Ҳамкасбони гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Тавре қаблан хотиррасон намуда будем, тибқи Низомномаи Ҷоизаи “Эътимод” пешбарии номзадҳо барои дарёфти он то 15 апрел муқаррар шудааст. Азбаски ин сана истироҳат буд, дирӯз охирин баррасиҳоро ҷамъоварӣ намуда, рӯйхати ниҳоии номзадҳоро тартиб додем. Саломиддин Мирзораҳматов низ номзадии худро пас гирифт. Аммо ба рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ду бонуи журналист – Ҷамила Ҳусейнова ва Ольга Тутбалина илова гардид. Бо ҳарду суҳбати телефонӣ доштем ва розигиашон барои ширкат гирифта шуд.

Ҳамин тавр, 8 нафар номзадҳо сабти ном гардида, номзадии онҳоро аъзои комиссияи таъсисдодаи Раёсати Шӯрои ВАО, ки иборат аз 7 нафар журналистони варзида ва роҳбарони созмонҳои журналистӣ мебошад (ному насаби онҳо ҳангоми супурдани ҷоиза эълон мешавад), баррасӣ хоҳад кард. Раёсати Шӯрои ВАО меъёр ва талаботи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаро тартиб дода, ба аъзои комиссия пешниҳод мекунад.  Пас аз баррасии ҳакамон Раёсати Шӯрои ВАО хулосаи онҳоро муҳокима намуда, ниҳоӣ мегардонад.

Ҳамин тавр, номи ғолиб  дар таърихи 3 – май – Рӯзи байналмилалии озодии сухан эълон хоҳад шуд.

Ба ҳамаи номзадҳо, ки журналистони хидматкардаву шинохтаанд, муваффақият таманно дорем!

Рӯйхати ниҳоии номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”:

  1. Нуралӣ Давлатов –хабарнигори нашрияи “Озодагон”
  2. Носирҷон Маъмурзода – муовини сармуҳаррири нашрияи “Хатлон”, устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ
  3. Фахриддини Холбек – хабарнигори мустақил
  4. Фазлиддин Хоҷаев – муҳаррири нашрияи “Фараж”
  5. Зокир Ҳасан – хабарнигори минтақавӣ аз вилояти Хатлон
  6. Шоҳин Облоқулзода – хабарнигори минтақавӣ аз шаҳри Панҷакент
  7. Ҷамила Ҳусейнова – хабарнигори нашрияи “СССР”
  8. Ольга Тутбалина – муҳаррири нашрияи “Азия плюс”
Previous article500-умин шумораи газетаи “СССР” ба нашр расид
Next articleЭрон роҳи баромад аз кӯчаи сарбаста бо Тоҷикистонро меҷӯяд
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here