Ҳамкасбони азиз!

Аъзову ҷонибдорони муҳтарами Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон!

Мо дар пешорӯи Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик қарор дорем.  Пеш аз ҳама, Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодиро ба Шумо муборакбод мегӯем.

Ин рӯзи нек, ин иди баҳор ба мо имконият медиҳад, ки ба гузашта боз як бор назар кунем, то ки барои қадам мондан ба ояндаи нек омода бошем.

Таври маълум, Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Аз ҳамин хотир, он намояндагони миллату қавмҳои мухталиф, одамони касбу кор ва синну солашон гуногунро муттаҳид кардааст. Он воқеан ҳам рамзи иттиҳод аст. Барои ҳамин, одамон кинаву адоват, кибру ғурури худро дар канор гузошта, дасти оштию дӯстиро ба ҳам дароз мекунанд. Аз ин дидгоҳ, фаъолияти созмони мову Шумо  -Шӯрои ВАО низ бо ин махсусиятҳои наврӯзӣ мувофиқ меояд

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Як махсусияти дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба фаъолиятҳояшон бознигарӣ карда, ҳатман кори нав, иқдоми тозаеро роҳандозӣ мекунанд.

Вобаста ба ин, Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба самъатон мерасонад, ки дар арафаи ин иди бостонӣ, мо тарҳи нави сомонаи худро фаъол намудем. Бовар дорем, ин иқдом, ки бо нияти нек амалӣ мегардад, ба фаъолияти ҳам кадомамон кӯмаке хоҳад расонд.

Рӯзи наватон муборак!

Шарҳи худро гузоред

Please enter your comment!
Please enter your name here