Шарҳи нашрияҳои чопи Душанбе дар ҳафтаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод

  • Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фошкориҳои “Диссернет”-ро тасдиқ ё рад карданист;
  • Ба Бозор Собир унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” диҳед!;
  • Чаро Хитой бояд 117 тонна тиллои Тоҷикистонро аз худ намояд?
  • Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон фоҷиа сохтан нодуруст аст…

“Ба Бозор Собир пас аз марг унвони “Шоири халқӣ” диҳед!”

Нашрияи расмии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” ва нашрияи парлумонии мамлакат – “Садои мардум” дар сархати ахбори худ аз даргузашти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79 – солагӣ хабар дода, номаи тасаллияти Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба нашр расонидаанд: “Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст”.

Онҳо ҳамчунин аз супориши сарвари давлат дар бораи овардани ҷасади шоир аз ИМА ба Тоҷикистон ёдовар мешаванд.

“Фараж” низ ин мавзӯъро дар сархати шумораи худ қарор дода, менависад: “Тоҷикистон мотам дорад: Бозор Собир даргузашт”. Нашрия ҳамчунин хотираҳои журналист Холиқи Муҳаммадназарро аз воқеоти замони истиқлолхоҳии кишвар, суханронии шоирро дар парлумони мамлакат оид ба ҷанговарони башардӯсти хизматкарда дар Афғонистон, ки боиси норозигии онҳо гашт ва ахиран Бозор Собир ба пеши онҳо баромада, узр пурсид, ёдоварӣ мекунад.

Матлаби Манижа Қурбонова дар “Азия плюс”, ки бо номи “Бештар аз як шоир”  ба зиндагиномаи шоири маъруф бахшида шуда, ҳаёти пасисаркардаи Бозор Собирро “ба таърихи пайдоиши давлати мо – тавассути иштибоҳу пирӯзиҳо” монанд мекунад:

  • Ӯ инсони зинда буд, метавонист хато кунад, ё қаҳр намояд, аммо ҳайсияти асосиаш ин буд, ки хомӯш набуд. Ҳатто пас аз бозгашт ба Ватан интиқод менамуд, фикрашро мегуфт, иштибоҳашро дарк намуд, дар маҷмӯъ зиндагӣ кард, на ин ки вуҷуд дошт – ҳолатеро, ки бисёриҳо имрӯз доранд, – ба нақли қавли як мусоҳибаш менависад журналист.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” бошад дар сармақолааш “Мо, Президент ва Бозор”  ин иддаоро, ки “марти соли 1993, баъди пирӯзии Фронти халқӣ, Бозор Собирро ба ҳабс гирифта, моҳи декабри соли 1993, таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ озод карданд ва ӯ тарки Тоҷикистон намуд” дурӯғ номида, “бо масъулияти том” мегӯяд:

  • Бозор Собирро шахсан Эмомалӣ Раҳмонов дар соли 1993 озод карда буд!

Ба назари журналист дар он шабу рӯз, ки кӯчаҳои Душанбе пур аз қумандонҳои саркаш буд, “агар хиради сарвари ҷавони давлати мо намешуду Бозор ба маҳкама намерафт, ӯро “просто –напросто” дар кӯча мепарронданд”.  “Вале баъди андаке ба эътидол омадани вазъ, маҳз бо амри Раиси Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, Бозорро на танҳо озод, ки пинҳонӣ ва зери “конвой” ба фурудгоҳ овардаву ба самолет савор карданд”.

“Озодагон” аз суҳбати шоираи маъруф Гулрухсор иқтибос меорад, ки гуфтааст:

  • Шоире, ки ин қадар Ватан гуфту ҳамин қадар Ватанро дӯст медошт, оқибат дар ғарибӣ гузашт, ҳайф. Бозор Собир 50 сол Бозори Собир буд ва ҳамин хел мемонад. Хизматашро дар адабиёт кард, суханашро гуфт, баъд суханашро содда нагуфт, бисёр самимӣ ва аз таҳи дил гуфт.

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова бошад, дар матлаби худ, ки дар нашрияи “Тоҷикистон” чоп кардааст, мегӯяд “бо сабабҳои маълум Бозор Собир унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дарёфт накард”. Зимнан, шоира аз Президент Раҳмон дархост менамояд, ки ба Бозор Собир пас аз марг ин унвон дода шавад: “Мисле, ки ба Шукӯҳӣ  пас аз марг Ҷоизаи Рӯдакӣ дода шуд”.

117 тонна тило ба ҷои “$349 млн?

“Азия плюс” ин ҳафта низ ба масоили иқтисодии Тоҷикистон бештар мурур кардааст. Мусоҳибаи хабарнигори нашрия Сайфиддин Қараев бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода аввалин суҳбати расонаии сарвари ин кумитаи навташкил аст, ки дар он зарфиятҳои сайёҳии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар матлаби дигари нашрия хабарнигор Пайрав Чоршанбиев менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон розигии худро ба ширкати чиноии ТВЕА барои коркарди ду кони дигари фоиданок додааст, агар ин ширкат аз ду кони тилои то ин замон соҳибшудааш сарфу харҷи худро ба даст наорад.  Роҳбарони ин ширкат, ки аз ҳисоби худ Шабакаҳои гармидиҳии Душанберо сохта буд, дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтаанд, ки агар аз конҳои қаблан барои коркард гирифтаашон барои пӯшонидани хароҷоташон кифоят накунад, Душанбеи расмӣ барояшон ваъда додааст, ки аз ҳисоби ба онҳо пешниҳод кардани конҳои дигар ин хароҷотро метавонанд пӯшонанд.

Гуфта мешавад, захираи тасдиқшудаи тилои ду кони барои коркард додашудаи Қумор ва Дуобаи вилояти Суғд ба ин ширкат 51,7 тоннаро ташкил медиҳад ва захираҳои мавриди таҳқиқ бошанд 117, 16 тонна аст.

Дар ҳамин ҳол, нашрия шарҳи бархе аз корбарони интернетии худро дар сафҳа ҷо додааст, ки якеаш менависад: “$349 млн (арзиши Шабакаҳои гармидиҳӣ) ин ба 5 тонна тило баробар аст. Ҳоло пурсида мешавад: чаро ба ширкати чиноӣ иҷоза медиҳанд, ки 117 тона тилои моро коркарда карда, соҳиб шаванд?”.

“Корхонаи истеҳсолкунандаи диссертатсияҳо” дорем!

Баҳси дигари идомадор аз ҳафтаи гузашта барои матбуоти тоҷик ҳамоно фошкориҳои “Диссернет” аст, ки беш аз 30 олими тоҷикро ба асардуздӣ мутаҳҳам менамояд.

“Минбари халқ” – нашрияи ҲХДТ ин амалкардҳои сомонаро зери суол бурда, мепурсад: Оё ин баҳси илмист, ё сиёсӣ?

Нашрия ба таърихи пайдоиши ин ҷамъият ва роҳбарони он дахл намуда, менависад, ки яке аз созмондиҳандагонаш Андрей Заякин аст ва дар муҳити иҷтимоии Русия маъруф мебошад. Зеро ин  олими физик баъдтар ба гуруҳҳои сиёсии мухолиф, назири Навалний, “Парнас” ва “Яблоко” пайваст. Ҳамчунин ба навиштаи муаллиф чанд талоши ин ҷамъият ва мубтакиронаш барои беобрӯ намудани шахсиятҳои сиёсии Русия, назири Раиси Думаи Давлатӣ Сергей Наришкин натиҷадиҳанда набуданд. Созмондиҳандагони дигари ин ҷамъият олимон Гелфанд, Ростовтсев, журналист Пархоменко низ ба сиёсат омехта, кӯшиши ба ҳокимият роҳ пайдо карданро доштанду доранд.

Аммо нашрияи “Тоҷикистон” ба ин мавзӯъ аз дидгоҳи дигар ворид шудааст: “Албатта муҳим нест, ки дар пушти “Диссернет” кӣ меситад? Бигзор он ҷо душманони миллати тоҷик ва рус истода бошанд. Вале аз ин Русия воҳима барпо накард, баръакс сарвазири ин кишвар эрод ба олимтарошон гирифт” менависад А. Аҳмадзода муаллифи матлаб.  Ӯ ҳамчунин назари олимҳои шинохтаи тоҷикро дар ин робита пешниҳод менамояд.

  • Барои ман хеле таассуфовар аст, ки ба ин рӯйхат чандин олимони тоҷик шомил шуданд, – мегӯяд Муҳиба Яқубова, раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар соҳаи паразитологияи ВАК-и Русия.
  • Ман нафареро медонам, ки “корхонаи истеҳсолкунандаи диссертатсияҳо” дорад ва онҳоеро низ медонам, ки аз ин “хизмати хирсона” истифода мебаранд- мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
  • Инҳо зуҳуроте мебошанд, ки ман онро “коррупсияи маънавӣ” унвон мекунам- гуфтааст академик Акбари Турсон.

“Бо он ки имрӯз кори “Диссернет”-ро “ҳамлаи навбатии душманони миллат ва ҳуҷум ба сиёсати роҳбарият” мегӯем, масъала ҳал намешавад ва бояд коре кард, ки ба ин душманони миллат имкони таънаю маломат надиҳем….Роҳи ҳалли ин масъалаи нозукро акнун на мою шумо, балки онҳое ёбанд, ки ба ин рӯйхат афтодаанд” хулоса мекунад Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, “Озодагон” хабар медиҳад, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пасманзари моҷарои марбут ба иттиҳоми асардуздии олимону мақомдорони тоҷик гуруҳи корӣ таъсис дода, ин асарҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

“Дар Тоҷикистон рӯйхати ягонаи маълумоти сирри давлатӣ набудааст”

Мавзӯи дигар, ки бозтоби густурда дар матбуоти ин ҳафтаи Тоҷикистон пайдо кардааст, 3 май – Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод аст ва дар ҳошияи он баргашт ба масоилу мушкилоти журналистикаи фаъоли тоҷик.

“Народная газета” – нашрияи русизабони Ҳукумати Тоҷикистон аз баргузории як мизи гирд хабар додааст, ки дар он масъулини ҳукумат ҳамроҳ бо устодону коршиносони факултаҳои журналистӣ мавзӯи “Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, таъсир ва таҳдидҳо”-ро баррасӣ намудаанд. Аз ҷумла, қайд гардидааст, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирӣ аз чолишҳо мебояд заминаҳои фаннии ВАО-ро мукаммал намуд, тарбияи кормандони аз фановариҳо огоҳро ба роҳ монд ва ба забономӯзии журналистон таваҷҷуҳи бештар намуд.

Дар ҳамин шумораи нашрия матлаби мудири кафедраи матбуоти ДСТР (РТСУ) таҳти унвони “Нақши ВАО дар таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ” ба нашр расида, аз заминаҳои ҳуқуқии вуҷуддошта мисолҳо оварда шудааст.

“Озодагон” дар матлаби “Тоҷикистон имсол ҳам зери “тамоили хатарнок”” аз натиҷагирии созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз хабар додааст, ки тибқи он чун соли гузашта Тоҷикистон дар байни 180 кишвари дунё мақоми 149 –ро ҳифз кардааст. “Ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст” овардааст хулосаи ин созмонро нисбати Тоҷикистон “Озодагон”.

Дар як матлаби дигари худ ин нашрия хабар медиҳад, ки ахиран Тоҷикистон ба САҲА дар робита ба қазияи хабарнигор ва роҳбари гуруҳи КВН Хайрулло Мирсаидов посух дода, гуфтааст, ки ин қазия сиёсӣ набуда, ба қаллобӣ марбут аст. Ёдовар мешавем, ки созмонҳои байналмилалӣ қаблан дар гузоришҳои худ ин қазияро сиёсӣ унвон карда, аз Душанбеи расмӣ хоста буданд, то Мирсаидовро озод кунанд.

Мусоҳибаи “Озодагон” бо устоди факултаи журналистикаи ДМТ ва узви Раёсати Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода “Озодӣ дар паяш масъулият дорад” ном дошта, паҳлуҳои мухталифи вазъи имрӯзаи марбут ба озодии баён ва матбуотро ба баррасӣ гирифтааст. Шарифзода аз ҷумла аз “Эъломияи Виндхук” иқтибос меораду матбуоти озодро тафсир менамояд: “Моддаи 2. Матбуоти мустақил матбуотест, ки аз назорати ҳукумат, сиёсат ва иқтисодиёт (инфраструктура), ки барои истеҳсол ва интишори рӯзнома, маҷалла ва нашрияҳои даврӣ аҳамияти асосӣ доранд, озод аст”.

Ҳамчунин мусоҳиби нашрия аз моддаи 5 –и қонуни матбуоти Тоҷикистон меорад, ки дар он “Дастгирии давлатии ВАО ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ” -ро пешбинӣ намудааст. Вақте хабарнигор аз Шарифзода мепурсад, ки бо кӯмаки молӣ гирифтани матбуот магар мустақилияташ боқӣ мемонад, ӯ посух медиҳад, ки “ВАО-ро рамзан “ҳокимияти чорум” гуфтаанд, ки ба фаъолияти се рукни ҳокимияти давлатӣ, ки ҳукумат яке аз онҳост, “нозир” бошад.”

Дар охири матлаб узви Раёсати Шӯрои ВАО аз фаъолияти ин созмони худтанзимкунанда барои “мусоидат ба рушди журналистикаи хушсифат, пешгирии қазияҳои эҳтимолии судӣ миёни даъвогарону ВАО” тавсиф намудааст.

“Фараж” мавзӯи тайёр намудани кадрҳои журналистиро мавриди таҳлил қарор додааст. Ба навиштаи нашрия ҳарчанд дар Тоҷикистон феълан 9 донишгоҳ аз рӯи 8 ихтисос барои ВАО корманд тарбия мекунад, бо ин вуҷуд норасоии кадрҳои муваффақ ҳамоно эҳсос мегардад. Яке аз мушкилоти номбурдаи коршиносони дар матлаб изҳори назар намуда ин будааст, ки феълан ба факултаву гуруҳҳои журналистӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ дохил мешаванд. Дар натиҷа, як қисмати донишҷӯён тасодуфан ба ин факултаву гуруҳҳо шомил мегарданд. Дар матлаб аз норасоии журналистони варзишӣ, иқтисодӣ ва журналист –сиёсатшинос ҳамчун “проблемаи ҳалношуда” ном мебаранд.

“Тоҷикистон” пешорӯи чанде аз журналистон ва устодони факултаҳои журналистӣ баҳсҳои вобаста ба озодии баён ва матбуоти озод дар Тоҷикистонро гузоштааст. Профессор Абдусаттор Нуралиев зикр намуда, ки “дар давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳар як узви ҷомеа метавонад фикри худро дошта бошад ва онро пайгирӣ намояд, ин ҳам бошад чандандешӣ аст, ки яке аз принсипҳои давлати демократист”.

Журналист Фазлиддин Асозода гуфтааст, ки “озодӣ нисбист ва баҳои дақиқ додан ба хосияти он имкон надорад”.

Аммо муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Далер Мерганов аз вазъи феълии матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистон ситоиш намуда, дар ин баробар мегӯяд:

  • Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст.

Ба назари ӯ, як қисмати журналистони тарки Тоҷикистонкардаро “пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдааст”.  Ягона мушкили асосӣ ба андешаи Далер Мерганов “дар шароити кунунӣ набудани ҳамдилӣ миёни аҳли қалам маҳсуб мешавад”.

Мавзӯи тарки Тоҷикистон намудани як қатор журналистонро “Минбари халқ” ҳам ба баҳс гирифта, аз қавли муаллифаш Маҳваши Яқубзод онҳоро “зархарид” меномад: “Аз дур истода айб меҷӯед ва бо ҳар гуна овозаҳои дурӯғ мехоҳед Ватану миллати худро паст занед. Албатта ба ин савол ҳам ҷавоб дорам, зеро шуморо харидаанд ва шумо бояд ба амри хоҷаҳои худ итоат кунед ва ҳарчӣ онҳо фармоянд, иҷро кунед ва шояд ба хотири пулу мол имони худро низ бифурӯшед”.

“Азия плюс” пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи муҷозот намудани мақомотеро, ки маълумоти одиро ҳамчун махфӣ эълон мекунанд, аз нав баррасӣ намудааст. Гуфта мешавад онҳое, ки ба чунин иқдом даст мезананд, аз 400 то 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Нашрия аз мақомоте ном мебарад, ки бештар бо ин баҳона ба журналистон аз пешниҳоди маълумот худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ. Ба навиштаи нашрия онҳо ҳатто қазияи журналист Хайрулло Мирсаидовро, ки дар худ ягон ҷанбаи махфӣ дошта наметавонад, чунин унвон карда, аз додани маълумот саркашӣ мекунанд.

Аваз Юлдошев дар охири матлабаш паҳлӯи ҷолиберо кашф менамояд. Маълум мешавад, ки рӯйхати ягонаи маълумоте, ки сирри давлатӣ дониста мешаванд, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва онро ҳар идора худаш муқаррар мекунад…

Дар матбуоти ин ҳафтаи мамлакат ҳамчунин матолиби вобаста ба ҳамкасбони собиқадор ба нашр расидааст. “Минбари халқ” очерки Сипеҳри Ҳасанзодаро дар бораи журналист Шералӣ Яҳёев, ки солҳо дар нашрияҳои “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Субҳи меҳнат”, “Хатлон” кор кардаву ҳамзамон раисии ИЖТ дар Хатлонро ба уҳда дошт, нашр кардааст. Дар он ҳамчунин саҳми қаҳрамони матлаб дар  ҳаводиси солҳои 90 ва иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ васф шудааст.

Профессор Усмонов дар “Фараж” матлабе дар бораи Мансур Султонов – корманди собиқи радио ва ТВ, ки низ вазифаҳои роҳбарикунанда дошт, навишта, мегӯяд: “Ба гумони ман, дар солҳои муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар радио будани Мансур Султонов мавқеи идеологии радиои моро мустаҳкам мекард”.

Нашрияи “Самак” матлаби Салими Аюбзод “Латифӣ ва бозиҳои паси парда” –ро ба нашр расонида, дар он аз бозиҳои пасипардагии анҷумане ёдоварӣ мешавад, ки Отахон Латифӣ аз раисии Иттифоқи журналистон барканор гардид.

Дар ҳамин ҳол, “Тоҷикистон” ба мавзӯе дахл кардааст, ки солиён боз дар матбуот матраҳ намешуд: Президенти Тоҷикистон чӣ қадар маош мегирад?

Нашрия бо такя ба таҳқиқоти сомонаи “Paywizard” даромади моҳона ва маоши сарварони дунёро ба таҳлил гирифтааст. Маълум мешавад, ки маоши Путин дар як моҳ 12, 586 дол, Трамп ҳамагӣ 1 дол, Порошенко 1000 дол, роҳбари Чин 20, 500 дол (дар як сол) аст.

Моҳонаи аз ҳама зиёдро президенти Сингапур мегирифтааст: 2, 2 млн дол (дар як сол). Ҷои дуюмро президенти Швейтсария гирифтааст, ки 437 000 дол солона маош мегирад. Нахуствазири Австралия бошад дар як сол 403, 700 дол.

“Дар масъалаи сарони кишварҳои ОМ ҳарфи аниқро гуфтан имкон надорад, зеро дар ин кишварҳо ин масъала пӯшида аст. Ҳатто соли 2014 як манбаъ навишта буд, ки маоши Президенти Қазоқистон 1700 дол, Ӯзбекистон -1300 дол ва Тоҷикистон -1100 дол дар як моҳро ташкил медиҳад” навиштааст нашрия.

Як шарҳ

  1. Аз руи овозахо нисбати маоши президенти Точикистон ун ракаматонро ба 30 бояд зарб занед… Вале ин маълумот ба номгуи сирри давлати ворид карда нашудааст. Чаро ВАО расман хамин маълумотро аз дастгохи ичроияи президент ё макомоти омору молия дархост намекунанд? Эхтимол, метарсанд, вале равшани нисбати ин масъала барои худи Хукумат хам муфид аст. Албатта, агар он чо нафарони окил як то нимто монда бошанд)))

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here