ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ РАСМӢ МУШКИЛИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ВАО ДАР ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МОНДААСТ

0

Дар ҷомеаи маданӣ яке аз унсурҳои демократия ин дастрасии озод ба иттилооти расмӣ мебошад. Иттилооти расмии пешниҳодшаванда нишондиҳандаи шаффофияти фаъолияти мақомотро нишон дода, боварии ҷомеаро ба онҳо афзун мегардонад. Ба гуфтаи рӯзноманигорон солҳои охир дастрасӣ ба иттилооти расмӣ дар Тоҷикистон бисёр мушкил шудааст. Ниҳодҳои давлатӣ кӯчактарин иттилоотро ба рӯзноманигорон пешниҳод намекунанд. Соли 2021 дар самти дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон чӣ мушкил ва чӣ беҳбудиҳо буд? Оё вазъ тағйир ёфт?

“Вазъ бадтар шуду беҳтар не”

Рӯзноманигорон мегӯянд, дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон барои расонаҳо як кори бисёр душвор аст ва мақомот ҳеч гуна ҳамкорие дар ин замина бо расонаҳо намекунанд. Мисоли равшани он низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, пандемияи COVID-19, маҳдудиятҳо дар мурофиаҳои судӣ, масдудкунии сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ буданд.

Ба ақидаи Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории “Asia plus” вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар бадтар шуду беҳтар не. Ба гуфтаи ӯ ҳатто баъзе мақомоте, ки дар солҳои гузашта марказҳои матбуотияшон равобити хубтар дошт, дар додани иттилоъ ва ё барои рӯзноманигорон камтар дастрас шуданд. Ӯ ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мисол оварда мегӯяд, имкони ба даст овардани оддитарин иттилоъ аз Неруҳои марзбонӣ номумкин аст.

“Дар ҳаводиси марзии охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахтарин кор дарёфти иттилои расмӣ буд. Мақомоти қудратии мо умуман бо расонаҳо ҳамкорӣ намекарданд. Телефонҳо кор намекард. Аз Кумитаи давлатии амният миллӣ ба даст овардани иттилоъ номумкин аст. Ҳатто иттилои расмӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳоле, ки ҷониби кишвари ҳамсоя, дар нуқоти марзии вилояти Бодканд, ситоди иттилорасонӣ ифтитоҳ намуда, рӯзноманигорони расонаҳои бонуфузро ҷамъ оварда, сари ҳар чанд соат барои онҳо мақомоти масъул нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданд. Ҳатто дар муноқишаи разхои ахири апрели соли 2021 Ситоди иттилорасонии дар масоили муноқишаи марзт дар назди Президенти Қирғизистон таъсис доданд. Ва худи мақомот ба таври мунтазам барои расонаҳо маводи зуруриро мефиристонданд.

“Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон дар ин даргириҳо ба ҳимоят ва пуштибонии иттилоотӣ сахт ниёз дошт”- илова намуд Иршод Сулаймонӣ.

Журналисти мустақил Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, дар соли 2021 дар самти дастрасӣ ба иттилоот хабари умедворкунанда ин буд, ки Гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони порлумон ва дигар фаъолони бахши расонаҳо ба таҳияи тарҳи Кодекси иттилоотии Тоҷикистон шуруъ кард.

“Барои ман ҳамчун рӯзноманигори амалӣ пешравии дигаре дар дастрасӣ ба иттилоъ нисбати солҳои гузашта мавҷуд набуд. Баръакс, ман ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудам, ки ҳатто бахши хусусӣ – корхонаҳои истеҳсолӣ – аз додани иттилоъ худдорӣ мекарданд. Ду соли охир дар ҷумҳурӣ Ситоди мубориза бо вабои коронавирус амал мекунад. Ба фарқ аз ситодҳои ҳамсон дар кишварҳои дигар, ситоди Тоҷикистон дар ин ду сол аслан барои матбуот дастрас набуд ва нишасти хабарие ҳам баргузор накардаву боре ҳам ба суоли расонаҳову хабарнигорон посух надодааст. Ин таҷриба дар дунё шояд назир надошта бошад”- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ Додситонии кулл, Оҷонсии зиди фасод, Хадамоти Гумрук, Кумитаи андоз, Вазорати дифоъ, КДАМ, Дастгоҳи иҷроия, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамин тариқ мақомоти дигар аз дарбастатарин ниҳодҳо барои расонаҳо ҳастанд.

Масдудияти Радиои Озодӣ, Азия плюс…, низ барои таъмини амният?

Масдудият ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз чанд соли пеш оғоз ёфт. Қаблан дар пайи ҳодисаҳои хабарсоз ё қазияҳои пурсарусадо шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук, Ютуб ва баъзе аз сомонаҳои хабарӣ муваққатан масдуд мешуданд. Аммо вақтҳои охир ба Радиои Озодӣ, хабаргузории “Азия плюс” ва чандтои дигар бидуни барномаҳои махсуси қулфшикан ворид шудан ғайриимкон аст. Хадамоти алоқа мегӯяд, маҳдудшавии ин сомонаҳо ба онҳо рабт надорад.

Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли 2021, дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон қатъ шуд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ ҷавоби аниқ надод, аммо гуфт “барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.” То ҳол сокинони ВМКБ ба Интернет дастрасӣ надоранд.

Нишастҳои матбуотӣ ягона умеди журналистон барои гирифтани иттилоот?

Нишастҳои матбуотии мақомотҳо, ки ҳамасола ду маротиба дар Тоҷикистон доир мегарданд, яке аз роҳҳои ба даст овардани иттилооти расмӣ маҳсуб меёбад.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нишастҳои матбуотӣ барои мақомот ҳамчун як сарбории супоришӣ қабул гардидааст ва ин ҳолат ба сифати баргузор намудани онҳо таъсири манфии худашро гузоштааст.

Ба гуфтаи журналистон нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби мақомот беташабусона, дили нохоҳам, гоҳо бе тайерӣ, танҳо барои ҳисоботсупорӣ дар назди мақомоти болоӣ гузаронида мешаванд. Вақти кам ҷудо карда мешавад ва ҳамин вақти ҷудошуда низ бо ҳисоботхонии тӯлонӣ пурра карда шуда, барои саволу ҷавоби бевосита вақт кам мемонад. Ҳангоми савол додан дағалии баъзе аз роҳбарон, нопурра ҷавоб додан, аз мавзуъ берун баромадан, ҳавола кардан ба дигар ниҳодҳо ҷой дорад. Дар нишастҳои матбуотӣ ҳузури нафарони аввали мақомотҳо пешбинӣ шуда бошад ҳам на ҳамаи мақомот ин талаботро риоя менамоянд. Ҳангоми таҳияи нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби ниҳоди болоӣ вақти баргузорӣ, макони баргузорӣ, имкониятҳои рӯзноманигорон ва ВАО ба инобат гирифта намешаванд. Доир намудани 3 ва зиёда нишастҳои матбуотӣ дар як рӯз, гузоштани нишастҳои матбуотии якчанд ниҳодҳои асосӣ дар як рӯз, таъин намудани якчанд нишастҳои матбуотӣ дар як вақт дар худи ҳамон рӯз ҳамчун таҷрибаи муқаррарӣ шудааст.

Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз таҷрибаҳои пешин дида боз ҳам ташвишовартар гардидааст. Хусустияти нишастҳои матбуотии имсола оғоз шудани он бо 12 мақомоти аксаран калидӣ мебошанд, ки дар як рӯз ба нақша гирифта шуд. Ин ба рӯзноманигорон имкон надод, ки дар нишастҳои барояшон лозим ишитрок карда тавонанд ва ҳамзамон шаффофияти фаъолияти мақомотро зери суол гузошт.

Ба ақидаи Шаҳло Садриддинова, хабарнигори АМИТ “Ховар” нишастҳои матбуотии соли 2021 чандон қаноатбахш набуданд. Зеро бараъло мушоҳида карда мешуд, ки ҳангоми суолу ҷавоб бо масъулини ниҳод посухҳо номушаххас ва бешарҳ гуфта мешуданд.
“Дар бештари ҳолатҳо масъулини ниҳодҳо кӯшиш мекарданд, то ҳангоми посух ба саволи хабарнигор “ҳа” ва ё “не” гӯянд ва ё сар-сари аз посух додан ба савол худу рӯзноманигоронро қонеъ намоянд”.

“Ба дархостҳои журналистӣ посухи хушку холӣ медиҳанд”

Рӯзнаманигорон иддао доранд, ки ниҳодҳои давлатӣ аксар вақт дархости журналистӣ талаб мекунанд, вале ба воситаи дархост ҳам имкони гирифтани иттилои зарурӣ душвор аст. Ба гуфтаи онҳо ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад.

АМВАОМТ ба воситаи платформаи дастрасӣ ба иттилоот мунтазам барои дастрас намудани маълумот ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ ирсол менамояд. Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ тавассути платформаи мазкур, ки АМВАОМТ онро роҳандозӣ намудааст, ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ равон карда, иттилооти заруриро ба даст меоранд. Дар давоми соли 2021АМВАОМТ ба як қатор ниҳодҳои давлатӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд. Дар давоми соли 2021аз ҷониби АМВАОМТ ва журналистони мустақил 108 дархостҳои журналистӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ирсол шуда, аз онҳо ба 56 дархост ҷавоб гирифта, 52 дархости дигар то ҳол бе ҷавоб боқӣ мондаанд.

Дар ин муддат ба дархостҳои журналистӣ асосан Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътиноӣ зоҳир намудаанд. Дар давоми як сол ба ин ниҳодҳо чандин дархостҳои журналистӣ ирсол шудааст, вале аксарияти онҳо беҷавоб боқӣ мондаанд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

0
4 июли соли ҷорӣ нашрияи “Пайк” 10 сола шуд. Маросими мутантани 10-солагии “Пайк” бо ҳузури раиси шаҳри Кӯлоб ва чеҳраҳои саршиноси кишвар дар тарабхонаи “Гулбоғ”-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар чорабиии мазкур раиси Шӯрои ВАО Ализода Ҳ низ иштирок ва суханронӣ карданд. Номбурда зикр намуданд, ки ҳафтаномаи “Пайк” яке аз пешқадамтарин дар вилояти Хатлон буда, бо сифати хуб ва тақриба бе нақзи меъёрҳои  ахлоқии журналистӣ нашр мешавад.
 Дар ин маросими идона ҷоиза  барои касби мақоми якум низ ба кормандони ин нашрия тақдим гардид.

Хабарнигорони ҷавон дар бораи Меъёрҳо маълумоти комил гирифтанд

0

 Зимни семинаре, ки барои донишҷӯён ва журналистони ҷавон дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”  дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирокчиён қаноатманд гардида, ташкил кардани чунин семинарҳоро саривақтӣ арзёбӣ карданд. Яке аз иштирокчиёни ҷавони семинари мазкур  Файзуллохон Обидов бардошти худро аз ин семинар чунин иброз дошт. “Банда дар хусуси чӣ будани сензураи маънавӣ, худтанзимкунӣ ва сиёсати редаксионӣ, ки хеле зарур ҳастанд,  маълумот пайдо намудам. Ҳамчунин ба саволи -Журналист ва ё ҳар соҳибихтисос дар кадом вақт ҷасур аст? Аз семенар дарёфтам, вақте доим аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ фаъолият мекунем, пас дар роҳи ростем”.  Иштирокчиён ҳамчунин аз хуб баргузор шудани семенар ва ташаккури худро ба  Раёсати Шӯрои ВАО, махсусан, ба устодон Ҳуриннисо Ализода, Раҷаб Мирзо ва Илҳом Ҳошимиён  баён доштанд.

 

Шурои ВАО барои журналистони телевизиону радио ва матбуот семинари дурӯза баргузор кард

0

 Шӯрои ВАО дар ҳамкорӣ бо дафдари САҲА дар Тоҷикистон семинари дурӯзаро таҳти унвони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” багузор кард. Дар семинар журналистони ботаҷрибаи телевизион ва радио, матбуоти даврӣ, донишҷӯёни факултаҳоии  журналистикаи кишвар, ширкат варзиданд. Нахуст раиси Шӯрои ВАО  Ҳуриннисо Ализода дар мавриди фаъолияти Шӯъро ба иширокчиён маълумоти муфассал пешниҳод карда, зарурати мавҷудияти онро таъкид кард. Баъдан Қироншоҳ Шарифзода доир ба аз будани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналиситӣ дар Тоҷикистонро ба таври густурда  маълумот дод. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки:

  • Нишон додани ҳамраъйии касбӣ, дар муносибат бо ҳамкорон ба хотири расидан ба ҳадафҳо истифода накардан аз усулҳои “номуносиб” ва танҳо кор гирифтан аз усули рақобати солим дар ҷамоаи меҳнатӣ ва журналистӣ бояд меъёри фаъолият ҳисобида шавад.
  • Ба мавқеи журналист ҳангоми инъикоси мавзуъҳои ҳадафмандона, мисли сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, маънавӣ эҳтиром гузошта, журналистро бидуни хоҳиш ва ризоияташ барои омода намудани маводи рекламавӣ ҷалб накунанд.
  • Журналист бояд ба сиёсати ВАО дар идораваберун аз он пойбандбошад.
  • Муносибатҳои меҳнатиро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ намоянд. Дар қисмати шартномаҳои меҳнатӣ оид ба уҳдадориҳои журналист ишора шавад, ки ҳангоми кор меъёри ахлоқи касбиро риоя кунад.
  • Журналистоншаффофиятимуносибатҳоимеҳнатӣбоякчандкорфармоватартибиинтишориматолибияксон дар чанд ВАО-рориоякунанд.
  • Андеша, назарот ва дидгоҳҳои мухталифро холисона ва бидуни таҳриф интишор кунанд. Дар матлабҳо бояд принсипи мувозинати назари тарафайн ба инобат гирифта шавад. Сарлавҳа ва тасвирҳо бояд ба муҳтавои матн мутобиқат кунанд.
  • Ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот ба манбаи он эҳтиром гузоранд, бо дархости манбаъ махфияташ ҳифз гардад ва бо амали худ барои ошкор шудани шахсияти манбаи иттилоот, инчунин сири касбӣ замина фароҳам наоваранд.
  • Ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ эҳтиром гузошта, аз асардуздӣ худдорӣ ва ҳангоми иқтибосу бознашр ба манобеъ ишора намоянд.
  • Ба ҳуқуқи мусоҳиб ба ҳайси ҳаммуаллифи мусоҳиба, эҳтиром гузоранд.

Ишораҳои фавқ аз ҷумлаи масоиле буданд, ки дар семинари дурӯзаи мазкур ба саъми иштирокдорон расонида шуданд. Семинар ба таври хеле ҷолиб бо иҷрои бозиҳои шавқовар ва гурӯҳи аз тарафи журналистон муддати дӯ руз давом ёфт.  Ҳамин тавр, дар ҷамъбаст иштирокчиён бо сертификат қадрдонӣ гардида, аз ташкили чунин як семинари муфид қаноатманд гардиданд.

 

Мушкилоти журналист замоне пайдо мешавад, агар меъёрoҳои ахлоқиро дағалона вайрон кунанд

0

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки журналистони телевизион ва радио, блогерону донишҷӯёни факултаи журналистика семинари навбатӣ оид ба меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар семинар паҳлӯҳои гуногуни масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барномаи омӯзишии дурӯза ҳамаи ҷанбаҳои омӯзиширо фаро гирифта буд. Аз лексия то музокираву мубоҳиса, бозиҳои шавқовар, намоиши маводҳо дар доираи мавзуъ омӯзишро мазмун ва мӯҳтавои дигар бахшид. Интизориҳо дар рӯзи аввал дар флипчарт навишта часпонида шуда, дар рӯзи охир он дар ҳузури худи иштирокчиён баррасӣ карда шуд. Синну сол, донишу малакаҳои кори иштирокчиёни семинар- тренинг гуногун буд. Бинобар ин барои тренерон зарур буд, ки ҳамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гиранд. Зимни муҳокимаи мавзуҳо онҳо фаъол буданд. Махсусан ҷавонон, ки аз мавҷудияти ин меъёр огаҳанд, аммо моҳияти қабул ва таъсири онро ба фаъолияти журналист камтар дарк мекарданд. Мо дар доираи тренинг фаҳмонидем, ки меъёр ҳаргиз ин сензура, ё маҳдудкунии озодии фаъолияти журналист нест. Ин санади ахлоқӣ ба фаъолияти касбии журналист аст, ки дар сурати риоя кардан ӯро аз мушкилоти дигар эмин медорад. Мушкилоти журналист он замоне пайдо мешавад, ки агар меъёр дағалона вайрон карда шавад.

Аз ҷониби тренер Ҳуринисо Ализода чораҳои ҷазо дар ҳолати вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби журналистон тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи бандҳои он Меъёр фаҳмонида дода шуд. Ин тавзеҳотро журналистон, иштирокчиёни тренинг аксар баён доштанд, ки бори аввал шуниданд ва ин ба бедории масъулияти онҳо бетаъсир набуд. Дар баҳсу музокираҳои дохили сессияҳо фаъолнокии худро нишон дода, фикру андешаҳои худро вобаста ба ҳолати риояи меъёр, мақому мавқеи журналист дар ҳолатҳо, риояи сиёсати редаксионӣ, риояи ҳуқуқи кӯдак, шинохтани ҳуқуқи инсон дар ҳама ҳолат ва корбурди дурусти калимаву ибораҳо ҳангоми инъикоси мурофиаҳои судӣ, риояи принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ, ҳамрайъии касбӣ, муносибат ба манбаъҳои иттилоотӣ ва дарёфти иттилои саҳеҳ ва корбасти дурусти он аз масъалаҳои бисёр баҳсноки семинар буданд. Тренерон тавонистанд, ки масъаларо бо воситаи баҳс ва шинохти дурусти он ба иштирокчиён фаҳмонанд.

Машғулиятҳои амалии гуруҳӣ ва инфиродӣ қисмати манфиатбахши семинари омӯзишии дуруза буд, ки дар ҳар рӯзи он чунин машғулият гузаронида шуда муносибату масъулияти журналистонро дар шинохту риояи меъёр бештар намуд. Дар ин намуди машғулиятҳо иштирокчиён дар гурӯҳ ва мустақилона сари масъалаҳои гузошташуда корбарӣ намуданд ва талаботҳои меъёрро шинохтанд.

ВАЗИФАИ ҲИРФАӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАО ВА ЖУРНАЛИСТ

0

Риояи меъёрҳои зайл маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд:

  • Эҳтиром ба ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеаро ба ҳақиқат аз вазифаҳои аслии журналист эътироф намоянд.
  • Вобаста ба ин вазифаи бунёдӣ, вобаста ба ин масъулият, вазифадоранд принсипҳои озоди ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти воқеӣ, инчунин ҳуқуқи шарҳу интиқоди холисонаро ҳифз кунанд.
  • Ҳақиқат, воқеънигорӣ, адолат, плюрализм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро аз усулҳои асосии фаъолияти ВАО ва журналистон бидонанд.

Вохӯрии Шурои ВАО дар Донишгоҳи давлатии Бохтар

0

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон ва аъзои Раёсати ин ниҳод бо устодон ва донишҷӯёни бахши журналистикаи баргузор шуд. Дар вохӯрӣ раиси Шуро ва устодон оид ба сохтори Шуро, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, бандҳои он ва дигар масоили саводи расонаӣ суҳбат намуданд. Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои:

– Ахлоқ ва меъёрҳои журналистӣ кадомҳоянд;

– Чаро донистани онҳо зарур аст;

-Журналист бояд аз онҳо чӣ гуна истифода кунад;

– Чаро журналисте, ки меъёрҳои ахлоқиро ба кор мебарад, муваффақ аст, баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки Риояи меъёрҳо маъноеро дорад, ки ВАО ва журналистон масъуланд,ки эҳтиром ба ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеаро ба ҳақиқат аз вазифаҳои аслии журналист эътироф намоянд. Вобаста ба ин вазифаи бунёдӣ, вобаста ба ин масъулият, вазифадоранд принсипҳои озоди ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти воқеӣ, инчунин ҳуқуқи шарҳу интиқоди холисонаро ҳифз кунанд. Ҳақиқат, воқеънигорӣ, адолат, плюрализм ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро аз усулҳои асосии фаъолияти ВАО ва журналистон бидонанд.

 

Чанд сабаби муҳими доштани саводнокии расонаӣ

0


Арзёбии эътимоднокии иттилоот: Миқдори зиёди иттилоот ҳамеша аз сарчашмаҳои гуногун дастрас аст. Саводнокии расонаӣ ба одамон имкон медиҳад, ки дурустии иттилоотро арзёбӣ ва тафтиш кунанд, инчунин байни воқеият ва ақидаро фарқ кунанд ва маълумоти нодурусти эҳтимолиро муайян кунанд.

Муҳофизат аз дуруғпароканӣ ва таъсири он: ВАО аксар вақт барои таҳрик ва таъсир ба афкори ҷамъиятӣ истифода мешаванд. Одамон бо саводнокии расонаӣ метавонанд аз ин гуна найрангҳо огоҳ бошанд, усулҳои таъсиррасониро дарк кунанд ва қарорҳои оқилона қабул кунанд.

– Тафаккури интиқодӣ: Саводнокии расонаӣ тафаккури интиқодӣ ва қобилияти таҳлили иттилоот, баҳс кардани нуқтаи назари худро ва саволҳоро инкишоф медиҳад. Ин малакаҳои муҳимест, ки ба одамон барои иштироки фаъол дар ҷомеа ва фикрронии интиқодӣ кӯмак мекунанд.

– Истифодаи босамарона ва боахлоқонаи ВАО: Саводнокии расонаӣ инчунин фаҳмиши ҷанбаҳои ахлоқии истифодаи ВАО-ро дар бар мегирад. Ин огоҳӣ дар бораи дахолатнопазирӣ, истинодҳои дуруст, эҳтиром ба ҳуқуқи муаллиф ва эҳтироми меъёрҳои ахлоқӣ дар эҷод ва паҳнкунии матлаб корбур мешавад.

Дирӯз, имрӯз ва фардои журналист

0

Раёсати Шурои ВАО-и Тоҷикистон дар конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Дирӯзу имрӯз ва  фардои матбот”, ки дар толори факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардид, ширкат кард. Дар конфренсия олимону донишмандони соҳаи журналистика иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавзуҳои мавриди баҳси конфронс аз “Матбуоти даврӣ дар замони ҷаҳонишавӣ”, “Марҳилаҳо ва махсусиятҳои рушди матбуоти давраи истиқлол”, “ Вазъ ва мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот”, “Мушкилоти имрӯз ва вазъи фардои матбуот” иборат буда, аз ҷониби мутахассисони соҳа баррасӣ гардиданд. Коршиносон зикр карданд,ки дар ҳоли ҳозир инсоният ба техникаву технология ниёз дошта, ҳар лаҳза мехоҳад ба кашфиётҳои ғайричашмдоште рӯ ба рӯ гардад. Агар ба солҳои қабл назар афканем барои дастрас намудани як иттилооти ҷадид ба рӯзномаву маҷаллаҳо такя мекардем ва ҳоло низ ба он ниёз дорем. Имрӯз ҳар як фарди ҷомеа метавонад дилхоҳ хабарҳои навинро тавассути радиоҳо, телевизионҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо намояд. Дар айни ҳол сомонаҳои иҷтимоӣ ҷой ва мавқеъи нашрияҳои давриро танг кардаанд. Яъне хонандаи имрӯз бештар ба ҳамон сомонаҳои иттилоотие такя мекунанд, ки дар он ҳар соату ҳар дақиқа хабарҳои ҷадид нашр мегарданд ва имконияти озодона дастрас намудани онро доранд. Аммо матбуоти даврӣ дар нашр кардани ахбор нисбат ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сустар аст.  Раиси Шурои ВАО-и Тоҷикистон низ аз ҷой доштани мушкилоти хабаррасонии фаврӣ ва эҳтимоли аз даст додани хонандагон аз ҷониби матбуоти давриро зикр карданд. Номбурда инчунин аз бартарият ва хубии матбуот дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ низ гуфта, риоя шудани меъёрҳои ахлоқиро дар матбуоти даврӣ беҳтар аз сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ карданд. Дар охир мубодилаи афкор миёни донишҷӯён ва устодону коршиносони соҳа сурат гирифт.

 

Конфронс бахшида ба таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот”

0

Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе ба хотири таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот” конфронс баргузор гардида, дар он ҷо намояндагони созмонҳои ғайрдавлати, ҷамъиятӣ, рӯзноманигорони тоҷик, инчунин намояндагони сохторҳои гуногуни ҳукумати кишвар ширкат варзиданд. Чорабиниро раиси Шурои ВАО Ҳуриннисо Ализода ифтитоҳ намуда иштирокчиёнро ба ин рӯз табрик гуфт. Баъдан намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад карданд. Дар баробари намояндагони кишвар суханронӣ аз тарафи  намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе низ суръат гирифт. Зикр гардид, ки имрӯз дар ҷаҳон зарурати боз ҳам беҳтар намудани озодии дастрасӣ ба иттилоот, озодии сухан ва ВАО ба миён омадааст. Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои озодии суханро дар партави қонунгузории ҷории Тоҷикистон баррасӣ намуданд ва кодекси рафторро барои ВАО-и интернетӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои рушди Интернет, истифодаи самаранок ва таъсири он ба хабарнигории муосирро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни конфронс Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ғолиби  Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар ВАО-и мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд, таъсис дода шудааст ва соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот — 3-юми май ба як нафар тақдим мегардад, эълон карда шуд. Имсол хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Саидэҳсон Ҷалолиён ба он сазовор дониста шуд. Қобили зикр аст, ки Конфронс бо ташабусси Шурои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ шуд.