоҷик калян мезанад…” ба тамоили акнун шаклгирифтаи ҷомеаи кишвар – истифода аз калянкашии бонувон ва пайдо шудани ҷойгоҳи махсус барои онҳо изҳори нигаронӣ мекунад. Ба қавли муаллиф ҳатто оилаҳое пайдо шудаанд, ки зану духтари худро ба “Шоколаднитсаҳо” мебаранд. Нигаронии Сайёфи Мизроб аз он аст, ки бо вуҷуди бегона будани ин кирдор ба фарҳанги мо ва зиёнаш ба саломатӣ ин тиҷорат ривоҷ дорад. “Овозаҳост, ки паси бизнеси калян ва калянбару шоколаднитсаҳо афроди дастдароз нишастаанд. Кистанд онҳо? Оё давлати мо пеши бизнеси чанд сакалтуеро гирифта наметавонад, ки Модарҳои Ояндаи Миллатро бангӣ кардан доранд?”

Previous articleРӯзноманигорони Осиёи Миёна дар Душанбе ба ҳам меоянд
Next article15 соли фазои “Ватан”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here