Ҳамкасби гиромӣ Сайёфи Мизроб!

Аҳли қалами нашрияи “СССР”!

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шумо ва ва хонандагону ихлосмандони нашрияатонро вобаста ба нашр расидани 500 – умин шумораи он муборакбод намуда, ба аҳли эҷоди нашрия фаъолияти касбии пурсамар,  ба хонандагонаш садоқати доимиро таманно дорад.

Дар ҳақиқат, дар шароити рақобати сахти байни ҳамдигарии нашрияҳо аз як сӯ, аз ҷониби дигар авҷ гирифтани журналистикаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифз намудани нашрияи чопӣ кори андак нест.  Инро танҳо ҳафтаномае метавонад  анҷом бидиҳад, ки симои хоси худро дорад ва хонандаи худро пайдо кунад.

Мо ҳамоно мутмаинем, ки ҳар як рӯзнома, ки меъёрҳои ахлоқи касбии фаъолияти журналистиро риоя мекунад, боварии хонандаи худро аз даст нахоҳад дод ва умри нашрияи худро дароз хоҳад кард.

Ба аҳли эҷоди “СССР” ва хонандагону ихлосмандонаш дар иҷрои ин рисолати муҳим муваффақият хоҳонем!

Previous articleТелевизиони СМ-1 бистсолагиашро таҷлил намуд
Next articleРӯйхати ниҳоии номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here