Мавзуъҳои асосии нашрияҳои Тоҷикистон чӣ буданд?

Вокунишҳои мусбати манфӣ аз фошкориҳои “Диссернет”,  сабабҳои тӯл кашидани музокироти Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор, баррасии равобити Душанбеи расмӣ бо Теҳрону Маскав ва муҳокимаи иҷлосияи ахири Маҷлиси намояндагони кишвар аз мавзуъҳои аслии матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе ба ҳисоб мераванд.

Аз Вазири маориф ва илм дар бораи “Диссернет” напурсиданд

Баҳси асосие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ вобаста ба фошкориҳои “Диссернет” таи як ҳафтаи охир давом дорад, нашрияҳои чопии Душанберо низ ба баррасӣ водор намудааст.

“Озодагон” дар матлаби худ “Диссернет” Асадулло Раҳмонро низ асардузд хонд” менависад, ки бино ба хулосаи коршиносони “Диссернет” Асадулло Раҳмон соли 2007 рисолаи номзадиашро аз асарҳои Аратюн Палазян ва Алексей Линёв дар бораи вазъи ҷомиаи шаҳрвандии Русия рӯбардор карда, дар матн Русияро бо Тоҷикистон, калисоро бо масҷид ва ВЦИОМ –ро бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон иваз кардааст.

“ Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки” менависад нашрия, “дар рисолаи Асадулло Раҳмон ҳангоми рӯбардор масъалаи буҳрони қонунмандии ҳукумат дар Тоҷикистон арҷ нагузоштанаш ба арзишҳои демократӣ ва амсоли ин низ матраҳ шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Атовулло дар сармақолаи нашрияи “Фараж” менависад:

“…баъзе омилҳое сабаб шудаанд, ки беғаразии ин сайтро ба шубҳа мебаранд.

Аввалан, сайт на ба мавзуи рисолаҳои анҷомдодашуда, балки бештар ба шахсияти ҳимоякарда, аниқтараш, ба муаллифони он аҳамияти бештар медиҳад. Масалан, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси Пажуҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқ Нарзулло Амиров, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Шоҳин Саидов…

Матлаби охирин, ки ҳадафи он ёрдамчии Президент Асадулло Раҳмон аст, ин гумонро собит кард, ки мақсад фақат фошкорӣ не, балки зери санги маломат қарор додани мансабдорон асту бас! Чунки мавзуи рисолаҳо сӯе монда, шореҳон бештар думболи кӣ будани шахсияти рисоланавис мегарданд ва аслан ин як усули санҷидашуда ва ҳатто куҳнашудаи муборизаи сиёсӣ мебошад ва бешак дар ин “фошкорӣ” дасти “тоҷикӣ” эҳсос мешавад… Масалан, ҳамин мавзуи ахири матраҳшуда: Рисолаи Асадулло Раҳмон 12-уми ноябри соли 2007 ҳимоя шудааст. Пас аз гузаштани муҳлат вақту маблағ сарф кардани «Диссернет» ба ҷуз аз бадномсозии шахсияти рисоланавис чӣ буда метавонад? Ба фошкорӣ тибқи иқрори худи эшон унвон бекор намешавад, пас, ҳадаф ба ҷуз аз бадном кардан чӣ буда метавонад, агар масъалаи маблағ дар байн набошад?”.

Нашрияи расмии мамлакат – “Ҷумҳурият” ҳарчанд дар гузориши худ “ДИССЕРТАТСИЯҲО. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ” ҳарчанд дар бораи ин фошкориҳо чизе намегӯяд, аммо менависад, ки “Минбаъд муҳокима, муносибат ва талабот нисбат ба рисолаҳои илмӣ тақвият ёфта, мувофиқи низомнома ва дастурамалҳои соҳавӣ корҳои анҷомдодаи олимони тоҷик пурра аз санҷиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд.

Ин нукта дар ҷаласаи васеи Комиссияи олии аттестатсионӣ, ки бо иштироки олимону роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор шуд, зикр гардид. Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ва самаранокии тайёр намудани кормандони илмӣ бо назардошти эҳтиёҷот ба онҳо дар соҳаҳои илмию истеҳсолӣ бознигарии ҷиддиро мехоҳад.

Дар робита ба ин, Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намуд, ки бурду бохти илми тоҷикро ба ҷуз аз олимону коршиносони донишманди тоҷик каси дигар муайяну мушаххас карда наметавонад. Аз ин рӯ, Комиссияи олии аттестатсионӣ баъди муҳокимаву баррасиҳои касбӣ ва соҳавӣ беҳтарин корҳои илмиро муаррифӣ менамояд. Дар ҳолати ҷой доштани асардуздӣ (плагиат) бошад, нисбат ба муаллифон ва муассисаҳои пешбарикунанда чораҳои мушаххас меандешад.

– Комиссия барои гузарондани экспертизаи рисолаҳои илмӣ ва ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ, ҳамчунин, барои баррасӣ намудани масъалаҳои дигари ба аттестатсия дахлдошта шӯроҳои экспертии тахассусӣ ташкил кардааст, ки баъди се сол на камтар аз сеяки ҳайати онҳо дигар мешавад. Онҳо ҳамчун коршиносон дар таҳкими фаъолияти комиссия ширкат намуда, тамоми корҳои илмиро аз экспертиза мегузаронанд, – изҳор дошт Абдуҳаким Розиқзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, минбаъд на танҳо корҳои тоза анҷомпазируфта ва муаллифони онҳо, балки унвонҳои илмии аз хориҷа гирифташуда низ санҷида мешаванд. Аз ин сабаб, аз олимон ва ҷавононе, ки нав ба ҷодаи илм қадам мегузоранд, талаб карда мешавад, ки ба матни тарҷумаи ҳуҷҷат оид ба дараҷаи илмӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ), автореферат, аҳамияту зарурияти мавзӯи таҳқиқ, мақолаҳо ва фоизи иқтибосҳои диссертатсияи худ таваҷҷуҳ кунанд.

Муовини раиси комиссия Файзалӣ Комилиён дар бораи фаъолият ва мушкилоти шӯроҳои экспертӣ маълумот дода, зикр намуд, ки санҷиши диссертатсияҳо тавассути барномаҳои компютерӣ сурат мегирад. Дар ҳолати мавҷуд будан ё набудани асардуздӣ (плагиат) ниҳодҳои дахлдори комиссия қарорҳои соҳавии худро пешниҳод намуда, метавонанд корро тасдиқ ё рад намоянд.

Дар ҳолате, ки диссертатсия ба талабот ҷавобгӯ нест, комиссия эксперти соҳавӣ даъват мекунад ва баъди дақиқ кардани сатҳу сифат ва муҳтавои умумии диссертатсия музди коршинос аз тарафи комиссия пардохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ шурӯъ аз соли 2017 панҷ шумора бюллетен (дар шакли фаслнома) интишор дод, ки дар он ҳама муқаррарот ва низомномаи кори комиссия пурра инъикоси худро ёфтааст. Яке аз масъалаҳои муҳим баробарарзишии (нострификатсия) ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда мебошад. Тибқи он, минбаъд Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмии давлатҳоеро барои олимони дохилӣ, хориҷӣ ва бешаҳрванд баробарарзиш эътироф мекунад, ки дар ин бобат бо Ҳукумати ҷумҳурӣ шартномаҳои дахлдор дошта бошанд”.

Аммо хабарнигори “Садои мардум” – нашрияи парлумонии мамлакат, ки низ иштирокчии ин нишаст будааст, менависад:

“Дар бораи пойгоҳи «Диссернет», ки вақтҳои охир як силсила фошкориро дар ҳимояи корҳои илмӣ анҷом додааст, низ ишора шуд ва пешниҳод гашт, ки дар назди КОА барномаи антиплагиат омода ва фаъол гардад”.

Хабарнигори “Тоҷикистон” Одили Нозир дар ин шумораи нашрия мусоҳибае бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид анҷом дода, дар он вазъи ҳозираи маорифи кишварро ба баррасӣ гирифтааст. Вазир дар посух ба саволҳои хабарнигор мегӯяд ҳолати маорифи кишвар мегӯяд он рӯ ба рушд аст. Аз ҷумла, “имрӯз мо дигар чун 10-15 сол қабл эҳтиёҷ ба кадр надорем, чун муассисаҳои таълимӣ ба кадр таъмин аст, мо ният дорем, ки акнун бештар ба сифати фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳ намоем”, “дар 5 соли охир (2013-2017) дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 999 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 176230 ҷои нишаст дар як баст сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст”.

Нуриддин Саид ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар мамлакат лоиҳаи Кодекси маориф аз ҷониби коршиносони соҳа омода шуда, он бо забони русӣ тарҷума шуда, барои мувофиқа ба 13 вазорату кумита фиристода шудааст.

Вақте хабарнигор “доир ба чанд дастоварди илмии худ дар солҳои охир бигӯед ва аз нақшаҳоятон низ моро огоҳ кунед” мегӯяд, вазир ҷавоб медиҳад, ки ӯ 3 монография, 12 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, беш аз 55 мақолаи илмӣ ва даҳҳо мақолаи илмию оммавӣ таҳия кардааст. Ҳоло ба таълифи китоби дарсии “Фалсафа” барои донишҷӯён, китоби “Таърих ва фалсафаи илм”, китоби “Диншиносӣ” ва силсилаи китобҳоро бо номи умумии “Бидон!” машғул аст, ки аз 21 муҷаллад иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин вазир таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистонро “қадами устувори кишварамон дар истиқлолияти илмӣ” унвон карда, мегӯяд: “Мо 27 сол аст, ки соҳибистиқлол ҳастем. Акнун вақти он аст, ки истиқлоли илмӣ низ дошта бошем… Албатта, дӯстони дар нохунак дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба олимони мо таҳоҷум (экспансия) оғоз кардаанд, вале мо аз ин намеҳаросем. Мо камбудиҳоямонро меомӯзем ва комил мегардем!”.

“Тоҷик набояд туалету роҳрави русро тоза кунад!!!”

Нашрияи “СССР” мавзӯи муносибат бо Русия ва Эронро ин ҳафта низ дар авлавият қарор додааст. Дар сармақолаи худ, ки “Русия ва ғайраҳо…” унвонаш кардааст,  сардабири нашрия Сайёфи Мизроб менависад: Тоҷикистон дар ҳоле, ки тамомии олам аз Русия рӯ тофтааст, Маскавро дастгирӣ кард! Ҳаргиз фикр накунед, ки барои ҳудудан беш аз 1 миллион мардикори муҳоҷир ва 2-3 рейси самолётҳо…Бовар кун, хонанда, агар ҳамаи онҳоро Кремл ронад, барои мо хубтар аст. Оре, шояд соли 1, 2, 3 зиндагонӣ вазнинтар гардад, аммо баъди 10 сол мо мисли Ҳиндустону Куриёву Ҷопону Хитой пешрав, авангарди Осиё мешавем. Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шикамқарорӣ ё худ гастербайтеризм андешаи фардии ман тамоман дигар аст:

  • Тоҷик набояд туалету роҳрави русро тоза кунад!!!”

Дар охири матлаб муаллиф илова мекунад: “Новобаста ба дӯстии мову дастгирии Кремл, Маскав бо Эрони мардуд, кишвари дигаре, ки қариб 1 дӯст дар миёни кишварҳои олам надорад, қаробат ҷуставу манофеъи моро пуштибонӣ намекунад. Ё бародари ман бош, ё баробари ман бош. Русия бояд миёни Тоҷикистоне, ки дар арсаи байнулмилалӣ ОВОЗ дорад ва Эроне, ки ҳаргиз садо на дошту на дорад…интихоб гузорад. Ё бо мосту мо алайҳи оламиён Русияро пушт мегирем ва ё равад бо охундҳои худ дар Сурия ҷанг кардаву бо ракетаҳои нимакораи худ мардумро тарсонда шинад. Воқеан ҳам…ин ракетаҳо моли СССР –анд на РФ, зимнан моли мо низ ҳастанд, чу мо узви он хонадон будем”.

Дар робита ба мавзӯи мушкилоти Тоҷикистон бо Эрон “Озодагон” “Тарҳи Шеърдӯст барои сода шудани равобити Тоҷикистону Эрон” ном матлабро ба нашр расондааст. “Алиасғари Шеърдӯст – сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон – аз сиёсатҳои кишвараш дар баробари Душанбе интиқодҳое кардааст. Ӯ гуфтааст, нофаҳмие, ки миёни Теҳрону Душанбе ба вуҷуд омад, фақат аз роҳи гуфтугӯ, равуо ва эҷоди боварӣ рафъ хоҳад шуд. Шеърдӯст аз соли 2007 то 2013 сафири Эрон дар Тоҷикистон буд. Дипломати эронӣ дар ин бора дар суҳбат бо пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Фарору” рӯзи 23-юми апрел изҳори назар кардааст” менависад нашрия.

Яке аз сабабҳои аслиро сафири собиқ дар он маънидод кардааст, ки Теҳрон 1, 5 сол дар Душанбе сафир надошт.  Ӯ дар идома гуфтааст, дар ин солҳо бисёре аз манфиатҳои Эрон дар Тоҷикистон ба хатар афтод ва ниҳодҳоди Эрон дар Тоҷикистон баста шуд ва мушкилоте ба вуҷуд омад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шеърдӯст, вақте вай ба унвони сафир ба Тоҷикистон рафта буд, талош кард як тафоҳум ва бовариву эътимодро байни ду тараф ба вуҷуд биёварад. Ӯ гуфтааст, давоми панҷуним соли сафирии ӯ, нороҳатиҳои қаблӣ бартараф шуд ва ҳамин заминаеро ба вуҷуд овард, ки Эрон битавонад дар Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷиддӣ анҷом диҳад.

Аз ҷумла, ӯ рушди хатти форсӣ бо чопи маҷмӯаи китобҳое ба номи “Баёз”, ҳамкориҳои вазоратҳои маорифи ду кишвар, чопи китобҳои омӯзиши хатти форсӣ барои ҳама марҳилаҳои дарсӣ, густариши ниҳодҳои Эрон, аз ҷумла Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ва Ҳилоли Аҳмар, тарҳи калони “Хонаи Эрон”, бунёди бемористони муштарак, сохтани мактаб, толори варзиш ва пажӯҳишгоҳҳоро аз иқдомоти Эрон дар Тоҷикистон донистааст. Тарҳҳои бузурги иқтисодии Эрон аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва туннели “Истиқлол” дар ҳамин марҳила такмил шуданд.

Алиасғари Шеърдӯст дар суҳбат бо пойгоҳи “Фарору” гуфтааст, иддаои ҳимояти Эрон аз амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон ба қабл аз давраи маъмурияти сафирии ӯ бармегардад. “Ин ҳам дар ростои сӯитафоҳумҳои ба вуҷудомада байни Эрон ва Тоҷикистон аст, ки албатта Эрон барои рафъи ин сӯитафоҳумҳо гоме ҷиддӣ барнамедорад”, – афзудааст ӯ.

Шеърдӯст дар идома гуфтааст, “дар муддати панҷуним соли сафирии ман дар Тоҷикистон, ҳатто як маврид пеш наёмад, ки Тоҷикистон дар маҳофили байналамилалӣ ба тарафдории Эрон раъй надода бошад. Аммо шароит акнун уфул кардааст. Мо дар гузашта барои Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон сад нафар аз донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба Эрон даъват мекардем. Акнун ҳам барои рафъи суитафоҳумҳо бояд дар сатҳи мухталиф, масъулин, рӯшанфикрон ва андешамандони тоҷикро ба Эрон даъват кард.”

Ин дипломати эронӣ ба манфиатҳои кишвараш дар Тоҷикистон пардохта, гуфтааст, дар гузашта ҳафтае панҷ парвоз миёни Эрон ва Тоҷикистон сурат мегирифт, ки теъдоди он ҳоло ҳамагӣ ду парвоз аст.

Ба қавли ӯ, мизони содироти маводи ғизоӣ, сохтмонӣ ва саноатӣ аз Эрон ба Тоҷикистон тақрибан наздик ба сифр аст. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон, қаблан донишҷӯёни зиёде аз он кишвар дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо наздик ба сифр аст.

Нашрияи “Азия плюс” дар ин шумораи худ матолиби иқтисодиро бештар бозтоб намудааст. Дар матлаби “Медиҳанд, ё намедиҳанд?” кӯмакхоҳии Тоҷикистон аз Хазинаи байналмилалии асъор, аммо ба дарозо кашида шудани ин ҷараён ба баҳс кашида мешавад. Бархе аз коршиносон изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин кӯмаки молӣ ҳатман расонида хоҳад шуд, аммо баъзеи дигар аз мушкилоте гуфтаанд, ки метавонад садди роҳи ин ҷараён бошад.

Дар матлаби дигари худ нашрия аз камбуди доллар дар Тоҷикистон хабар дода, сабабҳои ин ҳолатро аз қавли коршиносон баррасӣ намудааст.

Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони ҳукумат баҳс мекунад

“Садои мардум” – нашрияи парлумонии мамлакат хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон нахустин асари тадқиқотӣ оид ба парлумон аз чоп баромадааст, ки он “Ҳуқуқи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошта, муаллифаш ҳуқуқшиноси шинохта Ашӯрбой Имомов ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин шумора нашрия гузориши хабарнигорони худро аз ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон таҳти унвони “Ҳолати зеристгоҳҳои барқӣ дар Душанбе ва системаи обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон беҳ гардонида мешаванд” ба нашр расонидааст. Дар он хабар дода мешавад, ки дар ин ҷаласа 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 461 Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

  1. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.
  2. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  3. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оғоз мегардад».

Дар ин ҷаласа ҳамчунин лоиҳа “Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ” бо маблағи умумии 2 млрд. 190 000, 000 млн. йени Япония (тахминан 20,0 млн. доллари ИМА), ки татбиқи он имконият фароҳам меорад, ки як қисми шабакаҳои барқӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт аз серборӣ озод карда, ҷиҳати кам намудани талафоти техникии нерӯи барқ заминаи хуби техникӣ гузошта шавад, баррасӣ шудааст.

Масъалаи дуюми ҷаласа  “Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон” ном дошта, дар шарҳи он муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода мегӯяд:

  • Шартнома тибқи моддаи 6-уми он бояд тасдиқ карда шавад ва аз рӯзи мубодилаи тасдиқномаҳо ­эътибор пайдо мекунад. Он аз дебоча ва 6 модда иборат буда, ба Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 5 октябри соли 2002 асос меёбад. Шартнома дорои се замима, якум — тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон аз рӯи қитъаҳои алоҳида, дуюм – харитаҳои топографӣ, сеюм – харитаҳои электронӣ мебошад, ки қисми ҷудонопазири шартнома ба ҳисоб мераванд.

Масъулаи сеюми рӯзномаи ҷаласа – «Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти № ТFO А 6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» мавриди баҳси Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вакил Абдуҳалим Ғаффоров қарор мегирад.

Муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ба вакилон хабар медиҳад, ки лоиҳаи мазкур 6 январи соли 2018 ба маблағи 13,96 млн.евро (16,40 млн.долл.ИМА) ба имзо расид. Лоиҳа дар шаҳри Панҷакент ва чор ноҳияи вилояти Суғд – Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич татбиқ мегардад.

Вақте Каримзода дар ҷавоб ба саволи Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, ки лоиҳаи мазкурро Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод шудааст, раиси Маҷлиси намояндагон изҳори нигаронӣ карда мегӯяд:

  • Мо мушоҳида мекунем, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо Агентии мазкур ҷалб карда намешавад. Вазорату идораҳои дигар мутахассис надоранд. Аз ин рӯ, вақте ки барнома тарҳрезӣ ва таҳия мешавад, ин масъалаҳоро бояд дар мадди назар дошт. Дар ниҳояти кор пурсиш аз Агентӣ мешавад, на аз каси дигар. Нигоҳубини системаҳои обёрӣ, кофтану тоза кардани каналҳо ва дигар иншооти соҳаро Агентӣ ба зимма дорад. Вазорати молия харҷи маблағро назорат мекунад, вале кори амалиро Агентӣ ба иҷро мерасонад.

Ӯ ҳамчунин ба муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, ки низ дар ҷаласа ҳузур дошт, муроҷиат карда мегӯяд:

– Аз ҷадвали пешниҳодшуда бармеояд, ки барои хароҷоти иловагии пешбининашуда маблағи калон — 2400 ҳазор доллари амрикоӣ ва рушду таҳкими институтҳои идоракунии иншооти ирригатсионӣ ва захираҳои об 3520 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Магар маркази шумо навтаъсис аст, ки маблағи калонро ба ин мақсадҳо ҷудо карданд? Бар ивази ин техникаю таҷҳизот харидан мумкин набуд? Аз назари ман, баъзе масъалаҳоро таҷдиди назар кардан лозим буд, ки дастгирие барои соҳа гардад. Умуман, агар лоиҳаи мазкур бо ширкати фаъолу бевоситаи роҳбарони Агентӣ таҳия ва пешниҳод мегардид, масъалаҳои муҳим, аз қабили хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ ба эътибор гирифта мешуд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров низ ба музокира баромада, савол медиҳад:

– Барои татбиқи созишнома 13962 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст. Агар онро бо сомонӣ ифода намоем, ба 152 миллиону 465 ҳазор сомонӣ баробар мешавад. Аз ин маблағ беш аз 65 миллион сомонӣ барои шаҳру ноҳияҳо ҷудо шудааст. Маблағи боқимонда ба куҷо хароҷот мегардад?

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

– Ман ҳангоми суханронӣ дар хусуси ба кадом самтҳо харҷ шудани маблағи барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда ишора кардам.

Шукурҷон Зуҳуров

  • Агар дар ҷадвали пешниҳодшуда хароҷоти аниқи маблағҳо дарҷ мешуд, ин саволи вакил ба миён намеомад.

Муҳокимаи масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ»  низ каме баҳсбарангез буд. Муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар ин бора маълумот дода, аз ҷумла зикр намудааст, ки ин созишномаи қарзӣ 1 авгус­ти соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 60,0 млн.доллари ИМА ба имзо расонида шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд – 17 (АБР-17) – 57,8 млн. доллари ИМА, қарзи имтиёзноки АБР-17 – 69,135 млн. доллари ИМА, қарзи АБР – 17 – 100,0 млн. доллари ИМА, қарзи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – 60,0 млн. доллари ИМА ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд – 40,0 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад. Маблағи қарзии Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба муҳлати 25 сол, аз ҷумла 5 сол муҳлати имтиёзӣ, ҷалб шуда, меъёри фоизи он LIBOR + 1,15 фоизро дар як сол ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки вазифаи асосии лоиҳа барқарорсозии НБО-и «Норак» ба воситаи иваз ва таъмир намудани таҷҳизоти механикӣ, электрикӣ ва электромеханикӣ, ивази автотрансформаторҳо ва корҳо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад. Хотиррасон мешавем, ки НБО-и «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта сохта, ба истифода дода шуда, зиёда аз 40 сол аст нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Айни замон, бинобар куҳнаву фарсуда гардидани таҷҳизот, тавоноии агрегатҳо аз 25 то 30 МВт кам гардидааст.

Интизор меравад, пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ иқтидори нерӯгоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3 000 МВт то ба 3 300 МВт расонида шавад. Истеҳсоли миёнаи неруи барқ низ афзоиш ёфта, инчунин муҳлати истифодабарии таҷҳизот зиёд мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз гардида, то соли 2023 идома хоҳад ёфт.

Дар робита вакил Абдуҳалим Ғаффоров мепурсад:

 Ман донистан мехоҳам, ки пардохти қарзи созишнома чӣ гуна амалӣ мегардад? Зеро қурби доллар шояд баъди панҷ соли оянда баланд шавад.

Посухи Ҷамшед КАРИМЗОДА:

– Пардохти ҳама қарз дар асоси барномаи идоракунии қарзи давлатӣ, бо дарназардошти ҳамаи омил, амалӣ карда мешаванд. Ин уҳдадории давлат аст ва пардохти қарзҳо сари вақт амалӣ мегарданд.

Баррасии масъала «Дар бораи Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи ­«Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№ Q9800-TJ)» бидуни баҳсу гумоне ҷамъбаст шудааст. Муовини якуми вазири молия  Ҷамшед Каримзода ба вакилон хабар додааст, ки маблағи умумии лоиҳа  5 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, ҳамчун қарз барои расонидани кӯмак ва омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» пешниҳод гардидааст. “ Мақсади асосии лоиҳа аз мусоидат дар омода намудани лоиҳаи пешниҳодгардидаи таъмини барқ дар давраи зимистон иборат мебошад, ки ба кам намудани норасоии қувваи барқ дар давраи зимистон бо роҳи беҳтарсозии дастрасии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи барқ дар давраи зимистон равона гардидааст” гуфтааст ӯ.

Маблағи қарзи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла 5 сол муҳлати имтиёзӣ, ҷалб шуда, меъёри фоизи қарз дар як сол 3 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи он чорабиниҳои зерин бояд амалӣ карда шаванд:

  • омода намудани лоиҳаи «Барқарорсозии (таҷдид) НБО-и Норак»;
  • гузаронидани тадқиқот оид ба барқарорсозӣ ва таъмини бехатарии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»;
  • гузаронидани тадқиқот оид ба ҳолати такшиншавии НБО-и «Норак» ва тадқиқоти иловагии марбут ба НБО-и «Норак»;
  • гузаронидани тадқиқот дар мавриди чораҳои таъминоти нерӯи барқ дар фасли зимистон;
  • насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе;
  • расонидани кӯмаки техникӣ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои иҷрои Барномаи беҳтар намудани менеҷменти молиявӣ, аз ҷумла баҳодиҳии қарзҳои кредиторию дебиторӣ ва насби таъминоти барномавии 1С барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • расонидани кӯмаки техникӣ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои беҳтар намудани низоми идоракунии тиҷоратӣ;
  • омода намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои соли якуми амалисозии лоиҳа оид ба таъминоти нерӯи барқ дар фасли зимистон;
  • мусоидат ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дар гузаронидани аудити пешпардохт барои омодасозии лоиҳа ва аудити ШСХК «Барқи Тоҷик».

Муҳокимаи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди таваҷҷуҳи хоси вакилон қарор гирифтааст.

Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ишора намудааст, ки ин лоиҳаи қонун дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Эмомалӣ Раҳмон аз 15 феврали соли 2017 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ташрифи ғайримақсадноки ноболиғон ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ таҳия шудааст:

  • Тибқи лоиҳа, дар сархати нуҳуми моддаи 8-уми қонуни амалкунанда калимаи «бистсолаашонро» ба калимаи «ҳаждаҳсолаашонро» иваз карда мешавад, зеро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноболиғ шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида эътироф мешавад. Инчунин, ба моддаи 8-уми қонуни амалкунанда сархати даҳум бо мазмуни зерин: аз соати 1800 то соати 600 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд, илова карда мешавад, ки ин ҳам барои аз ҷониби падару модар зери назорати хеш гирифтани фарзанди ноболиғ равона шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров  вобаста ба бархе масоили баҳсбарангези қонун изҳори назар намуда, мепурсад:

  • Дар чунин шакл қабул кардани лоиҳаи қонун, ба назари ман, шояд нофаҳмиҳоро, алалхусус дар байни ҷавонон, ба вуҷуд орад. Чаро чунин мегӯям? Бисёр ҷавонони 17-18-сола, ки мактаби миёнаро хатм карда истодаанд, бегоҳиҳо, баъд аз соати 18 ба интернет – кафеҳо рафта, ба имтиҳонҳо омодагӣ мебинанд. Манъ кардани рафтани онҳо ба интернет кафеҳо магар ҳуқуқи онҳоро нақз намекунад? Шояд дар миёни онҳое, ки ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, интернет – кафеҳо, марказҳои компютерӣ ва марказҳои дилхушкуниву тарабхонаҳо мераванд, бошанд ҷавононе, ки рафторашон боиси нигаронӣ бошад. Вале чаро онҳое, ки барои омӯзиши иловагии фанҳои таълимӣ ба он ҷойҳо мераванд, аз ин зарар бинанд? Тағйироти пешниҳодшуда оё мушкилот ба вуҷуд намеорад?

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дар посух мегӯяд, ки панҷ соли охир беш аз 60 ҳазор нафар падару модар барои амалҳои ҳуқуқвайронкунии фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 65 фоизи падару модарон барои он ҷазо гирифтанд, ки фарзандонашон шабона ба ин гуна ҷойҳо рафта буданд. Сарчашмаи асосии зӯровариҳои дар байни ҷавонон ба мушоҳидарасанда натиҷаи тарғиби филмҳои дорои амалҳои зӯроварист, ки дар интернет – кафеҳо намоиш дода мешаванд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амалҳои ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст. “Ин ҳама андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд” хулоса менамояд ӯ.

Вакил Саидҷаъфар УСМОНЗОДА  пешниҳод менамояд, ки ба ин кор на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Хадамоти алоқа низ ҷалб шаванд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа -«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақрибан бе баҳс қабул гардидаанд. Танҳо дар бораи зарурати масъалаи дуюм сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов суханронӣ карда, мегӯяд:

  • Моддаҳои 13 – 18 -уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» маълумотеро, ки бояд махфӣ гардонида шавад, муқаррар кардаанд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз вазорату идораҳо принсипҳои махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар моддаи 20 – уми қонуни мазкур ифода ёфтаанд, ба инобат нагирифта, маълумоти ғайримахфиро беасос махфӣ мегардонанд ва дар натиҷа, дастрасии онҳо ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ маҳдуд мегардад.

Дар робита ба ин, қисми 3 моддаи 22 – юми қонуни мазкур истифодаи муҳри махфиятро барои махфигардонии маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб намебошад, иҷозат намедиҳад. Инчунин, қисми 2 моддаи 21 – уми қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки шахсони мансабдоре, ки қарор оид ба махфигардонии маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо ва ё бо ин мақсад ба омилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил намудани онҳоро қабул кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо то имрӯз дар ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ меъёри ҳаволакунандаи моддаи мазкур пешбинӣ ё ифода наёфтааст. Саридора бо дарназардошти ҳолати мазкур, дар шакли нав пешниҳод намудани лоиҳаи моддаи 506 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур мешуморад.

Previous articleҶоизаи Ҷумъаи Толиб ва Пайванди Гулмурод дар Рӯзи озодии сухан
Next articleОзмуни ҷои кори холӣ
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here