Озодии баён ба ҳайси ҳуқуқи азалии инсонҳо ва меъёри ҷомеаҳои демократӣ, дар расонае ҷойгоҳи сазовор ва дар ҷомеае иззат пайдо мекунад, ки бо эҳсосу риояи масъулияти иҷтимоӣ тавъам бошад.

Ин ҳақиқати бебаҳс аз аҳли қалам новобаста аз хидматаш дар расонаи ватанӣ ва ё байналмилалӣ, баробари қонунписандӣ, риояи бемайлони меъёрҳои ахлоқи касбиро низ тақозо дорад. Яъне, минбари сухан, новобаста аз доираи мухотабаш, новобаста аз тасаввури теъдоди истеъмолгари иттилооташ, минбари баландест, ки ҳунару ахлоқи соҳибқаламро чун дар ойина ҷилва медиҳад.

Баҳсу мунозираҳои тунду хашин, ҳамдигаринкоркунӣ, худсафедкунию ҳамдигарсиёҳкуниҳои аҳли қалами имрўзаву собиқи Радиои «Озодӣ», ки рўзҳои охир аз саҳифаҳои  www.ahbor.com берун рафта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошиддат вусъат пайдо карданд, боиси нороҳатӣ ва нигаронии мо, аъзо ва ҷонибдорони Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳамаи журналистони соҳибкасб гардид.

Мо чунин фикр мекунем, ки бо вуҷуди корманди расонаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии берун аз кишвари мо будан, онҳо масъуланд, ки меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалии ахлоқи касбиро риоят намоянд.

Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ба ин назар аст, ки таъин гардидан ё барканории ин ё он нафар ба мақоми роҳбарии ягон расона, интиқод ё истиқбол аз ин таъинот, набояд доираи ахлоқи касбиро убур намояд ва ба ҳаёти шахсиву маҳрамонаи одамон иртибот бигирад.

Мутаассифона, дар матолибу назарҳои пайдошудаи вақтҳои охир дар расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёрҳо сарфи назар гардиданд ва ба назар мерасад, ки ҳамкасбони гиромии мо аз унсурҳои таҳдид, ҳақорат, туҳмат ва ғаразҳои шахсӣ низ истифода бурдаанд, ки дар бархе ҳолатҳо масоили ҳуқуқиро ба вуҷуд меоварад. Ҳарчанд бархе аз муаллифони чунин матолиб баъдан онҳоро аз сафҳаҳои худ ҳазф намуданд, аммо аз ҷониби дигарон нусхабардорӣ шуда, то ҳанӯз дар саҳифаҳои интернет чарх мезананд.

Бо изҳори таассуф аз ҳолати бамиёномада мо аз хонандагони муҳтарами расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ узрхоҳӣ намуда, аз роҳбарони расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар, ки ин матолибро ба нашр расонидаанд, ё дар баҳсҳо иштирок доштанд, дархост менамоем:

  1. “Аз сомонаи www.ahbor.com ва муассису сардабираш Мирзо Салимпур хоҳиш менамоем, то ҳангоми расонаӣ сохтани масоили баҳсбарангез аз минбари озодии сухан суистифода нанамояд;
  2. Аз роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” Соҷидаи Мирзо хоҳиш менамоем  нисбати хабарнигорони худ, хоса Зафар Абдуллоев, ки ҳангоми баҳсҳои инфиродӣ доираи ахлоқи касбӣ ва ҳуқуқиро сарфи назар намудааст, тадбир андешад;
  3. Аз ҳамаи ҳамкасбони дигар хоҳиш менамоем, ки дар вақти навиштани матолиб ва мавқеъгириҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолати иҷтимоии худро фаромӯш насозанд;
  4. Ба маълумоти ҳамкасбон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки сомонаи расмии Шӯрои ВАО –  http://mediacouncil.tj/ пешопеши таҷлили Наврӯз фаъол гардида, тариқи он имкон доред Шумо аз фаъолияти ҳамкасбони мо, ки фикр мекунед меъёрҳои ахлоқи касбиро убур намудаанд, шикоят баред.

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here