Дастури мазкур кӯшиши нахустини шарҳ додани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон буда, ба нияти пойдор гаштани фаҳмиши ягона ва риояи меъёрҳо аз ҷониби журналистон ба хотири рушди озодии баён таҳия шудааст.

Муаллифони дастур аъзои Шӯрои ВАО буда, аз ибтидо иштирокчии раванди таҳия ва татбиқи механизми худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон буда, ҳангоми таҳия аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода бурдаанд.

Дастур барои роҳбарон ва муассисони ВАО, журналистон, ҳуқуқшиносони соҳа ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ

Ба ҷои пешгуфтор

Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад.

Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни якасраи худро таҷлил намуд. Моҳи ноябри соли 2010 ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ – тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи ҷомеаи журналистон қабулгардида, дирўз пайдо нашудааст.

Танзими ҳуқуқӣ ва худтанзимкунии фаъолияти ВАО дар ҳар мамлакат марҳалаҳои хосро тай мекунад. Масалан, таҷрибаи худтанзикунии ВАО дар Русия таърихи тўлонӣ надошта бошад ҳам, вале хеле ҷолиб аст. Дар ду даҳсолаи охир дар паҳнои ин кишвари собиқ шўравӣ кодексу хартияҳо, эъломияю конвенсияҳои ахлоқӣ, ҳамчунин сохторҳои ташкилии гуногун пайдо шуданд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки барои таъмини риояи меъёрҳои ахлоқӣ бояд механизми татбиқи он аз қабили Шўрои ахлоқ ё Шўрои матбуот созмон дода шавад. Имрўз дар Русия Коллегия оид ба шикоёт нисбати матбуот амал мекунад, ки ду палата дорад. Палатаи аввал аз истеҳсолкунандагони маводи иттилоотӣ намояндагӣ кунад, палатаи дигар манфиати истеъмолкунандагони маводи иттилоотиро (аудиторияи ВАО) ифода мекунад. Қаблан дар назди Иттифоқи журналистони Русия Ҳакамоти калон (Большое жюри) амал мекард.

Маъмулан меъёрҳои ахлоқи журналистӣ тибқи миқёси амалашон се хел мешаванд: кодексҳои ахлоқии як нашрия ё ширкати ВАО, кодексҳои ахлоқии як соҳаи журналистика ва кодексҳои ахлоқии сатҳи миллӣ.

Ҳамчунин, шўроҳо ва комиссияҳои матбуот тибки шакли таъсисашон се гуна мешаванд: давлатӣ, давлатию ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ.

Ба андешаи мо, созмонҳое, ки дар асоси ҷаъиятӣ таъсис ёфта ва амал мекунанд, бештар мустақил буда, ҷавобгўи ғояи худтанзимкунӣ дар соҳаи ВАО ҳастанд. Зеро механизмҳои давлатӣ ва давлатию ҷамъиятӣ хоси танзими фаъолияти ВАО буда, ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд.

Дар Финляндия қоидаҳои журналист ва Шўрои сухани оммавӣ асоси худтанзимкунии воситаҳои ахбори омма мебошанд. Дар қоидаҳо пешниҳодҳои журналистон ва ноширон дар бораи принсипҳои ахлоқи воситаҳои ахбори оммаи Финляндия инъикос ёфтаанд. Шўрои сухани оммавӣ мақоме мебошад, ки Қоидаҳоро тафсир менамояд, инчунин ба ҳайси довар амал мекунад. Ба Шўро ҳар нафаре метавонад муроҷиат намояд, ки хоҳиш дорад андешаи мутахассисонро дар бораи то кадом андоза аз ҷониби воситаҳои ахбори вайрон кардани одоби журналистро фаҳмад. Шўрои сухани оммавӣ инчунин метавонад оид ба кўшишҳои маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот андешаашро баён кунад.

Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ба омилҳои иҷтимоӣ-эҷодии озодии сухан мутаалиқ ҳастанд. Бинобар ин худтанзимкунӣ танҳо дар чорчўбаи қонун амал карда, озодии баён ва иттилоотро кафолат медиҳад. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро мутобиқи стандартҳои муайяни касбӣ ба низом дароварда, имконияти ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби дигарро (аудитория, шаҳрванд ва ташкилот) пешгирӣ мекунанд.

Худтанзимкунӣ ва риояи одоби журналистӣ дар ҷаҳон баъди соли 1948 рушди тоза ёфтааст. Зеро меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва назарияи масъулияти иҷтимоии журнализм ба ҳамдигар рабти мустаҳкам доранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол кўшишҳои худтанзимқунӣ, таҳия ва қабули кодекси ахлоқи журналистӣ аз соли 2000 оғоз гардида буд. Нахустин тарҳи кодекс бо номи «Одоби нигорандагӣ» бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таълиф шудааст. Дар тўли даҳ сол ин масъала дар сатҳҳои гуногун – ҷаласаю конфронсҳо, «мизҳои гирд» ва ҳамоишҳои миллию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, билохир соли 2009 бо иштироки намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони миллию байналмилалӣ хуҷҷати муҳим – Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид. Дар таҳияи он муаллифон аз таҷрибаи мамолики гуногун – Олмон, Қатар, Русия, Финляндия ва ғайра истифода намуданд.

Имрўз Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби қариб 70 созмону ташкилоти ВАО эътироф гардидааст.

Мақсад аз қабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баланд бардоштани масъулияти журналистон дар ҷомеа ва сифати журналистика мебошад.

Дар пешгуфтори ин санад омадааст, ки «Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд».

Дар кишвари мо қариб даҳ сол мешавад, ки Шўрои воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шўрои ВАО) амал мекунад, ки мақсади асосиаш таҳкими меъёрҳои аҳлоқии фаъолияти журналистӣ аст. Шўрои ВАО созмони ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби созмонҳои рўзноманигорӣ ва ташкилотҳои ВАО таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти оинномавиаш, Шўрои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое таъсис дода шудааст, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ таалук доранд. Хадаф аз фаъолияти Шўрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рўзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рўзноманигорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шўрои ВАО дар фаъолияти худ принсипҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунадешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба роҳбарӣ гирифтааст.

Риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби журналистон дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ ба амнияти фаъолияти касбии онҳо ва пурсамар иҷро намудани рисолати ВАО дар ҷомеаи журналистон мусоидат менамояд

Рисолаи мазкур кӯшиши нахустини шарҳ додани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон буда, ба нияти пойдор гаштани фаҳмиши ягона ва риояи меъёрҳо аз ҷониби журналистон ба хотири рушди озодии баён таҳия шудааст.

МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ш. Душанбе, 30 октябри соли 2009

Пешгуфтор

Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд.

Мақсад аз қабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон такмили худтанзимкунии матбуот ва баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ дар кишвар аст.

  1. Рисолати ВАО ва журналист

Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

ВАО ва журналистон бо ин асл ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

Меъёри мазкур усули (принсипҳои) асосии фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипҳои (усули) асосӣ – ин қоидаҳои асосӣ, асосҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки заминаи асосии фаъолиятро дар соҳаи алоҳида муайян менамоянд.

Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон он қоидаҳои асосӣ ва асосҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки журналистон онҳоро дастури фаъолияти касбии рӯзноманигории худ қарор дода, фаъолияти ҳамарӯзаи касбии журналистиашонро маҳз дар асоси ҳамин усул ва қоидаҳои умумӣ ба амал мебароранд. Меъёрҳои мазкур аз арзишҳои умумибашарӣ ва меъёрҳои ахлоқи башарӣ сарчашма гирифтаанд.

Жураналист фаъолияти ҳаммарӯзаи касбии худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин дар асоси меъёрҳои умумэътирофгардидаи ахлоқ ва қоидаҳои муоширати одоб ба амал мебарорад. Журналист бояд, ки ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши касбии худ кӯшиш намояд.

Ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода кунанд ва интишор диҳанд. Иттилоот сарфи назар аз шакли пешниҳод шудан – маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо мебошанд. Иттилооти ҳақиқӣ шарти муҳими комёбии фаъолияти рӯзноманигорӣ дониста мешавад. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист ҳақиқатнигориро бояд дар маркази фаъолияти касбии худ қарор диҳанд ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи касбии худ аз интишор намудани итттилооти ба ҳақиқат номувофиқ худдорӣ кунанд.

Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбор дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси коҳиш ёфтани сафи хонандагонаш мегардад. Вазифаи муҳимтарини журналист таъмин намудани маводе аст, ки ба талабот ва ниёзҳои хонандагон ҷавобгӯ бошад.

Воқеънигорӣ низ яке аз асосҳои муҳими фаъолияти журналистӣ буда, аз идораи воситаҳои ахбори омма интишор намудани иттилооти ба воқеият мувофиқро тақозо менамояд. Воқеънигорӣ инчунин ҳангоми нашр ва паҳн намудани иттилоот беғаразӣ ва холисиро низ тақозо менамояд ва баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Журналист набояд зери таъсири шахсони алоҳида, гурӯҳи алоҳида монад ва ӯ набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳад. Журналист инчунин бояд кӯшиш намояд, ки ба аҳду вазъиятҳои муноқишавӣ ворид нашавад ва аз иштирок дар муносибатҳои муноқишавӣ худдорӣ намояд.

Адолат мафҳуми иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, он бевосита ифодакунандаи мазмуни аксари меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Адолат баробарии ҳама дар назди қонун, таъмини қонуният, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро тақозо менамояд.

Гуногунандешӣ («плюрализм») чунин мазмун дорад, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеи гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногун дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа вуҷуд доранд ва низоми сиёсии ҷомеаҳои гражданӣ дар асоси гуногунфикрӣ ва бисёрандешагӣ инкишоф меёбанд. Мавҷудияти мафкураҳои гуногун дар ҷомеаи мо дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист гуногунандеширо асли асосии фаъолияти худ қарор дода, ҳангоми таҳия, нашр ва паҳн намудани мавод бояд, ки назару андешаҳои гуногунро асоси фаъолияти касбии худ қарор диҳад.

Ҳангоми омода кардани мавод рӯзноманигор ба хотири риояи тавозуни назарҳо бо фикру андешаҳои мухталиф, тарафҳои муқобил ва воқеа шинос шуда, сипас онҳоро дар маводаш ҷой медиҳад. Хонандаи закӣ аз байни андешаҳои гуногун хулосаи худашро дар бораи воқеаи баамаломада пайдо мекунад. Дар ин ҳолат инчунин ягон тарафи иштирокчии воқеа аз маводи рӯзноманигор норозӣ намешавад, зеро андешаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон – асли (принсипи) муҳими ҳуқуқи байналмиллалӣ ва меъёри муҳими асосии конститутсионӣ мебошад. Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои вай арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист эҳтироми ҳуқуқи инсонро сармашқи асосии фаъолияти худ қарор дода, ҳангоми таҳия, нашр ва паҳн намудани мавод нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бо Конститутсия ва қонунҳо кафолат дода шудаанд, эҳтиром мегузоранд. Истифодаи як калима, ҳарф ё аломати ноҷои китобатӣ метавонад боиси ранҷиши хотири одамон шавад. Эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шаклҳои эҳтиром намудани ҳуқукҳо, риоя намудани он, мусоидат намудан ба амалӣ гардидани онҳо ифода меёбанд. Ҳангоми муошират намудан бо шаҳрвандон журналист бояд, ки хушмуомилагӣ, рафтори шоиста ва боэҳтиётиро риоя намояд.

  1. Сареҳияти ахбор

ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.

Меъёри ахлоқии мазкур «сареҳияти ахбор» ном дошта, он масъалаҳои дурустии иттилоотро ба танзим даровардааст. Тибқи мазмуни меъёри мазкур воситаҳои ахбори омма ва журналистон бояд андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Меъёри мазкур аз усули муҳими ҷомеаи гражданӣ – гуногунандешӣ (плюрализим) сарчашма мегирад.

Гуногунандешӣ ё «плюрализим» яке аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи гражданӣ мебошад. Мафҳуми «плюрализим» аз калимаи лотинӣ («pluralis») гирифта шуда, мазмуни «маҷмӯъ ё бисёрӣ»-ро дорад. Гуногунандешӣ ё «плюрализим» чунин мазмун дорад, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеи гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногун дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа вуҷуд доранд ва низоми сиёсии ҷомеаҳои шаҳрвандӣ дар асоси гуногунфикрӣ инкишоф меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он ҳеҷ ягон мафкура ба сифати давлатӣ қабул намешавад. Мавҷудияти мафкураҳои гуногун дар ҷомеаи мо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф фаъолият доранд. Ҳангоми омода кардани мавод оид ба лаҳзаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа, ба эътибор нагирифтани андешаи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мазкур чунин маъно дорад, ки журналист андешаи (мавқеи) ҳизб ё ҳаракати мазкурро эҳтиром намекунад. Ин ҳолат камбудии журналист ва воситаи ахбор аст. Зеро журналист ва воситаи ахбор вазифадоранд ҳамаи ақида ва фикрҳои ҷомеаро баробар инъикос кунанд ва беғараз бошанд.

Тибқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҷунбиш ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Аз мазмуни ин меъёри конститутсионӣ чунин бармеояд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ ягон мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад ва давлат гуногунандеширо дар ҷомеа кафолат додааст.

Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми таҳия кардани мақолаҳо, хабару гузоришҳо бояд, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеъҳои гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногунро интишор диҳанд ва зимни таҳия намудни онҳо беғаразиро нигоҳ доранд. Беғаразона нашр намудани андешаҳои гуногун чунин маъно дорад, ки журналист ва идораи воситаи ахбори омма ҳангоми таҳияи мавод бояд, ки холисӣ ва беғаразиро риоя намуда, дар ҷобаҷогузории матн ба ин ё он андеша афзалияти сунъӣ надиҳанд ва бе ягон намуди манфиат ҳама гуна назару андешаҳоро якхела инъикос намоянд. Бидуни таҳриф нашр намудани назару андешаҳои гуногун чунин маъно дорад, ки ҳангоми нашри назару мавқеъҳои гуногун ба таҳрифи матн, иваз намудани калима, ҷобаҷогузории ҷумла, ҷойивазкунии калима, таҳрифи ҳақиқат, ки мумкин мазмуни фикру андешаро тағйир диҳанд, иҷозат дода намешавад.

Тавре таҷрибаи фаъолияти воситаҳои ахбор ва журналистон нишон медиҳад, сарлавҳаи нодуруст ва тасвири ноҷо ҳатто боиси озурдагии хотири қаҳрамонони мақола ва дар ниҳояти кор таъқиботи судии журналистон ва ВАО мегарданд. Дар таҷрибаи журналистикаи тоҷик мисолҳои нодуруст истифода бурдани тасвир зиёд вомехӯрад. Боре дар маҷаллаи начандон маъруф саҳифабанд дар байни матни ба мавзӯи хушунати оилавӣ бахшидашуда акси зан ва марди ношиносро гузоштааст. Маҷаллаи мазкур тасодуфан ба дасти соҳибони акс расида, боиси озори хотирашон гаштааст, зеро одамони аксбардоришуда хоҳару бародар будаанд. Дар натиҷа муаллифи мақола ва мухбири суратгир водор гаштанд, ки дар суд тӯли чанд муддат барои исбот кардани бегуноҳии худ сарсону саргардон гарданд. Ба ҳамин хотир, сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Илова бар ин идораи воситаи ахбор ва журналист пеш аз истифода бурдан бояд соҳибони расмҳо, одамони дар он аксёфтаро аниқ кунанд. Ҳангоми ба мақола гузоштани сарлавҳа идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва журналист бояд чунин меъёрро ба назар гиранд, ки сарлавҳа ва акси мақола бояд ифодакунандаи мундариҷаи асосии он бошанд. Ба мавод ё мақола гузоштани сарлавҳаи номуносиб ва ё сарлавҳае, ки мазмуни онро ифода намекунад, боиси паст гардидани эътибори мақола дар назари хонанда мегардад. Ҳатто ноҷо гузоштани аломатии китобатӣ метавонад боиси ранҷиши хотири нафаре гардад. Сурату аксҳое, ки якҷоя бо мақола нашр мегарданд, бояд ифодакунандаи мазмун ва ҳадафи зеҳнии муаллиф бошанд.

  1. Ҳифзи манбаи ахбор

ВАО ва журналист ҳангоми аз манбаъ гирифтани ахбор ба он эҳтиром мегузоранд, мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя, аз фош кардани манбаи ахбор худдорӣ мекунанд ва бо амали худ ба ошкор шудани шахс, манбаи ахбор ва сирри касбӣ роҳ намедиҳанд.

Меъёри ахлоқии мазкур масъалаҳои ҳифзи манбаи ахбор (сарчашмаи ахбор) ва сирри касбии журналистиро танзим менамояд. Дар мавриде, ки агар соҳиби ахбор аз додани номи худ худдорӣ намуда, ахборро бо шарти пинҳон нигоҳ доштани манбаи ахбор дода бошад, он гоҳ журналист ва идораи воситаи ахбори омма ӯҳдадоранд, ки манбаи ахборро ҳифз намоянд. Тибқи мазмуни меъёри мазкур ҳифзи сарчашмаи ахбор (манбаи ахбор) бо усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

  • воситаи ахбори омма ва журналист ба манбаи ахбор эҳтиром мегузоранд;
  • воситаи ахбори омма ва журналист мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя мекунанд;
  • воситаи ахбори омма ва журналист аз фош кардани сарчашмаи воситаи ахбори омма худдорӣ мекунанд;
  • воситаи ахбори омма ва журналист бо амали худ ба ошкор намудани шахс, манбаи ахбор роҳ намедиҳанд;
  • воситаи ахбори омма ва журналист ба фош гардидани сирри касбӣ роҳ намедиҳанд;
  • воситаи ахбори омма ва журналист бо амали худ ба ошкор гаштани сирри касбӣ, яъне шахсияти манбаи ахбор роҳ намедиҳанд.)

Аз тарафи журналист ва ё идораи воситаи ахбори омма вайрон кардани яке аз муқаррароти мазкур ҳамчун далели риоя накардани сирри манбаи ахбор арзёбӣ мегардад.

Журналист ҳуқуқ дорад, ки сирри манбаи ахборро нигоҳ дорад ва ӯро фош насозад. Ягон шахс ҳуқуқи талаб кардани фош сохтани манбаи ахборро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки махсус дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд. Фош сохтани манбаи ахбор танҳо бо розигии соҳиби ахбор ва ё дар асоси қарори асосноки суд ба амал бароварда мешавад. Танҳо дар ҳолатҳои муайяни дар қонунгузорӣ пешбинигардида суд метавонад журналист ва ё идораи воситаи ахбори оммаро вазифадор намояд, ки сарчашмаи ахборрро фош кунад. Масалан, дар мавриде, ки агар масъалаи дар суд баррасишаванда ҳимояи ҳаёти инсон бошад, дар мавриде, ки агар мақсади мурофиаи судӣ пешгирӣ кардани ҷинояти вазнин бошад ва инчунин, дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.

Вале ВАО ва журналистон бо мақсади дар байни хонандагон аз даст надодани эътимод ва эътибори касбии худ метавонанд ҳатто озодии худро қурбони сирри касбӣ намуда, дар суд ҳам манбаи ахборашонро фош накунанд.

Дар рафти мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои доир ба маҳдуд кардани озодии сухан ва баёни ақида аз судшаванда (ва ё ҷавобгар) номбар кардани манбаи ахбор талаб карда намешавад.

Сирри касбӣ пеш аз ҳама иттилооти махфии хосияти касбидошта мебошад, ки ба журналист бинобар иҷрои ваколатҳои касбиаш бо шарти нигоҳ доштани махфият маълум гардидааст ва фош сохтани он метавонад, ки ба эътибори шахс зарар расонад. Эҳтиром кардани сирри касбӣ яке аз вазифаҳои муҳими журналист мебошад.

  1. Ақида, далел ва гумону тахмин

ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад.

Меъёри ахлоқии мазкур дорои ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, касбӣ ва ахлоқӣ аст. Мафҳуми «ақида» бевосита дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода нашудааст. Аммо, аз мазмуни баъзе аз меъёрҳои ҳуқуқӣ мӯҳтавои он равшан мегардад. Тибқи талаботи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқи фикру ақидаашро озодона баён кардан, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намудан дорад. Аз мазмуни ин меъёри ҳуқуқӣ чунин бармеояд, ки ҳар шахс метавонад, ки фикру ақидаашро озодона баён намояд, фикру ақидаашро дар ҳар шакл дар матбуот нашр ва паҳн намояд.

Ақида – ин фикри муайян, назару андеша, шарҳ, баёни андеша, фикри баҳогузорӣ мебошад, ки назари шахсро ба ягон ашё, мавзӯъ, ё шахс ифода менамояд ва, зимнан, он мавҷуд будан ва ё набудани далелҳоро (фактҳо) тасдиқ намекунад. Предмети ифода намудани ақида – ин мавзӯъ ва ё ҳодисаи муайян ё шахси муайян мебошанд. Ақидаро тасдиқ ё рад намекунанд ва, маъмулан, он хосияти субъективӣ дошта, маҳз бо ҳамин сабаб нисбат ба он истифода бурдани мафҳумҳои «дуруст» ва ё «нодуруст» мумкин нест. Аз ҳамин сабаб, баёни ақида, андеша, фикр мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор гирифта наметавонанд. Вобаста ба ҳамин асосҳо, журналистонро барои баёни ақида, андеша ва фикр мавриди пурсиш қарор додан мумкин нест. Мақомоти таҳқиқ, мақомоти тафтишоти пешакӣ ва ё суд наметавонанд, ки аз журналист далели дуруст ва ё нодуруст будани фикру ақидаашро талаб намоянд.

Далел (факт) иттилооте мебошад, ки аз як ва ё якчанд маҷмӯи факту рақамҳо иборат буда, мавҷуд будан ва ё набудани ягон ашё, воқеа ва ё падидаро тасдиқ ё инкор мекунад. Маъмулан, ҳар як нафари далелро пешниҳод ва нашрнамуда вазифадор аст, ки дурустии чунин далелро ба исбот расонад. Гумону тахмин инчунин намуди иттилооте мебошанд, ки онҳо хосияти фарзиявӣ дошта, ҷой доштани далелҳоро тасдиқ намекунанд ё аз баёни гумону тахмин ҷой доштани далел хулоса карда намешавад.

  1. Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр

ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегарданд, худдорӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.

ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.

Меъёри мазкур бештар ҷанбаи ахлоқӣ дошта, дар фаъолияти журналистӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб, аз ҷумла масъалаҳои илмию таърихӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, нашри мақолаву гузоришҳои характери таҳлилидошта воситаи ахбори омма ва журналист бояд, ки фарҳанги миллии худро эҳтиром намоянд. Эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ дар шаклҳои пос доштани таърихи қадимии миллат, эҳтироми забон ва адабиёти миллат, пос доштани таърихи давлат ва ҳуқуқи миллат, эҳтиром гузоштан ба бузургон ва қаҳрамонони миллат, пос доштани расму анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба дин ва эътиқоди миллӣ ифода меёбанд.

Дар баробари ин, меъёри мазкур ба воситаҳои ахбори омма ва журналистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми нашри хабар, мақола ва гузориш аз тарғиб намудани фисқу фасод, ифроти шаҳват, бадахлоқӣ худдорӣ намоянд, зеро чунин амалу кирдорҳо метавонанд, ки боиси костагии фарҳанги миллӣ гарданд ва оқибат ба сатҳи маънавию тарбиявии аҳолии кишвар таъсири манфӣ расонанд. Нашр ва паҳн намудани иттилоти дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ, ки меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозанд, хилофи одоби касбии журналист мебошад. Тарғиб намудани фисқу фасод, ифроти шаҳват дар мавридҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ шуда метавонанд.

Дар баробари эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ, меъёри мазкур инчунин ба воситаҳои ахбори омма ва журналистон эҳтиром намудани фарҳанги дигар миллату халқҳоро низ тавсия медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо, ба мисли ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо, туркманҳо низ истиқомат менамоянд, ки ин миллатҳо дар марҳилаи тӯлонии таърихӣ дар паҳлӯи миллати тоҷик дар ҳайати як давлат зиста, бо кишвару миллати мо таърихи муштарак низ доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми нашри мақолаю хабар эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллати ғайр нишони баланд будани фарҳанги шаҳрвандии ҳар як журналист мебошад.

Воситаҳои ахбори омма ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд. Тибқи талаботи моддаи 6 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон, халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Дар кишвари мо халқу миллатҳои гуногун сукунат доранд, ки ҳар яке аз онҳо дорои суннату анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии худ буда, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар баробари миллати тоҷик соҳиби тамоми ҳуқуқҳое мебошанд, ки бо Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода шудаанд. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба суннату анъанаҳои миллати ғайр, дину мазҳаби онҳо нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқии журналистон мебошад.

  1. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ

ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.

Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.

Меъёри мазкур ҳам характери ҳуқуқӣ ва ҳам характери ахлоқӣ дорад. Дар баробари ин, меъёри мазкур заминаи ҳуқуқии конститутсионӣ дошта, маҳз дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳаёти шахсии инсон кафолат дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. Дар баробари ин, эҳтироми ҳаёти шахс дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шуда, мустаҳкам карда шудааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 175 Кодекси гражданӣ, шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва сирри пасандозҳо ҳуқуқ дорад. Фош кардани сирри ҳаёти шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мумкин аст. Ба ғайр аз ин, бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар суханрониҳои оммавӣ, асар дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё манфиати шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуда метавонад.

Меъёри мазкур аз ду қисм иборат буда, дар қисми якуми он дар бораи эҳтиром гузоштани журналистон ва воситаҳои ахбори омма ба ҳаёти шахсии ашхос муқаррарот пешбинӣ гардидааст. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ба ҳаёти шахсии одамон эҳтиром гузошта, маълумот дар бораи ҳаёти шахсро танҳо бо иҷозати худи шахс нашр менамоянд.

Ҳаёти шахсӣ – ин ҳаёти шахсии инсон, оилаи ӯ, муҳити зист ва манзили истиқоматии ӯ ва дигар биноҳои шахсӣ иборат аст, ки инсон барои фаъолияти ҳоҷагидорӣ, тиҷоратӣ, касбӣ онҳоро истифода мебарад, инчунин дахлнопазирии психикӣ ва ҷисмонии шахс, шаъну эътибори вай, далелҳои шахсӣ ва махфии шахс, суратҳо, расмҳои шахсӣ ва дигар аксҳои вай, иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ, сатҳи қобилияти шаҳвонӣ, хусусият ва характери шахс, мукотибот, андеша ва фикрҳои шахсӣ, одат ва дигар хусусиятҳои шахсии ӯ мебошанд, ки истифодаи онҳо танҳо бо иҷозати худи шахс (инсон) сурат гирифта метавонанд.

Дар қисми дуюми меъёри мазкур дар бораи ҳолатҳои махсуси инъикос гардидани лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳое, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, маълумот дода шудааст. Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар воситаи ахбори омма инъикос шуда метавонанд.

Шахсиятҳое, ки арзиши иҷтимоӣ доранд (шахсиятҳои оммавӣ) – асосан сиёсатмадорони давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, хизматчии мақомоти худидораи давлатӣ, роҳбари ҳизби сиёсӣ ва ё анҷуман мебошанд, ки вобаста ба вазифаю мансаби ишғолнамудааш дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ мудом ва мунтазам иштирок менамояд, судяҳо ва прокурорҳо, ки дорои ваколати қабул кардани қарори аҳамияти ҷамъиятидошта мебошанд, дигар ашхосе, ки дорои ваколати маъмурии оммавӣ мебошад, ашхосе, ки хизмати оммавӣ мерасонанд (аз ҷумла, санъаткорон ва актёрҳои оммавӣ), ашхосе, ки фикр ва қарори онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир расонида метавонад, ашхосе, ки диққати аҳли ҷомеаро ба мавзӯи муҳим ҷалб менамоянд ва дигарҳо буда метавонанд. Вобаста ба нақши муҳими ҷамъиятии чунин ашхос, лаҳзаҳои ҳаёти хусусии онҳоро идораи воситаи ахбори омма ва журналист бе розигии онҳо низ метавонанд инъикос намоянд.

Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, бояд риоя шавад. Ин меъёр чунин мазмун дорад, ки ҳангоми аз тарафи идораи воситаи ахбори омма ва журналист инъикос намудани ин ё он парванда оид ба паҳлӯҳои ҳаёти шахсӣ, бояд ки ҳуқуқи ашхоси сеюм, яъне ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, вале ба ин ё он тарафи қазия муносибати хешутаборӣ доранд ва ё дар намуди дигар алоқамандӣ доранд, бояд риоя карда шавад.

  1. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.

Меъёри мазкур ҳам тарафҳои ҳуқуқӣ ва ҳам паҳлӯҳои ахлоқӣ дорад. Журналист бо амалҳои худ бояд, ки барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд. Дар меъёри ахлоқии мазкур кирдорҳое номбар гардидаанд, ки хилофи муқаррароти ҳуқуқ ва одоби касбии журналист мебошанд. Чунин кирдорҳо амалҳои зеринро дарбар мегиранд:

  • паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои таҳқиромез;
  • паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо аксу тасвири номуносиб;
  • тӯҳмат;
  • ситоиши нобарҷо.

Аз тарафи журналист ва ё идораи воситаи ахбори омма содир гардидани ақаллан яке аз амалҳои дар боло номбаргардида хилофи талаботи қонун ва одоби касбии журналист мебошад.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои таҳқиромез на танҳо боиси вайрон гардидани одоби касбии журналист мегардад, балки боиси ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ ва дар баъзе мавридҳо ҳатто боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Тартиби ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ бо тартиби ҳуқуқии гражданӣ дар моддаи 174 Кодекси гражданӣ танзим шудааст. Парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ бо тартиби мурофиаи гражданӣ баррасӣ карда мешаванд. Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаи 136 Кодекси ҷиноятӣ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба таҳқиру тӯҳмат парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ буда, дар асоси шикояти айбдоркунандаи хусусӣ аз тарафи суд бо тартиби мурофиаи айбдоркунии хусусӣ бе иштироки айбдоркунандаи давлатӣ баррасӣ карда мешаванд. Номгӯйи алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои тахқиромезро дар асоси таъиноти суд хулосаи ташхиси филологию забоншиносӣ муайян карда метавонанд.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо аксу тасвири номуносиб хилофи одоби касбии журналист мебошад.

Мафҳуми “тӯҳмат” бештар ҷанбаи ҳуқуқӣ дошта, содир намудани кирдори тӯҳматангез на танҳо боиси вайрон гардидани одоби касбии журналист, инчунин боиси ҷавобгарии ҳуқуқии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани тафсилоти бардурӯғ, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё номи некашро доғдор месозад, тибқи талаботи моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноят дониста шудааст.

Ситоиши нобарҷо аз маҷмӯи кирдор ва амалҳое иборат мебошад, ки бевосита ба таърифу тавсифи нобарҷои ин ё он шахс, ба афзал донистани як шахс нисбат ба ашхоси дигар, ба хушомадгӯӣ нисбат ба ин шахс бахшида шудааст. Чунин ситоиши нобарҷо метавонад, ки нисбат ба ҳама гуна шахс, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ ва ё мансубияти мансабӣ раво дида шавад. Дар афъолияти касбӣ содир кардани амали ситоиши нобарҷо ва тамаллуқкорӣ хилофи одоби касбии журналист мебошад.

  1. Эҳтимоли бегуноҳӣ

Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд.

Меъёри ахлоқии мазкур бештар хосияти ҳуқуқӣ дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, асос ёфтааст. Тибқи талаботи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳеҷ кас дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Тибқи талаботи қисми дуюми моддаи 14 Аҳдномаи байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҳар як шахси оиди парвандаи ҷиноятӣ айбдоршаванда ҳуқуқ дорад, ки то замони тибқи қонун исбот гаштани гуноҳаш бегуноҳ дониста шавад. Дар баробари ин, принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳӣ дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шуда, мустаҳкам карда шудааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 15 Кодекси мурофаивии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 3.12.2009) ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Бешубҳа, риоя кардани асли эҳтимолияти бегуноҳӣ бештар ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти таъқиботи ҷиноятӣ ба мисли мақомоти таҳқиқ, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти прокуратура вогузор гардидааст. Дар баробари ин, қонунгузории амалкунанда аз дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ низ тақозо намудааст, ки принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳиро риоя намоянд.

Азбаски воситаҳои ахбори омма қувваи пешбарандаи иттилоотонии ҷомеа мебошанд ва маҳз онҳо робитаи иттилоотии давлатро бо шаҳрвандон таъмин менамоянд, онҳо дар фаъолияти худ хоҳу нохоҳ дар бораи рафти таштишоти пешакиии парвандаи ҷиноятӣ ва ё баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд хабару гузоришҳо нашр ва паҳн менамоянд. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми таҳияи мақола, гузориш ва ё ҳама гуна дигар хабари иттилоотии вобаста ба қазияи ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ кардан дар бораи гунаҳгор будани ин ё он шахс худдорӣ намоянд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар асоси ҳукми судии ба қувваи қонунӣ даромада воситаҳои ахбори омма ва журналистон дар бораи гунаҳгор будани шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ҳукуқи хулосабарорӣ кардан надоранд. Танҳо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд далели гунаҳгории шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда мебошад.

Журналист дар маводи аз ҷараёни мурофиаи судӣ омодакардааш пеш аз қарори суд бояд аз истифода бурдани феълҳои тасдиқкунандаи амсоли «гунаҳкор дониста шуд», «гунаҳкор аст» худдорӣ намояд. Зеро шахси гумонбаршуда ҳанӯз гунаҳкор нест. Эҳтимол, суд бегуноҳии ӯро исбот созад, он гоҳ журналист ва воситаи ахбор дар назди қонун барои нақзи ҳуқуқи бегуноҳии шахс ҷавоб хоҳанд дод.

Дар баробари ин, меъёри мазкур дар ҳеҷ маврид чунин мазмун надорад, ки воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқи дар бораи қазияи ҷиноятӣ, ҳолатҳое, ки мавриди тафтишот қарор мегиранд хабар нашр ва паҳн накунанд. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ доранд, ки дар бораи рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ гузоришҳо ва хабарҳо нашр ва паҳн намоянд, бо тарафҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳамсӯҳбат шаванд, мавқеи тарафҳоро инъикос намоянд, дар бораи ҳолатҳои бегуноҳии шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда мақолаи иттилоотию таҳлилӣ нашр намоянд, мактубу мақолаҳои шикоятии айбдоршаванда, ҳимоячии вай, мактуби ҷавобии муфаттиш, прокурор ва судяҳоро нашр кунанд, вобаста ба қазия дигар маводҳои таҳлилию танқидиро нашр ва паҳн намоянд.

  1. Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)

Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд.

Меъёри мазкур бештар характери ҳуқуқӣ дошта, он ба пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои табъиз (дискриминатсия) дар воситаҳои ахбори омма нигаронида шудааст. Табъиз (дискриминатсия) ҳам дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳам дар сатҳи қонунгузории миллӣ манъ карда шудааст. Тибқи талаботи моддаи 26 Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ ҳамаи одамон дар назди қонун баробар мебошанд ва бидуни ҳама гуна табъиз тибқи қонун ба ҳимояи баробар ҳуқуқ доранд. Дар ин маврид, ҳама гуна табъиз бояд бо қонун манъ карда шавад ва қонун, новобаста аз мансубияти нажодӣ, ранг, пӯст, ҷинсӣ, забонӣ, мансубитяти динӣ, андешаи сиёсӣ, мансубияти иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳо бояд ба ҳамаи шахсон ҳимояи баробар ва самаранокро ба муқобили табъиз кафолат диҳад. Тибқи муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ мумкин аст аз тарафи идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист дар шаклҳои гуногун ба амал бароварда шавад. Нашр накардани хабар ва ё мақола, рад намудани нашри хабар, нашр накардани ҷавоб ё раддия, муқаррар кардани маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқ ба иттилоот, маҳдуд кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ғайраҳо вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ метавонанд намунаи чунин шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ бошанд.

Тибқи меъёри мазкур идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист ҳангоми омода ва нашр намудани маводи иттилоотӣ аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд. Аз мазмуни меъёри мазкур чунин бармеояд, ки аз тарафи воситаҳои ахбори омма истифода намудани мафҳумҳо ва ҷумлаҳое, ки бевосита камбудии ҷисмонии шахсро ифода мекунанд ва ё онро мавриди мазаммат қарор медиҳанд, хилофи одоби касбии журналист мебошад. Чунончи, истифодаи мафҳумҳои дар амал маъмули “кар, кӯр, гунг, шал, девона,”ки, ба паст задани шахсияти инсон равона гардидаанд ва ё бо ин восита эътибори шахсияти ӯро дар назди хонандагон поймол менамоянд ва ё таҳқир менамоянд, манъ мебошанд. Айбҷӯии ҷисмонӣ на танҳо дар истифодаи мафҳуму ҷумлаҳои ишоракунандаи камбудии ҷисмонии инсон ифода мегардад, балки он дар истифода бурдани калимаву ҷумлаҳои ташбеҳӣ, монандкунӣ ба дигар ҷисмҳои ҷондор низ ифода ёфта метавонанд, ки чунин амалҳо хилофи одоби касбии журналист мебошанд. Ҷустани камбудиҳои ҷисмонии инсон аз тарафи журналист шаҳодати паст будани сатҳи маърифати ӯ буда, он аз ғарази шахсии журналист нисбат ба ашхоси муайян шаҳодат медиҳад.

  1. Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон

Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд.

Меъёри мазкур журналистон ва воситаҳои ахбори оммаро ӯҳдадор менамояд, ки аз гузоришҳои барангезандаи таҷовузу адоват, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ намоянд. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти иттилоотрасонӣ маводу гузоришҳо ва хабару мақолаҳои характери гуногуни иттилоотидоштаро нашр менамоянд. Намудҳои гуногуни итилоот, аз ҷумла иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттилооти ҳуқуқӣ, иттилоот дар бораи шахсият, иттилооти иқтисодӣ, иттилооти тиҷоратӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд. Иттилоот наметавонад ҷиҳати даъват ба барҳамдиҳии сохти конcтитутсиони, халалдор намудани тамомияти арзии Чумҳурии Тоҷикистон, ташвиқоти ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, фаҳш, ҷудоиандозиҳои нажодӣ, миллӣ, низои динӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон истифода бурда шавад. Аз ин рӯ, идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир, журналист ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои касбиашон аз нашри маводу мақолаҳои характери даъват ба таҷовуз, куштор, адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ, ҷинсӣ, ташвиқоти ранҷу куштор, даъват ба содир кардани ҷиноят худдорӣ намоянд. Аз тарафи онҳо содир кардани чунин амалҳо хилофи одоби касбии журналист буда, онро ҳамчун сӯистифода аз озодии сухан арзёбӣ кардан мумкин аст.

Воситаи ахбори омма ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд. Меъёри мазкур чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир, журналист ҳангоми таҳия намудани маводу мақолаҳо дар бораи аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, мақомоти прокуратура, суд баррасӣ намудани парвандаҳо нисбати ноболиғон ва ҷабрдидагон ному насаб, маҳалли зист ва дигар маълумотҳо дар бораи шахсияти ноболиғон ва ҷабрдидагонро фош намекунанд. Чунин амал метавонад, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ноболиғон таъсири бад расонад. Меъёри мазкур ба хотири таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвадон ба ҳимояи судӣ, таъмини бехатарӣ ва ҳимояи ноболиғон, ҳуқуқи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва таъмини сирри тафтишотӣ пешбинӣ гардидааст.

  1. Шеваи ҷамъ овардани мавод

Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ набояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ноҷоиз истифода шавад.

Меъёри мазкур масъалаи усулҳои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар маълумот доир ба ҳаёти шахсро ба танзим даровардааст. Гирифтани иттилоот – ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахc, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва ғайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо мебошад. Тавре, ки мо аллакай дар боло қайд намудем (ҳангоми тафсири меъёри ахлоқии “эҳтироми ҳаёти шахс”), дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. Тибқи мазмуни меъёри тафсиршаванда вобаста ба ҳаёти шахсии инсон роҳҳои ғайриқонунӣ, усулҳои ноҷоиз бояд истифода бурда нашаванд.

Бо мақсади ҳимояи шаъну шараф ва эътибори инсон, эҳтироми ҳуқуқи ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳангоми ҷамъ овардан ва паҳн намудани иттилоот, роҳҳои зерини ғайриқонунии ҷамъ овардани мавод бояд истифода нашаванд:

  • дар манзили истиқоматии хусусии шаҳрванд ва дар ҳудуди замини наздиҳавлигии ӯ бе розигии шахс сурат ва аксбардорӣ намудан, сабти аудио ва видео намудан манъ мебошад, новобаста аз он, ки шахс дар чунин макон мебошад ва ё не;
  • ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои ғайриоммавӣ бе ризоияти ташкилкунандагони ҷамъомад аксбардорӣ намудан, сабти аудио ва видео намудан манъ мебошад;
  • бе розигии шахс аксбардорӣ намудани ӯ, ба навори видео ё аудио сабт кардани ӯ ва ҳамчун реклама дар воситаҳои ахбори омма истифода бурдани он бе розигии чунин шахс манъ мебошад;
  • аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахси дорои камбудии ҷисмонии ошкоро бе розигии чунин шахс манъ мебошад;
  • аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахсе, ки бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бе розигии ӯ манъ мебошад;
  • аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани кӯдак бе розигии волидайни ӯ, васӣ ва ё парастори ӯ манъ мебошад;
  • истифода намудани сурат, акс, навори видео ва ё аудиоии кӯдакон дар иттилооти характери эротикӣ (шаҳвонӣ) ва порнографидошта манъ мебошад;
  • аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахси вафоткарда (ё кушташуда) бе розигии аъзоёни оилаи ӯ манъ мебошад.
  • мундариҷаи гуфтугӯйи телефонӣ, мукотиба, мухобироти шахсӣ бе розигии шахс иҷозат дода намешавад.
  1. Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама

Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.

Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.

Меъёри мазкур соҳаи муҳими фаъолияти журналистиро, ки ба тиҷорату реклама алоқамандӣ дорад, ба танзим медарорад. Рисолати касбии журналист – пеш аз ҳама ба амал баровардани фаъолияти иттилоотонии аҳли ҷомеа дар асоси усулҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеънигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, меъёри мазкур ба журналистон тавсия медиҳад, ки рисолати касбиро қурбони ҳадафу вазифаҳои тиҷоратӣ накунанд. Дар воситаи ахбори омма фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама бояд ҷудо бошад. Фаъолияти тиҷоратӣ чунин намуди фаъолияти идораи воситаи ахбори омма мебошад, ки барои ба даст овардани фоида равона гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” реклама – иттилооте аст, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи одамон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд. Аз мазмуни меъёри мазкур чунин бармеояд, ки ба журналистон ва идораи воситаи ахбори омма нашр намудани рекламаи номуносиб низ тавсия дода намешавад. Рекламаи номуносиб – рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае аст, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 5 қонуни мазкур, реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад. Воситаи ахбори омма ва журналист бояд, ки аз нашр ва паҳн намудани рекламаи бардурӯғ, рекламаи беодобона, рекламаи пинҳонӣ худдорӣ намоянд. Тибқи талаботи моддаи 12 қонуни мазкур, дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламадошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Дар воситаҳои ахборе, ки барои интишор додани реклама пешбинӣ шудаанд, маҳдудият муқаррар карда намешавад. Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун воситаҳои барои интишор додани ахбор ва маводи хусусияти рекламавидошта махсус ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама чоп мешавад, бояд, ки мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то ин ки моҳият ва мақсади иттилооти паҳншаванда дарк карда шавад.

  1. Подош ва имтиёз

Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯи ВАО ва журналист аст.

Меъёри мазкур аз тарафи идораи воситаи ахбори омма ва журналист гирифтани ҳама гуна имтиёз ё подошро вобаста ба иҷро намудани вазифаҳои касбии журналистӣ хилофи эътибор ва обрӯйи воситаи ахбори омма медонад. Гирифтани подош мумкин аст, ки дар шакли маблағи пулӣ, амвол, тӯҳфаи қимматбаҳо, ҳуқуқ ба амвол ва дигар шаклҳои амволӣ ифода ёбад. Гирифтани имтиёз дар намуди бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба имтиёзи пулӣ, имтиёзи молӣ, имтиёзҳои бонкӣ, имтиёзҳои манзилӣ, озод намудан аз пардохт вобаста ба ин ё он ӯҳдадорӣ, имтиёзҳои дигар вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ зоҳир шуда метавонанд.

Аз тарафи журналист ва идораи воситаи ахбори омма гирифтани подош ва имтиёз барои нашр кардан ва ё накардани ин ё он маводи иттилоотӣ на танҳо хилофи одоби касбии журналист мебошад, балки он озодии тасмими журналистро низ маҳдуд мегардонад, воситаи ахбор ва журналистро дар назди нафари подошдода забонкӯтоҳ мегардонад. Инчунин подоши ба таври ғараз додашуда рӯзе овоза гашта боиси рехтани обрӯю эътибори журналист ва воситаи ахбор мегардад. Бар замми ин, чунин амал дар ҳолатҳои пешбиннамудаи қонунгузорӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ шуда метавонад.

Зимнан бояд қайд кард, ки меъёри мазкур ҳуқуқи журналистро барои тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бастани шартномаи музднок барои расонидани хизмати журналистӣ, хизмати иттилоотрасонӣ, ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қаламро маҳдуд наменамояд ва чунин ҳолатҳо набояд, ки ҳамчун ҳолати гирифтани подош ва имтиёз арзёбӣ карда шаванд.

Нуриддин Қаршибоев,

Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here