Матбуоти ҳафтаи нави мамлакат кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Мулоҳизаву пешниҳод оид ба сохтори давлатии Тоҷикистон, “ҷанги ҳавоӣ” бо Русия, бурду бохти равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон, маънои ҳуқуқии мусодираи амволи ҷинояткорон, сабабҳои асосии ҳанӯз фаъол набудани корхонаи коркарди нафти Данғара, куштори журналистони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дигарон муҳтавои аслии нашрияҳои ин ҳафтаи Душанберо ташкил медиҳанд.

Садои мардум” – нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар як гузориши худ иттилоъ медиҳад, ки 30 март муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи “Татбиқи иҷрои бандҳои Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) лоиҳавии минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд” баргузор шудааст ва дар он раиси кумитаи парлумон Акрамшо Фелалиев изҳор намудааст, ки барои Душанбеи расмӣ рушди энергетикаи обӣ самти афзалиятнок маҳсуб мешавад. Дар ин муҳокимаҳо вакили Маҷлиси намояндагон Садриддин Шарипов, директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи бахши электроэнергетика” Назар Назарзода, муовини якуми раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ширкат намуда, суханронӣ доштаанд. Назар Назарзода ба маълумоти ҳозирин расондааст, ки муҳлати баанҷомрасии созишномаи грантӣ, ки 31 декабри соли 2017 пешбинӣ шуда буд, бо дархости Вазорати молияи Тоҷикистон то июни соли 2020 тамдид гардид. “Ҷамшед Шоимзода дар хусуси кафолати бехатарии CASA – 1000 вобаста ба фоҷеаҳои охири Афғонистон сухан намуда, ёдовар шуд, ки дар оғози лоиҳа бунёди се зеристгоҳи конверталӣ — яке дар Сангтӯда (1300 мВт), дигаре дар Кобул (300 мВт) ва сеюмӣ дар Пешовар (1300 мВт) пешбинӣ гардида буд. Ҳангоми гузаронидани озмун ва муайян намудани параметрҳои техникӣ маълум гардид, ки доштани се зеристгоҳи конверталии табдилдиҳандаи ҷараёни доимӣ ба ҷараёни тағйирёбанда ва баръакс, бениҳоят идоракунии мушкил дорад. Дар аввал интиқоли 1000 мВт неруи барқ ба нақша гирифта шуда буд. Баъдан, ҳангоми лоиҳакашӣ ва гузаронидани асосноккунии техникӣ ин рақам то ба 1300 мВт бардошта шуд. Аз ин 1000 мВт ҳиссаи Покистон ва 300 мВт ҳиссаи Афғонистон мебошад” менависад нашрия.

Дар шумораи дигари “Садои мардум” таҳти гӯшаи “Шарҳи қонун” мусоҳибаи муовини сардабири нашрия Далер Мерганов бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир чоп шудааст. Дар пешсухани мусоҳиба хабарнигор менависад: “Солҳои охир масъалаи мусодираи амволи ашхоси ҷинояткор, ки тибқи қарори суд татбиқ мегардад, дар сархати баъзе аз расонаҳо қарор гирифта, ба мавзӯи баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Назарҳо гуногун буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксарият аз моҳият ва ҳадафҳои ин намуди ҷазо огоҳии комил надоранд”.

Дар шарҳи қонун вакили парлумон мегӯяд, ки ин талаботи қонун барои Тоҷикистон ва дунё падидаи нав набуда, қаблан ҳам вуҷуд дошт, аммо “акнун дар Кодекси ҷиноятӣ мусодираи молу мулк танҳо нисбат ба молу мулке, ки ба ҷинояти содиркарда вобаста аст, татбиқ карда мешавад”. Ҳамчунин “тибқи талаботи моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ он қисмате мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ бошад. Молу мулке, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси онро қабулнамуда донад ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст”, “дар ҳолате, ки шахси гунаҳгор ба ғайр аз молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастоварда дигар моликият надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонида аз арзиши молу мулки мусодирашаванда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад”.

Нашрияи расмии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” дар шумораи ахири худ мусоҳибаеро бо муовини сардори Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Данғара» Сафаралӣ ТАЙФУРОВ ба нашр расонидаву аз забони мусоҳибаш хабар медиҳад, ки феълан миқдори субъектҳои қайдшудаи минтақа ба 31 адад расидааст ва 21 – тои онҳо фаъоланд. “Бо иқтидори мавҷуда ин ҳамаро бо барқ таъмин кардан имкон надошт. Аз ин рӯ, имзои созишнома бо ширкати чинии «Шанси»-ро метавон муҳимтарин воқеаи соли гузашта ҳисобид. Ширкат дар муддати кӯтоҳ ду хати баландшиддати барқ аз НБО «Норак» ва «Сангтӯда-1» бо тӯли 15 километр, хати интиқоли барқ бо дарозии 25 километр аз зеристгоҳи «Шар-Шар» оварда, дар минтақа зеристгоҳ сохта истодааст. Акнун мо имкон дорем, ҳам корхонаҳои феълӣ ва ҳам баъдинаро дар муҳлатҳои наздиктарин пурра бо неруи барқ таъмин созем. Инчунин, барои таъмини аҳолии деҳоти атрофи минтақа бо барқ шароит фароҳам меояд”. Ба иттилои Тайфуров аз оғози фаъолияти истеҳсолии МОИ “Данғара” то имрӯз ҷалби маблағ ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ расидааст. Танҳо соли гузашта ҳаҷми сармоягузорӣ зиёда аз 91 миллион сомониро ташкил дод, ки дар байни чор минтақаи мавҷуда натиҷаи беҳтарин мебошад.

Мусоҳиби хабарнигори “Ҷумҳурият” ҳамчунин ба масъалаи борҳо мавқуф гузоштани бакордароии корхонаи коркарди нафт “ТК Ойл” дахл карда, сабабҳои онро чунин шарҳ додааст:

  • Дар ҳақиқат, сохтмони навбати аввали корхонаи коркарди нафт пурра ба анҷом расонда шудааст. Иқтидораш дар як сол коркарди тақрибан 500 ҳазор тонна нафти хом аст. Вале аз сабаби набудани хати роҳи оҳан ба кор даровардани он ғайриимкон мебошад. Ҳаҷми ҳамлу нақли бори корхона ниҳоят калон буда, бо нақлиёти автомобилӣ онро кашондан аз ягон ҷиҳат созгор нест. Аз ин рӯ, маъмурияти минтақа якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара барои таҳияи лоиҳаи хати роҳи оҳан комиссияи муштарак созмон дод.

Дар охири мусоҳиба Тайфуров хабар медиҳад, ки онҳо чанде пеш бо сармоягузорони турк мулоқот доштаанду муваффақ шудаанд, ки имконияти дар минтақа бунёд кардани корхонаи ҷамъу васли автобусҳои мусофирбари “Исуси”-ро аниқ намоянд. “Бале, ҳамон автобусҳое, ки як миқдор барои шаҳри Душанбе харида шуданду ба сокинони пойтахт писанд омаданд. Ба гуфтаи сармоягузорони Туркия, дар бозори нақлиёти мусофирбари Осиёи Миёна чунин мол талаботи зиёд дорад ва ягона корхонаи ҷамъу васли автобусҳои кореягӣ, ки дар Ӯзбекистон фаъолият дорад, ин ниёзро алъон пурра қонеъ сохта наметавонад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани истеҳсоли он дар МОИ “Данғара” ҳам ба фоидаи бозори мо хоҳад шуд ва ҳам бозори минтақа, инчунин, Афғонистону Покистон”.

Нашрияи “Азия плюс” мавзӯи ихтилофи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русияро дар сафҳаи аввали худ баррасӣ намудааст. Муллифони матлаб Лилия Гайсина ва Акмал Маннонов аз мувофиқаи ниҳоии мақомоти кишвар ва “ҳалли ҳамаи мушкилот” дар таърихи 4 апрел, ки дар Маскав сурат гирифт, хабар медиҳанд. Дар навбати худ, муаллифон аз собиқаи қаблии ин баҳсҳо ёдовар шуда, мегӯянд, ки ин гуна ихтилофот бори аввал нест. Паҳлуҳои заифу қавии имконоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русияро онҳо ба баҳс кашида, аз қавли коршиносон менависанд, ки “аз рӯи зарфиятҳои худ ширкатҳои русӣ бе гуфтугӯ метавонанд ба ширкатҳои маҳаллӣ алтернатива бошанд”.

Муовини сардабири нашрия Ҳайдар Шодиев дар матлаби дигари худ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудааст, бурузи қазияро ба чанд омил, аз ҷумла ҳамчун фишанги Русия барои ворид нашудани Тоҷикистон ба ЕАЭС нисбат медиҳад.

Ҳафтаномаи “СССР” дар сармақолаи худ вобаста ба ин мавзӯъ менависад: “Еврейҳо мегӯянд, дар сиёсат посух бояд ҷоннок ва назаррас бошад. Фарзи мисол, агар Вазорати нақлиёти мо барои дуру дароз не, ҳамагӣ як ҳафта ҳарими ҳавоияшро ба рӯи авиатсияи низомии русӣ, ки дар хидмати Дивизияи 201 қарор дорад, бандад, фардо мебинем, ки мо “дӯсти билоивази асил ва шарики стротегии Кремл” хоҳем шуд. Аммо барои ҳифзи Шарафи авиатсияи Тоҷик дилу гурдаи Тоҷикӣ лозим аст”.

Абдумуддасир Аҳмадзода дар нашрияи “Тоҷикистон” ба мавзӯи дигари марбут ба Русияву Тоҷикистон – пешниҳоди вакили Думаи давлатӣ Максим Иванов, ки мегуфт “муҳоҷирони меҳнатӣ чипгузорӣ шаванд” пардохта, шарҳ медиҳад, ки баъдан ин депутати рус иддаои худро шарҳ додааст, ки ҳадафаш дастбандҳои электронӣ будааст. Муаллиф ин шарҳи ӯро “нармсозӣ” номида, менависад, ки мақсад боз ҳам як аст: ҷудо кардани муҳоҷирон аз дигар шаҳрвандони Русия!

Аҳмадзода ба он ҳам шубҳа дорад, ки ин гуна назарпарокании як сиёсатмадори рус аз пеши худ бошад “ва бе ризоияти “боло” ҳарфе ба забон орад”.

Муаллифи матлаб аз он ҳам изҳори нигаронӣ мекунад, ки расонаҳои хабарии Русия танҳо аз бадрафториҳои муҳоҷирони тоҷик хабар медиҳанду аммо аз аъмоли хуби онҳо, масалан аз коми оташ раҳо кардани 50 тифли рус аз ҷониби ҷавонони тоҷик, хомӯширо беҳтар медонанд.

Холиқи Муҳаммадназар дар “Фараж” таҳти унвони “Чаро Русия танҳо монд?” матлабе навишта, ҳаводиси ахири марбут ба Русия – бетарафӣ ихтиёр кардани муттаҳидони ин кишвар дар баҳси миёни Бритониё ва Русияро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар ин матлаб ҳамчунин назари чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин росто ҷо гирифтааст.

Минбари халқ” – нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мавзӯъ ва мантиқи эҳёи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар чанд матлаб ифода намудааст. Адиб Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар ин робита менависад: “Дар Тоҷикистон хеле каманд тоҷикону ӯзбконе, ки забони ҳамдигарро надонанд. Аҷоибот дар он аст, ки ҳамон намедонистагиҳо ҳам байни ҳамдигар бо забони худ гуфтугӯ мекунанд. Тоҷик бо тоҷикӣ, ӯзбек бо ӯзбекӣ. Аммо якдигарро пурра мефаҳманд”.

Сироҷиддини Эмомалӣ ва Дилмурод Ҳомидов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, назари дигаре пеш меоранд: “Таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ хеле пурғановат буда, дар гузашта аз он мардуми дигари сарзаминамон самаранок истифода мебурданд ва пас аз ин воқеаи таърихӣ боз ҳам соҳибқаламону адибони Ӯзбекистон бештару беҳтар орзуву ормонҳои худро тавассути вожаи ноби забони тоҷикӣ баён хоҳанд намуд”.

Доктори илмҳои таърих ва шарқшинос Санавбар Воҳидова бошад, мегӯяд: “Бояд гуфт, ки ин муносибатҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Вақте, ки мо ба оинаи таърих назар меандозем, муносибатҳои байни ин ду давлат мисли “Девори Берлин” буд. Мардумони бегуноҳ дар марзҳо қурбон шуданд”.

Аваз Юлдошев дар “Азия плюс” низ як гузориши худро аз сафараш ба Ӯзбекистон ба нашр расонда, аз ҷумла қайд менамояд, ки ба кишвари ҳамсоя бештар тоҷирон сафар мекунанд ва аз он ҷо тухми мурғ, анор, равғани растанӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ меоранд. Аммо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон себу нок, маҳсулоти хитоӣ ва қолин содир мегардад. Ба навиштаи хабарнигор феълан ба одамон бидуни расмиёти гумрукӣ гузаронидани маҳсулот дар ҳаҷми 300 доллари амрикоиро иҷозат медиҳанд. Ҳол он ки қаблан танҳо имкон доштанд ба маблағи 10 доллар маҳсулотро бидуни расмиёти гумрукӣ ворид ё содир намоянд. Юлдошев ҳамчунин аз фаъолияти бенизоми ронандаҳои таксии аз ҷониби Тоҷикистон ҳаракаткунанда дар муқобили низоми мушаххаси ронандаҳои ӯзбек, хидматрасониҳои хуби кормандон дар кишвари ҳамсоя, нархи арзони маҳсулот, аз ҷумла ғизо ва ҳатто бо грамм фурӯхта шудани оши палов интиқод ва ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ ин сафари худро ба сафари 15 сол пеш ба Ӯзбекистон муқоиса карда, паҳлуҳои мусбатро бештар пайдо менамояд. Ба гузориши хабарнигор ислоҳоти пиёданамудаи президент Мирзиёев дар байни шаҳрвандони ду кишвар ҷонибдории амиқ пайдо намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” дар матлаби худ “Дӯстӣ хуб аст, аммо нагузароне(м)д!!!” ишора мекунад, ки “ба ҳар дӯстиву душманӣ бо шубҳа менигарам” ва дар ҷои дигари матлабаш ин иддаои худро бо он асоснок мекунад, ки “баробари “вазиши шамоли дӯстӣ” ҳоло аксарият ҳувияти милливу фарҳангӣ раҳо кардан дорем”. Баъдан мисоле аз як тарабхонаи Душанбе меорад, ки дар он овозхонҳо аслан таронаҳоро бо ӯзбекӣ мехонданд. Ҳарчанд дар байни мизоҷони тарабхона онҳое ҳам кам набудаанд, ки аз Ӯзбекистон омадаву ба қавли муаллиф ҳайрон мешуданд, ки ба Душанбе омадаанд, ё Тошканд. “Ҳоло мо аз воридоти маҳсулоти арзони ӯзбекӣ хурсандӣ дорем. Аммо боре фикр кардае(д)м, ки истеҳсоли ватаниро ин нархҳо варшикаста хоҳанд кард? Дуруст аст, орду гандум ва бархе маҳсулоти мавриди ниёз арзон шудаасту ин ба нафъи халқи оддист. Аммо фаромӯш кардаем, ки капиталистони маҳаллӣ, ба вежа, синфи миёнаро, аз ин рақобати нобаробар ҳифз бояд кард. Аллакай дар вилояти Суғд – муҳимтарин мавзеи саноати ватанӣ синфи миёна ба буҳрон дучор омада истодааст. Дур нест, ки ин “дӯстӣ” ба бизнесменҳои хурду бузурги Душанбеву Турсунзодаву Ҳисору Хатлон низ шикастҳо оварад…”

Вакили собиқи Шӯрои Олӣ ва аъзои собиқи Ҳукумати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Холмаҳмад Азимов низоми фаъоли сиёсии кишварро дар “Озодагон” ба таҳлил гирифтааст. Ба навиштаи ӯ, дар чанд соли ахир аз ҷониби як гуруҳ олимон ва зиёиён масъалаи шоҳаншоҳӣ дар Тоҷикистонро аз тариқи матбуот ба баҳс мегузоранд. Аз ҷумла, аз матолиби Абдуғанӣ Мамадазимов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Зариф Ғулом ва Ҳафиз Бобоёров мисол меорад, ки дар нашрияҳои гуногун дар замони мухталиф ин мавзӯъро ҷонибдорӣ кардаанд, ё баръакс мухолифаш матлаб навиштаанд. “Дар оғози соли 1991 –соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизи мо – Тоҷикистон, кишвари салтанатӣ (монархӣ) набуд ва ҳама шаҳрвандони мамлакат бо ройдиҳии мардум, ё Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи баробари интихоб шудани вакили мардум, раиси Ҳукумати иҷроия, ё Раисиҷумҳурро доштанду доранд ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандон ҳамин ҳуқуқро ваколат медиҳад. Бо ҳамин асоси баробарии қонунӣ ва инсонӣ ҳеч нафаре дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу ҳаққи шоҳ будану шоҳаншоҳиро надорад”. Муаллифи матлаб таҷрибаи кишварҳои монархӣ дар Эрону Покистон ва бардоштҳои илмиву амалии онро ба баҳс кашида, менависад “барои пешгирии чунин зуҳуроти ногувор дар Тоҷикистон ногузир мебошад Умури нигаҳбони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи қувваҳои ақлонӣ (интеллектуалҳо), ки зумрае аз собиқ роҳбарону сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон, ҳамчунин як намояндаи дин ва як вакили Маҷлиси Миллӣ ва ҷамъ 23 нафарро дар бар гирад, таъсис шавад. Адади 23 яке аз рақами абадият мебошад. Тани инсон аз 23 адад хромасон иборат мебошад ва танҳо 23 –ум хромасон байни марду зан фарқ дорад. Дар замонҳои қадим тоҷикон “23 андарзи ниёгон”-ро омода кардаанд ва сабту мазмуни онҳо дар радиои Тоҷикистон бояд бошад, ки барои ҳар инсон усули идора кардани худро гӯшрас дорад. Умури Нигаҳбони Истиқлолият – арбоби ақл аст, нигаҳбони паҳлӯҳои стратегӣ ва натиҷасанҷи рушди Тоҷикистон бояд бошад”.

Нашрияи русизабони ҳукуматии “Народная газета” дар матлаби худ аз 22 сол қабл кушта шудани журналисти ОРТ дар Тоҷикистон Виктор Никулин ёдоварӣ мекунад. Гуфта мешавад ин журналист 28 марти соли 1996 дар хонааш кушта шудааст. Қотилони ин журналист соли 2003 ба 22 ва 15 сол ҳукми зиндон гирифтаанд. Аммо муаллифи матлаб ба ҳаводиси тобистони соли гузашта такя карда, мегӯяд, ба маълумоти ВКД куштори журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Муҳиддин Олимпур, Виктор Никулин ва дигарон “аз хориҷа тарҳрезӣ шуда, бо усули якхела сурат гирифтааст….Ҳадафи ин ҳама ҷиноятҳо як аст- зарба задан ба нерӯи ақлонии миллат, тарсондани зиёиён, ба вуҷуд овардани нобоварӣ, норозигии мардум ва нишон додани заъфи мақомоти интизомии мамлакат”.

Дар охири навишта муаллиф дар назардошт бо ҳаводиси “инқилоби ранга” дар дунё, таъсири неруҳои беруна ба корҳои дохилии кишварҳо аз мардум даъват ба амал меоранд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд ва фаъолони ҷамъиятӣ бояд ба мардум дар бораи пайомадҳои ин ҳолат ҳушдор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта нашрияи “Фараж” куштори Отахон Латифиро баррасӣ карда, онро кори дасти ҷонибдорони ҲНИТ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) эълон дошта буд.

Previous articleИзҳороти Шўрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Next articleЭрон шахсияте мисли Айнӣ надорад
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here