Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбии мамлакат бахшида ба ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”-ро эълон менамояд. Ин ҷоизаи Шӯрои ВАО сар аз соли 2016 дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба журналистоне тақдим мегардад, ки:

  • «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон»–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд;
  • Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд;
  • Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд;
  • Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
  • Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
  • Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
  • Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон аъзои Раёсати Шӯрои ВАО, ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд. Дар Низомномаи Ҷоиза зикр шудааст, ки “Шарт нест, ки идораи ВАО ё худи номзад узвияти Шӯрои ВАО–и Тоҷикистонро дошта бошанд”. Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи «Эътимод» аз тариқи ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд.

Қарорро дар бораи барандаи Ҷоиза Комиссияи таъсисдодаи Шӯрои ВАО–и Тоҷикистон мебарорад ва онро Раёсати Шӯрои ВАО ниҳоӣ мегардонад. Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон маблағ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шӯро муайян мекунад. Он ҳамчунин бо рамзи Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон диплом дорад.

Пешбарии номзадҳо, тибқи низомнома то 15 апрел идома меёбад. Хотиррасон мешавем, ки соли 2016 барандаи Ҷоизаи “Эътимод” директори барномаҳои радиои “Ватан” Субҳон Ҷалилов ва дар соли 2017 хабарнигори шинохта Ҳуринисо Ализода гардида буданд.

Previous articleСамарқанд – пойтахти Осиёи Марказӣ
Next articleИзҳороти Шўрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 COMMENTS

  1. Ман Зокир Ҳасан, хабарнигори рӯзнома и “Ҷумҳурият” дар вилояти Хатлонро пешниҳод менамоям.

  2. Алишер Раҳмонӣ: Пешниҳод дорам, ки ба ҷоиза номзадии Ҳуриннисо Ализода ва Абдуқодир Талбаковро бипазиред! Қаблоан сипосгузорам!

  3. «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон»–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд; – Қироншо Шарифзода
    Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат намудаанд; – Шаҳло Акобирова, Сафо Сафаров
    Матолибе таҳия кардаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд; – Хайрулло Мирсаидов
    Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд; – Раҷаб Мирзо, Иршод Сулаймонӣ
    Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд; – Сангин Гулов
    Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд; – Азиз Нақибзод
    Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд. – Аҳлиддин Салимов, Носирҷон Маъмурзода

  4. Талаби онро дорам, ки дар ин озмун номзадии журналисти варзида Аҳмади Иброҳим пешниҳод шавад!!!

Leave a Reply to alisher.rahmoni@mail.ru Cancel reply

Please enter your comment!
Please enter your name here