Шарҳи матбуоти Тоҷикистон аз таърихи 11 апрели соли 2018

Аксарияти нашрияҳои чопи Душанбе дар шумораҳои ин ҳафтаи худ ба мавзӯи шахсият ва ҷойгоҳи фаъолияти эҷодиву иҷтимоии Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик – Садриддин Айнӣ авлавият додаанд. Масоили вобаста ба паҳлуҳои мухталифи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистони ҳамсоя, ки нимаҳои моҳи гузашта бо як сафари Президент Мирзиёев ба Душанбе оғози дигар гирифт, ин ҳафта низ аз дидгоҳи журналистони тоҷик дур намонд.   Баррасиҳо дар атрофи баҳси ошкор гардидани “асардуздии олимони тоҷик” аз ҷониби пойгоҳи интернетии “Диссернет”-и Русия дар қатори мавзуъҳои ҳаррӯзаи кишвар дар ин ҳафта аз бозтоби густурда бархӯрдор буд. Бар илова,  як журналисту нависандаи тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи Нобел пешбарӣ гардида, дар ин ҳафта як қатор Воситаҳои ахбори оммаи кишвар ё ҷашнвора доштаанд, ё натиҷаи таҳқиқоти сотсиологиро барои худ муваффақияти бузург дониста, дар сафҳаҳои худ ҷойгоҳи махсус додаанд…

Пайрав Чоршанбиев дар “Азия плюс” таҳти унвони “Даромад аз ҳисоби тоҷирони тоҷик?” матлабе навишта, дар он қарор “Оид ба коэффитсентҳои афзоишёбанда дар минтақаи Суғд” –и “Нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро ба баррасӣ гирифтааст. Дар ин қарор, ки баромада аз 14 март аст, василаҳои аз минтақаи Шимол ба Ҷануби Тоҷикистон интиқол додани хатти ҳаракати роҳ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, ишора шуда, ки нархгузории интиқоли бору маҳсулот аз тариқи марзи вилояти Суғд метавонист ду баробар аз ин пас афзоиш ёбад. Соҳибкорон ва тоҷирони вилояти Суғд ин қарорро беасос ва фишордиҳанда ба тиҷорати худ дониста, ба унвонии мақомоти маҳаллӣ ва Сарвазири мамлакат муроҷиат намудаанд. Дар натиҷа коэффитсентҳои афзоишёбанда феълан мавриди амал қарор нагирифтанд. Ҳарчанд муовини роҳбари Нақлиёти Роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландаров барои рушди хатти ҳаракати роҳи нақлиёт дар минтақаҳои марказ ва ҷануби кишвар ин қарори маъмуриятро зарур меҳисобад, тоҷирон назари мухолиф изҳор намудаанд. Муовини раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигор гуфтааст, ки ин тағйирот дар паи сабукиҳои додаи ҷониби Ӯзбекистон чандон назаррас нест,   тоҷирони маҳаллӣ даъват доранд, ки ин қарори РОТ батамом бекор гардад.

Масоили вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчунин дар матлаби дигари Неъматулло Мирсаидов, узви Раёсати Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон, дар “Азия плюс” инъикос ёфтааст. Дар ин матлаби худ хабарнигор аз бозорҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузориш омода намудааст. Ӯ пас аз тамошои ин бозорҳо ба хулосае меояд, ки тарс доштани тоҷирони тоҷик аз рақобатнопазирии маҳсулоташон бо ҳамтоёни ӯзбекашон чандон воқеият надорад:

“ Агар касе орди ӯзбекӣ ё гандуми онҳоро харидорӣ кардааст, ба наздикӣ шоҳид хоҳад шуд, ки аз онҳо нон ва маҳсулоти макаронии хуб омода намегардад. Зеро хамираш мувофиқ нест” – нақли қавл мекунад бардоштҳои ширкати “Фаровон-1”-и шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Мирбобоевро хабарнигор.

Дар ҳамин ҳол, бархе тоҷирони маҳаллӣ ба хабарнигор гуфтаанд, ки новобаста аз сифат орду гандуми ӯзбекӣ ба арзиши маҳсулот ва орду гандум дар Тоҷикистон таъсири чашмрас гузоштаанд.

Ҳамчунин Мирсаидов аз як қатор маҳсулоти Ӯзбекистон, ки тавони рақобати тавонманд бо маҳсулоти тоҷикиро дорад,  ном мебарад: маводи шустушӯ, маҳсулоти кишоварзӣ ва пахтагӣ.

Ҳарчанд онҳо аз нигоҳи сифат бо маҳсулоти туркиву чиноӣ рақобатпазир нестанд, имкон дорад ба хотири нархи арзони худ бозори Тоҷикистонро аз худ намоянд, ишора шудааст дар матлаб.

“Дар Самарқанд эҳсоси бегонагӣ накардем” гузориши Ҷамшеди Сабоҳиддин, хабарнигори “Садои мардум” –нашрияи парлумонии Тоҷикистон аст, ки пас аз як сафараш ба ин кишвар инъикос ёфтааст. Ба навиштаи хабарнигор наздикии мардумони ду сарзамин ба гунае буд, ки ҳатто аз онҳо дар маҷмааҳои Майдони Регистон баробари мардуми таҳҷоӣ маблағ  гирифтаанд. Ҳарчанд тибқи нархгузориҳо барои хориҷиён 30 ҳазор сӯми ӯзбекӣ ва барои мардуми маҳалли 1000 сӯми ӯзбекӣ муайян шудааст, аз тоҷикон баробари шаҳрвандони ин кишвар маблағ гирифта шудааст. Дар беруни маҷмааҳо бошад, як сокини дигари Самарқанд ба рақами мошини хабарнигор ишора карда гуфтааст: “дар рақамҳои мошинатон ҷонам, ҳамзабонҳои азизу меҳрубон, ба хонаи худатон хуш омадед!”.

“Рӯзе, ки гузаргоҳи “Гулбаҳор” кушода шуд, барои сокинони ҳар ду давлат лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ба ҳисоб мерафт. Шаҳло Бурҳонова, ки бо амри тақдир аз Ӯзбекистон ба ноҳияи Шаҳритус арӯс шуда омадааст, охирин маротиба соли 1997 ба тариқи марзи сарҳадии “Гулбаҳор” ба Ӯзбекситон рафта буд. Тавре номбурда бо ашки шодӣ сухан мегуфт, фарзанди нахустинаш 20-сола шудааст. Инак баъди 20 сол ба дидори пайвандонаш, бахусус модари азизу меҳрубонаш мерасад. Хосият Тошпӯлотоваро низ бо амри тақдир аз Ӯзбекистон ба ноҳияи Шаҳритус арӯс оварданд. Ӯ бо ашки шашқатор гуфт, ки бо сабаби баста будани роҳҳо натавонистааст дар ҷанозаи модари дилсӯзаш иштирок кунад ва сухани охирини модарашро шунавад. Ҳамин тариқ Хосият дар ҷанозаи бародару додаронаш низ иштирок карда натавонист” менависад Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Ҳошимов дар нашрияи ҲХДТ – “Минбари халқ”.

“Фараж” низ дар як матлаб таҳти унвони “Тоҷикистон +Ӯзбекистон = манфиатҳои тарафайн” сафари Президент Мирзиёев ба Тоҷикистонро дар таърихи 9 марти соли 2018 ба баррасӣ гирифта, менависад, ки он “дар фаъолияти дохиливу хориҷии ҳарду давлат тағйироти ҷиддӣ ворид намуд”.

Мусоҳиби нашрияи “Тоҷикистон”, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маъруф Гулов, ки худ зодаи Ӯзбекистон аст, дар ин робита мегӯяд: “Дарвоза боз шуд, акнун навбати кор…”

Таҷлил аз 140 –солагии Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ, ки ба 15 апрел рост меояд, низ дар меҳвари нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон қарор дошт. “Садриддин Айнӣ – фарзанди фарзонаи миллат” навиштаест, ки дар он “Минбари халқ” назар ва андешаҳои Президент Раҳмон дар бораи Садриддин Айниро ҷамъоварӣ намудааст. “Озодагон” бошад матлаби Ҷумъабой Азизқулов –роҳбари директори эҳтимолии осорхонаи эҳтимолии Айниро таҳти унвони “Чаро музейи Айнӣ “Дом Пушкина” нашуд?” ба нашр расонида, дар он аз фаъолиятҳои Айнӣ ва хоксориву қабул накардани туҳфаҳо аз ҷониби Сардафтари адабиёти шӯравӣ, ки раҳбарони вақти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев ва дигарон барояш арзонӣ дошта буданд, сифат мекунад.

Журналист ва шоири шинохта Салими Зарафшонфар дар нашрияи “Тоҷикистон” гуфтаҳои аҳли зиёи дохил ва кишварҳои дигарро дар иртибот бо симову осори Айнӣ гирд овардааст.  Аз қавли Бозор Собир дар ин таҳия мехонем:”То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ ба забони мо гузошт”. Донишманди эронӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил бошад қотеона мегӯяд: “Мо дар Эрон касеро надорем нақшеро, ки Айнӣ дар Тоҷикистон иҷро карда буд, ифо карда бошад”.

Мавзӯи дигаре, ки ин ҳафта матбуоти Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст, натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи интернетии Диссернети Русия аст, ки рисолаҳои илмии чанд номзад ва доктори илми кишварро зери суол бурдааст. “Озодагон” менависад ҳудуди 50 фисади муроҷиатҳои расмии “Диссернет” дар мавриди ҳазфи унвонҳои илмӣ иҷро мешавад. Сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб дар сармақолаи худ мегӯяд: “Ман ҳамагӣ як газета ва як сайти хабарӣ дораму вақти сархорӣ на. Борҳо аз ман хоҳиш мекунанд, ки ба илм низ даст расонам. Аммо дастам намерасад. Пас раисону вазирони мо аз куҷо вақт ёфтаву рисолоти номзадиву докторӣ менависанд? Парадокси вазъ ин аст, ки ё Диссернет, ки олимони моро ба плагиат муттаҳам мекунад дурӯғ мегӯяд, ё воқеан ҳам раисону вазирони мо бо корҳои илмӣ банданду ба ҳукумат дурӯғ мегӯянд, ки КОР мекунанд!”.

Нашрияи “СССР” дар ин ҳафта 500 –умин шумораи худро ба нашр расонидааст. Дар робита ба ин, аз муаллифони худ аз аввал то ба охир бо ному аксашон ёдоварӣ карда, аз фаъолиятҳои гузаштаву иқдомоти ояндаи худ ба хонанда хабар медиҳад.

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Тоҷикистон бошад, бо натиҷагирӣ аз тадқиқоти чанд созмони назарсанҷӣ оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ, ки онро рӯзномаи серхонотарини мамлакат эълон кардааст, худро “Нашрияи №1” меномад. Ёдовар мешавем, ки тибқи хулосаи ин тадқиқоти Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ҳамчунин ТВ “Сафина” – шабакаи телевизионии сертамошобин, шабакаи радиои “Садои Душанбе” – радиои сершунаванда, “Бонувони Тоҷикистон” – маҷаллаи серхонанда, “Оила” –нашрияи хусусии серхонанда дониста мешаванд.

“Фараж” вобаста ба 88 –солагии Радиои Тоҷик матлаберо бо номи “Радио –ҳамнавои мардум” ба нашр расонида, менависад: “Радио ба пири хирадманде монанд аст, ки тамоми пасту баландиҳои рӯзгорро дидаасту аз ҳаёт таҷриба гирифтааст”.

“Ҷавонони Тоҷикистон”, ки низ ҳафтаи гузашта 88 солагии худро таҷлил намуд, ин ҳафта аз пешбарии повести корманди худ – “Турнаҳо дар баҳорон” –и Талабшоҳи Давлат барои дарёфти Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт хабар медиҳад. Ин асари нависанда қаблан ҳам дар озмунҳои байналмилалии “Новеллазия” ва Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ (OCABF- 2014) ғолиб омада буд ва нашрия умедворӣ кардааст, ки дар ин озмун ҳам ғалаба ба даст оварда, ҳамчун аввалин нависандаи тоҷики муддаии Ҷоизаи Нобел дар таърихи Тоҷикистон ҳифз хоҳад шуд.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here