Ба раҳбари намояндагии
“Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистон,
нусха ба ҶДММ “Лото спорт”

Ба Шумо маълум менамоем, ки 12–уми марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ “Лото-спорт” ба ТҶ “Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон” аризаи шикоятӣ таҳти №75-18 ворид шуд. Дар он раҳбари ҶДММ “Лото-спорт” Орагвелидзе И.С. аз Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дархост намудааст, ки матлаби хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматзодаро, ки 9-уми марти соли 2018 дар сомонаи “Радиои Озодӣ” бо номи “Ҷасади як корманди “Лото спорт”-ро аз оғил пайдо карданд” нашр шуда буд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳем.

Муроҷиатгар дар аризаи шикоятиаш қайд кардааст, ки:

  1. Хабарнигор дар матлабаш маълумоти нодурустро истифода бурда, гуфтааст, ки “Абдумалик Ғафуров то лаҳзаҳои маргаш дар ширкати “Лото спорт” дар маркази ин ноҳия (Фархор) кор мекард”.
  2. Дар матлаби худ хабарнигор дар ҷумлаи “Яке аз саволҳое, ки ба он бояд тафтишот посух диҳад, ин аст, ки то куҷо куштор ба кори Ғафуров дар қиморхонаи “Лото спорт” рабт мегирад ё на”, ибораи “қиморхонаи Лото спорт”-ро истифода бурда, бо ин маълумот эътибори кории ширкатро паст задааст.

Барои собит кардани даъвои пешоварда дар банди 1, дар баробари арзиааш, муроҷиатгар ҳамчун далел инчунин маълумотномаро таҳти №37-18 аз 12.03.2018 замима карда, ки дар он нишон дода мешавад, ки шаҳрванд Ғафуров Абдумалик дар ҶДММ “Лото спорт” кор накардааст ва ҳамчунин ба қайд низ гирифта нашудааст. Ҳамчунин дар ин маълумотнома гуфта мешавад, ки дар тӯли фаъолияти 13-сола ширкати “Лото-спорт” фурӯшанде бо номи Ғафуров Абдумалик надоштааст.

Аъзои Раёсати Шӯро масъаларо дар ду ҷаласаи кории худ баррасӣ кард ва дар матлаби хабарнигори Шумо вайрон гардидани талаботи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро ошкор намуд. Хабарнигор маълумоти аз як манбаъ ба дастовардаи худро носанҷида ба нашр додааст, ки ин хилофи банду 2-юми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” – “Сареҳияти ахбор” мебошад. Ҳамчунин хабарнигор барои таъмини тавозуни назар, ки ҳамин банди 2-и Меъёрҳо талаб мекунад, нуқтаи назари расмии ширкати “Лото спорт”-ро дар бораи корманди ин ширкат будан ё набудани Ғауфров А. нагирифтааст.

Ҳамчунин ҶДММ “Лото спорт” расман номнавис шуда ва як ширкати расмӣ мебошад. Бинобар ин ҳангоми зикр кардани ширкат дар матни ин ё он матлаб бояд номи расмии он истифода шавад. Яъне истифодаи таъбири “қиморхона” дар матлаб ва рабт додани он ба “Лото спорт” ғалат ва бемавқеъ аст. Хусусан ҷумлаи “ … то куҷо куштор ба кори Ғафуров дар қиморхонаи “Лото спорт” …” ақидаи шахсии рӯзноманигор мебошад ва дар асл кушта шудани Ғафуров ба фаъолияти ӯ дар “Лото спорт” бастагӣ дорад ё не, комилан маълум нест. Дар ин маврид талаботи банди 4-уми Меъёрҳо – “Ақида, далел ва гумону тахмин” халалдор шудааст.

Бар асосии баррасӣ ва арзёбиҳои ҷаласаҳо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба хабарнигор ва масъулини “Радиои Озодӣ” тавсия медиҳад, ки:

  1. Дар сурати пешниҳод карда натавонистани далел, ки Ғафуров А. корманди ҶДММ “Лото спорт” аст, раддия нашр намояд ва аз ин ширкат маъзарат бихоҳад;
  2. Минбаъд далелу маълумоти дастраскардаро санҷида ба нашр расонад ва барои риоят кардани талаботи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” талош намоянд;
  3. Рӯзноманигорон ва кормандони идораҳои воситаҳои ахбори омма ҳангоми интишори иттилоот ба хотири эҳтироми суннатҳои касбӣ, риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоуии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро ҳамеша мадди назар дошта бошанд.

 

Бо эҳтиром,
Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here