Шарҳи матбуоти Тоҷикистон – 20 апрели соли 2018

  • Бо ёдгориҳое, ки ҳудудашон ба заминҳои кишоварзӣ ё “бекорхобида” табдил ёфтанд, чӣ бояд кард?
  •  Илми тоҷик бо кӣ ифтихор карда метавонад?
  • Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони макотиби Тоҷикистон кадом шаҳру ноҳия бештар соҳиби муваффақият гардид ва чаро?
  • Барои чӣ занону духтарони тоҷик ҳарчӣ бештар соҳиби диплом мешаванд, аммо бе ҷои кор мемонанд?
  • Воридоти технологияи дар Чин мамнуъ ба Тоҷикистон чӣ пайомад дорад?
  • Бонкҳои мушкилзои Тоҷикистонро бояд барҳам дод, ё ба онҳо кӯмак намуд?
  • Чаро ба нишасти Душанбе аз дигар кишварҳо муовинон, аммо аз Эрон вазири хориҷӣ омад?
  • Нашрияву маҷаллаҳои давлатӣ, агар ба фурӯши озод гузошта шаванд, харидор пайдо мекунанд?

Ин саволҳои муҳимтаринеанд, ки матбуоти марказии ин ҳафтаи Душанбе ба онҳо посух ҷӯстааст.

Нашрияҳои Тоҷикистон, ки то ин ҳафта бозтоби мавзӯи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистони ҳамсояро дар авлавият қарор медоданд, ин дар шумораи ахири худ рӯ ба масоили дигар бештар овардаанд.

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Тоҷикистон аз натиҷаҳои олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад дар он 700 нафар хонандаи макотиб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд. Дар ҷамъбаст 87 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 93 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии типи нав соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Хонандагони пешқадами таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 60 ҷойи ифтихорӣ (17 медали тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ), вилояти Суғд бо 55 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 20 нуқра, 26 биринҷӣ), вилояти Хатлон бо 46 ҷойи ифтихорӣ (7 медали тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ) соҳиби се ҷойи аввал гашта, намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 19 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 4 нуқра, 13 биринҷӣ) соҳиб шуданд. Ҳамчунин, 64 нафар хонандаи фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадр гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ғолибони озмунҳои фаннӣ тибқи низомномаи вижаи вазорат имтиёзҳо муқаррар шудааст.  Аз ҷумла, имсол ҳашт нафар хонандагоне, ки соҳиби 90 – 100 хол гаштанд, тибқи талаботи банди 7.7 Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагон дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илм тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд. Ба имтиҳони дар Маркази Миллии Тоҷикистон супурдаи хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд, 100, 75, 50 – холӣ илова мегардад.

Дар пешорӯи баҳсҳои нави “Диссернет” оид ба “асардуздӣ” –и зумрае аз онҳое, ки рисолаи илмиву докторӣ ҳимоя кардаанд, аҳли илми Тоҷикистон 15 апрелро ҳамчун Рӯзи илм  таҷлил намуд.  Вобаста ба ин, “Народная газета” аз силсиламатолиби журналист Олег Соболев, ки дар муддати 50 сол ҷамъоварӣ намудааст, очеркеро дар бораи яке аз олимони машҳури соҳаи физикаи Тоҷикистон Акобир Адҳамов ба нашр расонидааст.  Гуфта мешавад Адҳамов  дар соҳаи физикаи назарӣ рисолаи номзадӣ (1954) ва рисолаи докторӣ (1964) дифоъ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар Институти физикаи ба номи С.У. Умаров Академияи илмҳои Тоҷикистон бахши физикаи назарӣ ва силсилаи Лабораторяи ултрасадо, таҳлили рентгеноструктурӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ, криогенӣ ташкил гардид. Тадқиқоти ӯ ба акустикаи молекулавӣ ва назарияи кинетикии паҳншавии мавҷҳои ултрасадо оиданд. Бори нахуст назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъот, назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзату моддаҳои ғайриякҷинса ва ҳодисаҳои интиқолро тадқиқ кардааст. Тадқиқоти илмиро бо фаъолияти педагогӣ пайваста, дар мактаби олӣ физикаи назариявӣ ва курсҳои махсуси онро таълим додааст, ба кори илмии донишҷӯёну ва аспирантон роҳбарӣ кардааст. Бо роҳбарии ӯ гурӯҳи мутахассисон дар соҳаи назарияи кинетикии модда ва физикаи ултрасадо рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи қариб 100 асари илмист.

18 апрел бошад дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ эълон шудааст. “Садои мардум” – нашрияи парлумонии мамлакат дар ин замина мусоҳибаеро бо бостоншиноси маъруф Музаффар Азизов чоп намуд.  Азизов аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки “бо мурури замон ҳудуди ёдгориҳо  ба заминҳои ғайрикишоварзӣ ва ё «бекорхобида» табдил ёфта, истифодаашон ба салоҳдиди роҳбарияти  ноҳияҳо вогузор шудаанд. То даме ки меъёрҳои ҳуқуқии батанзимдарории ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо меъёрҳои ҳуқуқии заминсозӣ ва геодезии кишвар мувофиқ нашавад, қонуншиканиҳо нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ идома хоҳанд ёфт. Аллакай даҳҳо ёдгории нодири бостонӣ ва меъмории кишварро аз даст додем ва дода истодаем. Чунончӣ, дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сарвари хоҷагии маҳаллӣ дар масоҳати 0,66 га ёдгории таърихии асри 2 милодӣ Қалъаи Шодигӣ хароб гардид ва танҳо бо дахолати Прокуратураи генералии Тоҷикистон харобкорӣ пешгирӣ гардида буд. Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 0,60 гектар замин тасарруф шуда, то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст. Дар ёдгории Ғаравқалъаи ноҳияи Ёвон, ки ба асри 2 пеш аз милод тааллуқ дорад, 1,5 гектарашро ба оромгоҳ ва 0,3 гектарашро ба хоҷагии деҳқонӣ табдил дода буданд. Хушбахтона, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои ҳифзи ин ёдгории таърихӣ чора андешид”.

Хотиррасон мешавем, ки феълан дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ 2900 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо  ёдгории бостонӣ мебошанд. Ба гуфтаи коршинос маълумоти мазкур саҳеҳӣ ва раддабандиро тақозо дорад. “Чунки аз соли 1972 санҷиши ҳолату теъдоди ёдгориҳо гузаронида нашудааст. Дар харитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо теъдоди ангуштшумори ёдгориҳо қайд гардиданду халос.  Боқимонда ҳамчун заминҳои ғайрикишоварзӣ муайян гашта, дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки азнавбақайдгирии ёдгориҳо дар доираи барномаи мазкур амалӣ гардад”.

“Ҷавонони Тоҷикистон” ба мавзӯи “Занон ва илмомӯзии онҳо” рӯ оварда, менависад: “новобаста аз он ки тӯли 10 соли охир дар Тоҷикистон раванди афзоиши шумораи занҳои бо таҳсилоти касбӣ фарогирифташуда ба назар мерасад, ҷалби занон ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамагӣ 32,8 фоизро ташкил медиҳад”.

“Буҳрони бонкӣ: “ретсептҳо барои “зинда мондан”” матлаби марказии нашрияи “Азия плюс” аст. Хабарнигор Пайрав Чоршанбиев талош намудааст кӯшишҳои мақомоти ҳукумат барои баргардонидани бовари аз дастдодаи мардум нисбати бонкҳоро  ба баррасӣ бигирад. Ӯ, аз ҷумла, бо нақли қавл аз коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки “бояд иҷозатномаи ин гуна бонкҳоро бозпас гирифт, на ин ки онҳоро дар ҳолати ниммурда нигоҳ дошт. Зеро мушкилоти молиявии чунин ташкилотҳои қарзӣ метавонад буҳрони бонкиро дар пай дошта бошад”. Коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дигар мисол меоранд, ки “ҷонбахшии сунъӣ” –и ташкилотҳои молиявии мушкилзо танҳо масоили потенсиалӣ ва бохтҳои молиро дар оянда ба вуҷуд меоранд.

“Озодагон” мавзӯи ворид шудани технологияи мамнӯи чиноӣ ба Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ҳакими Даврон ва Алишер Зарифӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки корбурди ин гуна технологияҳои куҳна боиси афзоиши беморӣ дар Тоҷикистон шудааст.  Дар ҳамин ҳол, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки дар воридшавии ин гуна технология, на чиноиҳо, балки шарикони тоҷики онҳо ва масъулони давлатӣ гунаҳкор ҳастанд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон 78 ниҳоди санҷишӣ, назоратӣ ва иҷозатдиҳанда фаъолият мекунанд, ин доктори илми иқтисод савол мегузорад, ки чӣ гуна вуруди технологияи куҳна ва корбурди он бар зарари саломатии мардуму муҳити зист имкон дорад?

Нашрияҳои “СССР” ва “Тоҷикистон” муносибати байнидавлатии Эрону Тоҷикистонро ба баҳс гирифтаанд.  Абдумудасир Аҳмадзода дар як матлабаш менависад, ки 17 апрел дар Душанбе иҷлосияи 23-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Барои ӯ аҷиб намудааст, ки агар дар ин нишаст аз кишварҳои дигар муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ширкат доштанд, аммо аз Кобулу Теҳрон маҳз вазирон иштирокчӣ будаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон бошад, ҳатто бо Президент Раҳмон дидору мулоқот доштааст ва хабарнигор савол мегузорад, ки шояд мақсади Теҳрони расмӣ аз ин нишаст ва фиристодани вазири муҳими худ, маҳз ҳамин дидор ва баррасии масоили пайдошуда дар муносиботи Тоҷикистону Эрон бошад. “Маълум аст, ки Эрон роҳи баромадан аз ин кӯчаи сарбастае, ки худро ба он ворид намудааст, меҷӯяд” хулоса мекунад Аҳмадзода.

Сардабири “СССР” Сайёфи Мизроб ҳам  дар сармақолаи худ ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, менависад: “Сиёсати байналмилалии Тоҷикистон орӣ аз “меъёрҳои духӯра буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад”. Пас аз он муаллиф ба баҳсу баррасиҳои пайдошуда дар муносибати ду кишвар пардохта, даъвати Кабирӣ ба Теҳрон, ҷонибдориашро аз ҲНИТ …мисол меораду мегӯяд: “Тоҷикистон бо ҳама ҷурму гунаҳ бо Эрон риштаи дӯстиро канданӣ набуду нест. Вале ҳар сабр охир ва ҳар коса лаб дорад”. Ӯ ҳамчунин менависад, ки Эрон муддати тӯлонист мехоҳад имиҷи сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари “пулшӯй” коҳиш диҳад. Зимнан, чандин сол шуд, ки 2 млрд доллари Бобаки Занҷонӣ –миллиардери худро дар …Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. “Тоҷикистон кишвари бузург нест, ки 2 млрд доллар, агар бошанд, пайдо насозӣ. Ин нонсенс –ҳарза аст. Аммо Эрон то ҳол аз аспи кин нафаромадааст”.

Масоили марбут ба фаъолияти ҳамкасбон низ дар матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Душанбе ҷойгоҳи хос дорад. “Минбари халқ” барномаи “Шоирона” –и шабакаи телевизионии “Сафина”-ро интиқод менамояд. Муаллифи матлаб Ҳуринисо Ализода аз шеърхонии қаҳрамонҳои ин барнома, ки дар он аз ашъори шуаро қироат мекунанд, ба таври умумӣ мисолҳо оварда, менависад, ки дар як қисмати ин қироатҳо талаботи хондани шеър риоя намешавад, ё ашъорро пурхато мехонанд.

“Фараж” матлаберо таҳти унвони “Чаро рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ дар фурӯш нестанд?” ба нашр расонда, аз вазъи муҳтаво ва пешниҳоди матбуоти ҳукуматӣ интиқод менамояд: “Маводи имрӯза аслан такрорӣ асту дилгиркунанда. Мо дар ҳайратем, ки чаро раисони шаҳру ноҳия, мансабдорон саҳифаҳои газетаҳои давлатиро банд карда, росту дурӯғ менависанд?”

Аммо “Азия плюс” дар шумораи худ хабар додааст, ки дар палатаи поёни парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон пешниҳоди ҳукумати мамлакат оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ баррасӣ шудааст.  Аз ҷумла, ҳукумат пешниҳод менамояд, ки ба онҳое, ки ба маълумоти махфӣ набуда, ҳамин гуна унвон бидиҳанд, муҷозоти маъмурӣ дода шавад. Дар Тоҷикистон бо баҳонаи “махфӣ” будани маълумот аксари вақт хабарнигорон ахбори зарурии худро пайдо карда наметавонанд.

Ба ғайр аз ин, тибқи пешниҳоди ҳукумат ба онҳое, ки “автогонка”-и ғайриқонунӣ ташкил мекунанд, ба клубҳои шабона, интернет –кафеҳо, маркази бозиҳои компутарӣ,  идораҳои букмекерӣ наврасони ноболиғро роҳ медиҳанд, муҷозот таъин хоҳад шуд.

Previous articleРӯйхати ниҳоии номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”
Next articleҶоизаи Ҷумъаи Толиб ва Пайванди Гулмурод дар Рӯзи озодии сухан
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here