Шарҳи нашрияҳои чопи Душанбе -29 марти соли 2018

Матбуоти ҳафтаи гузаштаи Тоҷикистон чанд мавзӯи калидӣ дорад, ки дар аксари нашрияҳо бозтоби густурдаи худро пайдо кардааст.  Мавзӯъҳое мисли таҷлили ҷашни Наврӯз, эҳёи робитаи мамлакат бо Ӯзбекистон, масоили вобаста ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия, мушкилоти расонаҳои хабарӣ дар кишвар ва чеҳракушоии шахсиятҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистонро дар нашрияҳои чопи то 29 –уми март пайдо кардан имкон дорад.

Ҳафтаномаи “Азия плюс” барои худ баҳси парвози тайёраҳои байни Тоҷикистону Русияро мавзӯи марказӣ қарор додааст.  “Чархупечзанон” ( “В штопоре”) унвонии матлабест, ки дар сармақолаи нашрия ҷо дорад ва дар он муаллиф мавзӯи то як соат бештар гардидани хатти парвозҳо аз Тоҷикистон ва Русия ва ним соат аз Тоҷикистон ба Русияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.  “Россавиатсия дар аввали моҳи март қароре қабул намудааст, ки тибқи он ширкатҳои миллии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” мебояд барои худ роҳҳои дигари ҳавоӣ пайдо намоянд ва парвозро дарозтар парвоз кунанд”.

 “Озодагон” ин мавзӯъро дар матлаби “Тоҷикистон 30% парвозҳои “Уралские авиалинии”-ро кам кард” пайгирӣ намуда, менависад “ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта, ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ иҷозаи парвоз намедиҳад”.

Вобаста ба мавзӯъҳои иқтисодӣ “Азия плюс” ҳамчунин дар матлаби “Соли косибон: имтиёзҳо ҳастанд, аммо аз онҳо истифода кардан мумкин аст?”  соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равонро баррасӣ менамояд. Муаллифи матлаб аз як қатор имтиёзҳои пешниҳодгардида дар ин бахш аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ном бурда, зимни мусоҳиба бо ҳунармандони мардумӣ ва муқоисаи шароити онҳо бо косибони Ӯзбекистон паҳлӯҳои заифу қавиро ба баҳс мегирад.

“Ҷавонони Тоҷикистон” роҷеъ ба ин мавзӯъ матлаберо таҳти унвони “Гулдӯзӣ ва истифодаи он дар Хатлонзамин” ба нашр расонда, таъкид менамояд, ки “фарҳанги либосдории тоҷикон аз нигоҳи олимони таърихшинос махсусиятҳои худро дорад”.

Эҳёи робита бо Ӯзбекистон ин ҳафта низ дар нашрияҳои чопи Душанбе аз чанд дидгоҳ баррасӣ шудаанд. “Фараж” менависад : “Дар ин чанд муддате, ки муносибати байни давлатҳо на он қадар хуб буд ва равуо мушкилтар буд, меҳру дӯстии якдигар онҳоро аз ҳам ҷудо карда натавонист”.

“Талаботи нав – мушкилоти нав ё “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” матлаби Одили Нозир аст, ки дар нашрияи “Тоҷикистон” ба нашр расидааст. Дар он муаллиф аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки акнун ба Ӯзбекистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар кардан имкон дорад, дар ҳоле, ки қаблан шаҳрвандон метавонистанд  бо шиносномаи дохилӣ то 30 километри кишвари ҳамсоя рафта, 5 шабонарӯз дар он ҷо бимонанд. “…ҳатмӣ кардани шиносномаи хориҷӣ васеъ кардани мизоҷони бозори ин шиноснома ва ба ин васила кор кардани маблағҳои ҳангуфт аст. Пас ғами мардуми одиро кӣ мехӯрад” менависад Одили Нозир.

“Азия плюс” ҳам ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, шартҳои акнун нави вуруду хуруҷ ба Ӯзбекистонро барои хонандагонаш шарҳ медиҳад. Ба навиштаи нашрия ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар муддати се рӯз бояд худро дар қайди мақомоти корҳои дохилӣ бигзоранд ва боҷи давлатиро, муодили 5 доллари амрикоӣ, пардохт намоянд. Барои вуруд гардидан ба кишвари ҳамсоя тариқи автомобили шахсӣ ҳам боҷи давлатӣ муқаррар шудааст, ки арзиши он аз намуди мошин вобастагӣ дорад.

Дар матлаби дигари ин нашрия, ки ба қалами сиёсатшиносон Абдуғанӣ Мамадазимов (Тоҷикистон) ва Фарҳод Толибов (Ӯзбекистон) мансуб аст, воқеият ва дурнамои равобити Душанбе ва Тошканди расмӣ ба риштаи таҳлил гирифта шудааст. Муаллифон қайд мекунанд, ки президент  Шавкат Мирзиёев Осиёи Марказиро дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон авлавият эълон намудааст ва дар зовияи ин стратегия 5 далел омили муҳим барои Душанбеву Тошканд ва 5 дурнамои ояндаи наздикро пешбинӣ мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо дар ояндаи наздик эҳтимол дорад Самарқандро “пойтахти Осиёи Марказӣ эълон намуда, ба ин васила ба равандҳои ҳамгироии мамолики Осиёи Марказӣ ва муаррифии «чеҳраи минтақавӣ» мусоидат намоянд”.

Як бахши муҳими матбуоти ҳафтаи гузашта чеҳракушоии шахсиятҳои касбу кори гуногун аст, ки дар ин ё он соҳа муваффақ гардида, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи он арзанда муаррифӣ менамоянд. “Тоҷикистон” дар робита ба 80- солагии академик, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Талбак Назаров дар ду саҳифа чеҳранигорӣ намудааст. “Фараж” суҳбатеро бо донишманди тоҷик Оймаҳмад Раҳмонов чоп кардааст, ки чанде пеш аз ҷониби президенти Лаҳистон (Полша) унвони профессори илми табиатшиносиро гирифт. Ин донишманди тоҷик ҳарчанд 27 сол боз дар Лаҳистон ба сар мебарад, ҳанӯз шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад. “Озодагон” бошад махсусиятҳои кориву инсонии профессор Абдусалом Мамадназаровро аз нигоҳи профессори амрикоӣ Фредерик Старр,  Раиси Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказию Қафқоз ва Барномаи омӯзиши “Роҳи абрешим” қаламдод намудааст.  Муаллиф иқрор мешавад, ки китоби дар ҷаҳон машҳури ӯ “Маърифати гумшуда” бо ягон забони дигар ин қадар нишонрас тарҷума  нашудааст, ки Мамадназаров бо тоҷикӣ кардааст. Ба иқрори муаллиф, ҳатто тарҷумонҳои эрониву афғон, ҳангоми тарҷумаи худ аз матлаби муаллифи тоҷикӣ истифода мебаранд.  Нашрияи “СССР” дар матлабе бо имзои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир аз 60 –солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов суҳбат менамояд ва аз хидматҳои қаҳрамони худ ҳини фаъолияташ дар Театри ба номи Лоҳутӣ, Телевизиони Тоҷикистон, “Баҳористон” ва “Сафина” маълумот медиҳад.

Муҳаррири нашрияи “Азия плюс” Олга Тутубалина дар матлаби худ “Ҳукумат ва ВАО: робитаи созанда зарур. Мо омодаем, шумо чӣ?” мушкилоти хабарнигорони тоҷик ҳангоми гирифани маълумот аз марказҳои матбуотии мақомоти ҳукуматро ба интиқод кашидааст.  Ӯ менависад, ки гӯё дар Тоҷикистон донишгоҳ ё кафедрае фаъолият дорад, ки махсус котибони матбуотиеро омода менамояд, ки ба ҳеч ваҷҳ ягон маълумотро аз онҳо гирифтан имкон надорад. Муаллиф аз ташаббуси хабаргузории “Ховар” мисол меорад, ки дар сатҳи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба “Азия плюс” нусхаи ин ҳуҷҷат бо имзои Сардори Раёсати илм ва маорифи Дастгоҳ С. Давлатзода расидааст, ки дар он мушкилоти хабарнигорон ҳангоми гирифтани маълумот мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар натиҷа аз хабаргузориҳо дархост мешавад, ки то 10 апрели соли 2018 ба муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи мушкилоти мавҷуда маълумот пешниҳод намоянд. Тутубалина менависад, ки дар се моҳи соли равон “АП” ба унвонии мақомоти давлатӣ 18 дархост фиристода, 15 посух гирифтааст.  ”Аммо! Нисфи посухҳо маълумоти заруриро пешниҳод намекунанд”.

“Фараж” бошад дар матлаби “Ҳақиқати марги Отахон Латифӣ” боз ҳам ба мавзӯи куштори журналистон ва шахсиятҳои иҷтимоӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рӯ оварда, бардоштҳои муаллифи худро дар робита ба ин, ба хонандагонаш пешниҳод менамояд.

Манбаи акс: Радио “Озодӣ”

Previous articleТафсири Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон
Next articleЭълон барои дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”
Сармуҳаррир
Муҳаррири техникии сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here